Skip to main content

Зарурияти масъала. Имрӯзҳо барои ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 9-уми сентябр яке аз санаҳо ва ҷашнҳои асоситарин ба ҳисоб меравад. Ҳоло ҳамаи мо дар арафаи 34-умин солгарди ин ҷашни бузург мебошем. Аммо ин санаи таърихӣ дар адабиётҳои мавҷуда то ба имрӯз таҳлили дурусти худро наёфта, ба тарзи гуногун акс гардидааст. Аз ҷумла: «Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ... «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуда, рӯзи 9-уми сентябр соли 1991 чун санаи Истиқлолияти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон эълон намуд»; «Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ (сентябри соли 1991) рӯзи 9 сентябрро чун санаи ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тасдиқ намуда, онро рӯзи истироҳат эълон кард»; «9-уми сантябри соли 1991 воқеаи фаромӯшнашаванда ба амал омад. Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии ҷумҳурӣ, даъвати XII Эъломияро дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон кард. Ин рӯзи тавлиди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад»; «Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон (сентябри соли 1991) рӯзи 9- сентябрро чун санаи ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон намуд» ва ғайраҳо.

Ҳол он ки 9-уми сантябри соли 1991 Иҷлосияи таърихии ғайринавбатии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, даъвати дувоздаҳум оиди ин масъала ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳӯрии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Дар адабиётҳои ишорашуда оиди Изҳорот ақалан ишорае ҳам нест. Эъломия дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар доираи ИҶШС - СССР ҳанӯз 24 августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Тоҷикистон қабул шудааст.

Инҷо мо зарурияти масъаларо ба инобат гирифта, ба ҳамин ду лаҳзаи эълони истиқлолият дар алоҳидагӣ таваққуф менамоем.

Кӯшишҳои дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ эълон кардани истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон

Ба вуҷуд омадани масъала. Ҳанӯз аз замони сарвари ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (ҲКИШ-КПСС) будани Ю.В. Андропов (солҳои 1982 – 1984) масъалаи нисбатан васеъ намудани ҳуқуқҳои соҳибистиқлолии ҷумҳуриҳои Иттифоқ ба миён омада буд, ки он барои танзими Иттиҳоди Шӯравӣ аҳамияти махсус дошт. Зеро, усули сохти давлатдорӣ, ки маҳз бо ташаббуси ӯ пешниҳод ва қисман ҷорӣ гардида буд, бояд амалии чунин мақсад якҷоя бо мустаҳкам намудани аппарати марказии иттифоқӣ ва интизоми сахти меҳнатӣ дар тамоми мамлакат сурат мегирифт. Аммо баъди марги вай, дар замони сарвари ҳизб будани К.У.Черненко (солҳои 1984 – 1985), бо сабаби беморию бемадории худаш, якбора тамоми аппарати ҳизбию давлатии мамлакат ба бемории фалаҷ гирифтор шуд.

Сиёсати бозсозии Горбачёв боз масъалаи дар доираи Иттиҳод васеъ намудани ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии ҷумҳуриҳои иттифоқиро ба миён овард. Яъне, масъала меистод, ки дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ бояд ҷумҳуриҳои иттифоқӣ оид ба ҳалли бисёр масъалаҳо соҳибистиқлол бошанд. Оид ба ин масъала фикру андешаҳои зиёде пешниҳод гардида буд. Ниҳоят, тобистони соли 1990 он ҷумҳуриҳо пайи ҳам дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти худро эълон карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб мерафт.

Эъломияи 24 августи соли 1990. 24 августи соли 1990 иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум, Эъломияи истиқлолияти Чумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравии таҷдидёфта қабул намуд. Аз ҷумла дар Эъломия омадааст, ки Шӯрои Олӣ «бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи тоҷик ва давлати миллии он», «бо назардошти ҳуқуқи дахлнопазири ҳар як халқ дар таъини сарнавишти худ», «бо эътирофи он, ки иттиҳоди озоду баробарҳуқуқи миллатҳо»-и Шӯравӣ дар ҳайати ИҶШС-и «таҷдидёфта зомини тараққиёти ҳамаҷонибаи онҳо мебошад», бо таъкиди эҳтиром ба шаъну эътибор ва ҳуқуқҳои намояндагони ҳамаи миллатҳои сокини Тоҷикистон, «ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон ва иродаи халқи» ҶШС Тоҷикистонро ифода намуда, истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистонро ботантана эълон мекунад ва изҳор медорад, ки «давлати демократии ҳуқуқбунёд барпо хоҳад кард». Дар моддаи аввали Эъломия низ таъкид шудааст, ки ҶШС Тоҷикистон «давлати соҳибистиқлоли сермиллат мебошад».1

Дар Эъломияи муҳимтарин моддаи 4-ум мебошад, ки дар он дараҷаи соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ акс ёфтааст. Аз ҷумла, дар он таъкид гардидааст, ки ҶШС Тоҷикистон «дар ҳудуди худ ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро, ғайр аз масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти ИҶШС «дода мешавад, мустақилона ҳал мекунад».2 Вале дар Эъломия акс наёфтааст, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоли иттифоқӣ кадом салоҳиятҳои худро ихтиёран ба ӯҳдаи иттиҳоди таҷдидёфтаи Шӯравӣ мегузорад. Албатта, аз мазмуни худи эъломия ва ҳуҷҷатҳои дигар маълум мешавад, ки чунин вазифаҳо, ба монанди: мудофиа, бехатарии давлатӣ, авиатсияи шаҳрвандӣ, роҳҳои иттифоқӣ, энергетика ва электронӣ, саноати атомӣ, флоти баҳрӣ, барномаи иттифоқӣ оид ба мудофиа ва космонавтика минбаъд бояд ба ихтиёри Иттиҳоди нави таҷдидёфта гузарад.3

Эъломияи қабулгардида инчунин дараҷаи амалии ҳуҷҷатҳои иттифоқиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Аз ҷумла, дар моддаи 5-ум таъкид гардидааст, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалии ҳуҷҷатҳои ИҶШС-ро, ки ба ҳуқуқҳои дахлнопазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифанд, боз медорад. Моддаи 15-уми эъломия ба муносибат бо давлатҳои хориҷа бахшида шудааст. Чунончӣ, дар ин модда омадааст, ки ҶШС Тоҷикистон «бо давлатҳои хориҷӣ бевосита робита намуда, бо онҳо шартномаҳои иқтисодӣ, маданӣ ва илмию техникӣ мебандад, мубодилаи намояндагони дипломатӣ, консулгарӣ ва тиҷоратиро ба роҳ монда, дар сурати зарурат дар фаъолияти созмонҳои байналхалқӣ ширкат меварзад». Аз ин банд бармеояд, ки ҳуқуқи имзои шартномаҳои сиёсиро ҷумҳуриҳои Иттифоқӣ ихтиёран ба ӯҳдаи Иттиҳоди таҷдидёфтаи Шӯравӣ мегузоранд. Оиди шаҳрвандӣ бошад, мувофиқи моддаи 9-уми эъломия, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон бояд шаҳрванди ИҶШС ҳисоб мешуд.1

Албатта минбаъд ҳам ҳар як ҷумҳурии соҳибистиқлоли Иттиҳоди нави таҷдидёфтаи Шӯравӣ ҳуқуқи озодона аз он баромаданро нигоҳ медошт. Инак дар моддаи 7-уми Эъломия омадааст: ҶШС Тоҷикистон «ҳуқуқ дорад мувофиқи тартиботе, ки шартномаи иттифоқӣ муайян мекунад ва мутобиқи қонунҳое, ки дар асоси он тартиб дода мешаванд», аз ҳайати ИҶШС озодона хориҷ гардад.2

Ҳамин тавр ҶШС Тоҷикистон, дар асоси Эъломияи 24 августи соли 1990 дар ҳайати Иттиҳоди наве, ки дар назар доштанд, соҳибистиқлолии худро эълон карда, ҳуқуқҳои худро дар доираи ин Иттифоқ муайян карда буд. Аммо худи Иттиҳоди нави таҷдидёфта, ё худ Иттиҳоди озоду баробарҳуқуқи миллатҳои Шӯравӣ, чӣ тавре ки ҳамон лаҳза мехостанд, бунёд нагардид. Бинобар ҳамин ҳам нуқтаҳои асосии он эъломия дар амал татбиқ нашуд. Минбаъд 9 сентябри соли 1991 дар рӯзи эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Эъломия тағйироту иловаҳои зарурӣ дохил карда шуд.

Эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он.

Барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сабабу оқибатҳои он. Барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сабабҳои худро дошт. То бозсозии Горбачёвӣ хавфи парокандашавии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии состиалистӣ (ИҶШС - СССР) вуҷуд надошт. Дар мамлакат тартиботи сохти тоталитории коммунистӣ ва идеологияи ягонаи коммунистӣ ҳукмрон буд. Бинобар ин онҳо намегузоштанд, ки дар мамлакат афкори барояшон мухолиф, ё худ ҷудоиандозӣ реша давонад. Аз ҳамин сабаб ҳар гуна андешаҳои мухолиф зуд паҳн нагардида, бо маҳал ё худ гурӯҳи одамон маҳдуд мешуд.

Албатта барои барҳамхӯрии ИҶШС ошкорбаёнии замони Горбачёвро ягона сабаби асоситарин ҳисобидан чандон дуруст нест. Бо андешаи мо, сиёсати ошкорбаёнӣ бештар иллатҳои замонаро рӯи об баровард. Рақобати мансабие, ки дар доираи боло, яъне Иттифоқ пеш ҳам вуҷуд дошт, акнун он ба тамоми мамлакат ошкор гардид. Вале, дар давраи охир, чуноне таъкид шуд: 1) Рақобати сахти байни Горбачёв (охирин Президенти ИҶШС – СССР) ва Елсин (дар давраҳои охир Президенти Федератсияи Русия) ҳукумати марказии Иттифоқро дар назди аҳли ҷамъияти Шӯравӣ беобрӯ карда буд. Маҳз бо мақсади бемансаб гузоштани Горбачёв, Елсин яке аз аввалинҳо шуда 12 июни соли 1990 истиқлолияти давлатии Федератсияи Русияро эълон кард. Зеро, ба ҳама маълум буд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ бе Федератсияи Русия вуҷуд дошта наметавонад. Бинобар ин рақобати мансабии доираи болоии ҳизбӣ ва давлатӣ (дар мисоли байни Горбачёв ва Елсин) яке аз сабабҳои асоситарини барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ гардид; 2) Худи ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (КПСС) ҳам ба бӯҳрони сахт гирифтор шуда буд. Махсусан солҳои охири ҳукмронии Л.И. Брежнев, ки хело бемор гардида буд, ба сари қудрат омадани мӯйсафедони барҷомонда (Р.В. Андропов, махсусан К.У. Черненко) ва паси ҳам фавтидани онҳо обрӯи ҳизбро хело паст кард; 3) Сиёсати худмаблағгузорию худтаъминкунии Горбачёвӣ, дар баробари ҷиҳатҳои мусбат, сабабгори аз кор мондани корхонаҳои саноатии мамлакат, заиф гардидани алоқаи байни ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, хело суст шудани нуфузи ҳукумати марказӣ гардид. Дар натиҷа, кандани алоқаи байни корхонаҳо, заиф гардидани нуфузи марказ сабаби дигари асосии барҳамхӯрии Иттифоқ шуд; 4) Ошкорбаёнии Горбачёвӣ инчунин дар доираи Иттифоқ норасоиҳои масъалаи миллиро низ ошкор намуд. Дар баъзе ҳолатҳо, нуқтаҳои баҳсноки ин масъала хело тезу тунд шуд. Ниҳоят чунин баҳс ба мисли Кӯҳистони Қарабоғ, соли 1988 боиси ҷанги мусаллаҳонаи байни ҷумҳуриҳои иттифоқии Арманистону Озорбойҷон гардид. Аммо ҳукумати ҳамонвақтаи Иттифоқ дар ҳалли ин масъала беқудратии худро нишон дод. Баъзеҳо чунин ноӯҳдабароии ҳукумати марказии Иттифоқро мушоҳда намуда, умуман масъалаи нолозимии онро мегузоштанд. Махсусан ҷумҳуриҳои назди Балтика (Латвия, Литва ва Эстония) минбаъд ҳеҷ дар доираи Иттифоқ истоданро намехостанд. Ҳамаи ин нишонаҳо низ сабабгори аз байн рафтани Иттиҳод гардид.

Махсусан аз охири соли 1990 хавфи барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бештар намоён шуд, ки ин дар навбати худ тарафдоронашро низ ба ташвиш гузошт. 17 марти соли 1991 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин маротиба райпурсии умумихалқӣ гузаронида шуд. Дар он, барои фаҳмидани андешаи мардум оиди тақдири минбаъдаи Иттиҳоди Шӯравӣ, танҳо як масъала, яъне тарафдор будан ё набудани онҳо нисбати мавҷудияти минбаъдаи ИҶШС гузошта шуд. Дар ин райпурсӣ қариб тамоми мардуми Шӯравӣ фаъолона ширкат намуда, зиёда аз 70% - и онҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ ба тарафдории бақои минбаъдаи Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд. Дар Тоҷикистон ин райпурсиро танҳо ҷамъияти сиёсии «Растохез» ва ҳизби наҳзати ислом бойкот эълон карда буданд.

Бо мақсади баровардани Иттифоқ аз бӯҳрони сиёсӣ ва муайян намудани ояндаи ИҶШС, моҳҳои апрел – майи соли 1991 дар Ново-Огарёво президенти ИҶШС М.С. Горбачёв бо сарварони 9 ҷумҳуриҳои Иттифоқ мулоқот намуд. Дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо чун шакли такмилёфтаи Иттифоқ – лоиҳаи Иттифоқи Давлатҳои Мустақилро (ИДМ - СНГ) дастгирӣ намуданд. Инчунин пешниҳод гардида буд, ки Конститутсияи нави Иттифоқро қабул намоянд. 20 августи соли 1991 бояд аҳдномаи нави Иттифоқ имзо гардида, дар матбуот нашр мешуд.

Аммо натиҷаи райпурсии умумихалқӣ ва гуфтушуниди сарварони ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҳам хавфи аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравиро аз байн набардошт. Дар мамлакат бӯҳрони сиёсӣ ҳанӯз идома дошт. Як гурӯҳи тарафдорони бақои Иттиҳоди Шӯравӣ роҳи ягонаи наҷотро дар барканор намудани президенти Иттиҳоди Шӯравӣ М.С. Горбачёв медиданд. Онҳо, ҳангоме, ки Горбачёв дар соҳили баҳри Сиёҳ, дар истироҳатгоҳи давлатии Фарос, дар истироҳати муқаррарӣ буд, ин гурӯҳ 17 августи соли 1991 дар Москва, бо сарварии ноиби ӯ Г.И. Янаев Кумитаи давлатии вазъи фавқулодда (КДВФ - ГКЧП) ташкил карданд ва ҳокимиятро ба дасти худ гирифта, дар Иттифоқ ба муддати 6 моҳ ҳолати фавқулодда эълон намуданд. Ба ҳайати Кумитаи фавқулодда инчунин раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС В.С. Павлов, сарвари КБД (КГБ) В.А. Крючков, вазири мудофиаи ИҶШС Д.Т. Язов ва дигарон шомил буданд. Горбачёв бошад дар Фарос дар ҳолати ҳабси хонагӣ буд. Аммо мардуми Москва кумитаи фавқулоддаро дастгирӣ накарданд. Онҳо ба кӯчаҳо баромада, дар атрофи Б. Елсин муттаҳид шуданд ва нагузоштанд, ки ҳарбиён, аз ҷумла танкҳо дохили шаҳри Москва шаванд. Дар натиҷа бунёдкунандагони кумитаи фавқулодда, баъди 4 рӯзи фаъолияташон, яъне 21 август шикаст хӯрданд, ки ин дар асл кӯшиши табадуллоти давлатӣ буд. 22 август ташкилкунандагони кумитаи фавқулодда ҳабс гардиданд.

Бемувафақият анҷом ёфтани кӯшиши табодуллоти давлатӣ майли истиқлолиятхоҳии ҷумҳуриҳои Иттифоқро боз ҳам зиёдтар намуд. Баъди ин воқеа тамоми гуноҳи кӯшиши табодуллоти давлатиро дар мамлакат аз ҳизби коммунистӣ донистанд. Дар натиҷа қариб дар тамоми намоишу гирдиҳамоиҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ талаб мекарданд, ки фаъолияти ин ҳизбро манъ карда, ба ҷумҳуриҳои иттифоқӣ пурра истиқлолияти давлатӣ дода шавад. Ҳамин гуна ҷунбишҳо Тоҷикистонро низ фаро гирифта буд. 29 августи соли 1991 иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ - Қаҳҳор Маҳкамовро, барои дастгирии кумитаи фавқулодда (яъне ГКҶП) гунаҳкор ҳисобида, маҷбур намуданд, ки ба истеъфо барояд. Дар ҳамон иҷлосия раиси муваққатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қадриддин Аслонов интихоб шуд. Ӯ инчунин иҷрокунандаи вазифаи Президенти чумҳурӣ гардид. Баъди ин воқеаҳо тамоми ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам истиқлолияти давлатии худро (9 сентябри соли 1991) эълон карданд.

8 декабри он сол сарварони се ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқӣ: Президенти Федератсияи Русия – Б.Н. Елсин, президенти Украина Л. Кравчук ва раиси Шӯрои Олии Белоруссия С. Шушкевич, дар бешазори Беловежскии Белоруссия ҷамъ омада, шартномаи 30 декабри соли 1922 – ро (оиди таъсис додани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии сотсиалистӣ – ИЧШС - СССР) бекор эълон намуда, шартномаи навро аз хусуси ташкил намудани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ - СНГ) имзо карданд. Ба ҳайати ИДМ - СНГ ҳамагӣ 12 ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқ, яъне ба ғайр аз се ҷумҳуриҳои назди Балтика, боқӣ ҳама шомил шуданд. Баъди ин 25 декабри соли 1991 М.С. Горбачёв аз мансаби Президентии ИҶШС, ки аллакай вуҷуд надошт, даст кашид.

Ҳамин тавр, Иттиҳоди Шӯравӣ баъди қариб 70 – соли мавҷудияташ барҳам дода шуд ва он ба андешаи мо оқибатҳои мусбат ва манфиро дошт.

Оқибатҳои мусбат инҳоянд: 1) Баробари барҳам додани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқ, аз ҷумла Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ ба даст дароварданд. Дар натиҷа дар миқёси ҷаҳон давлатҳои нави соҳибистиқлол бунёд гардиданд. Минбаъд онҳо дар миқёси олам мустақилона миллати худро муаррифӣ мекарданд. Дар харитаи чаҳонӣ ҳам ин гуна давлатҳои нави соҳибистиқлол мақоми худро ишғол намуданд. Он давлатҳо, ҳамчун давлатҳои соҳибистиқлол, бо мамлакатҳои ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ муносибатҳои озодонаро ба роҳ монданд; 2) Ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқӣ, аз ҷумла Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ ба даст дароварда, минбаъд шакли давлатдорӣ ва тарзи зиндагии мардуми худро бо ба инобат гирифтани анъанаҳои миллӣ ташкил доданд. Дар тамоми ҷумҳуриҳои соҳибистиқлолгардида забони асосии миллии онҳо мақоми забони давлатӣ пайдо намуд ва ғайраҳо.

Ҷиҳатҳои манфӣ инҳоянд: 1) Иттиҳоди Шӯравӣ барои тамоми халқҳои Шӯравӣ оилаи ягона ҳисоб мешуд. Сарҳади байни ҷумҳуриҳои Иттифоқ қариб вуҷуд надошт. Барои рафту омади дохилӣ, ташкили оила, таҳсил, кор, зиндагӣ ва ғайраҳо ягон хел маҳдудият набуд. Баъди барҳам додани Иттифоқ ҷумҳуриҳои нав соҳибистиқлол гардида, аз рӯи маводҳои бойгонӣ сарҳади худро муайян намуда, баъзеашон онро на танҳо симхор кашиданд, балки минагузорӣ карданд (чуноне, ки сарҳади байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, бо ташаббуси Ӯзбекистон ба ҳамин ҳолат табдил ёфта буд). Дар натиҷаи чунин ҳолат рафту омади озодонаи одамон аз байн рафт. Низоми раводид (виза) ҷорӣ гардид. Деворҳои симхории сарҳадӣ на танҳо хешу табориро, балки падару писар, бародару хоҳарро аз ҳам ҷудо намуд; 2) Иттиҳоди Шӯравӣ қариб 70 - сол вуҷуд дошт. Дар ин муддат, маблағгузорӣ, ки марказӣ буд, махсусан корхонаҳои саноатӣ вобастаи якдигар бунёд мегардиданд. Баъди барҳам додани Иттифоқ, ин риштаҳои иқтисодӣ канда шуданд. Агарчанде ба ҷои Иттиҳоди Шӯравӣ ИДМ-СНГ бунёд гардид, вале он ҳеҷ Иттиҳоди Шӯравиро иваз карда натавонист. Ҳолдонҳо ҳанӯз ҳангоми бунёди ИДМ – онро «тавлиди кӯдаки мурда» номида буданд. Дар натиҷа, дар даҳсолаи аввали истиқлолият қариб дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқ пастравии иқтисодиёт, бад шудани зиндагии мардум, зиёд гардидани бекорӣ, беқурбшавии пул ва ғайраҳо ҳукмрон буд. Аз байни собиқ ҷумҳуриҳои Иттифоқ, танҳо Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра зуд рӯ ба инкишоф ниҳоданд.

Ҳамин тавр, таҷрибаи қариб 70 – солаи мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ далели он аст, ки танҳо муносибати хуби байниҳамдигарии давлатҳо (дар тамоми соҳаҳо) яке аз кафолатҳои пешравӣ, беҳтар шудани зисту зиндагонии мардум шуда метавонад.

Эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Чуноне таъкид гардид, кӯшишҳои пойдор нигоҳ доштани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии сотсиалистӣ (ИҶШС) дигар самараи хубе надоданд. Нобарор анҷом ёфтани кӯшиши табадуллоти давлатии моҳи августи соли 1991 (яъне, ГКЧП) суръати парокандашавии ҷумҳуриҳои иттифоқиро тезонид. Дар натиҷа, ҷумҳуриҳои иттифоқие, ки ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ дохил буданд, пайи ҳам истиқлолияти давлатии худро эълон карданд.

Албатта Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин маъракаи сиёсӣ дар канор набуд. 31 – уми августи соли 1991 Иҷлосияи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ба номи ҷумҳурӣ тағйирот ворид намуд. Он эълон кард, ки Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шавад. Дар Тоҷикистон ҳизби коммунистӣ амалан ҳанӯз ҳизби ҳукмрон ба ҳисоб мерафт. 4 сентябри ҳамон сол пленуми кумитаи марказии ин ҳизб истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсия намуд.

9 сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҷамъ омад. Ин иҷлосия дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷатҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла: «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ду қарори махсусро қабул карда, дар асоси қонуни қабул кардааш ба Конститутсияи (Қонуни асосии) амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе тағйироту иловаҳо ворид намуд.

Аз ҷумла, дар Изҳорот тағйиротҳои дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омадаро ба назар гирифта, «бо назардошти ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ ва бо дарки масъулияти сарнавишти халқҳои сокини Тоҷикистон» таъкид гардидааст: «Шӯрои Олӣ истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад».1 Ин изҳорот аз хусуси дар заминаи собиқ яке аз ҷумҳуриҳои Шӯравӣ бунёд гардидани давлати нави соҳибистиқлоли ҷаҳонӣ буд. Дар натиҷа дар харитаи ҷаҳонӣ боз як давлати нави мустақил бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқӣ, ки дар замони шӯравӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ бо ҳам хеле пайваст буданд, ба хубӣ эҳсос менамуданд, ки якбора кандани ин риштаҳо барояшон оқибатҳои бадро меовард. Аз тарафи дигар, равиши ҷаҳони муосир худ аз хусуси бо ҳам наздикшавии давлатҳо ва халқҳо далолат медод. Бинобар ҳамин ҳам дар он Изҳорот инчунин таъкид шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқиро «оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байни ҳамдигарӣ эҳтиром намуда, … бастани Шартнома дар барои Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр…» - ро дастгирӣ менамояд.1

Изҳорот сиёсати оянда мустақилонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, таъкид менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд дар муносибатҳои байналхалқӣ «ба сифати субъекти мустақили ҳукуқи байналхалқӣ» баромад мекунад.2 Яъне, аз ин нуқта бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бо тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ сиёсати хориҷиашро худаш муайян намуда, онро мустақилона ташкил менамояд.

Яъне, дар Изҳороти қабул гардида, аз як тараф истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон карда, минбаъд, дар ташкил ва гузаронидани сиёсати хориҷӣ соҳибистиқлол будани онро таъкид намуда, инчунин аз тарафи дигар нигоҳ доштани фазои ягонаи иқтисодии байни собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқиро зарур шуморида, «тарафдори ташкили системаи мудофиаи коллективӣ ва амнияти давлатҳои Иттиҳоди соҳибихтиёр…» будани Ҷумҳуриҳои Тоҷикистонро хотиррасон намудааст.3

Мувофиқи Қарори аввалаи оид ба истиқлолияти ҷумҳурӣ қабул кардаи иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷумла, дар таҳрири нави Эъломия, аз моддаи 4 - уми он калимаҳои «ғайр аз масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти иттифоқи РСС дода мешаванд», хориҷ карда шуд. Амсоли ин боз дигар масъалаҳое, ки ба Иттифоқ дахл дошт, ихтисор гардид. Дар матни Эъломия ибораҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва РСС Тоҷикистон бо ибораи Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуд. Бо ҳамин матни он Эъломияи аввалро ки ба ҳолати истиқлолият дар доираи Иттифоқ дахл дошт, ба талаботи истиқлолияти ҳақиқии давлатӣ мутобиқ гардонида шуд.4

Мувофиқи қарори дигар, матни Изҳороти Шӯрои Олиро дар бораи истиқолоияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, «бо мақсади ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳукуқҳои конститутсионӣ, озодии шаҳрвандон ва бутунии сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Точикистонро мувофиқи мақсад дониста, рӯзи эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 9 сентябри соли 1991 –ро иди миллӣ ва рӯзи ид эълон намуданд.5

Ягона қонуни қабул кардаи иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ ба Конститутсияи (Қонуни асосӣ) амалкунандаи ҷумҳурӣ дахл дошт. Зеро, эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати фаврии тағйироту иловаҳоро ба ин қонуни асосӣ ба миён оварда буд. Вагарна, баъзе моддаҳои Конститутсияи амалкунанда бо моҳияти истиқлолияти давлатии эълон кардашуда мувофиқат намекард. Қабул кардани Конститутсияи нав бошад вақтро талаб мекард. То қабул гардидани он, бояд Конститутсияи амалкунанда, бо тағйироту иловаҳо фаъолият мекард. Аз ҷумла, ин иҷлосия ба қонуни асосии ҷумҳурӣ чунин тағйиротҳоро ворид намуд: моддаи 1 – уми Конститутсия бо таҳрири зайл қабул гардид: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад». Ё худ дар моддаи 28 мақсад боз ҳам равшантар акс ёфтааст. Чунончӣ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳукуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор намуда, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад». Инчунин, мувофиқи таҳрири нав дар моддаи 31 таъкид карда мешавад, ки «ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт шаҳрванди Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр мебошанд». 1

Аҳамияти таърихии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Албатта, барои бавуҷудоии чунин давлати соҳибистиқлол, сараввал чумҳурии мухторӣ, баъд ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон чун заминае ба ҳисоб мераванд.

Тоҷикон гарчанде то замони Шӯравӣ, ба монанди давлатҳои Сомониён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорони Сабзавор, Давлати Музаффариҳо ва ғайраҳо давлатҳои соҳибистиқлоли худро доштанд, вале онҳо аслан давлатҳои авлодӣ – сулолавӣ буданд, ҳеҷ гоҳ Тоҷикистон ном надоштанд. Дар замони Шӯравӣ ҳам дар доираи Иттиҳод мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандон маълум набуд. Инак, баъди 9 сентябри соли 1991 дар харитаи ҷаҳонӣ Ҷумхурии Точикистон, чун давлати соҳибистиқлол акс гардид. Дигар давлатҳои ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф намуданд. Минбаъд намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машваратҳои байналхалқӣ ҳамчун фиристодаи давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мегарданд. Вай аллакай 2 - уми марти соли 1992 аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ - ООН) гардид. Бинобар ин бунёди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои тоҷикон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Бо эълони истиқлолият, чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, «орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт. Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт. Ин истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад»2.

Бо назардошти ҳамаи ин аҳамияти таърихии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуқтаҳои зерин мебинем:

1. Дар натиҷа, дар миқёси ҷаҳон давлати нав бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад;

2. Ҳангоми вохӯриҳо ва ҷамъомадҳои байналхалқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мегардад;

3. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян менамояд;

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳои хориҷӣ мустақилона сиёсати худро муайян менамояд;

5. Ҳангоми муайян намудани сиёсати дохилиаш озодона дин ва урфу одатҳои мардуми худро ба инобат мегирад ва ғайраҳо.

Аммо мардуми ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввал ба қадри ин «ҳадяи бебаҳои таърих» нарасиданд ва барои мустаҳкамию пешравии он накӯшиданд. Дар натиҷа соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидо ба мушкилиҳои сахттарин дучор шуд. Мушкилтарин ва фоҷеаноктарини онҳо ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Хайрият худшиносии миллии тоҷикон боло гирифт ва 27-уми июни соли 1997 сулҳи байни тоҷикон имзо гардид. Маҳз ҳамин сулҳ имконият муҳайё намуд, ки минбаъд дар мамлакат ваҳдати миллӣ пойдор гардад. Бинобар ҳамин ҳам тоҷикону тоҷикистониён минбаъд ҳар сол рӯзхои 9-уми сентябрро ҳамчун Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 - уми июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд. Мустаҳкам намудани дастовардҳои ин ҳар ду ҷашни бузург вазифаи муқаддаси ҳамаи мо тоҷикистониён ба ҳисоб меравад.

Ҳотамов Н.Б. доктори илмҳои таърих профессор.

Бувад фархунда истиқлолат, эй дӯст,
Шавад пояндатар иқболат, эй дӯст.
Расидӣ бар муродат миллати ман,
Муборак, ин мубораксолат, эй дӯст!

123Истиқлолият аз ҷумлаи арзишҳои олӣ ва неъмати бебаҳоест, ки ҳар як миллат барои ба даст овардан ва ҳифзи он садсолаҳо мубориза мебарад. Барои мардуми тоҷик 9 -уми сентябри соли 1991 рӯзи тақдирсоз ва сарнавиштсоз ба шумор меравад. Дар ин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ҳамчун давлати мустақил дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ ва худшиносии миллӣ, балки пояи асосии ташаккулёбии давлатдории навин, рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. То ба даст овардани истиқлолият халқи тоҷик роҳи пурмашаққатеро тай намудааст: аз асорату истибдоди хориҷӣ то давраи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва эҳёи давлати миллӣ. Аммо солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон озмоиши сахт буданд. Бӯҳрони иқтисодӣ, нооромии сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ таҳдиди ҷиддӣ ба бақои давлат ва миллат гардиданд.

Бо вуҷуди ин, мардуми тоҷик бо иродаи қавӣ ва роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вартаи ҷанг баромаданд. Ба шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофарини Сарвари давлати Тоҷикистон роҳи рушд, субот ва тараққиётро пеш гирифт.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи арзандаи худро пайдо кардааст. Пешрафтҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисод, маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва робитаҳои байналмилалӣ далели равшани имкониятҳои истиқлолият мебошанд. Хусусан ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди давлати дунявӣ аз дастовардҳои бузурги мардуми тоҷик ба шумор мераванд.

9 сентябр – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, на танҳо як санаи таърихӣ, балки рамзи худшиносӣ, ваҳдат ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳар як тоҷик бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад, истиқлолиятро пос дорад ва барои ободиву пешрафти давлати соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорад.

Истиқлолият барои мардуми тоҷик на танҳо рамзи озодӣ, балки ибтидои як давраи нави давлатдорӣ, худшиносӣ ва ваҳдат мебошад. Он моро водор месозад, ки аз гузашта сабақ гирем, имрӯзро бо масъулият сипарӣ намоем ва барои фардои дурахшон талош варзем. Барои наслҳои оянда нигоҳ доштану тақвият бахшидани истиқлолият қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

"Бо ҳамбастагӣ ва меҳнат истиқлолиятро пос дорем – барои фардои ободу дурахшон!"

Лашкарбекова Оиша - докторанти PHD-и соли дуюми таҳсили Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳим ва таърихии халқи тоҷик мебошад. 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон расман истиқлолияти худро эълон кард ва ба сафи давлатҳои мустақил ворид шуд. Ин сана барои тамоми шаҳрвандон рамзи озодӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ гаштааст. Имсол кишвари мо 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро таҷлил мекунад, ки ин нишонаи қадами устувори давлат ва ҷомеаи тоҷик дар роҳи пешрафт ва шукуфоист.

11Солҳои 1990–ум барои Тоҷикистон солҳои пурташвиш буданд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, кишвар бо мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ рӯбарӯ гардид. Солҳои аввали истиқлолият давраи озмоишҳои ҷиддӣ буд. Аммо, бо иродаи мардуми кишвар ва раҳбарияти оқилона, Тоҷикистон тавонист аз ин мушкилот гузарад ва ба роҳи сулҳ ва пешрафт қадам гузорад.

Истиқлолият на танҳо озодӣ аз вобастагии сиёсӣ буд, балки имконият дод, ки халқи тоҷик сарнавишти худро мустақилона муайян кунад, арзишҳои миллиро эҳё намояд ва сиёсати дохилию хориҷии худро мустақилона пеш барад.

Дар таърихи Тоҷикистон як рӯйдоди бузург — Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 имзо шуд, ки боиси хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози марҳилаи сулҳ гардид. Бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар аз вартаи нооромиҳо раҳо ёфт ва давраи нав оғоз шуд.

Дар 34 соли истиқлолият Тоҷикистон дар ҳама самтҳо пешрафтҳои назаррас ба даст овард:

  • Бунёди роҳҳои байналмилалӣ ва пулҳои стратегӣ;

  • Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла НБО «Роғун»;

  • Тавсеаи соҳаҳои маориф ва тандурустӣ;

  • Боло бурдани сатҳи зиндагии мардум;

  • Муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ шинохта шудааст.

Истиқлолият барои мардуми тоҷик рамзи ваҳдат ва худшиносист. Таърих исбот мекунад, ки миллатҳое, ки истиқлолияти худро қадр мекунанд, ба дастовардҳои бузург ноил мешаванд. Дар Тоҷикистон сиёсати давлатсозӣ ба рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ ва ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ равона шудааст.

Ҷашни 34-солагии истиқлолият на танҳо таҷлили санаи муҳим аст, балки имкони таҳлили дастовардҳо ва муайян кардани ҳадафҳои нав барои оянда мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ҳис кунад, ки соҳибистиқлолӣ неъмати бузургест ва барои ҳифзу тақвияти он саъю кӯшиш намояд.

Имрӯз Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созанда ба сӯи шукуфоӣ қадам мегузорад. 34 соли истиқлолият гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик қодир аст ҳама мушкилотро паси сар карда, давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ созад. Ҷашни истиқлолият моро водор месозад, ки таърихи пурифтихори худро гиромӣ дорем ва барои ояндаи дурахшон талош намоем.

Достонҷон Раҳмонов - ходими илмии Институти

математикаи ба номи Абдуҳамид Ҷӯраеви АМИТ

Истиқлолият беназиртарин неъмат барои мардуми шарафманди кишвари азизамон аст. Он рамзи сулҳу ваҳдат, оромӣ ва осудагии ҷомеа буда, барои миллати заҳматкашу фарҳангсолори тоҷик имкониятҳои нав барои рушду пешрафт фароҳам овард.

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрӯз дар остонаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ қарор дорад, ҳамчун давлати муосир ва демократӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор касб намудааст. Дастовардҳои назарраси кишвар дар давоми солҳои Истиқлол ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистонро дар миёни давлатҳои ҷаҳон таъмин кардаанд.

Сулҳу субот ва пешрафти ҷомеа, бешубҳа, бо талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд доранд.

Дар замони Истиқлол, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, арзишҳои волои аҷдодӣ ва суннатҳои давлатдории миллӣ эҳё гардиданд. Ҳамзамон, омӯзишу таҳқиқи таърихи пурғановати халқи тоҷик вусъати тоза пайдо кард.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, ки ба мустақил шудани ҷамоҳири ҳайати он мусоидат намуд, мо ба давраи нави давлатдории хеш - давраи соҳибихтиёрӣ оғоз намудем.

Дар замони истиқлол миллӣ дар самти сиёсати хориҷии хеш Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошт. Аз соли 1990 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ баромад мекунад, ки он дар Изҳорот оид ба истиқлолияти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар сессияи дуюми Шӯрои Олӣ ва ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 қабулшуда чунин дарҷ гардидааст: “ҶШС Тоҷикистон муносибатҳои мустақимро бо давлатҳои хориҷӣ ба татбиқ расонида, бо онҳо шартномаҳои хусусияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмию техникӣ дошта мебандад, мубодилаи мушовирони дипломатӣ, консулӣ, намояндагиҳои тиҷоратиро анҷом медиҳад, дар ҳолати зарурӣ дар фаъолияти ташкилотҳои байналхалқӣ иштирок менамояд.

Зимнан ба назар гирифтан зарур аст, ки раванди ташаккулёбии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ин давра дар вазъияти бӯҳрони тезутундшавии иҷтимоию сиёсӣ сурат мегирад: шароити торафт мураккабшавандаи иқтисодӣ якҷоя бо тезутундшавии ихтилофоти иҷтимоӣ, қавмию ҳудудӣ шиддат меёбад.

Дар ин давра сохтмони низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо мушкилот ва душвориҳо дучор шуд, ки бар ҳар яке аз ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқӣ хос буд. Ба онҳо, дар навбати аввал, мавҷуд набудани доктринаи мустақили сиёсати хориҷӣ; норасоии шадиди муассисаҳои хориҷӣ (сафоратхонаҳо, консулигариҳо, намояндаҳои тиҷоратӣ) шомил буданд.

Марҳалаи нав дар таърихи фаъолияти байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 оғоз меёбад. Асосҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Баённома оид ба истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст: “Дар муносибатҳои байналхалқӣ ба ҳайси субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ баромад карда, дар фаъолияти худ барои ба даст овардани сулҳи пойдор, маҳв кардани яроқи зарраӣ, роҳ надодан ба истифодаи неруи ҳастаӣ дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофот дар байни давлатҳои соҳибистиқлол, ҳамкориро дар байни онҳо барои ҳалли масоили ҷаҳонӣ, ки дар назди инсоният истодааанд, инкишоф медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон худро барои ба имзорасонии мустақими тавофуқномаҳо ва шартномаҳои дуҷониба ва ҳамаҷонибаи баробарҳуқуқ ва ба манфиати тарафайн, ки манфиатҳои ягон давлатҳои соҳибистиқлолро халалдор намесозад, бо кулли шарикон бе ҳеҷ гуна шарту шароити қаблӣ кушода эълон мекунад”.

Дар охири соли 1991 ва аввали соли 1992 раванди эътирофи расмии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон сурат гирифта, ирӯз Тоҷикистон аз ҷониби зиёда аз 160 давлати ҷаҳон эътироф карда шудааст. Мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, узви аксари ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ, созмонҳои минтақавӣ мебошад ва дар ҳалли масоили глобалӣ фаъолона ширкат менамояд.

Тоҷикистон ҷонибдори эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани ҳадафҳои миллӣ ва саъю кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид сохтани ҷаҳду талоши ҳамаи давлатҳои манфиатдор барои вокуниши муносиб дар рӯбарӯи таҳдиду хатарҳои замони муосир мебошад.

Мо имрӯз бори дигар эълон медорем, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад.

Дар ин росто, мо тавсеаи муносибатҳои созанда ва гуногунҷанбаи худро бо шарикони анъанавиамон идома дода, дар раванди мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ҳамкориҳои муассири ду кишварро тақвият ва таҳким хоҳем бахшид.

Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии мусолиматомези худ ҷонибдори он аст, ки низоми имрӯз ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъҳо, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии миллӣ ва диниву фарҳангӣ комилан озод бошад ва бар пояи шарикиву ҳамкории баробару судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад.

Ҳамаи хатарҳо ба сулҳу субот ва амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бояд бо роҳи созишу муколамаи созанда ва бар асоси муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони глобалии танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ, бартараф карда шаванд.

Ҳамин тариқ, ҳамкории байналхалқии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи ҳамкорињои дуљониба ва серҷониба дар низоми робитаҳои хориҷии кишвар дар давраи истиқлолият нақши муҳимро бозидааст.

Имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад.

Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.

Бинобар ин, ҳар як фарди худогоҳи мамлакатро зарур аст, ки дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва расидан ба қадри истиқлолият тарбия кардани наврасону ҷавонон, яъне наслҳоеро, ки ояндаи давлату миллат, таъмини амнияту субот ва ободиву пешрафти Ватан дар дасти онҳост, вазифаи худ шуморад.

Ҷавонони мо фарзандони истиқлолият мебошанд, зеро онҳо дар канори истиқлолият ва ҳамроҳ бо озодиву соҳибихтиёрии ватанамон ба камол расидаанд.

Эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии мардуми шарифу ҳимматбаланди кишварамон мо ҳама гуна мушкилоти рӯзгорамонро бартараф мекунем, ниятҳои неки оғозкардаамонро амалӣ мегардонем ва барои сокинони мамлакат зиндагии боз ҳам беҳтару шоистаро таъмин менамоем.

Бовар дорам, ки муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор мемонанд ва моро дар роҳи татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози Ҳукумати мамлакат ғайрату илҳоми тоза мебахшанд.

Хусусан, имсол, ки истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбуби мо 34-сол мешавад, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири ин Ватани азиз, ин марзу буми муқаддас, пойдории озодиву соҳибихтиёрӣ ва ободиву оромии он дучанд заҳмат кашем ва обрӯи онро дар байни ҷомеаи ҷаҳон боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.

Яъне тамоми кӯшишу ғайрати мо ва ҳар рӯзи фаъолияти кории кулли фарзандони ватандӯст ва бонангу номуси миллат ба номи истиқлол, ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии кишвари азизамон – Тоҷикистон сафарбар карда шавад.

Саидов Давлатёр Маҳмадсалимович – Ив Мудири Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Маликов Тавакал Саидович - Сармутахассиси Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти АМИТ

Имом Мираҳмади Шарофиддин-Сармутахассиси Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти АМИТ

Бузургони илму адаб ситорагоне ҳастанд, ки дар осмони зиндагонии башар доим бо як бузургии бесобиқа дурахшонанд. Онҳо роҳи наҷоти гумшудагони водии ҳаётро ба сӯи мақсуди матлуб нишон медиҳанд. Бинобар ин донишмандону нависандагон ба як миллат ва қавм тааллуқ надоранд, балки донишу биниши онҳоро тамоми ҷаҳон истифода мекунад.

Яке аз чнин донишмандони форсу тоҷик Абубакр Закариёи Розӣ аст, ки имрӯзҳо дар саросари Ҷумиҳурӣ ва ҳатто берун аз он 1160 солагии ӯро ҷашн мегиранд. Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ дар шаҳри Рай 28 августи соли 865 мелодӣ (соли 251 ҳиҷрӣ) дар оилаи косиб ба дунё омадааст. Солҳои тифлию айёми ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш шаҳри Рай мегузарад. Аз маълумоте, ки дар «Китоб-ут-тиб — ул — Мансурӣ» мавҷуд аст, бармеояд, ки донишманд дар аввалҳои умр бо касби заргариву саррофӣ шуғл варзида, дар як давраи муайян ба ҳаваси кимиёгарӣ дар пайи омӯхтани илми кимиё мегардад. Розӣ аз овони ҷавонӣ бо омӯхтани илму адаб ба василаи китобу навиштаҷот, маҳфилҳо ва баҳсу мунозирот дилбастагии махсусе доштааст. Ҳисси кунҷковию кӯшиши донишандӯзии ӯро дақиқае тарк нанамуданд.

Рисолаи фалсафии “ас-Сира ал-фалсафия”-и Закариёи Розиро арабшиноси чехӣ Пол Краус бахшида ба 1100 солагии ин донишманд бо забони арабӣ таҳия ва ба забони фаронсавӣ тарҷума намудааст.

Номи китоби “ас-Сира ал-фалсафия”-ро донишмандони пешин дар доираи осори Закариё Розӣ зикр кардаанд. Аз ҷумла Абурайҳонӣ Берунӣ дар рисолае, ки дар бораи феҳристи муаллафоти Розӣ навиштааст, онро ба ҳамин шакл ёд мекунад. Ва дар нусхае, ки он дар китобхонаи Британия маҳфуз аст ва Пол Кроус аз ҳамон нусха ин китобро таҳия намудааст, ба ҳамин ном зикр шудааст.

Ибни Абиусайбиа дар китоби “Табақоту-л-атиббоъ” аз таълифоти Розӣ чанд китобро бо номҳои мухталиф овардааст, ки ҳамаи номҳои як китоб ва мақсуд аз тамоми онҳо ҳамин китоби мавриди баҳс аст. Дар ин асасо, ин китоб бо номҳои дигаре аз қабили “Кито сирату-л-ҳукамо”, “Китоб фи сирати-л-фозила”, “Сирату-л-мадинати-л-фозила” ва “Китоб фи сиратиҳи”. Донишмандони дигар, аз қабили Қифтӣ ва Ибни Надим ин китобро “Китоб фи сирати-л-фозила” ёддошт кардаанд. Мавзуи китоби “Сирату-л-фалсафия” чунон ки аз номи худи китоб маълум аст, дар бораи саргузашти муаллиф сухан меравад. Розӣ дар он аз шахсияти худ гуфтугӯ мекунад ва аз хислатҳояш дифоъ менамояд. Закариёи Розӣ дар ин китоб бо боварии комил ба мақоми баланди худ, эътирозҳои мухолифонашро рад мекунад ва хидматҳое, ки ба василаи дониши худ ба мардум намудааст, ёдовар мешавад.

Розӣ дар ин китоб, ахлоқи худро пайрави ахлоқи Суқрот муаррифӣ кардааст ва ӯро пешвои худ ҳисобида, орзӯяш ташбеҳ сохтани худ ба ин файласуф аст. Ин навъ бузург шуморидани мақоми Суқрот, ки Розӣ дар навиштаҳои худ ба он пардохтааст, дар таърихи фалсафаи исломӣ қобили таваҷҷуҳи хос аст.

Агар чи қисмати аввал ва охири китоби мазкур Розӣ бештар аз шахсияти худ дифоъ намудааст, аммо қисмати мобайнии асар як сирате аст, ки ба андешаи Розӣ бояд ҳар файласуфе онро дошта бошад. Ӯ дар ин китоб, шаш дастури усулиеро, ки файласуф бояд риоят кунад, тавзеҳ медиҳад. Дар миёни ин ҳама, Розӣ бештар ба масъалаи лаззат ва дард аҳамият додааст. Ӯ дар ин китоб лаззат ва дардро аз нигоҳи ахлоқӣ таҳлил намуда, чунин мегӯяд, ки файласуфи ҳақиқӣ касе аст, ки аз лаззатҳое, ки сабаби зарари ақл ва ахлоқи ӯ мегардад, дурӣ ҷӯяд ва илми адлро, ки бар лаззати воқеӣ баъд аз марг аст, бар лаззатҳои ҷисмонӣ тарҷеҳ надиҳад. Аммо ихтиёри ин сират зарурати онро ба миён намеорад, ки инсон мисли як ҳинду ҷасади худро дар оташ сӯзонад ва ё мисли баъзе насрониҳо аз ҷимоъ даст кашад ва гуруснанишинӣ кунад ва ё мисли баъзе мусалмонҳо умри худро дар эътикоф гузаронад ва аз лаззатҳои феълӣ чашм пӯшад, балки бояд аз нигоҳи хирад ба лаззатҳо назар афканад ва он лаззатҳоеро пеша кунад, ки оқибати бад надошта бошад.

Дар умум, ин китоб яке аз боарзиштарин китобҳои Закариёи Розӣ аст, ки муаллиф дар бораи худ гуфтааст ва дар ҳамон замони худ, ба баъзе шубҳаҳо ва туҳматҳое, ки ба ӯ задаанд, бо далелҳои фалсафӣ ва ақлӣ ҷавоб гуфтааст. Инчунин файласуф дар ин рисола андешаҳои фалсафии худро бо далелҳо собит сохтааст. Мо кӣ дар арафаи 1160 солагии ин донишманди бузурги олами тиб ва фалсафа қарор дорем, омӯзиш ва таҳқиқи системавии осори ӯро барои муаррифии ин донишманд муфид меҳисобем.

Рамазониён А.Б – ходими илмии Маркази синошиносии ИФСҲ АМИТ

Мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем.

Эмомалӣ Раҳмон

Чароғи ақли инсон аст дониш,

Бақои илму ирфон аст дониш.

Туро ҳам раҳнамо, роҳатрасон аст,

Камоли умру имон аст дониш.

Инсон аз лиҳоз табиӣ бо фарорасии синну соли балоғат кӯшиш мекунд, ки дар макотиби олӣ ё худ дар хориҷи мамлакат таҳсилро идома диҳад. Ин фикрро аксаран толибилмон дар қалби хеш мепарваранд. Донишандӯзӣ ва такмил додани ҷаҳобини худ агар орзӯи бештаринҳост, аммо кам андар ками онҳо зимни таҳсил дар муассасаҳои олии кишвар муваффақ мешаванд ва сатҳи донишҳои худро такмил медиҳанд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳост, ки ҳангоми суханронии хеш мактабу маорифро асоси сиёсати худ муаррифӣ кардааст. Бешубҳа, дар кишвари мо ба сатҳи донишандӯзии наврасону мактаббачагон аҳмити дилхоҳ дода мешавад ва дар мактабҳо ба онҳое, ки бо баҳои хубу аъло таҳсилро идома медиҳанд, ҳавасмандкунӣ мушоҳида шуда, нисбат ба онҳое, ки бо баҳои қаноатбахш таҳсилро анҷом медиҳанд, бартарӣ дода мешавад.

Ҳанӯз аз замони Шӯравӣ бархе аз довталабон аз натиҷаи ҷамъбасти имтиҳонсупорӣ норизо гардида, пас аз муддате ба минтақаҳои саноатии Иттиҳоди Шӯравӣ пайи такмил додани донишҳои худ раҳсипор мешуданд ва ду даҳсолаи аввали истиқлолият низ ҳамин гуна мушоҳидаҳо идома дошт. Бинобар ин, бо ибтикори Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 ташкил шуду шаффофият дар имтиҳонсупорӣ татбиқ гардидю Аз ҳамон сол инҷониб шиносони худро баъзан мебинам, ки бо арзи сипос ба Маркази миллии тестӣ муроҷиат карда, аз он хушҳоланд, ки адолати иҷтимоӣ дар ин самти фаъолият ҳаддалимкон роҳандозӣ шудааст. Сатҳи дониш ва савияи донишандӯзи бинобар талаботи Марказ рӯз аз рӯз меафзояд ва толибилмон пайваста мекӯшанд, ки мактабро бо хониши хубу аъло ба анҷом расонанд.

Ҳамасола санаи 1-уми сентябр дар Ватани азизамон Рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ ҷашн гирифта шуда, зимни баргузории он Пешвои миллат чандин муассисаҳоро барои истифода ифтитоҳ намуда, дастуру супоришҳои навро ба кормандони соҳаи маориф ироа менамоянд. 1-уми сентябр рӯзи байналмилалии дониш эътироф шудааст. Ин рӯз расман рӯзи корӣ мебошад. Аз рӯи анъана дар ин рӯз дар мактабҳо линейкаҳои ботантана, соатҳои тарбиявӣ, дарсҳои дониш, сулҳ, бехатарӣ ва мардонагӣ шуда мегузаранд. Хулалас, рӯзи 1-уми сентябр рӯзи тантанаи Дониш асту донишандӯзон дар ин рӯз ид доранд.

Тоҷикон аз зумраи миллатҳои донишпажуҳ маҳсуб мешавад. Як аз омилҳои он ин аст, ки тоҷикон дар гузашта ва имрӯз китобро азиз доштаанд ва бархе аз онҳо китобхонаҳои шахсӣ низ доранд. Дар ин маврид хостам иқтибосе аз суханронии Президенти мамлакат оварам, ки дар ситоииши китоб барҳақ фармудааст:

“... Ҳамаи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу дониш заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамшину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсубати хушуфтуру боезор мепиндоштем. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд”.

Ҷойи дигар овардааст: “Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии неёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигаҳодорӣ мекунад, то ин ки наслҳои имрӯза ба оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавин худ истефода баранд”.

Чунонкӣ аз осори ниёгон р бармеоянд, бузургони илму ирфон дар ситоиши дониш ва тафаккури илмӣ маҳдияҳо гуфтаанд:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,

То тоҷи наберагони Одам бошӣ.

Дониш талабу бузургӣ омӯз,

То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

Басифат кори мактаб соз бояд ,

Ба дониш қуфли розе боз бояд.

Ба дониш мегарав шоҳи савод аст,

Ки ӯ як раҳнамои умрбод аст.

Ҳар ки донишвар бувад, ӯ қодир аст,

Обрӯи ӯ бувад илму ҳунар.

Конфутсий такид мекунад, ки дониши ҳақиқӣ ин аст, ки ҳадди ҷаҳолати худро бидонӣ (Настоящее знание — это знать степень своего невежества. Real knowledge is to know the extent of one's ignorance).

Франсис Бейкон такид менамуд, ки дониш қудрат аст (Знание — сила. Knowledge is power).

Бенҷамин Франклин иброз намудааст, ки сармоягузорӣ дар дониш беҳтарин фоида меорад (Инвестиции в знания приносят лучшие проценты. An investment in knowledge pays the best interest).

Ширин Қурбонова, - сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таъри

“Таърихи тӯлонӣ ва пуршебу фарози башар собит месозад, ки густариш ва таҳкими пайвастаи арзишҳои милливу умумибашарӣ, рушди ҳамвораи илму маориф, технология ва татбиқи бозёфтҳои навтарин дар фаъолияти созандаи инсоният ҷавҳари аслии рушду тараққии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад”.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола 1-уми Сентябр ҳамчун “Рӯзи дониш”, дарси сулҳ ва иди маърифату дониш дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Дониш бедории ақл ва ҷароғест дар торикии зулмату нодонӣ. Шахси донишманд зиннати ҳар анҷуман аст. Дониш омӯхтан “аз гаҳвора то ба гўр” барои ҳар як фарди дилогоҳ фарз ва муҳим арзёбӣ мегардад.
Фирдавсии Тӯсӣ фармудааст:
Касе, к-у ба дониш тавонгар бувад,
Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.

Илм ва дониш ганҷинаи маънавиест, ки истифодаи он боиси афзоиши ин ганҷ гардида ба мисли ганҷинаи модди кам намешавад. Ҳеҷ ганҷе бузургтар аз илму дониш нест, зеро ба итмом намерасад, рабуда намешавад, интиҳо надорад.

Беҳ аз ганҷи дониш ба гетӣ куҷост?

Киро ганҷи дониш бувад подшост!

Биноӣ илмро чунин тасвир кардааст:
Ҳаст илм, он чи боқии абад аст,
Ҳарчи ҷуз илм, об дар сабад аст.

Бояд қайд кард, ки дар ҷаҳони муосир илм ва дониш яке аз сарчашмаҳои асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта ҷиҳати рушду нумўъ ва вусъати кишвар аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Аз ин рӯ вобаста ба талаботи замони муосир ва пешрафти илму техника, тараққии зеҳни сунъӣ ва дигар технологияҳои навин ҳар як фардро мебояд ба омӯзиши амиқи илмҳои муосир рӯ оварда илму дониши замонаро касб намояд.

Дар ин ҷода бояд қайд намуд, ки Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ, 29 октябри соли 2024 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки мақсад аз он тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, тарғиби дастовардҳои илмӣ ва саҳми Пешвои миллат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, хусусан дар пешрафти бонуфузтарин муассисаи илмии кишвар – Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Таъмини рушди устувори иқтисодӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои моддӣ ва маънавӣ, ташаккули шаклҳои самараноки идоракунии давлатӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ аз сатҳи рушди иқтидори инсонӣ вобаста мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, илм ва маориф аз ҷониби давлат ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими иқтисоди миллӣ арзёбӣ карда шуда, заминаи меъёрию ҳуқуқӣ барои суръат бахшидани ислоҳот дар ин соҳа таҳия ва ҷорӣ карда шудааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бо ибитикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароити таълим ба хонандагону донишҷӯён шароит фароҳам оварда шуда, дар тамоми гӯшаҳои мамлакат садҳо муассисаҳои илмӣ ва таълимии дорои шароити муосири таълим, синфхонаҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту аёниятҳо ва китобхонаҳои электронӣ бо мақсади беҳтаргардонии сифати таълим ва баҳри руши қобилиятҳои хонандагон сохта ба истифода дода шуда истодаааст.

Набояд фаромӯш кард, ки ояндаи дурахшони ҳар як давлату миллати аз наврасону ҷавонони лаёқатманду соҳибилм, донишманд ва худшиносу илмдӯст вобастагӣ дорад.

Ҷавонон бояд имрӯз ба қадри сулҳу ваҳдат ва оромиву осудагии кишвари азизамон бирасанд, ҳамдигарфаҳмӣ ва ватандӯстиро пешаи худ намоянд ва тамоми кӯшишу талошҳои худро барои рушди мамлакати биҳиштосоямон равона намоянд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи омӯзгорон ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо “Рӯзи дониш ва сулҳ” самимона муборакбод менамоям. Бигзор сулҳи тоҷикон абадӣ бошад!

Ҳамидов Фарҳод - директори Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Бобоев Комрон- мудири шуъбаи бехатарӣ ва амниятӣ химиявии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

ДУШАНБЕ, 29.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дигаргуниҳое, ки имрӯз дар воқеияти ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон мушоҳида мешаванд, аз ҷумла рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини амнияти миллӣ, вусъати муносибатҳои гуногунҷанба бо кишварҳои ҳамҷавору ҳампаймон, иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасту чорабиниҳои сатҳҳои муътабари минтақавию байналмилалӣ, талоши саҳмгузорӣ дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли масъалаҳои глобалӣ самараи рушду суботи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳти ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

— Бо шукргузорӣ аз чунин вазъияти осоишта дар сиёсати дохилии мамлакатамон низ мебинем, ки сокинони ин сарзамин дар симои давлати Тоҷикистон кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳо, омили татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳими худро мебинанд ва онҳоро арзишҳои эъломдоштаи сохти давлатдории имрӯзаи Тоҷикистон дар идеяи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ атрофи худ муттаҳид намудааст.

Ин падидаҳо гувоҳи онанд, ки бо мурури бо суръати назаррас ба фазои муносибатҳои куллан нав воридшавии ҷаҳони муосир Тоҷикистон низ бемайлон саъй менамояд берун аз мадори ин ҷараёнҳо ҳамчун мушоҳидакори бетараф боқӣ намонад, балки имконияти барои аз равандҳои мазкур ба манфиати қонеъсозии талаботи рушди худ баҳра бурданро огоҳона пайдо намояд. Ин талошҳо новобаста аз мураккабии равандҳои ҷойдоштаи муосири сиёсию иқтисодӣ амалияи идоракунии давлатамонро дар чеҳраи сифатан нав намудор месозанд.

Зимни арзёбии ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон аз чунин мавқеи ҷомеашиносӣ имрӯз мо шоҳиди он мегардем, ки бо дарки талаботи ҷараёни рушду нумӯи ҷомеа ва батадриҷ ҷустуҷӯ намудани роҳҳои манфиатбахши таъмини ин талабот дастгирии ин иқдом дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа густариш ва батадриҷ ба неруи такондиҳандаи фаъолнокии бесобиқаи онҳо табдил меёбад. Натиҷаи ҳамин аст, ки нишондодҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ҳамасола меафзоянд ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад. Тасдиқи ин нуктаро дар се нишондиҳандаи асосие, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, метавон дарёфт.

Тавре дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ омадааст, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат 8,4 дарсадро ташкил дода, ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуд. Навобаста аз болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, дар ҷумҳурӣ сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2024 3,6 дарсадро ташкил намуд. Дар натиҷаи амалисозии ин тадбирҳо сатҳи даромади аҳолӣ ба 147 миллиард сомонӣ расонида шуд. Ҳамчунин афзоиши маоши кормандони буҷавӣ дар панҷ соли охир дар ҳаҷми 100 фоиз, ҳадди ақалли маош дар ҳаҷми 1000 сомонӣ бозгӯи воқеият мебошанд. Бешубҳа, сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои истеҳсолию молиявии солҳои сипаришуда тамоюл ба рушд дошта, дурнамои таҳаввули он умедбахш аст.

Тибқи таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат, дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳиму такондиҳандаи рушди кишварҳо- ин таъмини рушди зарфияти инфрасохтории онҳо ба шумор меравад. Яъне, вусъатбахшии сохтмони роҳу долонҳои транзитӣ, ташаккули логистикаи муносибу ҳалқаҳои ба ҳам пайвасти роҳҳои мошингарду оҳани дохилӣ бо имконияти баромад ба самтҳои гуногуни фаромарзӣ, дар маҷмуъ ба сифати омили такондиҳандаи рушди иқтисодии мамлакат баромад мекунанд. Аз ин рӯ, рақобатҳо байни кишварҳои минтақа ва фаротар аз он барои афзалият пайдо кардан дар ин масъала имрӯзҳо ба таври бесобиқа меафзоянд. Дар айни замон дар Тоҷикистон 12 лоиҳаи инвеститсионӣ дар соҳаи нақлиёт амал дорад, ки ҳадафи онҳо беҳтар намудан ва ба талаботи замон ҷавобгӯ кардани маҳз инфрасохтори соҳаи роҳу нақлиёт баъди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба татбиқи ҳадафи дигар – табдил додани мамлакат ба давлати транзитӣ мусоидат мекунанд. Аз ин ҷиҳат Тоҷикистон солҳои охир ба такмилу ташкили инфрасохтори истеҳсолию хизматрасонӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мекунад, зеро рушди давлатҳои муосирро бе инфрасохтори пешрафта тасаввур кардан душвор аст. Роҳу пулҳо, иншооти истеҳсолию иҷтимоии зиёде, ки имрӯз ба истифода дода мешаванд, маҳз ба ҳамин мақсад нигаронида шудаанд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 2 400 км роҳҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, 220 км роҳи оҳан, 237 пул, 6 нақби мошингузар бо дарозии 18 км бунёд гардидааст. Аз рӯи маълумоти оморӣ, шумораи корхонаҳои саноатӣ соли 2022 ба 2802 адад баробар гардид. Соли 2023 ба миқдори 715 корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки дар маҷмуъ 3517 ададро ташкил менамоянд. Вобаста ба сохтори иншооти истеҳсолии соҳаи саноати мамлакат соли 2022 ҳиссаи корхонаҳои саноати коркард – 61,0 фоиз, саноати истихроҷи маъдан – 20,0 фоиз, истихроҷи маводи ғайриэнергетикӣ – 19 фоизро ташкил менамояд.

Ин дастовардҳо дар ҳоле амалӣ мешаванд, ки иқтисоди аксари кишварҳо аз рӯи нишондоди сатҳи инкишоф заиф ва вазъи зиндагии мардум бадтар ва вахимтар мегардад. Инчунин ҷаҳони муосир новобаста аз талошҳо, мутаассифона, имрӯз ба пуррагӣ наметавонад низоми амниятии онҳоро бар зидди чунин хатарҳо росихтару бештар аз пештар устувортар созад.

Чунин таҳдидҳои амниятӣ дарки зарурати эътимоди инсонҳоро ба тадриҷ ба ҳамдигар коҳиш медиҳанд ва ҷойгоҳи арзишҳои фарҳангиро дар фазои равобити иҷтимоӣ тангтар месозанд. Бо мурури домангустарии коҳиши зарфияти эътимоди инсонҳо ба ҳамдигар шикасти саросари низоми зистмуҳити иҷтимоии кишварҳои алоҳида ба миён омадааст. Дар ин замина мантиқи амалҳои сиёсию иҷтимоии андешидашаванда ба худ ду самтро интихоб намудааст, ки яке ба кашидани ҳисорҳои амниятӣ дар атрофи худ, ки дар шакли девору симхорҳои марзӣ ва дигаре ба самти эмин нигоҳ доштани фазои некбинонаи самараноки ҳамкории сатҳи расмию ғайрирасмӣ нигаронида шудааст. Дар ин равандҳо нақши иштирокдорони муносибатҳои байналмилалӣ, яъне давлатҳои соҳибихтиёру ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Дар баъзе аз мавридҳо бо суиистифода аз баҳсу нигарониҳои ҷойдошта гурӯҳҳои муайян тарҳҳои ҷадиди идоракунии зарфияти иқтисодии кишварҳоро амалӣ гардонданиянд. Дар бештари тарҳҳои пайрезинамудаи ин доираҳои манфиатдор, ки имрӯз дастраси давлатмардону муҳаққиқонанд, ошкору беибо тақсими ҳавзаҳои баҳрабардорӣ аз захираҳои табиӣ ва сармоявии олам пешбинӣ мегардад, ки ба ин масъала ҳанӯз даҳсолаҳо пештар Пешвои миллатамон ишора намуда буданд. Аз ин нуқтаи назар падидаҳои дар ҷомеаи мо низ рухдиҳанда аз ин ҳавзаи умумӣ дар канор нестанд ва ин бояд дар мавриди кӯшиши маънидод кардани моҳияти онҳо ва идоракунии равандҳои иҷтимоию сиёсӣ пайваста дар мадди назар бошад.

Дар шароити муосир мо на танҳо дар набардҳои иқтисодию иттилоотӣ, балки дар амали баъзе кишварҳои абарқудрат зери суол гузоштани дахлнопазирии ҳудудҳои миллиро мушоҳида мекунем, ки ин моро ба дарки сарманшаи ғоявии ин амал водор месозад. Аз нигоҳи аксари ҷомеашиносон, сарманшаи ин амал ба зуҳури назарияи «анҷоми ҳудудҳо» алоқамандӣ дорад, ки он аз ҷониби глобалистони куллигаро ва ниҳодҳои дорои тамоюли фаромиллӣ пуштибонӣ меёбад. Тибқи ин назария, имрӯз бояд дарку тасаввури фазои ҷамъиятӣ аз доираи вобастагии алоқаҳои марбут ба мафҳуми давлати миллӣ озод ва берун оварда шавад. Яъне, дар ин маврид аз байн бурдани ҳудудҳои миллӣ ба хотири ҳарчи сареътар ҳаракат кардани молу колои корхонаҳои фаромиллӣ дуруст ҳисобида мешавад. Ин андеша имрӯз дар лоиҳаҳои ниҳодҳои фаромиллӣ ҳарчи бештар нуфузу эътибор пайдо кардан дорад ва посух ба ин равандҳо бояд ҳадафнок бошад. Бе дарки амиқи ин раванду консепсияҳо дар сомонаҳою шабакаҳои иҷтимоӣ баъзан чеҳраҳои олиммаоби сиккафурӯш дар сояи ин консепсия асосҳои интисоби ҳудуду ёдгориҳои фарҳангии тоҷиконро мехоҳанд зери суол баранд, ноогоҳ аз он ки онҳо бо ин амалашон ба чархаҳои осиёби тарроҳони фаромиллигаро барои беэътибор донистани ҳудудҳои имрӯзаи онҳо низ об мерезанд. Зеро консепсияҳои фаромиллигаройӣ моҳиятан ҳадафи суст кардани асосҳо ва эътибори давлатҳои миллиро пайгирӣ менамоянд.

Аз ин ҷиҳат бояд гуфт, ки зуҳури ҳодисаҳои олами сиёсию иҷтимоӣ чун соири падидаҳои олам бе робитаҳои устувори сабабиву натиҷавӣ доир намешавад. Бинобар ин барои дарку кӯшиши идораи самараноку мақсадноки ин амалҳо зарурати фурӯ рафтан ба умқи робитаю сабабҳои моҳияти онҳо дар ҳаёти ҳар ҷомеа муҳим аст. Талош барои дарки ҳодисаҳои муҳими давоми соли равон дар ҳаёти ҷамъиятии давлати мо бавуқуъпайваста аз ин дидгоҳ хеле ҷолиб ба назар мерасад. Зеро бо мурури замон аён мегардад, ки тағйироти пайгирикунандаи ҷомеаи мо давра ба давра сифату хусусияти гуногун пайдо намуда, зарурати ҷустуҷўю дарёфти роҳҳои ғайримуқаррарии ҳалли мушкилоти нав ва диди рефлективии рушди ҷомеа тақвият меёбад. Танҳо мушоҳидаю бетарафӣ роҳи дурусти ҳалли масъала дониста намешавад ва ба тадриҷ зина ба зина масъалаҳое пеш гузошта мешаванд, ки аз талаботи рушди имрӯзаи ҷомеаи миллиямон бармеоянд. Аз ин ҷиҳат ҳаёти ҷамъиятии мамлакати мо дар якчанд соли ахир дигаргуниҳои куллиеро пушти сар намуд, ки воқеан ҳам бисёре аз онҳо мураккабтару печидатар аз ҳадди тасаввуру дарки на танҳо нафарони нобалад аз маҳоратҳои таҳлилӣ, балки аксари муҳаққиқону таҳлилгарон буданд. Бояд иқрор шуд, ки ҳароси мувоҷеҳ гаштан ба нокомиҳои таҳлилию пешгўинамоиҳои сиёсию иҷтимоӣ муҳаққиқони моро бисёр вақт аз пешниҳоду татбиқи иқдоми ғайриқолабӣ дар самти дарку пешниҳоди усули идоракунии ин равандҳо ба канор мекашид. Аз ин рӯ Сарвари давлат 20 марти соли 2020 зимни мулоқот бо кормандони илму маориф ва аҳли эҷод иброз намуданд, ки «дар замони пешрафти босуръати ҷомеа ҷустуҷӯҳои илмӣ талаботи давлатро қонеъ карда наметавонанд. Дар замонҳое, ки илм аз дастгирии давлат бархурдор набуд ва ҳамчун навъи шуури ҷамъиятӣ дар рақобати озод бо эътиқоду ахлоқ қарор дошт, тавонист садҳо нафар абармардони илми ҷаҳонӣ ва нобиғаҳоро ба майдон оварад. Сабаб дар чӣ буд, ки олимони пешин чунин дастовардҳоро ноил шуданд? Ба назари мо, дар он давраҳои тираву тор олим ва илм ба хотири исботи ҳаққонияти худ мубориза мебурд ва барои мавҷудияти илм замина муҳайё мекард. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар шароити кунунӣ, яъне дар замоне, ки барои рушди илм тамоми имконият муҳайё мебошад, роҳу воситаҳои оқилонаи рақобати озоди илмро бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ таъмин намоем».

Паҳлуи муҳими ин таъкиди нотакрори Пешвои миллат аз он иборат аст, ки дар ҷаҳони имрӯза канорагирӣ аз дарку пешниҳоди усулҳои муассири идоракунии равандҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби муҳаққиқони соҳа зери ҳароси мувоҷеҳ гаштан ба нокомиҳои таҳлилию пешгўинамоиҳои иҷтимоӣ дар худ паёмади эҷоди монеа барои ақлонӣ шудани ҳаёти ҷамъиятиро ба дунбол дорад. Бар ивази ин майлу таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа низ ба фарогирии ҷаҳонбинии илмӣ камтар мегардад ва эҳтимоли заминаҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро рахна кардани тамоюлоти тавтеагароёна (конспирология) ва сухани сеҳрангезу устураомези оммиёна боло хоҳад рафт. Бинобар ин, ақлоният ва ҷуръати касбӣ барои дарки муносиби ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятии замони муосир аз афзалияти амалгароёнаю ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинии илмӣ бархурдор аст, то ин ки барои инсон муҳитии имрӯзаи ҳаётияш маъно ва арзиши нотакрор пайдо намояд. Ин дар навбати худ фаъолнокии инсонро барои оқилона азхуд кардани муҳити мазкур, аз хатару таҳдидҳо пуштибонӣ намудани он, рушд бахшидани он ва тақвияти эҳсоси масъулияти барои насли минбаъда ба таври шоиста ба мерос гузоштани онро бештар менамояд.

Итминони мо бар он аст, ки акнун пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон устувор гаштаанд ва ба марҳилаи рушди таърихие ворид гардидааст, ки маҳсули он барои таъмини зиндагии шоистаи на танҳо насли имрӯза, балки минбаъдаи миллати мо нихз таъсиргузор хоҳад буд. Аз ин рӯ Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол барои рушди осоиштаю ҳифзи ҳаёти одамон на рақобату муқовиматҳои муғризона, балки талоши ба ҳам наздик сохтани мавқеъҳоро ба хотири эҷоди низоми шариконаи амнияти минтақавӣ ва глобалӣ муҳим мешуморад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯйкардро оқилона татбиқ намуда, вориди платформаҳои гуногуни ҳамкории судманд бо кишварҳои минтақаю фароминтақавӣ аст. Дар партави чунин рӯйкард иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он нигаронида шудааст, ки худро ҳарчи бештар қавитар созад, пояҳои давлатдории худро мустаҳкам кунад ва боварӣ ба ояндаи дурахшонро дар замири шаҳрвандони худ ҷой диҳад.

Мо бояд минбаъд низ ба хотири рушду суботи Истиқлолияти давлатиамон дорои диди комилан доманадору дарозмуддат оид ба масъалаҳои муҳимми дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ бошем.

Хайриддин УСМОНЗОДА, - узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маълум аст, баробари расидан ба истиқлолияти давлатӣ ва боз гардидани уфуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ кишвари азизамон – Тоҷикистон ба саҳнаи нави рақобатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ворид гардид. Дар иҳотаи бархурди се абарқударти саноатӣ – Амрико, Русия ва Чин қарор доштан аз Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ҳуввияти миллӣ, забон, урфу одат, мазҳаб ва дигар арзишҳои миллиро ҳифз намояд ва густариш диҳад.

Раванди ҷаҳонишавӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва тақсимоти нави ҷаҳони муосир, ки рӯз ба рӯз шиддат мегиранд, монеаи раванди татбиқи сиёсати миллии кишварҳо мегарданд, зеро барои кишварҳои хурд бо ҳар роҳу васила татбиқ намудани сиёсату идеологияи худ ин ҳадафи давлатҳои бузург мебошад. Сиёсати иттилоотрасонии муосир, ки низ пешрафти босуръат дорад, дар сурати ба фориғболӣ роҳ додан, зиракии сиёсиро аз даст додан, ба иқтисоду сиёсат, ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳанги кишварҳо зиёни моливу маънавӣ мерасонад.

Биноан барои Тоҷикистон ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳамаҷонибаи раванди ваҳдати миллӣ зарур ва ногузир аст. Ин нуқта аз он лиҳоз муҳим аст, ки инсон танҳо дар муҳити ваҳдати миллӣ зиндагии якмаром ва орому осуда дошта метавонад ва маҳз дар муҳити ваҳдат инсон худро ҳам ҷузъи миллат ва ҳам ҷузъи башарият ҳис мекунад. Ин эҳсос, яъне ҷузъи ҷомеа будан ба инсон барои рафъи душвориҳои зиндагӣ нерӯ мебахшад.

Мисоли ҳаётӣ он аст, ки агар халқҳои тоҷику тоҷикистониён ба ваҳдати миллӣ намерасиданд, онгоҳ пойдории истиқлол ва рушди давлатдориамон зери шубҳа қарор дошт.

Тавре ки зикр намудем истиқлоли давлатӣ ба худшиносии воқеӣ вобаста аст. Агар шахс худро бишносад, ӯ дар назди давлат ва ҷомеа масъулияти дучанд эҳсос менамояд.

Масъалаи муҳими дигар аз назари ҷомеашиносон, ин ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ мебошад, ки ин вазифаи масъулиятнок низ ба дарки худшиносӣ ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ вобастагӣ дорад. Ватани азизи мо дар тули 34 соли Истиқлоли давлатӣ марҳилаҳои вазнинро аз сар гузаронида, имрӯз тавассути корнамоии бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон усутворона ба давраҳои нав ба нави эъмори давлати миллӣ, ки соҳиби иқтисоди усутвор ва рушди бемайлон аст, ворид мешавад.

Ҳамин тавр дар ин марҳиалаҳои тараққиёти давлат таъмину таҳкими асосњои Истиқлоли давлатӣ аз ҳар як узви ҷомеа иштироки фаъолонаро дар ҷустуҷӯи роҳҳо ва омилҳои арзанда, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маънавиёти дониш, эҳсоси ватанпарастиву худшиносӣ, ҳали масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро тақозо менамояд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба халқи кишвар ва Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки: ҳифзи содиқонаи манфиатҳои дигар болотару афзал донистани манофеи дигар ва миллат, саъю талоши пайгирона ба хотири таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли миллӣ, чун неъмати бебаҳо ҳифз кардани соҳибихтиёрии ватан, сулҳу суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ қарзи виҷдонии тамоми халқи Тоҷикистон мебошад.

Воқеан ҳам солгарди рӯзи Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо як тантанаи фараҳбахшу хотирмон мебошад. Орзумандем, ки бигзор сулҳу субот ҳамеша дар фазои нилгуни кишварамон бобақову пойдор бошад ва дар замири ҳар як шаҳрванд ҳисси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва давлатдорӣ туғён дошта бошад!

Мирзошоҳрух Асрорӣ, н.и.ф., сарходими илмии шуъбаи Таърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонӣ, гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ (бо забони англисӣ - AI, бо забони русӣ - ИИ, бо забони тоҷикӣ - ЗС) то имрӯз қадамҳои устуворе гузошта шудаанд, ки ҳам хусусияти назариявӣ ва ҳам амалӣ доранд. Аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» (соли 2002) ва «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» (соли 2007) ба тасвиб расида, “Стратегияи давлатии технологияҳои информатсионӣ-коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” (қарори Ҳукумати мамлакат аз 5 ноябри соли 2003, №1174), “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” (аз 30 декабри соли 2011, № 643) “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 30 декабри соли 2019, №642) ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд.

Дар амал бошад, портали ҳукумати электронӣ, регистри ягонаи иттилоот оид ба литсензия ва иҷозатномаҳо, низоми сабти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ - «Равзанаи ягона», низоми электронии пешниҳоди эъломия оид ба андозҳо, бонки марказонидашудаи иттилооти ҳуқуқӣ - «Адлия», саҳифаи миллии маълумоти умумии оморӣ, сомонаи харидҳои давлатӣ ва ғайра таъсис ёфта, фаъолият доранд. Аз ҷониби вазорату идораҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ Маркази миллии тестӣ, низоми итттилоотии идоракунии маориф, барномаи дастгирии мушаххаси иҷтимоӣ, идоракунии молияи давлатӣ ва ғайра роҳандозӣ шудаанд.

Дар робита бо ин қобили зикр аст, ки тибқи “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар кишвари мо се марҳалаи гузариш ба иқтисоди рақамӣ – то соли 2025 (давраи муайянсозии афзалиятҳо ва мутобиқшавӣ), то соли 2030 (татбиқи пилотии унсурҳои асосии иқтисоди рақамӣ) ва то соли 2040 (тақвияти рақамисозии иқтисодиёт ва соҳаҳои дигари фаъолият) пешбинӣ гардидааст.

Дар маҷмуъ, дар Тоҷикистон ба хубӣ дарк шудааст, ки рақамикунонӣ, гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ ҳамчун падидаи техникӣ, иқтисодӣ ва сиёсию иҷтимоӣ имрӯз дар тамоми кишварҳои олам густариши васеъ пайдо карда истода, ҷойи бозгашт ба шаклҳои кӯҳнаи хоҷагидорию иқтисодӣ, хизматрасонӣ ва идоракунии тамоми равандҳо дигар боқӣ намондааст. Аз ин рӯ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 дар ин самт иловатан чунин вазифаҳоро гузоштанд: “густариши раванди рақамикунонӣ” ва “рушди технологияҳои рақамӣ”; барасмиятдарории фаъолияти сармоягузорӣ “тавассути пурра ҷорӣ намудани низоми электрониву рақамӣ”; андешидани “чораҳои ба ташаккули шароит барои тақвияти соҳаи рақамикунонӣ мусоидаткунанда”. Зиёда аз ин, Пешвои муаззами миллат дар ин Паёмашон таъкид доштанд, ки бо мақсади “таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд”.

Ҳамзамон, 22 июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба тасвиб расид, ки ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии он мусоидат карда, барои таъмини шаффофият, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ аҳаммияти бузург дорад.

Барои рушди зеҳни сунъӣ бошад, дар ҷумҳурӣ Шурои зеҳни сунъӣ дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2021) таъсис ёфта, “Стратегияи рушди «зеҳни сунъӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” қабул гардид (сентябри соли 2022), ки ба ҳамгироии бахшҳои асосии иқтисодиёт, омода кардани кадрҳо барои иқтисодиёти рақамӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудаааст. Дар баробари ин, дар доираи иҷрои лоиҳаи «Upskill 1.0: Беҳтар намудани иқтидори зеҳни сунъӣ дар байни омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистон» 50 омӯзгор аз 11 донишгоҳи Тоҷикистон тахассуси худро дар соҳаи зеҳни сунъӣ такмил доданд. Аз ҷониби баъзе ширкатҳо чатботҳои Dono AI ва SomoniGPT фаъол карда шуда, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой созишномаҳо ба имзо расиданд. Дарн самт ҳамкориҳо бо ширкатҳои байналмилалӣ, масалан, бо NVIDIA дар эҷоди инфрасохтори ба маълумоти маҳаллӣ мутобиқшуда, рушди экосистемаи рақамии кишвар ва бо Huawei - яке бузургтарин ширкатҳои технологии Чин дар соҳаи телекоммуникатсия, коркарди додаҳо ва зерсохторҳо барои рушди зеҳни сунъӣ роҳандозӣ мешаванд ва ғайра.

Боиси таъкиди хос аст, ки тадбирҳое, ки то кунун аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва ниҳодҳои дигари давлатию хусусӣ андешида шудаанд, вазифаҳое, ки Пешвои муаззами миллат барои рақамикунонӣ, гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ дар назди ҷомеаи муосири мо гузоштаанд ва хусусан, таъсиси ниҳоди давлатии ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ махсусгардонидашуда, ки аллакай фаъолият дорад, метавонанд барои ворид гаштани Тоҷикистон ба иқтисоди рақамӣ ҳамҷониба мусоидат карда, паёмадҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии ин равандҳо, рақамикунонӣ ва рушди зеҳни сунъиро тавассути андешидани тадбирҳои дигари саривақтӣ ба манфиати мардуми кишвар созгор намоянд. Ҳамаи ин моро водор меозад, ки ба дурнамои ин раванд таваҷҷуҳи бештар дошта бошем, хусусан аз он сабаб, ки 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд. Дар ин самт, муайян кардани мушкилот ва пайдои роҳҳои ҳалли онҳо дар дурнамои наздику дур бояд дар мадди аввал қарор дошта бошанд.

Мушкилоти рушди рақамикунонӣ, иқтисодӣ рақамӣ ва зеҳни сунъӣ хеле зиёданд, зеро ин равандҳо дар маҷмуъ аз ҷониби мутахассисону коршиносон ҳам ба таври мусбат ва ҳам ба таври манфӣ арзёбӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон, ки дар оғози кор қарор дорад, барои рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, қабл аз ҳама, бояд шабакаҳои олимаҳсулу васеъхаттаи интернетӣ ва заминаи меърии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда (истифода аз таҷрибаи кишварҳои дигар, масалан, омӯзиши қонунгузории Иттиҳоди Аврупо дар бораи зеҳни сунъӣ) ва хавфу хатарҳо аз ҷониби қаллобиҳои электронӣ бартараф гардида, хизматрасониҳои бонкӣ, намудҳои дигари он ва хариду фурӯш ҳар чи бештар ба тариқи электронӣ ба роҳ монда шаванд, ташаккули ҳукумати электронӣ босуръаттар роҳандозӣ гардад ва ғайра. Маҳз ҳамин метавонад барои кишвари мо барои ботадриҷ гузаштан ба сӯи рақамикунонӣ ҳамчун омили асосии такондиҳанда хизмат намояд.

Мушкилот дар самту соҳаҳои гуногуни сиёсию иқтисодӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ вуҷуд доранд. Аз ҷумла, дар мисоли соҳаи илм барои бартараф сохтани чунин мушкилот қабл аз ҳама, танзими ҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ ҳангоми иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ зарур аст. Дар ин ҷо истифода аз чатҳои машғул ба генератсияи матнҳо, барномаҳои таҳриркунада ва тарҷумонӣ, синонимайзер (синонимизатор)-ҳо ва амсоли он дар назар дошта шудааст. Дар ин самт фаъолияти якҷояи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ тақозо карда мешавад. Зарурати он вуҷуд дорад, ки чун дар як қатор кишварҳои дигари ҳамсоя, аз ҷумла дар Федератсияи Россия, стандарти махсуси истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди таҳсилот ва корҳои илмию таҳқиқотӣ қабул ва амалӣ карда шавад.

Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов

Адабиёт

1. Абжалова М.А. Синонимайзер (синонимизатор) в образовательном корпусе узбекского языка // Родные языки и культуры в современном изменяющемся мире. 2022. №1. – С. 79-84.

2. ГОСТ Р71657-2024 Технологии искусственного интеллекта в образовании. Функциональная подсистема создания научных публикаций. Общие положения // https://normadocs.ru/gost_r_71657-2024 (санаи муроҷиат: 28.08.2025).

3. Иванова Л.А. Искусственный интеллект при написании научных статей – положительный или вредоносный фактор? // Crede Experto: транспорт, общество, образование, язык. – 2024. - № 4 (43). - С. 1-12.

4. Колин К.К., Хорошилов А.А. и др. // Социальные новации и социальные науки. – Москва: ИНИОН РАН, 2021. – №2. – С. 64–80.

5. Регламент ЕС об искусственном интеллекте. Анализ основных положений и принципов регулирования. – М.: АНО «Цифровая экономика», 2024. – 49 с.

6. Таджикистан и технологии будущего: как ИИ и цифровая торговля меняют экономику // https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20250203/tadzhikistan-i-tehnologii-budutshego-kak-ii-i-tsifrovaya-torgovlya-menyayut-ekonomiku (санаи муроҷиат: 12.08.25).

7. Харламова И.Ю., Кузовлева М.А. Значение искусственного интеллекта в развитии гуманитарных наук // Базис. - 2024. - № 2(16). – С. 20-24.

8. Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ. Дар Тоҷикистон барои омода намудани шаҳрвандон ба ин амал тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад // (санаи муроҷиат: 26.08.25).

https://khovar.tj/.../isobbarobarkunii-ajrina-d-dar-to.../

Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991 рӯйдоди бузурги геополитикӣ гардид, ки ба пайдоиши понздаҳ давлати нави соҳибистиқлол дар саҳнаи байналмилалӣ овард. Раванди ташаккули онҳо ҳамчун субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ хусусияти мураккаб дошт ва на танҳо ташаккули дохилидавлатиро, балки қонунияту эътирофи байналмилалиро низ тақозо менамуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки марҳилаи мураккаби низоъи дохилисиёсиро аз сар гузаронд, барои таҳлили робитаи ҳуқуқи миллӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ дар раванди соҳибихтиёри он ҳамчун ҳолати махсуси таърихӣ - ҳуқуқӣ арзёбӣ мешавад.

Аз ҳамин ҷиҳат, зарурати таҳлили назариявии механизмҳои ҳуқуқӣ-байналмилалии ташаккули давлатдорӣ дар фазои пасошӯравӣ, инчунин ҷанбаҳои амалии татбиқи соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар шароити хатарҳои ҷаҳонии муосир, мавзӯи муҳим ва саривақтии илми ҳуқуқшиносии ватанӣ мебошад.

Раванди ташаккули истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо такя ба меъёрҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ аз марҳилаҳои зайл иборат аст: асосҳои дохилидавлатӣ ва байналмилалии ҳуқуқии эълони истиқлолият; аҳамияти эътирофи байналмилалии соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва қабул гардидани он ба узвияти СММ; бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон; масъалаҳои вориси ҳуқуқии Тоҷикистон нисбати шартномаҳо, сарҳадҳо, қарзҳо ва дороии Иттиҳоди Шӯравӣ; нақши иштироки Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ барои таҳкими мақоми соҳибихтиёрӣ.

1. Эълони истиқлолият: аз санади дохилидавлатӣ то принсипи худмуайянкунӣ. Заминаи асосии ҳуқуқӣ барои хориҷшавии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ аз ҳайати ИҶШС принсипи эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ - ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ гардид, ки дар моддаи 1 Оинномаи СММ ва дар моддаи 1 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, инчунин дар Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии соли 1966 мустаҳкам шудааст.

Дар асоси ҳамин ҳуқуқ, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991, Қарори №392 «Дар бораи эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Ин амал, ки аввалинсанади ҳуқуқи дохилидавлатӣ буд, аҳамияти бузурги байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дошт, зеро эъломияи расмӣ дар бораи нияти баромадани Тоҷикистон ба арсаи байналмилалӣ ҳамчун субъекти соҳибихтиёр ба ҳисоб мерафт.

Барои ба даст овардани мақоми пурраи байналмилалӣ-ҳуқуқӣ эълони истиқлолият кофӣ нест. Лозим аст давлати нав ба меъёрҳои давлатдорӣ, ки дар Конвенсияи Монтевидео оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои давлатҳо (1933) омадааст: аҳолии доимӣ, ҳудуди муайян, ҳукумат ва қобилияти ворид шудан ба муносибатҳо бо дигар давлатҳо, мутобиқ бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатто дар марзҳои собиқи ҷумҳурӣ ба ҳамаи ин меъёрҳо ҷавобгӯ буд.

2. Эътирофи байналмилалӣ ҳамчун омили асосии қонуният. Дар ҳуқуқи байналмилалӣ эътирофи давлатҳои нав ҳамчун амалест, ки дигар давлатҳо пайдоиши субъекти нави ҳуқуқи байналмилалиро тасдиқ намуда, омодагии худро барои ворид шудан ба муносибатҳои расмӣ бо он изҳор мекунанд. Раванди эътирофи Тоҷикистон марҳила ба марҳила сурат гирифт:

1) Эътирофи аввал аз ҷониби дигар ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба даст оварда шуд;

2) Қадами муҳимтарин пазируфтани Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид гардид. Бар асоси Қарори Шӯрои Амнияти СММ № 741 (1992) ва Тавсияи Маҷмааи Умумии СММ № 46/225 аз 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви СММ пазируфта шуд.

Ин қадам аҳамияти ҳалкунанда дошт. Узвият дар СММ тасдиқи умумии соҳибихтиёрии давлат мебошад ва маънои онро дорад, ки истиқлолияти кишвар аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст (de jure). Пас аз он, Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои қитъаҳои гуногун ба таври васеъ эътироф гардида, муносибатҳои дуҷониба ба роҳ монда шуданд.

3. Анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон. Дар оғози истиқлолият (солҳои 90-уми асри ХХ) Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯбарӯ гардид. Дар ин ҷо саҳми арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд махсусан таъкид кард, ки маҳз бо талошҳои бевоситаи Ӯ ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфт.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1992 рӯйдоди муҳими таърихӣ гардид, ки ҷанги шаҳрвандиро поён гузошт, заминаи бозгашти гурезаҳо ва барқарории сулҳу суботро фароҳам овард. Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз 27 июни соли 1997 ихтилофот ва низоъҳои дохилӣ хотима ёфтанд. Ин марҳила давраи нави таърихиро дар кишвар оғоз намуд - давраи ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон.

4. Масъалаҳои вориси ҳуқуқӣ баъди фурӯпошии ИҶШС. Ҳуқуқи ворисӣ таҳвилёбии ҳуқуқу уҳдадориҳо аз давлати қаблӣ ба давлати ворисро дар назар дорад. Барои Тоҷикистон, мисли дигар ҷумҳуриҳо, ин раванд бо мушкилиҳои зиёд рӯбарӯ буд, ки ҳам бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ (Конвенсияи Вена оид ба вориси ҳуқуқии давлатҳо нисбат ба шартномаҳо, 1978; Конвенсияи Вена оид ба вориси ҳуқуқии давлатҳо нисбат ба дороӣ, бойгонӣ ва қарзҳо, 1983), ҳам бо созишномаҳои бисёрҷониба дар фазои пасошӯравӣ танзим мешуд. Ҷанбаҳои асосии вориси ҳуқуқӣ барои Тоҷикистон чунин буданд:

1) Давом ёфтани амалии шартномаҳои байналмилалии ИҶШС, ки ба манфиатҳои милли Тоҷикистон ва Оинномаи СММ мухолифат надоштанд;

2) Вориси марзҳо: Тоҷикистон марзҳои маъмурии собиқи ҶШС Тоҷикистонро ба мерос гирифт. Аммо, ин раванд бо гуфтушунидҳои тӯлонии марзӣ бо ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон пайваст, ки манбаи ихтилофҳо буданд. Ниҳоят, бо талошҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мушкилоти марзӣ бо Чин, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳал ва бо шартномаҳои байналмилалӣ ба таври расмӣ тасдиқ шуданд.

3) Вориси дороӣ ва қарзҳо: масъалаи тақсими захираҳои тилло, амвол дар хориҷ ва қарзи хориҷии ИҶШС дар доираи созишномаҳои бисёрҷонибаи давлатҳои ворис ҳал гардиданд.

5. Иштирок дар созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун тасдиқи мақоми соҳибихтиёрӣ. Узвияти фаъол дар ташкилотҳои байналмилалӣ барои Тоҷикистон василаи муҳим гардид, ки мақоми байналмилалии худро мустаҳкам созад. Илова ба узвият дар СММ, Тоҷикистон ба ин созмонҳо пайваст: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА); Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ); Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ); Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД); Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ).

Иштирок дар онҳо на танҳо имкониятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятиро барои Тоҷикистон фароҳам овард, балки масъулиятро низ тақозо намуд.

Хулоса, ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти соҳибихтиёри ҳуқуқи байналмилалӣ як равандест, ки ба меъёрҳои умумибашарии ҳуқуқи байналмилалӣ такя мекунад. Истиқлолияти Тоҷикистон имрӯз мақоми ҳуқуқии пурра ва баҳснопазир дорад. Санади дохилии эълони истиқлолият, ки ба принсипи худмуайянкунӣ такя мекард, тавассути эътирофи васеи байналмилалӣ қувваи қонунӣ пайдо намуд. Қадами калидӣ қабул шудан ба СММ буд. Раванди ҳуқуқи ворисӣ, сарфи назар аз мушкилиҳои зиёд, имкон дод, ки Тоҷикистон вориди низоми муносибатҳои байналмилалӣ гардад ва ҳуқуқу уҳдадориҳои муайянро ба мерос гирад. Иштироки фаъол дар созмонҳои байналмилалӣ мақоми соҳибихтиёрии кишварро ниҳоят мустаҳкам сохт.

Бо паси сар намудани мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Тоҷикистон истиқлолияти ҳуқуқӣ – байналмилалии комил ба даст овард. Рушди минбаъдаи он ба иқтидори Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста мебошад.

Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло Ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии

Институти фалсафа, сотсиология ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

«Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.”

Эмомалӣ РАҲМОН

Ба ифтихори ҷашни 34 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст, дар ҳаёти сиёсии кишвари маҳбубу дилорои мо як тағйироти куллиеро ба вуҷуд овард гӯем ҳам, ба пиндори шахсиам ҳеҷ як иштибоҳе нахоҳем кард. Чунки ин воқеаи бузурги сиёсиро низ Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари бунёдии худ “Забони миллат – ҳастии миллат” аз он ҷумла чунин дарҷ намудаанд, касе беҳтар ва малеҳтар онро баён накардааст: “ 9 - уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон сабт шуд ва халқи куҳансоли тоҷик пас аз ҳазор соли маҳрумияту барканорӣ аз давлату давлатдорӣ ва адами иштирок дар таъйини сарнавишти хеш дубора ба арсаи сиёсӣ баргашта, ҳаққи аз даст дода ва поймолшудаи хешро соҳиб гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо барои тоҷикони Тоҷикистон, балки барои тамоми тоҷикзабонон, махсусан барои ҳама касоне, ки сарфи назар аз макону ҷойи зист худро мансуб ба миллати тоҷик медонанд, дастоварди бузурги сиёсӣ гардид. Ба шарофати Истиқлол забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати як халқи дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омаданд...”.

Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ мазҳари ормонҳои таърихӣ, ҷавҳари ҳувияти миллӣ, саргаҳи Ватану ватандорӣ ва пояи устувори давлату давлатдорӣ мебошад. Зеро муҳимтарин сарвати ҳар як халқу миллат ба пиндори банда ин Истиқлол аст. Бе Истиқлоли комили сиёсию иқтисодӣ миллат дастнигару тобеъ буда, маҳрум аз комёбиҳову эътирофу шаъну шараф мемонад. Бинобар ин, инсоният хоҳ - нохоҳ дар раванди зиндагии худ ба таври пайваста кӯшиш менамояд, ки дар ин ҷода ақалан ба ягон гуна муваффақиятҳои назаррасе ноил гардаду аз шаҳди шаккарини он ком ширин намояд. Аз ин рӯ барои дастёбӣ ба ин гуна комёбиҳо ҳамеша талошу мубориза мебарад.

Тавре, ки ҳамагон аз саҳифаҳои таърихи миллати барӯманди тоҷик хуб медонем, Истиқлоли пурраву комили милливу давлатӣ на ҳамеша осон ба даст меояд. Душвории бузург ва аз ҳама вазнинтарин дар кишвари мо ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, яъне баъди фаноёбии давлати пуриқтидору Иттиҳоди абарқудрати Шуравӣ ва ҳамзамон ба вуқуъ пайвастани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд. Дар ин давраи басо ҳам вазнину фоҷиабор ҳазорҳо нафар ҳамватанони бегуноҳи мо ҷони худро қурбони роҳи Истиқлолу озодӣ намуданд.

Зеро муҳимтарин сарвати ҳар як халқу миллат Истиқлол аст. Бе Истиқлоли комили сиёсию иқтисодӣ миллат дастнигару тобеъ буда, маҳрум аз комёбиҳову эътирофу шаъну шараф мемонад. Тавре, ки Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб зикр кардаанд: “Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром мебошад. Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт. Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт.Ин Истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад”.

Маврид ба зикр аст, ки миллати соҳибфарҳанги тоҷик танҳо дар охири солҳои 90-уми асри гузашта тавонист, ки дубора ба Истиқлоли комили сиёсии худ расад ва соҳибихтиёрии миллиро ба даст оварад. Имрӯз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 150 кишвари олам ба расмият шинохта ва онро ба таври пурра эътироф менамоянд. Кишвари соҳибистиқлоли мо низ дар радифи эътироф кардани Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинкӣ, Баёнияи Париж ва ҳамзамон дигар Созишномаҳои сатҳи байналхалқӣ тавонист, ки дар арсаи олам сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ созад. Истиқлол нишонаи асосии ҳастии миллат, кафили зиндагии босаодати мардум ва неъмати бебаҳоест, ки вуҷуд доштанаш неъматҳои дигаро ба бор меорад.

Тавре, ки хуб медонем Ҷумҳурии соҳибиқболу соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯзҳо таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба Истиқлоли комил пеш аз ҳама ҳалли чаҳор масоили мазкурро ҳадафи асосии худ қарор додааст, ки инҳо таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва инчунин таъмини саноатикунонии босуръати мамлакат мебошанд.

Бояд қайд кард, ки маҳз дар ҳамон солҳои вазнини ба даст овардани Истиқлоли кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори гарони аз вартаи басо ҳам душвори бесарусомонӣ ва пурхатар баровардани кишварамонро ба зиммаи худ гирифта, шабро шаб ва рӯзро рӯз нагуфта, дар он солҳои душвору вазнин дар вазъияти басо ҳам муташанниҷ қарор дошта, ҷон ба кафи даст ниҳода буданд ва ниҳоят бо роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ кишварамонро аз ҷанги таҳмилӣ ва вартаи фалокату фаношавӣ наҷот доданд.

Маҳз натиҷаи талошу бедорхобиҳои ин ҷавонмарди далеру шуҷоъ ва фидоии миллату Қаҳрамони Тоҷикистон буд, ки ниҳоятан дар таърихи 27-уми июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои нодири даврони Истиқлол ба ҳисоб рафта, феълан дар саҳифаҳои таърих бо ҳуруфи заррин сабт гардида аст.

Ҳамагон хуб медонем ва ҳамзамон дида истодаем, ки ҳадафи асосии муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон чун ҳамеша ҳифзи нангу номуси миллат ва таъмини якпорчагии марзу буми кишвар ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таъмини сулҳу суботи сартосарӣ ва Ваҳдати миллӣ маҳсуб меёфт. Тавре, ки шоир дар ин хусус басо ҳам гуфтааст:

Ҳеҷ неъмат беҳ зи истиқлол нест,

Ҳоҷати бисёри қилу қол нест!

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки маҳз натоиҷи ҳамин гуна саъю талошҳои хастанопазир ва ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллатамон буд, ки зиёда аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ба Ватани аҷдодии худ баргашта, марҳала ба марҳала бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи обод намудани манзили аҷдодии хеш шуданд. Ин гуна, иқдоми наҷибу формулаи сулҳовариву сулҳофарии Президенти мамлакатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба таври объективона аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо арзёбӣ гардида, боз як бори дигар тоҷиконро чун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ намуда, мақому манзалати кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам болову воло бардошт, ки имрӯз ин падидаи нодири таърихӣ боиси ифтихори ҳамаи мову шумост.

Бар замми ин гуфтаҳо, айни замон дар ин самт корҳои зиёди созандагиву бунёдкорӣ рушду нумӯи тозаи худро пайдо карда, ба мароми созандагиву бунёдкориҳо мубаддал гардиданд. Аз он ҷумла, сохтмону ба истифода супоридани силсилаи неругоҳҳои хурду азими барқи обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва инчунин мавриди истифодаи умум қарор додани ду чархаи НБО “Роғун” гувоҳи гуфтаҳои фавқанд. Ба замми ин ба истифодадиҳии хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб - Шимол, Лолазор - Хатлон, Лолазор – Сангтӯда - 1,2, инчунин ба кор андохтани хатти баландшиддатаи 500 – киловаттаи Ҷануб - Шимол ва ҳамзамон дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм яке аз ғамхориҳои бузурги Роҳбарияти олии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тирамоҳу зимистон маҳсуб меёбад. Илова бар ин бунёду ба истифодаи мардуми кишвар супоридани роҳу кӯпрукҳо ва нақбҳои бузурги автомобилгард дар ҳудуди ҷумҳурӣ, аз қабили Душанбе – Хоруғ - Мурғоб, Душанбе – Рашт - Саритош, Истиқлол, Шаҳристон, Озодӣ, Хатлон, шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд - Чаноқ ва Нуробод - Рашту ҳоказои дигар гувоҳ аз шоҳкориҳои безаволи ин абармарди арсаи сиёсат маҳсуб меёбанд.

Хулласи калом, метавон гуфт, ки маҳз ба шарофати ба даст омадани Сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки асолату ҳувият, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату анъаноти неки ниёгон, давлати соҳибихтиёру озод ва рӯзгори босаодату наслҳои имрӯзу фардоро аз сари нав эҳё намоему ҷашни таърихиву тиллоии 35- солагии дар пеш истодаи онро дар сатҳи баланди давлату давлатдорӣ ва тараннуми Сулҳу Ваҳдату Истиқлоли миллӣ таҷлил намоем.

РАҲИМЗОДА Алишер Орзу, - номзади илмҳои физикаю математика,

директори, Институти математикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Subscribe to Мақолаҳо