(Ба муносибати сабти ҷашни Меҳргон дар Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО)
Меҳргон яке аз ҷашнҳои куҳантарини мардуми тоҷику форси даврони бостон мебошад, ки рамз ва арзишҳои ҷавҳарӣ дорад. Ин ҷашн намоёнгари равшани ҷаҳонбинии хосса ва тафаккуроту дониши баланди мардуми тоҷику форсизабонон мебошад. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва бо ташаббус ва талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашну расму ойинҳои суннатии бостонӣ аз нав эҳё гардидаанд.
Мувофиқи иттилои АМИТ «Ховар» аз 05.12.2024 «Меҳргон» - ҷашни суннатии тоҷикон расман ба Феҳристӣ репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, ки ин хабари хуш баиси ифтихору фараҳмандии мардуми саодатманди тоҷик гардид.
Ҷашни Меҳргон низ таърихи қадимӣ ва беш аз 4000 сола дорад. Бар асоси матнҳои Авесто (китоби муқаддаси зардуштиён), пеш аз сулолаи Ҳахоманишиён, тақвими бостонӣ танҳо дорои ду фасли сол: тобистон ва зимистон буд, ки Наврӯз ҷашни оғози соли нав ва фасли тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози нимаи дуввуми фасли сол будааст. Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома»-и худ ба равшанӣ ба ин ҷашни бостонӣ ва пайдоиши он дар даврони подшоҳии Фаридун ишора кардааст, ки ба навиштаи ӯ, оғози ҷашни Меҳргон дар нахустрӯзи ба тахт нишастани шоҳ Фаридун мебошад. Ҳамчунин Абурайҳони Берунӣ дар китоби худ Осор-ул-боқия дар бораи Меҳргон чунин навиштааст: «…иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст.. ва ин ид барои умуми мардум аст ва тафсири он дӯстии ҷон аст ва гӯянд, ки Меҳр номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд. Ин аст, ки ин рӯзро Меҳргон гӯянд…».
Ҳамчунин ишора шудааст, ки ҷашни он дар замоне буд, ки дар тирамоҳ шабу рӯз баробар мегашт. Ҷашни Меҳргон аз даҳум то шонздаҳумин рӯз аз ҳафтумин моҳи сол – Меҳррӯз дар Меҳрмоҳ дар Эрони бостон баргузор мешуд ва онро дар қадим Митрокана мехонданд. Имрӯза ин ҷашни бузургро дар тоҷикӣ-форсӣ Меҳргон меноманд. Ҳамин тавр ҷашни Меҳргон пас аз Наврӯз яке аз маросимҳои дорои аҳамияти бузургтарини мардуми тоҷику форси бостон буда, дар оғози фарорасии фасли зебою заррини тирамоҳ баргузор мегардад.
Ҷашни Меҳргон ба монанди Наврӯз бо расму одоб ва маросимҳои ба худ хосса ва ягона баргузор мешавад. Дар ин маросим низ дастархони Меҳргонӣ, ки аз порчаи арғувониранг паҳн карда мешавад ва дар мобайни он гули «ҳамеша шукуфта» (гули «Ҳамешабаҳор»-ро Т.М.) мегузоранд. Сипас атрофи онро бо гулҳои дигар меороянд ва дар паҳлӯи он гулҳо чанд шохаи сабзи дарахтро гузошта ва аз паси он меваҳои хушбӯю рангоранги тирамоҳӣ монанди ангур, санҷид, анор, хурмо, себ, анҷир, бодом, писта, фундуқ, зардолу, шафтолу, чормағз ва амсоли инҳоро рӯи дастархон мечинанд. Ҳамчунин дастархони Меҳргонӣ бо нӯшиданиҳои гулобу шири рақиқ, оби бо гиёҳ омехтаи хушбӯй ва хӯрданиҳо ба монанди нонҳои махсус боз ҳам пурнеъматтар ороста мешуд. Изофа бар ин дар гирди суфраи пурнеъмати Меҳргонӣ нугчаи шамъ ва ё ҷоми оташи гирён, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва ғайраҳо гузошта мешуд. Пас аз хӯрдану нӯшидани неъматҳо, мардум шурӯъ мекарданд ба навохтани мусиқиву рақсу хушҳолӣ ва баъдан гиёҳҳои хушбӯю дуркунандаи балову офатҳоро дар оташ ҳамроҳ карда, ба мисли исфанду заъфарон ва анбар оташро боз ҳам дурашон мекарданд. Мардум дар ҳадди тавоноӣ бо либосу ҷомаҳои ранго-ранги арғувонӣ вориди маҷлиси дастархони Меҳргонӣ мешуданд ва дар ибтидо ҷашнро бо шукргузориву дуо аз неъматҳо оғоз мекарданд. Ба ғайр аз ороиши дастархони меҳргонӣ боз ойинҳои дигар ба монанди тарошидани санг ва рӯӣ навиштан ва ё нигориши шахсҳои таърихӣ-асотирӣ, аз ҷумла нигораҳои Митра, Митра – Варуна, Рита ва амсоли инҳо вуҷуд дошт. Дар охири маросими ҷашнӣ ба шӯълаҳои оташ дастҷамъӣ нигариста, барои таҷдиди пойбандӣ ба паймонҳои гузашта дасти ҳамдигарро фишурда, рӯи паймону аҳди хеш устувор мемонанд. Аз ин ҷо, муҳимтарин фалсафаи ҷашни Меҳргон ин сипосгузорӣ аз Офарандаи якто барои фузунии неъматҳое, ки ба инсонҳо бахшидааст ва ҳамчунин устувории аҳду пайванду меҳрварзӣ, садоқату муҳаббат ва бастани паймонҳои дустӣ байни инсонҳо мебошад.
Мардуми Эрон аз ҳамон даврони қадим то замони ҳол, оғози тирамоҳ, ки моҳи Меҳр шурӯъ мешавад, аз шаш (6) то даҳ (10) рӯзи онро бо ойину одоб ва расми хос ҷашн мегиранд. Умед аст, ки ин ҷашн дар кишвари мо ба монанди ҷашни Наврӯз бо тантана барпо гардад, зеро агар ҳикмати ҷашни Наврӯз сохту соз ва поккуниву озодагӣ пас аз зимистон, заминагузорӣ ва кошти неъматҳои моддӣ, барномагузории корҳои эҷодиву маънавӣ ва амсоли инҳо бошад, Меҳргон намоди ҷамъбасту ҷамъоварии неъматҳои моддӣ, фикрӣ-маънавӣ ва сохту созҳои заҳматҳои иҷтимоии ҷомеа мебошад.
Меҳр, дар «Авесто» Митра ва дар паҳлавӣ Миҳр, ҳамчун рамзи фуруғу рӯшноӣ ва паймоншиносӣ ва дар асотири ҳиндуэронӣ баракатовар, нигаҳбони паймон ва шарик дар фармонравоии ҷаҳон, посдору пуштибони ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа, нигаҳбонӣ аз ростиву ростгӯӣ ва ғайраҳо мебошад. Аз ин рӯ, Меҳр мутародифи «паймоншикан» аст.
Митра аз муқаддасоти саршиноси Ҳинду Аврупо ва тоҷику форси бостон аст, ки маънии Митра аз решаи мирӣ ба маънои аҳду паймон ва меҳру садоқат омадааст ва аз инҷо ӯро ба назм дароварандаи рафтору гуфтор ва муносиботу иртибототи инсонро бо аҷзои мухталифи иҷтимои башарӣ донистаанд. Ҳамчунин Митра, дар миёни мардуми тоҷику форс бо унвони Миҳр ва ё Меҳр аст, ки рамзи дӯстӣ, муҳаббат ва отифа байни мардум ва зоти паймон буда, намоёнгари фазоест, ки иртиботи одамон бо якдигар бар он устувор аст.
Достони Митро ва ё Митра дар байни мардуми бостони Ҳинд ва тоҷику форс бо унвони худои Хуршед машҳур аст. Мувофиқи таҳқиқотҳои бостоншиносӣ вуҷуди маъбадҳои мухталифе дар Ҳинд, Эрон, Байнаннаҳрайн, Юнон, Италияю Олмон баёнгари он аст, ки онҳо барои ниёиши ин маъбуд бино шудаанд ва аз ин ҷиҳат Митраро танзимкунандаи иртиботи афрод бо аҷзои мухталифи иҷтимои башарӣ донистаанд.
Аммо таъбиру тафсири Миҳр дар Авесто нисбат ба Митраи Ҳинду Европа фарқ дорад. Зеро ки андешаю ҷаҳонбинии мардуми тоҷику форси даврони бостон нисбат ба Ҳинду дигар кишварҳои Европоӣ хеле пешрафта ва аз хурофот дур буд. Дар фаҳмиши ҳиндиҳо «Митра» бо «Варуна» ҷуфти абадиро ташкил медиҳанд, ки аз тарафи мардум ба ёрӣ хонда мешаванд ва дар фарҳанги онҳо «Митра» гардунаи дурахшон ва иқоматгоҳи заррин дорад. Чунин тарзи тафаккурот аз ҷаҳонбинии мардуми Ҳинди қадим то замони кунунӣ ҳам оиди «Митра» вуҷуд дорад. Аммо, «Митра» дар таълимоти ойини зардуштӣ дар мақоми пойинтар аз Аҳурамаздо ва офаридаи ӯ ҳисоб мешавад: «Меҳр – шаҳриёри ҳама сарзаминҳоро меситоем, ки Аҳура Маздо ӯро фараҳмандтарини изадони менуӣ биофарид. Бишавад, ки он бузургворон – Меҳр ва Аҳура Маздо – ҳарду ба ёрии мо оянд».
Ҳамин тавр тафаккуроти мардуми тоҷику форс дар бораи кайҳони нуҷумӣ хеле воқеитару ба ҳақиқат наздиктар нисбати Ҳинди бостон шарҳу баён ёфтааст. Тафаккуроти мардуми Ҳинд бештар дар асоси асотир ташаккул ёфта, дар атрофи худоён ва олами нуҷумӣ мечархад ва онҳо Хуршеду Меҳр ва ё Митраро ба номи яке аз худоёни худ мегузоранд.
Дар андешаҳои Зардушт («Авесто») Меҳр ё Митра пеш аз Хуршед зоҳир мешавад ва ҳамроҳии ӯ бо Хуршед сабаб шудааст, ки баъдҳо Меҳр маънии Хуршед пайдо кунад. Аз ин ҷо, дар Авесто омадааст, ки «Хуршеди ҷовидонаи ройуманди тезаспро меситоем, Меҳр–шаҳриёри ҳама сарзаминҳоро меситоем». Ҳамин тавр Меҳр-Хуршед яке аз мақомҳои асосиро дар олами кайҳони ахтарони осмонӣ фаро мегирад ва бисёре аз дарахту гиёҳҳону гулҳо ба монанди нилуфари обӣ, гули офтобгардон, дарахтони сарву нахлу коҷ намодҳои Хуршеданд, ҳамчунин аз аносир оташ, аз рангҳо сурху зард ва аз фузулот тилло мансуб ба Хуршед аст.
Таҷлили ҷашни Меҳргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Тиргон, ки ҳама мероси арзишманди ниёгон мебошанд, ҷашни мавсимии тақвимӣ буда, фарҳанги алалхусус кишоварзиро ташвиқ менамоянд ва ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ва обу замин робитаи мустақим доранд. Ҳамчунин Меҳргон таҷассумгари одобҳои неки инсонӣ аст ба монанди ситоиши Худованд, сипосгузорӣ аз заҳмат ва дастоварди кишоварзон, ривоҷ додани арзишҳои Замин, парастиши меҳрубонӣ, кирдорҳои дуруст, аҳду паймонҳо ва озодихоҳии мардум.
Боиси ифтихор ва хушҳолӣ аст, ки рамзу мафҳум ва русуми баргузории ин ҷашнҳои бостонии мо аз қадим то ба имрӯз боқӣ мондаанд ва сол ба сол мавриди омӯзиш ва баррасии бештар мебошанд. Ин ҷашнҳои мавсимии тақвимӣ шоҳиди ҷовидонагии маънавият, фарҳанг ва андешаҳои болои мардуми тоҷику форс мебошанд ва бешубҳа падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонианд. Аз нав бозсозии ин ойинҳои бостонӣ сабаби эҳё ва шинохти бештари ҳувияти миллии мардуми кишварамон Тоҷикистон хоҳад буд.
Муродова Тоҷинисо – н.и. фал., дотсент, ходими пешбари илмии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Рушду ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси як давлати соҳибихтиёр ба замоне рост меомад, ки як қатор омилҳои ба таври тавъам амалкунандаи таърихӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангию суннатӣ ва иҷтимоӣ боиси он гардид, ки ҷомеаро буҳрони азиме фаро гирад. Марҳилаи аввали ин буҳрони азим, ки тамоми соҳаҳои ҷомеаро фаро гирифта буд, боиси ҷанги ҳамватанӣ гардида, халқи тоҷикро ба вартаи ҷанги таҳмилӣ кашонд. Тоҷикистон дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ба буҳрони азиме гирифтор шуда буд. Хушбахтона, бо талошҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат пеши роҳи ҷанг гирифта шуд. Дар натиҷаи чунин бесарусомониҳо ва ҷангҳои хунин саҳнаи сиёсии ҷамъият амалан холӣ монда, созмонҳо ва ташкилотҳои оммавии пешазҷангӣ беобрӯ шуданд ва созмонҳои нав, ки битавонанд ба хотири пешрафти ҷомеа ба ҷаҳду талоши воқеии халқ роҳбару раҳнамо шаванд, ҳанӯз ба вуҷуд наомада буданд.
Ҳизби сиёсӣ категорияю марказии илми сиёсӣ буда, яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимми илми муосири ҷомеашиносӣ ба ҳисоб меравад. Зуҳуроти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсади аосиашон ба даст овардани ҳокимият аст, ҳанӯз дар замонҳои қадим мавзӯи пажӯҳиши мутафаккирон қарор гирифта буд. Масъалаи ҳизбҳои сиёсиро дар асарҳои Никколо Макиаввели, Томас Гоббс, Ҷон Локк, Томас Ҷеферсон, Шарл Монтеке, Жан-Жак Руссо вохӯрдан мумкин аст.
Даҳсолаи охири асри XX барои Тоҷикистони азизи мо давраи хеле печида ва муташанниҷ гардид. Ҳар кас мехост манфиати худро амалӣ менамуд. Фазои сиёсӣ созанда набуд. Ҳама дар талоши ҷони худ буд ва ояндаи оромро намедид. Баъзеҳо ба тақдир тан дода, намедонистанд, кӣ кай ва бо дасти кӣ кушта мешаванд. Муайян кардан душвор буд, ки кӣ ба кадом қувва ҳамроҳ аст, зеро дар он вақт тасаввур кардани он чӣ ки имрӯз дорем, ба ҳақиқат рост намеомад.
Аввали солҳои 90 асри XX баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, ки Тоҷикистон низ яке аз ҷумҳуриҳои иттифоқии он буд, мавҷи ташкилшавии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ кишварҳои нави мустақилро фаро гирифт ва чун “Саюдис” дар Прибалтика ва “Растохез” дар Тоҷикитон,“Бирлик” дар Узбекистон қариб дар ҳамаи онҳо ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии миллӣ ва маҳаллӣ ба вуҷуд омаданд.
Клуби сиёсии “Рӯ ба рӯ” дар Душанбе, “Созмони ошкоро” дар Кӯлоб, “Лаъли Бадахшон” дар Хоруғ ва ҷамъияти “Носири Хисрав” дар Душанбе дар баробари филиалҳои Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ фаъолият карда, фазои сиёсии кишварро гарм нигоҳ медоштанд.
Албатта, таърих роҳу василаҳои золимона ва маккоронаи ғасби ҳокимиятро низ медонад, аммо ин гуна давлатдориҳо ҳеҷ гоҳе интизор набуданд.
Он шеваҳои одилона, озоду демократии давлатдорист, ки халқу миллатҳо ва кишварҳои ҷаҳонро ба саодату хушбахтӣ расонидааст, амну осоиш ваҳдату якпорчагиро дар ҷомеа таъмин намудааст.
Дар чунин шароит мардум имконият пайдо менамоянд, ки барномаи беҳтаринро интихоб кунанд. Аз ҳамин заминаи воқеӣ бояд хулоса кард, ки имрӯз танҳо ҳизби неруманд, ҳизбе, ки дар миёни аҳолӣ обрӯву эътибор пайдо мекунад, ҳокимияти сиёсиро ба даст меоварад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷойи холӣ бунёд гардида, таҷрибаи мусбияти аҳзоби сиёсии дигарро ба кор бурда, аз амалияи сиёсии ҷаҳонӣ истифода бурдааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ташаккулёбӣ тарафдори роҳу равиши пешрафт буд. Ин аст, ки дар байни халқи шарифи кишвар имиҷи баланди сиёсӣ пайдо карда, тарафдораш зиёд гардидааст.
Дар ин раванд барои ташаккул ва инкишофи ҳизбҳои сиёсӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» заминаи воқеӣ гузоштанд.
Бояд қайд кард, ки дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон иттиҳодияҳои гуногуни сиёсиву ҷамъиятӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва давлат барои фаъолияти онҳо имкониятҳои баробар фароҳам меорад.
Аз ин хотир, ҷамъият ба созмон додани чунин ташкилоти усулан нави сиёсӣ ниёз пайдо кард. Ин созмонро лозим буд, ки на танҳо ҷойи холии фазову арсаи сиёсатро пурра кунад, балки муҳимтар аз ҳама, тавонад ҷамъияти аз ҳам ҷудошудаи моро муттаҳид намуда, ба хотири бунёдкорӣ ва азнавсозии ҷомеа ба он рӯҳу илҳом бахшад.
Кумитаи тадорукотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (дар марҳилаи аввали ташаккулёбӣ бо номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ном бурда мешуд) 6 декабри соли 1993 ба кори худ шуруъ кард ва 10 декабри соли 1994 Анҷумани нахустини ҳизби мазкур баргузор гардид. Дар ин анҷуман вакилон заминаҳои сиёсию иҷтимоии ташаккули ҳизбро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, дар анҷуман оиннома, барнома ва мақсадҳои тактикӣ ва стратегии ҳизбро муайян намуданд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли 1994 ба қайд гирифта шуд.
Дар ташаккулёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи ташкилии ҳизб иборат аз 22 нафар ташаббускор саҳм гузоштаанд, ки дар ин кор А.С. Достиев, Н. Асадуллоев, Қ. Ашуров, И. Давлатов, С. Сафаров, X. Ҳомидов, А. Турсон, М. Шаҳобуддинов, Қ. Расулов, Д. Давлатов ва дигарон саҳм доштанд.
Чи тавре ки раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Бист қадами созанда»-и худ иброз доштааст, мақсади стратегии ҳизби мазкур сарфи назар аз мансубияти миллӣ, баромади иҷтимоӣ, дину мазҳаб, тамоюлҳо ва одоти фарҳангӣ ҷонибдори муттаҳид намудани ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар атрофи ҳалли масъалаҳои мушаххас ва таърихан ҳалшавандаи умумимиллӣ, пойдор намудани тараққиёти аз ҷиҳати сиёсӣ соҳибихтиёри иқтисодӣ, якпорчагии мамлакат ва давлати ҳуқуқбунёди аз ҷиҳати ахлоқӣ устувор мебошад, ки он ҷузъи таркибии сохтори ҳозиразамони хоҷагидории умумиҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ буда, тавонад бо ҳамаи мамлакатҳои хориҷии ҳам Шарқу ҳам Ғарб дар фазоӣ мусолимат вуҷуд дошта бошад.
Тибқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки мақсад ё амалашон ба зӯран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, маҳаллӣ, иҷтимоӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ карда мешавад».
Асос ва ҷавҳари ин меъёри сиёсиро бояд риояву ҳифз намудани манфиатҳои олии миллӣ ва давлатӣ аз ҷониби ҳар як ҳизби сиёсӣ ва ҳар узви он ташкил диҳад, зеро Ватан, Миллат, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва оромиву осудагии ҷомеа муқаддастарин арзишҳое мебошанд, ки ягон ҳизб, гурӯҳ ё шахсе ҳаққи халалдор кардани онҳоро надорад. Аз ин рӯ, ҳизбҳои сиёсӣ дар баробари озодона ва мустақилона амалӣ намудани мақсаду мароми худ дар фаъолияти ҳаррӯзаашон бояд ба ин арзишҳои муқаддас содиқ бошанд. Ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳар фарди алоҳида бояд кӯшиш намояд. ки Тоҷикистон кишвари ободу пешрафта, орому босубот ва мояи ифтихори мардуми ин сарзамини бостонй бошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш менамояд ва талош дорад, ки татбиқи онҳоро таъмин намояд.
Аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки мусулмонон ташкил медиҳанд, суннатҳои дини мубини ислом дар Ҳизби Халқии Демократӣ азизу муқаддас дониста мешавад. Мутобиқи Конститутсия ва дигар қонунҳои мавҷуда озодии виҷдону эътиқод, озодиҳои инсонро эҳтиром менамояд ва инкишоф медиҳад. Ҳамзамон бо ин кӯшиш мекунад, ки маърифати исломӣ, пеш аз ҳама, барои тарбияи инсони пешрафта ва узви сазовори ҷомеа, таҳкими ватандӯстӣ, ҳисси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ равона карда шавад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри расидан ба ин ҳадафҳои муҳим аз қувваи бузурги ақлонии халқ, аз ҷумла зиёиёни эҷодкор, адибон, симоҳои барҷастаи илмиву адабӣ, ки бо ин ҳизб ҳамкорӣ мекунанд, васеъ истифода бурдааст.
Ҳадафи ягона аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани неруҳои пешбарандаву босалоҳият, вахдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатсозиву давлатдорӣ ва бо ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли 1994 ба қайд гирифта шуда буд.
Масъалаи қабули Конститутсияи мамлакат барои давлату миллати тоҷик аз ҷумлаи масъалаҳои ҳаётан муҳим ба шумор мерафт. Бинобар ин таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба давраи қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рост омад. Беҳуда нест, ки меъёрҳои демократиро ҳамчун асолати конститутсионӣ нахустин шуда Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод намуд ва барои қабул гаштани онҳо талоши зиёде кард.
Яке аз ҳадафҳои дигари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ин ҳамеша ҷонибдории системаи бисёрҳизбӣ ва густариши гуногунандешӣ дар ҷомеа аст. Ҳоло дар кишвар ҳафт ҳизби сиёсӣ ва садҳо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Онҳо имконият доранд, ки ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хешро дар байни мардум озодона ва дар асоси қонун тарғиб намуда, ҷонибдорону ҳамфикрони худро пайдо кунанд ва барои ободии ояндаи халқу кишварамон фаъолият намоянд.
Муносибати байни ҳизбҳои сиёсӣ низ яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад. Дар ҷомеаи мо, ки маданияти сиёсӣ ва худшиносии миллӣ ҳанӯз ба қадри кофӣ инкишоф наёфтааст, аъзову тарафдорони баъзе ҳизбҳои сиёсии дигар бештар намояндагони як маҳал мебошанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раванди мутобиқгардониро пешаи худ намуда, тавонист ҳамчун ташкилоти сиёсӣ барои мақоми муайян пайдо намудан дар ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани ғояҳояш мубориза барад. Зеро бунёди давлати соҳибистиқлоли демократӣ бе қабули қонунҳои ҳимоякунандаи манфиати умум ва иҷрои саривақтиву бечунучарои онҳо вуҷуд дошта наметавонад. Созмондиҳандагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон медонистанд, ки барои миллати тоҷик, ки борҳо бар асари ихтилофоти гуногун пароканда шуда, давлатдории хешро аз даст дода буд, ин ғоя аз ҳама муҳимтар мебошад. Аз ин лиҳоз он дар Конститутсияи ҷумҳурӣ инъикос ёфтааст. Яъне, мақсади ҳизб ва мардуми шарифи тоҷик бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Аз он сарбаландем, ки бо кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин ҳадафи ҳизб - дарёфти сулҳу салоҳ ва оромию осоиштагӣ, пойдор намудани иқтисодиёти устувор, расидан ба вахдати умумимиллӣ ва қадамҳои устувор гузоштан дар самти бунёдкориву созандагӣ дар асри нав, эътимоди халқро ба ояндаи ҳизб қавитар гардонид.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар он солҳои ноорому мухолифатомез худро чун ҷонибдори равандҳои демократикунонии ҷомеа, сохтори бисёрҳизбӣ, озодии сухан, бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳукуқбунёд муаррифӣ намуд. Он ҳамчун неруи тозаву бунёдгару созанда ва навовар дар умқи ҷомеа реша давонда, нафарони хирадманд, сиёсатмадорон ва халқи меҳнаткашу ватандӯстро ба ҳам оварда, сарҷамъ намуд. Ҳар як аъзои ҳизб аз оғози фаъолияти худ аз сиёсати пешгирифтаи Хукумати кишвар, Пешвои миллат содиқона пайравӣ мекунад. Барои ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор кардани рӯзгори осоишта, аз байн бурдани парокандагӣ ва ба даст овардани ваҳдату якпорчагии миллӣ кӯшиш намуда, аз рӯзҳои аввали бунёдаш амалҳои террористии нангинро маҳкум намуда, роҳи пешгирифтаи Сарвари давлатро, ки ба таъмини сулҳу ваҳдат ва оромии сиёсӣ дар ҷомеа равона шудааст, дастгирӣ менамояд. Ҳизб мавқеи бетарафиро дар ягон ҳолат ишғол накардааст, баръакс дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона иштирок намуда, ба воқеаҳои сиёсии баамаломадаи кишвар саривақт баҳои сиёсӣ дода, барои амалӣ шудани дигаргунсозиҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дастгирии худро баён намудааст.
Неруи асосии ҳар як ҳизби сиёсиро мақсад ва вазифаҳои он ташкил медиҳад, зеро ин ҳолат ба зиёд гардонидани таъсири ҳизб дар ҷомеа ва баҳри ба даст овардани ҳокимият хизмат мерасонад. Ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз он манфиатҳои халқ, ки дар Конститутсия омадааст, тафовуте надорад. Зеро қариб тамоми роҳбарияти Ҳизб дар қатори дигар элитаи сиёсии кишвар дар таҳия ва қабули Конститутсия ва ҳатто ба он ворид кардани тағйироту иловаҳо фаъолона иштирок намудааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан ҳизби халқӣ ва демократӣ мебошад ва маҳсули тафаккуру эҷоди халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Идеологияи ҳизби мазкур ба хотири мардуми азияткашидаамон созмон дода шудааст. Дар сафҳои он аз рӯзҳои аввал мардуми шарифамон ҷамъ омадаанд. Ваҳдати миллӣ, ки яке аз рукнҳои идеологии ин ҳизб аст, вобаста ба ин дар атрофи ин ҳизб ҳам коммунистон, ҳам демократҳо, ҳам аъзои Растохезу ҳам диндорон, ҳам фронтҳои халқиву ҳам намояндагони аҳзоби мухолиф гирд омадаанд. Зеро ғояи аслии ҳизб, ки дар давраи ҷангу ҷидол ҳамчун як қувваи сиёсии муътадил ба вуҷуд омада буд, ин, пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ буд. Ҳизб бо халқ буд ва халқ, бо ҳизб аз ин хотир номаш ҳам халқӣ шуд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ояндаи Тоҷикистон чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва иҷтимоӣ мушаххас гардидааст, созмон дода шудааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифодакунандаи иродаи маҳз он мардумест, ки ба ин Конститутсия овоз дода буданд ва роҳи ояндаи Тоҷикистонро дар сулҳу субот, оромӣ, ваҳдати миллӣ, гулгулшукуфӣ, некуаҳволии халқ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули давлати миллӣ дида истодаанд. Сабаби дар атрофи ин ҳизб ҷамъ омадани мардум низ маҳз ҳамин ғояҳои худи халқ аст, ки он ба сиёсати воқеӣ табдил ёфтааст.
ҲXДТ ҳамчун ҳизбе мебошад, ки ба ҷомеаи феълии Тоҷикистон такя дорад ва ҷонибдори давлати иҷтимоист. Амалӣ шудани ин ҳадафи ҳизбро дар фаъолияти ҳамарӯзаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон, дар мисоли сохтмони мактабҳо, шифохонаҳо ва дигар иншоотҳои инфрасохтор, роҳсозию бунёди неругоҳҳо, дастгирии ҳамарӯзаи табақаҳои камбизоати аҳолӣ - ятимон, пирону барҷомондагон ва ғайра мебинем. Ҳамчунин ХХДТ ҳадафи барномавии худро ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор додааст.
ҲXДТ дар бахши иқтисодӣ бошад, шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, озодии фаъолият ва дигар арзишҳоро, ки заминаи пешрафти ҷомеаи имрӯзаи мо гардидаанд, ҷонибдорӣ намудааст ва дастгирии соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёнаро ҳадафи муҳимми хеш қарор додааст. Ҳамовозӣ ва дастгирии ҳизб аз ҷониби мардуми шарифи кишвар ин аз ормонҳои наҷибе мебошанд, ки ба пешрафти Тоҷикистони азизи мо хизмат менамоянд ва ҳамчун ҳадафи стратегии ҳизби мазкур ба ҳисоб мераванд.
Аз таърихи халқи тоҷик ба мо маълум аст, ки чеҳраҳои намоён ба монанди Нӯшервон, Исмоили Сомонӣ, Низомулмулк барин сиёсатмадорони мо барои татбиқи ҷомеаи адолатпарвар хидматҳои шоиста кардаанд, аммо татбиқ нашуда, ҳамчун орзу боқӣ монд. Аз ин рӯ, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон онро нияти ниҳоии худ эълон кард. ҲХДТ яке аз қувваҳои асосии пешбарандаи ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон буда, татбиқи ҳадафҳои конститутсиониро вазифаи ҷонии худ медонад. Ин ормонро шиор эълон кардани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беасос нест, зеро онҳое, ки ин ҳизбро таъсис додаанд, махсусан Пешвои миллат маҳз он неруе мебошанд, ки давлати моро аз ҳалокату парокандагӣ наҷот дод, Халқи тоҷикро аз тоталитаризм, сепаратизм, маҳалгароӣ, экстремизм ва мазҳабталошӣ наҷот бахшид ва ҳизби созанда, бунёдкор ва навовар ном гирифт.
Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъалаҳоеро фаро мегирад, ки ифодакунандаи дарди ҷомеа мебошанд, яъне барномаи ҳизб ба ҳаёти иҷтимоии ҷомеа мувофиқ аст. Масъалаҳои мазкур дар Анҷумани ҳафтуми ҳизб баррасӣ гардида, вакилон дар бораи онҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён намудаанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатро баҳри фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда пайгирона дастгирӣ намуда, дар амалӣ шудани он саҳмгузор мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон принсипҳои демократӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявӣ доштани давлатро асоси амали худ қарор дода, ба муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизми сиёсӣ, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилона, нашъамандӣ, маҳалгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мубориза мебарад ва бояд ин кор вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб дониста шавад.
Дар барномаи ҲХДТ омадааст, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетики, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, таҳия ва татбиқ намудани барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини афзоиши мунтазам ва устувори маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат, такмили низоми андозбандӣ ва муҳимтар аз ҳама, густариши ҳамаҷонибаи ислоҳоти иқтисодӣ, тезонидани дигаргунсозиҳои сохторӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна ҳамчун омили муҳимтарини пешрафти иқтисодӣ самтҳои асосии стратегияи иқтисодиву иҷтимоии ҳизб мебошанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ва риояи қонунро вазифаи муқимми фаъолияти худ медонад. Риоя накардани қонун ва беэътиноӣ нисбат ба талаботи он боиси фалаҷ гардидани мақомоти давлатӣ, ба миён омадани бенизомӣ ва поймол шудани ҳуқуқи инсон мегардад. ҲХДТ ба меъёри Конститутсияи кишвар оид ба арзиши олӣ эълон шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ содиқ буда, барои амалӣ шудани онҳо пайваста мекӯшад. Барои ин бояд сатҳи маърифатию ҳуқуқии ҷомеа баланд бардошта шуда, эҳтиром ба қонун дар ҳар як оила аз кӯдакӣ тарбия карда шавад, зеро маърифати ҳуқуқӣ аз муҳимтарин шартҳои бунёдии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мебошад.
Интихобот, ки яке аз маъракаҳои муҳимми сиёсӣ мебошад ва дар рафти он андешаву иродаи интихобкунандагон доир ба сиёсати пешгирифтаи давлат ифода мегардад, кафили амалӣ гаштани ҳадафҳои ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллат мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори интихоботе мебошад, ки ба таври демократӣ, озоду шаффоф ва бо иштироки кулли интихобкунандагон баргузор мегардад.
Ширин Қурбонова, муовини Раиси КИИ "Хирадмандон"- и ҲХДТ дар АМИТ, доктори илмҳои таърих
“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлоли кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад. ҲизбиХалқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣва худшиносиву худогоҳии мардум саҳми сазовор мегузорад.”
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳизбе, ки ҳаст кору маромаш ба коми халқ,
Ҳизбе, ки номдор шуд, инак, ба коми халқ.
Ҳизбе, ки ҳаст дар амалаш эҳтироми халқ,
Ҳизбе, ки дар давоми ӯ дидам давоми халқ.
Ҳизбе, ки пойдории миллат мароми ӯст,
Он ҳизб, Ҳизби Халқии Демократист, дӯст!
Ин мисраъҳо мутааллиқ ба қалами шоири шинохта Хайрандеш мебошанд, ки мавсуф ҳиссиёти худро доир ба ҳизбе, ки марому мақсади асосиаш баҳри рушд ва гул-гулшукуфии кишвари соҳибиқболу соҳибистиқлоламон нигаронида шуда маҳсуб меёбанд, баён шудаанд.
Тавре аз таърихи пайдоиши ин ҳизби раҳнамо ва маҳбуби дилҳо огоҳем таъсисёбии он ҳанӯз се даҳсола қабл аз ин, яъне дар таърихи 10-уми декабри соли 1994зимни баргузории Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ба вуқуъ пайваста буд. Вазорати адлияи ҷумҳурӣ онро рӯзи 15-уми декабри соли 1994 таҳти рақами 199 расман ба қайд гирифт.
Лозим ба тазаккур аст Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули иродаи қавӣ, хиради воло, нияти нек, дурандешӣ ва мақому манзалати фарзанди фарзонаи халқи тоҷик муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон буда, бо сабку усули қиёснопазир ба саҳнаи сиёсат омад, ки дар ин муддат аз рӯйи меъёри бо мардум, миёни мардум ва барои мардум амал намуда, дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатдории навини тоҷикон дар ҳама давру замон нақши басо ҳам муассир мегузорад.
Муҳимтар аз ҳама ҲХДТ тавонист, ки худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври шоиста муаррифӣ намояд. Роҳи паймудаву тайнамудаи ҲХДТ ҳамвор набуд ва маҳз бо раҳнамоию дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва як гурӯҳи хурди ҳаммаслаконашон ниҳоятан ба як неруи муқтадир ва мафкурасоз мубаддал гардид.
Аз рӯзи таъсисёбии ин ҳизби ҳамрозу ҳамнафаси мардум Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври расмӣ Раиси ҲХДТ мебошанд.
Сипас, зимни баргузории АнҷуманиXII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯзи 13 – уми декабри соли 2014 ба ҳайси муовинони Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ - муовини якуми раиси ҲХДТ, Асрор Латифзода ва Хайринисо Юсуфӣ муовинони раис интихоб гардиданд.
Нашрияи марказии ҳизб - рӯзномаи «Минбари халқ» аст, ки айни замон бо теъдоди 115 ҳазору 216 нусха ҳафтае як маротиба интишор мешавад. ҲХДТ маҷаллаҳои ҷамъиятию сиёсии «Меҳвар» ва «Зани муосир» низ дорад. Дар ҳамаи вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаҳои иҷроияи вилояти Суғд, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳрҳои ноҳияи тобеи марказ таъсис дода шудаанд.
Сипас, дар арафаи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ рӯзи 25-уми июни соли 1997 дар шаҳри Душанбе АнҷуманиIII Ҳизби Халқии Тоҷикистон барпо шуд. Дар он номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Дар таърихи 18-уми апрели соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ барпо гардид. Вакилони Анҷуман Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври якдилона Раиси ҳизб интихоб карданд. Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани мазкур сухан гуфта, таъкид намуданд, ки: «Таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслакони худро ёбанд».
Сипас, дар санаи 22-юми сентябри соли 2001 Анҷумани VII ҲХДТ барпо шуд. Раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон дар рафти баргузории Анҷуман баромад карда, самти стратегии ҳизбро дар марҳалаи нави рушди ҷомеа - давраи созандагию бунёдкорӣ илман асоснок намуданд.
Лозим ба тазаккур аст, ки фаъолияти ҳизб барои бунёди давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда вабеҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин дигар санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамчунин дар доираи Барнома ва Оинномаи хеш фаъолият мекунад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкорӣ мекунад.
Бояд қайд кард, ки воқеан ҳам дар зарфи се даҳсолаи охири асри ХХI таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” ҷомеаро ба марҳалаҳои сифатан нав расонд.
Шоир Олимхон Исматӣ бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди ҷашни таъсисёбии ин ҳизби абарқудрат ва пешгоми ҷомеа меҳрномаи дилашро аз ҷумла чунин хуб гуфтааст:
Зодаи даврони Истиқлол – Ҳизби Пешво,
Эй умеду толеву иқбол – Ҳизби Пешво,
Дар миёни ҳизбҳо фаъол – Ҳизби Пешво,
Узви Ҳизби Пешво будан маро бошад шараф,
Нестам бар сарнавишти Тоҷикистон бетараф!
Ҳизби мо раҳ мебарад бо ваҳдату сулҳу субот,
Ҷавҳараш – ободиву созандагиҳо дар ҳаёт,
Дорад Оинномааш бо халқу миллат иртибот,
Узви ҳизби Пешво будан маро бошад шараф,
Нестам бар сарнавишти Тоҷикистон бетараф!
Баъд аз он то омад аз боло яке фармон «Ба пеш!»
Дар раҳи фатҳи ҳазорон қуллаи армон «Ба пеш!»
Раҳ ба раҳ, эй халқ, бо Эмомалӣ Раҳмон ба пеш!
Узви ҳизби Пешво будан маро бошад шараф,
Нестам бар сарнавишти Тоҷикистон бетараф!
РАҲИМЗОДА Алишер Орзу, - директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ
Дар оғози моҳи декабри соли 2024 вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинбарои иштирок дар 28-умин нишаст вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ворид шаҳри Машҳади Эрон шуд. Нишасти мазкур ду рӯз (2 -3 декабр 2024 ) идома ёфта, роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бештар мавриди омӯзиш дода шуда, транзит, ҳамлу нақл ва фаъолиятҳои фарҳангиву иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳадафиасосии нишаст мусоидат ба ҳамгироии тиҷорат, нақлиёт ва сайёҳӣ дар сарорари минтақаикишварҳои аъзоиЭКО мебошад.
Тибқи осори расмӣ ҳаҷмимуомилоти солонаи миёни кишварҳои аъзо 1,8 миллиард долларро ташкил дода, зарурати талошҳои бештарро барои ҳавасманд кардани тиҷорати минбаъдаи дохилии ЭКО талаб менамояд[1].
Инҷо бояд, зикр кард, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ ё ЭКО) як созмони минтақавии байниҳукуматӣ буда, кишварҳои Аврупо, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубиро дар бар мегирад, ки беш аз 460 миллион нафар аҳолӣ ва беш аз8 миллион километри мураббаъ Русияро ба Халиҷи Форс ва Чинро ба ҳам мепайвандад. Мақсаду ҳадафи умумии он рушди устувори иқтисодии давлатҳои аъзо ва минтақа мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳатииштирок дар Саммити 15-уми сарони давлатҳоиаъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ ё ЭКО[2]) ба шаҳри Ашхободи Туркманистон сафар намуда, нақши Тоҷикистонро дар ҳалли масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи ECO-ITI[3] бори аввал дар соли 2011 оғоз шуда буд ва пас аз пайгирӣ ва дастгирии пайваста аз ҷониби кишварҳои узв аз ҷумла Покистон, Эрон ва Туркия ва инчунин Котиботи ЭКО, ниҳоят барои хидматрасонӣ ба равобити минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ амалӣ шуд. Амалиёти транзити онро тавассути рақамикунонии долон барои содда кардани расмиёти маъмурӣ ҳангоми убури сарҳад ва транзит боз ҳам беҳтар менамояд.
Моҳи марти соли2017 дар Исломободи Покистон зимни Саммити 13-уми сарони кишварҳои аъзои СҲИ санади “Диди СҲИ-2025” қабул гардид, ки самтҳои ассосии фаъолияти Созмонро дар солҳои наздик дарбар мегирад. Дар санаи 28 ноябри соли 1992 кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Озарбойҷону Афғонистон ба узвияти СҲИ пазируфта шуда дар натиҷа адади онҳо ба 10 расид. Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) соли 1985 аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шуд.
Дар соли 1992 ҳафт кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, аъзои СҲИ шудаанд. 28 ноябр, яъне таърихи аъзошавии давлатҳои зикргардида рӯзи СҲИ эълон гардид[4].
То аввали соли 1992 дар чаҳорчубаи СҲИ ҳамкориҳо миёни давлатҳои аъзои Созмони мазкур дар маҷмӯъ шакли дуҷонибаро доштанд. Шурӯъ аз соли 1992 фаъолияти СҲИ бо воридшавии ихтиёрии ҳафт кишвари аъзои нави Созмон, фаъолтар шуд.
Бояд зикр кард, ки дар тӯли солҳо созмони ЭКО ташаббусҳои бузургро дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла алоқа, тиҷорат, энергетика, сайёҳӣ ва рушди фарҳангӣ, иҷтимоӣ ваилмӣ ба даст овард ва дар ин зимн муассисаҳои минтақавӣ ва махсуси худро низ таъсис дод. Чи тавреки зикр шуд мақсаду ҳадафва ташаббусҳои асосии созмони мазкур иборатанд аз: (i) сохтани долонҳои тиҷоратӣ барои рафъи маҳдудиятҳо ва монеаҳо дар роҳи пешбурди тиҷорати дохилиминтақавӣ; (ii) таъсиси низоми раводиди ЭКО барои пешбурди сайёҳӣ ва робитаҳои байни одамон; (iii) мусоидат ба ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ватаълимӣ; ва (iv) таъсиси муассисаҳои молиявии минтақавӣ, ба мисли Бонки Тиҷоратии ЭКО ва Иттиҳоди клирингии ЭКО барои маблағгузории лоиҳаҳои минтақавӣ мебошанд, ки дар таҳкими ҳамгироӣ ва рушди иқтисодии кишварҳо кӯмак мекунад.Намунаи онро дар соҳаи нақлиёт ба истифода додани долони роҳи Исломобод-Теҳрон-Истанбул метавон дид. Ҳамин тавр санаи 7 октябри соли 2021 ду бор аз шаҳри Карочии Покистон ба Туркия ва Озарбойҷон тибқи Конвенсияи TIR[5] тавофуқномаҳо фиристода шуд.
Раёсати СҲИ ё ЭКО дар соли 2021 ба зиммаи Туркманистон буд, ки 28 ноябри соли 2021 таҳти унвони “Якҷоя ба сӯи оянда” мавриди баррасӣ қароргирифт. Бояд зикр кард, ки дар ҷаласаи50-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1995 Қатънома дар бораи ҳамкорӣ бо СҲИ қабул гардид васипас он мақоми нозирро дар СММ касб намуд.
Кишварҳои аъзои СҲИ имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро доранд. Тӯли беш аз 12 соли охир, кишварҳои аъзои СҲИ баҳри таъмини рушди босуботи муносибатҳои минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Барои расидан ба ин ҳадаф, СҲИ лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, савдо, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир татбиқ мекунад.
Хулоса, намояндаҳои кишварҳои узви ЭКО зери шиори “Якҷоя ба суи оянда” бо иродаи талош меварзанд то ҳамкориҳоииқтисодиву тиҷоратии худро идома дода, якҷо ба кишвари Афғонистон кумак расонида, минтақаро аз бӯҳронҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ ба таври фаъол ҷилавгирӣ намоянд.
Илова аз он кишварҳо пайваста таъкид менамоянд, ки ҳамгироии минтақавиро дар партави “Дурнамои ЭКО 2025” идома дода, дар рушди минтақа ва татбиқи барномаҳову лоиҳаҳои созмон саҳмгузор бошанд.
Мирсаид Раҳмонов - ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёти истифодашуда
1.ECO expert meeting begins in Mashhad. December 2, 2024. https://tehrantimes.com/.../ECO-expert-meeting-begins-in...
2.The Secretariat of Economic Cooperation Organization//https://eco.int/
3.ECO Integrated Technologies.
4.Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ//https://mfa.tj/tg/main/view/194/tojikiston-va-sozmoni-hamkorii-iqtisodi-eko
5. https://unece.org/transport/tir(Transport International par la Rout)
Неругоҳи барқи Роғун фатҳи халқи тоҷик аст,
Аз дурахши нури Роғун мушкил осон гаштааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконоти бузурги энергетики метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Таъкид бояд кард, ки ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя соҳиби 55% дар сади захираҳои обӣ аст, ки аз ин неъмату боигари бояд оқилонаю сарфакорона истифода кард.
Чунин як лоиҳои бузурги энергетикӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз охири солҳои 70 - уми асри гузашта шурӯъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун нотамом монд. Аслан, Роғун ном гирифтани ин нерӯгоҳ аз номи деҳае сарчашма мегирад. Роғун нангу номус ва ифтихори миллати тоҷик аст.
Бунёди Роғун яке аз бузургтарин иншооти аср маҳсуб меёбад. Ин нерӯгоҳ аз чанд ҷиҳат аҳамияти бузург дорад. Аз нигоҳи иқтисодӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, иқтисодиёти кишварамон пеш меравад. Аз диду назари сиёсй бошад, давлатамон дар байни давлатҳои мутараққӣ мавқеи худро пайдо мекунад.
Албатта, бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро ба даст меорад. Ин ҳама бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кулли тоҷикони ҷаҳон буд, ки ба кор андохтани ин нерӯгоҳ роҳи ягонаи истиқлолияти энергетикӣ ба шумор мерафт. Бунёди ин иншоот барои ҳама гуна соҳаҳо фоидаовар мебошад. Зеро, бидуни нерӯи барқ ягонсоҳа пеш намеравад:
Роғун пуриқтидортарин нерӯгоҳ дар Осиёи марказӣ маҳсуб дониста мешавад. Иқтидори тавлидотии нерӯи барқи Роғун13,5 млрд квт-ро ташкил медиҳад, ки ин барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ аҳамиятикалондорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон пайдо шудаст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд.
Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки ҷаҳонӣ низ дорад. Баъди бунёди ин иншооти бузург дар оянда Тоҷикистон ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқӣ арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд.
Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти стратегӣ Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.
Исмоилов Ризо - ходими калони илмии - МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ
Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ муносибатҳои наздики миллатҳо ва давлатҳоро тавсеаи бесобиқа бахшида, дастрасӣ ба комёбиҳои навину арзишманди башарӣ ва баҳрабардорӣ аз дастовардҳои тафаккури созандаи инсониро барои аҳли башар муяссар мегардонад. Дар баробари ин, мушкилоти моддиву маънавӣ ва ахлоқии башар низ хислати глобалӣ касб карда, ин амр боиси торафт афзудани фишор ба сохторҳо ва арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ангезиши бархўрди тамаддунҳо мегардад.
Дар ин шароит яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии чунин дипломатияи фарҳангӣ ва башардўстона аст, ки он бо дарназардошти тамоюлҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ ба таъмини ҳастии маънавӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои асили миллии фарҳангиву ахлоқии халқи тоҷик, муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима ва давлати муосири демокративу хуқуқбунёд, тавсеаи ҳамкориҳои самарабахши фарҳангию башардўстона бо кишварҳои олам бо мақсади таҳкими шинохти мусбати Тоҷикистон ва мардуми он мусоидат намояд[2].
Бояд қайд кард, ки бо иқдоми Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи байналмилалии исломшиносии Малайзия (IAIS) ва Китобхонаи оммавии Селангор ба номи Раҷа Тун Уда таҳти унвони «Шоҳнома: шоҳасари адабӣ» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Намоиши мусаввараҳо барои тамошои оммавӣ аз 7 то 17 октябри соли 2024 идома ёфт. Мардуми маҳаллӣ имкон пайдо намуданд, ки бо бузургтарин асари адабиёти тоҷик шинос гарданд. Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ оид ба саҳми барҷастаи Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ дар ҳифз ва нигоҳдошти таъриху тамаддун сухан гуфт. Иброз дошт, ки «Шоҳнома» ҳамчун нигораи адабии мардуми тоҷик яке аз ёдгориҳои барҷастаи қадимӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ шинохта шудааст[3].
Мушовири иҷроияи ҷавонон, варзиш ва соҳибкорииМалайзия Моҳд Наҷвон Ҳалимӣ, ки инчорабиниро роҳбарӣ мекард, қайд намуд, ки намоишгоҳ ба яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони бо номи ҷаҳонӣ Абулқосим Фирдавсӣ бахшида шудааст. Шеъри абадии Фирдавсӣ, эпоси "Шоҳнома" таърих ва фарҳанги халқҳои форсзабонро тағйир дод. Ӯ қайд кард, ки эҷодиёти Фирдавсӣ ба адабиёт, санъат ва ҷаҳонбинии ҷаҳонӣ таъсири амиқ гузошта, ба ӯ дар байни бузургтарин ақлҳои таърих ҷойгоҳи устувор фароҳам овард. "Шеър дар ин филм ба мо принсипҳоеро хотиррасон мекунад, ки ҷомеаро тақвият медиҳанд ва паёми пурқудрати некӣ, сулҳ ва адолат дар саросари ҷаҳон бо ҳамон аҳамияти ҳазор сол пеш ҳамовоз мешавад", "Мо хушҳолем, ки барномаи пешрафтаи фарҳангиро эълон кунем, ки Малайзия ва Тоҷикистонро тавассути таҷлили санъат, филмҳои таърихӣ ва намоишгоҳи фарҳангӣ дар китобхонаи Раҷа Тунда, ки ба ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии амиқтари байни халқҳоямон мусоидат мекунад, муттаҳид хоҳад кард".[4].
Дар китобхонаи оммавии Селангор ба номи Раҷа Тун Уда намоиши мусаввараҳо, инъикоси филми мустанад дар бораи Ҳаким Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”, ки аз ҷониби Сафорат таҳия шудаааст ва пахши филми ҳунарии “Рустам ва Сӯҳроб” аз бахшҳои асосии чорабинӣ буданд. Илова бар ин дар доираи чорабинӣ гӯшаи алоҳидаи фарҳангу санъати миллии Тоҷикистон пешкаши ҳозирин гардид, ки дар он меҳмонон бо маҳсулоти суннатӣ, ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ва китобҳои “Шоҳнома” шинос гардиданд.
Хулоса
Муаррифӣ ва таблиғи фарҳанги бойи кишвар дар кишварҳои дуру наздик яке аз вазифаҳои ҷоннии сафоратхонаҳо дар давлатҳои иқомат мебошад. Солҳои охир, дипломатияи фарҳангӣ рушд карда, аз ҷониби роҳбарияти сафоратхонаҳо чорибиниҳои гуногуни фарҳангӣ ташкил карда шуда истодааст. Вобаста ба ин, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия дар амалӣ ва муаррифии дипломатияи фарҳангӣ саҳми худро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣгузошта истодааст. Дар чорабинии фарҳангӣ робитаҳои адабӣ, филми ҳунарӣ, таърих, фарҳанг ваасарҳои санъати Тоҷикистон фаро гирифта шудаааст. Намоишгоҳ ба меҳмонон имконият дод, ки тавассути филмҳо бо фарҳангҳои гуногуни Тоҷикистон шинос шаванд.
Бояд хотирасон кард, ки 28-уми октябри соли 2022 дар шаҳри Куала-Лумпур бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва ҶДММ “Golden Screen Cinemas” бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия Фестивали синамои Тоҷикистон баргузор гардид[1]. Дар маросими ифтитоҳи Фестивал намояндагони мақомоти расмии Малайзия, корпуси дипломатии муқими Куала-Лумпур, ВАО, доираҳои соҳибкорон, ходимони илму фарҳанг, инчунин ҳамватанону донишҷӯёни тоҷики муқими Малайзия иштирок карданд. Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ зимни суханронии худ оид ба пешрафту дастовардҳо ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзия маърӯза намуда, таъкид кард, ки ин аввалин Фестивали синамои Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ мебошад. Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур мудири ҶДММ “Golden Screen Cinemas” хонум Коҳ Мей Ли суханронӣ намуд. Дар баробари ин дар чорабинӣ асбобҳои мусиқӣ ва либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, расмҳои ҷойҳои таърихии Тоҷикистон, таомҳои миллӣ ва маводи сайёҳӣ ба маъраз гузошта шуданд.
Соҳиби Баҳруло, - ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Сарчашмаҳои иттилоотӣ:
1. Баргузории Фестивали синамои Тоҷикистон дар Малайзия. [Манбаи электронӣ]: https://mfa.tj/tg/berlin/view/11436/barguzorii-festivali-sinamoi-tojikiston-dar-malaiziya (санаи муроҷиат:10.10.2024)
2. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]: https://mfa.tj/tg/main/view/4255/konsepsiyai-sijosati-khorijii-jumhurii-tojikiston (санаи муроҷиат:08.10.2024)
3. Муаррифии шоҳасари Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” дарМалайзия. [Манбаи электронӣ]: https://mfa.tj/tg/cairo/view/15925/muarrifii-shohasari-hakim-abulqosimi-firdavsi-shohnoma-dar-malaiziya (санаи муроҷиат: 07.10.2024)
4. Historic Tajikistan masterpiece ‘Ferdowsi’s Shahnameh’ shown at Raja Tun Uda Library. [Манбаи электронӣ]: https://selangorjournal.my/2024/10/historic-tajikistan-masterpiece-ferdowsis-shahnameh-shown-at-raja-tun-uda-library/ (санаи муроҷиат:07.10.2024)
28 – уми ноябри соли равон Асосгузори сулҳуи ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои узви СААД ба шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд. Тавре маълум аст, дар Остона ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятӣ ва ҳамчунин ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД баргузор мешавад. Дар чорабинӣиштироки президентҳои Федератсияи Русия - Владимир Путин, Қазоқистон - Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Беларус - Александр Лукашенко, Қирғизистон - Садир Жапаров, Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ва дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмағамбетов дар назар аст. Тавре агентии “Ховар” иттилоъ медиҳад, Пешвои миллатро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар нишасти солгарди СААД як қатор масъалаҳои рӯзмарра баррасӣ карда мешавад, аз ҷумла:
-
Барномаи калидии таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро тасдиқ мекунад. Ба гуфтаи Имангалӣ Тасмағамбетов дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, барномаи калидии таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон санади муҳимест, ки ба таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Барномаи таҳкими марз, ки дар доираи СААД таҳия шудааст, на танҳо барои таҳкими амнияти ҷисмонии марзи Тоҷикистону Афғонистон, балки фароҳам овардани шароит барои ҳамкории муассир байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ пешбинӣ шудааст. Тасмағамбетов таъкид кард, ки ин иқдом ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додани субот дар минтақа ва ҳифзи кишварҳои СААД аз таҳдидҳои эҳтимолӣ аз қаламрави Афғонистон мусоидат мекунад;
-
Мубодилаи афкор оид ба вазъи низомию сиёсии минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ, баррасии натиҷаҳои ҳамкорӣ дар доираи СААД ва дурнамои рушди минбаъдаи низоми амнияти дастаҷамъӣ. Инчунин ба масъалаҳои омодагӣ ба таҷлили муштараки 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад;
-
Интиқоли раёсати СААД аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2025.
Роҳбарии СААД - ро дар соли 2024 Ҷумҳурии Қазоқистон ба уҳда дошт. Бинобар ин дар ин ҷаласа ҳисоботи ҷониби Қазоқистон шунида шуда, баъдан вазифаҳо ва ҳадафҳо барои соли оянда ба роҳбари нави созмон пешниҳод карда мешавад. Дар назар аст, ки роҳбарии созмон дар соли 2025 ба Ҷумҳурии Қирғизистон мегузарад. Афзалиятҳои раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2025 таҳкими амният ва идомаи ҳамкории судманд мебошад. Зеро диққати асоси бештар ба ҳамкории сиёсӣ ва низомӣ, амнияти иттилоотӣ, инчунин мубориза бо терроризм ва навъҳои нави таҳдидҳо дода мешавад. Раёсат идомаи корҳоро ҷиҳати таҳкими шарикии кишварҳои ширкаткунанда дар асоси созишномаҳо ва механизмҳои мавҷуда, беҳтар намудани амнияти дастаҷамъӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар посух ба чолишҳои нав, аз ҷумла таҳдидҳои киберӣ дар назар дорад.
Илова бар ин, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир як самти муҳим боқӣ мемонад. Қирғизистон ба нақша гирифтааст, ки табодули иттилоот ва ҳамоҳангсозиро барои ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои террористӣ ва ҷинояткорӣ тақвият диҳад, ки ба кишварҳои СААД дар мубориза бо таҳдидҳо муассиртар кӯмак хоҳад кард.
Раёсати Қирғизистон ба муттаҳидсозии талошҳо барои амнияти дастаҷамъӣ ва ҳамоҳангӣ дар мубориза бо чолишҳои умумӣ, аз ҷумла ҳамкории сиёсӣ ва низомӣ, амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо терроризм равона хоҳад шуд.
Имрӯз мавҷудияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ омили муҳими субот ва амният дар марзҳои хориҷии минтақа мебошад ва узвияти доимӣ дар доираи СААД имкон медиҳад, ки робитаҳои байнидавлатии ҳарбӣ-сиёсӣ ва сиёсии давлатҳои аъзо бояд ба сатҳи сифатан нави ташаккули системаи самарабахши амнияти дастаҷамъӣ расонида шаванд, зеро пояи сиёсии СААД нуқтаи назари давлатҳои ширкаткунанда оид ба вазъи ҷаҳон, нигаронии муштарак аз чолишҳои нави амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мутобиқат кунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирок дар фаъолияти СААД аҳамияти калон медиҳад. Ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад ва имкон медиҳад, ки бо таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ба монанди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ фаъолона мубориза барад ва дар маҷмӯъ ба таъмини амният ва субот дар минтақаи васеи Авруосиё ширкат намояд, инчунин тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатҳои аъзои Созмонро дар бар эътироф ва эҳтиром менамояд. Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки СААД воқеан ба як омили муҳими таъмини амният табдил ёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мешуморад, ки вазифаҳои фаврӣ ва муҳими СААД ин тақвияти ҳамгироии низомӣ-сиёсии аъзоёни СААД, ҳамоҳангсозии иқтидори кишварҳои узви СААД, такмили кишварҳои аъзо дар соҳаи ҳарбӣ-сиёсӣ, сохтмони низомӣ ва ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ мебошанд.
Шарифов Искандар ходими илмии шуъбаи ИДМ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёти истифодашуда
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭмомалӣРаҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Остона сафар намуданд. [Электронный ресурс]URL: https://khovar.tj/2024/11/prezidenti-um-urii-to-ikiston-emomal-ra-mon-baroi-ishtirok-dar-amoishi-navbatii-shuroi-amniyati-dast-amii-saad-ba-sha-ri-ostona-safar-namudand/ (Санаи дархост: 28-11-2024)
2. ОДКБ утвердит ключевую программу по укреплению таджикско-афганской границы на юбилейном саммите. [Электронный ресурс]URL: https://asia-today.news/26112024/5023/ (Санаи дархост:27-11-2024)
3. Пять президентов примут участие в саммите ОДКБ в Астане. [Электронный ресурс]URL: https://ia-centr.ru/publications/pyat-prezidentov-primut-uchastie-v-sammite-odkb-v-astane/?tg_rhash=1cd7bc95db43d7 (Санаи дархост: 27-11-2024)
-
Приоритеты председательства Кыргызстана в ОДКБ в 2025 году: укрепление безопасности и сотрудничества. [Электронный ресурс]URL: https://asia-today.news/26112024/5033/ ( Санаи дархост: 28-11-2024)
-
В Астане пройдут совместное заседание СМИД, СМО и КССБ, а также сессия СКБ ОДКБ. [Электронный ресурс]URL: https://odkb-csto.org/news/news_odkb/v-astane-proydut-sovmestnoe-zasedanie-smid-smo-i-kssb-a-takzhe-sessiya-skb-odkb/#loaded (Санаи дархост: 27-11-2024)
Тоҷикистон 98 фоизи барқи худро дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда, аз рӯйи фоизи тавлиди “энергияи сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикистон тасмим гирифтааст, тибқи дурнамои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори энергетикии худро то соли 2030 ба 10 ҳазор мегаватт баробар намояд. Ин тадбирҳо на танҳо барои имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки ба беҳбудии минтақа нигаронидамебошад. Дар баробари он, ки дарёҳои Тоҷикистон асоси иқтидори гидроэнергетикии кишварро ташкил медиҳанд, яке аз хусусиятҳои он дар ин аст, ки оби ҳамаи дарёҳо мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамчун оби ошомиданӣ эътироф шудаанд.
Аз ин сабаб бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 "Соли байналмилалии оби тоза", солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт", соли 2013 ҳамчун "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об" ва ниҳоят солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" эълон карда шуданд.
Энергияи сабз яке аз муҳимтарин роҳҳо барои ҳалли мушкилоти экологӣ дар ҷаҳон мебошад. Ин навъи энергия аз манбаъҳои барқароршаванда, ба мисли офтоб, шамол, об, ва энергияҳои геотермалӣ гирифта мешавад. Дар муқоиса бо манбаъҳои анъанавӣ, аз қабили ангишт, нафту газ, энергияи сабз боиси кам кардани ифлосшавии ҳаво, об ва хок мегардад.
Манбаъҳои энергияи сабз ҳангоми тавлиди энергия газҳои зараровар, ба мисли CO₂, намебароранд. Ин ба кам кардани гармшавии глобалӣ ва ифлосшавии ҳаво мусоидат мекунад. Офтоб, шамол ва дигар манбаъҳои энергияи сабз беохир мебошанд ва барои ояндаи инсоният ҳифз карда мешаванд. Баръакси захираҳои истеъмолшаванда, онҳо тамом намешаванд.
Энергияи сабз яке аз роҳҳои асосии паст кардани таъсири карбон ба муҳити зист аст, ки барои нигоҳ доштани иқлими мӯътадил муҳим мебошад. Бо истифода аз энергияи сабз кишварҳо метавонанд аз манбаъҳои берунаи энергия вобаста набошанд ва ба таври мустақил нерӯи барқ истеҳсол кунанд. Истифодаи нурҳои офтоб барои истеҳсоли нерӯи барқ бо ёрии панелхои офтобӣ ва генераторҳои шамолӣ энергияро тавассути нерӯи шамол ба барқ табдил медиҳанд.
Дар солҳои охир истифодаи энергияи сабз босуръат афзоиш ёфтааст. Бисёре аз кишварҳо ба сармоягузорӣ дар неругоҳҳои офтобӣ ва шамолӣ шурӯъ кардаанд. Дар кишварҳои пешрафта, ба монанди Олмон, Чин ва Иёлоти Муттаҳида, энергияи сабз қисми асосии низоми энергетикӣ шудааст. Бо кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, энергияи сабз мусоидат мекунад, ки афзоиши ҳарорати Замин суст шавад.Кам кардани ифлосшавӣ ва истеъмоли захираҳои табиӣ ба ҳифзи ҷонварон ва набототи зист мусоидат мекунад.
Энергияи сабз захираҳои табииро ба таври устувор истифода мебарад, ки ба кам кардани партовҳо ва хароҷот кумак мекунад. Норасоии инфрасохтори лозима дар баъзе минтақаҳо. Энергияи сабз як роҳи бехатар, устувор ва экологии таъмини ҷаҳон бо энергия мебошад. Рушди он на танҳо барои ҳифзи муҳити зист, балки барои беҳтар кардани сифати зиндагии инсонҳо аҳамияти бузург дорад. Бо сармоягузорӣ ва дастгирии ҷаҳонӣ, энергияи сабз метавонад асоси системаи энергетикии устувори оянда гардад.
Каримов Х - омузгори фанни физикаи кафедраи фаноҳи табии.
Мувофиқи моддаи ёздаҳуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷўёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад”. Аз ин ҳуҷҷати муҳим давлатӣ бар меояд, ки Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақил ва фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси эҳтиром ва равобити ҳасана сиёсати хориҷии хешро бо тамоми давлатҳои дуру наздик ба роҳ мондааст. Инчунин моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент салоҳияти “Самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад”.
Ҳамзамон мувофиқи матни Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 –уми январи соли 2015, таҳти №332, боби якум, банди 1.4 “Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пойбандӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф намуда сиёсати хориҷии худро дар асоси принсипҳои зерин амалӣ месозад:
- эътирофи баробарӣ, эҳтироми истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳо, дахлнопазирии марзҳо, истифода накардан аз зӯрӣ ё таҳдид ба зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, ҷонибдорӣ аз ҳалли осоиштаи ихтилофу низоъҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар;
- эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон;
- иҷрои уҳдадориҳое, ки аз ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд;
- риояи принсипи волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ;
- орӣ будани муносибатҳои байнидавлатӣ аз идеология, барқарор намудан ва густариш додани робитаҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои ҷаҳон;
- напазируфтани ҳама гуна шаклҳои поймол намудани ҳуқуқ дар амалияи байналмилалӣ”.
Мувофиқи боби 3, банди 3.1 – и ҳуҷҷати мазкур “Дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя ва минтақа мақоми авлавиятнокро ишғол менамоянд. Тоҷикистон ҷонибдори минбаъд вусъат бахшидани таҷрибаи мусбат, бисёрасра ва созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ ва ҳамгироии густурдаи минтақавиро василаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад.
Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя ва Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои авлавиятдори сиёсати хориҷӣ маҳсуб меёбад. Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро шартан метавон ба ду марҳила ҷудо намуд. Аввалан, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон таърихи ягонаи рушд, ҳамзистӣ ва фаъолияти якҷояро дар давоми таърих ва давраи Иттиҳоди Шӯравӣ барқарор ва нигоҳ медоштанд. Баъдан, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба хусус Тоҷикистон истиқлолияти сиёсии хешро ба даст дароварданд. Ин давраи ҳамкориҳо нисбати давраҳои қаблӣ афзалиятнок буда, тавонист кишварҳои навтаъсисро ба арсаи байналмилалӣ шинос намояд. Иқтидори минтақаи кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба минтақаҳои дигар аз ҷиҳати захираҳои табиӣ, иқтидори зеҳниву қувваи корӣ ва ҷуғрофияи муносиб рӯз аз рӯз афзуда истода, ҳамзамон проблемаҳои нигоҳдошт ва густариши он заҳматҳои бештарро талаб намуда истодааст. Иродаи сиёсӣ ва таҳлилҳои стратегиву ояндабинии сиёсии сарони давлатҳои минтақа, минтақаи мазкурро бо ҷолишу хатарҳои воқеӣ ва эҳтимолии глобалӣ мутобиқ ва хунсо намуда, омада истодааст. Аз ҷумла, соли 2017 дар сиёсати байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон тағйироти куллӣ ва сифатӣ ба вуқӯъ пайваст, ки аз иродаи сиёсии сарони давлатҳои мазкур вобастагии калон дошт. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму густариши робитаҳои ин ду кишвару дӯсту бародар беандоз буда, 16 –уми августи соли 2018 бо ордени “Эл-юрт ҳурмати” — барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хидматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон як қатор ташаббусҳои башардӯстона ва ҷаҳонии Пешвои миллат барои пешгирии ҳаргуна хатарҳои номатлуб ба амнияту суботи минтақа ва ҷаҳонро алоҳида зикр кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби давлатҳои Осиёи Марказӣ якдилона дастгирӣ ёфтааст. Аз ҷумла, Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии “Амал об барои рушди устувор”, Қатъномаи “2025- Соли ҳифзи пиряхҳо” мебошад. Ҳамчунин кишвари Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои минтақа барои ҳифзи баҳри Арал яке аз кишварҳои калидӣ буда, ҳамчун яке аз ташаббускори “Фонди байналмилалии наҷоти Арал” мебошад.
Нақш ва мавқеи Эмомалӣ Раҳмон нисбати дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо хусусиятҳои хосӣ хеш фарқ мекунад, аз ҷумла:
- Эмомалӣ Раҳмон нисбати дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва мавқегириҳои сиёсӣ фарқ мекунанд;
- Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарони ҳозираи кишварҳои Осиёи Марказӣ таҷриба ва фаъолияти сиёсии чандинсолаи сиёсӣ доранд;
- Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун лидери сиёсӣ ва сиёсатмадори барҷаста, аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон эътироф ёфтаанд.
Хизматҳо барои ҳифзи сулҳу субот, амният ва эҳтирому дӯстии кишварҳоро ба инобат гирифта, бо як қатор ордену мукофотҳои давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ мукофотонида шудаанд. Аз ҷумла, бо ордени “Достиқ” дараҷаи аввал, ордени “Фаросат” (Қазоқистон), ордени Президенти Туркманистон “Бетараплик” (Туркманистон), ордени “Эл – юрт ҳурмати” (Ӯзбекистон) ва нишони фахрии ИДМ ва ғайраҳо сарфароз гардидаанд.
Мактаби сиёсии Пешвои миллат ягона мактаби сиёсии мустақилест, ки аз ҷониби кишварҳои дигари минтақа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Ҳамзамон паҳлӯҳои гуногуни сиёсатгузориҳои миллӣ ва дохилии Тоҷикистон диққати кишварҳои минтақаро ба худ ҷалб кардааст. Муҳаққиқони вақт “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” -ро саршор аз таҷлили ақлу хирад, руҳу иродаи мағлубнопазир ва ормонҳои поку муқаддаси миллат ва барги зарине дар ҳаёти сиёсии давлати тоҷик унвон кардаанд.
Тасмимгириҳои сиёсии Пешвои миллат дар ҳалли масоили амниятӣ ва иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон аз истиқлоли андеша, ояндабинии амиқу сареҳ ва дурбинии ин шахсияти таърихӣ гувоҳ медиҳад. Аз ҷумла, дар мубориза бо падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосир радикализм, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ, устуворона гирифтани мавқеъ ва ба ҳалли ҳама гуна ҷолишҳо садо баланд кардани Пешвои миллат аз донишу хирад, маҳорати сиёсӣ ва ояндабинии сиёсӣ далолат медиҳад.
Дарки сиёсати ҷаҳонӣ, равандҳои ҷаҳонишавӣ, хатарҳои эҳтимолӣ, огоҳи аз ивазшавии маркази қудратҳо имконият медиҳанд, ки мустақилона сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайян ва барои даҳсолаҳои тарҳрезӣ намуданд. Ин хислатҳо ҳама дар симои Пешвои миллат мавҷуд буда, дар нақшагирӣ ва сафарбаркунии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ имконият додааст. Пайваста ва ҳадафмандона пайгири намудани сиёсати ҷаҳонӣ, яке аз хислатҳои Пешвои миллат буда, барои дар сатҳи зарурӣ ба манфиати миллат ва давлат пиёда намудани ҳадафҳо кӯмак мекунад. Андозагирии сиёсии Пешвои миллат нишонаи ақлу хирад, ояндабинӣ ва руҳу иродаи мағлубнопазир мебошад. Чунончӣ мефармоянд: “андоза нигоҳ дор, ки андоза накуст”, шиори Пешвои миллат мебошад, ки на ҳар лидери сиёсӣ чунин хислатро дорост.
Шарифов Искандар Иброҳимович - ходими илмии шуъбаи ИДМ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Сохтмони Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун аз сӯи Идораи кулли энергетикӣ ва барқрасонии Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон дар соли 1968 барномарезӣ карда шуда буд. Моҳи сентябри соли 1976 корҳои сохтмонӣ дар маҳалли нерӯгоҳи Роғун, тавлиди турбинҳову мубаддилҳо дар Украина ва генераторҳо дар Свердловск оғоз шуданд, аммо бо баъзе сабабҳо он дар аввали солҳои 90-ум боздошта шуда буд. Қобили тазаккур аст,ки дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ва обхезиву селгирии 8 майи соли 1993 турбина ва оброҳу роҳравҳои зерзаминӣ қисман зери об монданд.
Дар оғози солҳои 2000-ум, Тоҷикистон баъд аз ҷанги дохилӣ ва дар давраи эҳёи иқтисод ва бозсозии фаъоли зербиноҳои ҳаётию муҳиммаш, тарҳи НБО - и Роғун - ро фаъолона ба шарикони хориҷияш муъаррифӣ кард. Дар давраи баъд аз ҷанги дохилӣ нерӯгоҳи Роғун ба нумоди эҳё ва бозсозии Тоҷикистон табдил гардид.
Дар соли 2004, дар ҷараёни сафари расмии В.В. Путин президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “РУСАЛ” тавоффуқномае барои сохтмони ин нерӯгоҳ имзо шуд. Баъд аз он, корҳои сохтмонӣ дар маҳалли нерӯгоҳ дубора оғоз шуд ва турбинаҳо аз обу рутубат пок карда шуданд. Аммо ба далели мухолифати ҳамсоягони бонуфуз ва рӯшан набудани сарнавишти корхонаи бузурги дигари Тоҷикистон – корхонаи алюминий ё ТАЛКО, танишҳо бар сари ин тарҳ боло гирифт. Ширкати “РУСАЛ” исрор дошт, ки навъи садди нерӯгоҳ тағйир ва иртифоъи он то ба 285 метр коҳиш дода шавад.
Соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талабот ва стандартҳои муосири бехатарӣ ба Бонки Ҷаҳонӣ барои ташхиси байналмилалии лоиҳа муроҷиат кард. Раванди музокирот ва омода кардани ҳуҷҷатҳо барои ин раванд тӯли 3 солро дар бар гирифт.
Асосноккунии техникии иқтисодӣ (TEAS) ва арзёбии таъсири муҳити зист ва иҷтимоӣ (АТЭИ) соли 2011 таҳти сарпарастии Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки ширкатҳои байналмилалӣ ва ду Гурӯҳи коршиносони мустақил – оид ба муҳандисӣ ва бехатарии сарбанд ва арзёбии таъсири иҷтимоӣ ва экологӣ оғоз карда шуд.
Ҳадафи асосии ин таҳқиқот муайян кардани имконпазирии лоиҳаи пешниҳодшудаи НБО - и Роғун ва арзёбии мустақилона ва объективии лоиҳаи пешниҳодшуда бо назардошти омилҳои техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ мебошад. Ҳама ҳисоботҳои пешакӣ ва ниҳоии баҳогузорӣ барои НБО - и Роғун 1 сентябри соли 2014 интишор ёфта буданд, ки ба охир расидани раванди арзёбӣ мебошад. Тибқи ин арзёбиҳо, лоиҳаи сохтмони НБО - и “Роғун” ҳам аз ҷиҳати техникӣ, аз ҷиҳати экологӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии бехатарӣ эътироф карда шуд.
Дар соли 2008 Тоҷикистон бо нерӯ ва имконоти худ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун шурӯъ намуд. Дар моҳи январи соли 2010 ин корзори миллӣ барои фурӯши саҳмияи ин нерӯгоҳ ба роҳ андохта шуд. Дар тӯли як сол маблағи 820 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз саҳмия ҷамъ гардид, ки бо нархи он замон баробари 186,2 миллион доллари амрикоӣ буд.
НБО Роғун калонтарин нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он тавре дар боло зикр кардем соли 1976 оғоз гардидааст. Иқтидори лоиҳавии ин нерӯгоҳ ба 3600 мегаватт соат баробар буда, нерӯгоҳ дорои 6 агрегат (иқтидори ҳар як агрегат 600 мегават соат) мебошад. Рӯдхонаи барқи обии Вахш айни замон НБО-и Норакро дар бар мегирад, ки дар масофаи 70 км дар поёни Роғун ҷойгир аст ва дар поёноби Норак, сарбандҳои Бойғозӣ, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва Головная ҷойгир аст. Тибқи маълумотҳои Бонки ҷаҳонӣ, Роғун умри НБО-и Норак ва рӯдхонаи Вахшро беш аз 100 сол дароз мекунад. Айни замон дар сохтмони НБО - и Роғун бештар аз 17261 нафар фаъолият мекунанд, ки 90% - и сохтмончиён сокинони маҳаллӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Аз ин шумора 1098 нафарашро муттахасисони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Роғун мактаби бузурги тарбиякунандаи мутахассисони ватанӣ маҳсуб меёбад ва дар ояндаи наздик ва ё ба фарҷом расидани сохтмони НБО - и Роғун талабот ба ин муттахасисони соҳаи гидроэнергетика дар минтақаи Осиёи Марказӣ меафзояд. Кадрҳое, ки дар Роғун ба дараҷаи муттахасисӣ расидаанд, тибқи маълумотҳо дар Қирқизистон, Миср, Русия ва дигар давлатҳо фаъолият доранд. Баландии дарғот ва ё сарбанди неругоҳ ба 335 м баробар буда, дар ҷаҳон баландатрин сарбанд ба ҳисоб меравад. Пас аз анҷоми он, сарбанд баландии умумии 335 метр (м) бо иқтидори тавлиди 3,780 МВт ва тавлиди миёнаи солона беш аз 17,000 гигаватт (ГВт) соат хоҳад буд. Ҷамъи масолеҳи истифодашуда ба сарбанди нерӯгоҳ 80 млн тоннаро ташкил медиҳад. Дарозии сарбанд 1800 метр буда, ҳангоми пурра ба итмом расиданаш пики сарбанд 20 метрро ташкил медиҳад. Паҳноияш бо баланд шудани сарбанд иваз мешавад. Ядрои он 80 метр аст, ки масолеҳи хобондашуда то баландии 30 см хобанда мешавад ва ду тарафи ядро бо баландии 40 см маводи сохтмонӣ рехта шуда, баъди анҷоми он пурра санҷида мешавад ва баъдан барои гузоштани қабати дигар иҷоза дода мешавад. Обанбори Роғунро бо ҳаҷми умумии 13,3 км³ ва ҳаҷми муфиди 10,3 км³ ташкил медиҳад. Тибқи маълумотҳои Бонки ҷаҳонӣ барои пур кардани ҳаҷми ниҳоии 13,3 км³ тақрибан 16 сол лозим аст. Барномаи муҳоҷиркунонӣ дар маҷмӯъ 69 деҳаро аз навоҳии Роғун, Нуробод ва Рашт дар бар мегирад, ки бояд то соли 2032 пурра ба анҷом расонида мешавад. Дарозии умумии тунелҳо бештар аз 100 км – ро ташкил медиҳанд. Дар Роғун 50 ташкилот фаъолият доранд, ки аз ин шумора 13 тояш ширкату ташкилотҳои хориҷӣ ба шумор мераванд. Неругоҳи Роғун аз чор ЛОТ иборат аст, ки ҳар кадоми он аз ҷониби ташкилотҳои гуногуни маҳаллӣ ва хориҷӣ сохтмонаш идома дорад.
НБО – и Роғун ба рукни асосии низоми барқии Тоҷикистон табдил ёфта, барои мусоидат ба декарбонизатсияи системаҳои барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ иқтидори назаррас дорад. НБО – и Роғун таъминоти боэътимоди нерӯи барқро барои қонеъ кардани талаботи афзояндаи дохилӣ бо арзиши дастрас таъмин хоҳад кард, ки ин тавассути банақшагирии муфассали тавлиди камхарҷ тасдиқ шудааст. Обанбори калон инчунин хидматрасонии мувозинати шабакаҳои барқро таъмин намуда, устувории тамоми НБО-и Вахшро, ки 95 фоизи ҳаҷми умумии тавлиди обии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, тавре дар боло ишора кардем, беҳтар мегардонад. Интизор меравад, ки НБО – и Роғун дар сатҳи минтақавӣ дар декарбонизатсияи шабакаҳои барқии Осиёи Марказӣ, ки айни замон барои нерӯи барқ ба ангишт ва газ такя мекунанд, нақши муҳим мебозад. Неругоҳи барқи обии Роғун лоиҳаи ба содирот нигаронидашуда буда, дар назар аст, ки тақрибан 70 дарсади тавлидоти умумии тавлидот содирот мешавад ва аз ин рӯ як қатор бартариҳоро пешкаш мекунад: (1) энергияи сабз ва боэътимоди он ба коҳиши хароҷоти интиқоли нерӯи барқ дар Қазоқистон ва Ӯзбакистон мусоидат мекунад; (2) он ба ҳамгироии манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили офтоб ва шамол (дар дохили кишвар ва минтақавӣ) мусоидат мекунад; (3) он амнияти энергетикиро тавассути рушди бозори минтақавии нерӯи барқи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо имзои созишномаҳои дарозмуддати хариди нерӯи барқ барои таъмини нерӯи барқ тақвият хоҳад дод; ва (4) он як ҷузъи калидии лоиҳаи дигари аср CASA – 1000 мебошад, ки минбаъд интиқоли неруи барқи Осиёи Марказӣ то Афғонистону Покистон тақвият меёбад. Азбаски НБО – и Роғун як қисми ҷудонашавандаи рӯдхонаи Вахш аст, ки дар шохоби дарёи Амударё ҷойгир аст, он инчунин иқтидори пешбурди манфиатҳои муштаракро дар байни кишварҳои соҳилӣ дорад. Бо риояи талаботи созишномаҳои мавҷуда оид ба тақсими об байни ҳамсояҳо, метавонанд ба минтақа аз ҷиҳати таъмини нерӯи барқ, рафъи обхезӣ ва эътимоднокии баланд бардоштани обтаъминкунӣ барои обёрӣ ва истифодаи маишӣ фоидаҳои назарраси иқтисодӣ ба даст оранд. Бо вуҷуди ин, протоколҳои амалиётии оянда аз кишварҳо талаб мекунанд, ки бо дарназардошти бархӯрдҳои иқтисодӣ барои истифодабарии рӯдхона дар байни ҳадафҳои идоракунии обхезӣ, обёрӣ ва тавлиди энергия ва барои кишварҳои ҳавза як равиши қобили кор пайдо кунанд. Ниҳоят, бо назардошти манфиатҳои муштарак ва якҷоя дар минтақа, НБО - и Роғун аҳамияти бузург дорад, ки дар ҳамкориҳои минтақавии идоракунии об дар минтақа саҳм гузоранд.
Аҳамияти стратегии НБО – и Роғун барои Тоҷикистон аз нигоҳи ин ҷониб дар он зоҳир меёбад:
1. Ҳангоми сохта ба охир расидани НБО – и Роғун ҳадафи сеюми стратегии Тоҷикистон ба “Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ” комёб мегардад;
2. НБО – и Роғун Тоҷикистонро ба қудрати гидроэнергетикии минтақа табдил медиҳад;
3. Тоҷикистонро ба хаби электрикии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил медиҳад;
4. Тоҷикистонро ба кишвари калидии дипломатияи об, гидрополитика, энергополитика табдил медиҳад ва Тоҷикистон аз обеъкти геополитикӣ ба субъекти геополитикӣ табдил меёбад.
Шарифов Искандар - ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик яке аз кӯҳантарин халқият дар рӯи олам ба шумор рафта, аз ниёгон ба худ як қатор ҷашну маросимҳо ва анъанаҳои гуногунро мерос гирифтааст.
Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз гузаштагонамон мерос монда, таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардум мебошад.
Пайдоиши Парчамро дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик ҳамчунин дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ки намунаи осори барҷастаи ватандӯстию тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи Коваи оҳангар оварда шудааст. Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд.
Иҷлосияи 16-ми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини кишвар нақш ва мавқеи ҳалкунанда дошта барои ҳалли фаврии масоили истиқрори сулҳ, инчунин тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бесобиқа гузоштааст.
Имрӯз тасвири «Дирафши ковиён» дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, ки он ифодагари рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон, бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ, қайд намуда буданд, ки: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нирӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Парчами миллӣ ифтихори миллӣ, ору номуси ватандории, сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ мо ба ҳисоб меравад.
ТОҶ – дар мобайни Парчами давлатии мо тоҷи ҳафтситорадор таҷассум ёфтааст, ки нишона аз тоҷдорию давлатдории сарбаландонаи тоҷикон аст. Тоҷ рамзи истиқлолияту озодии кишвар. Ҳафт ситора – рамзи ҳафт қабати осмон, ҳафт бародарон, ҳафт диёри таърихии Тоҷикистон – Суғду Хатлону Бадахшон, Ҳисору Рашту Зарафшон ва Вахши зарнисор аст.
Имрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳо миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддастро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.
Маҳс бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 баландтарин парчами дунё, ки дар шаҳри Душанбе сохта шуд ва ба китоби Рекорди Гиннес дохил гардид, ки баландиаш 165 метр, дарозиаш 60 метр ва бараш 30 метрро ташкил мекард ва ба ҳусни зебои пойтахти кишварамон ҳусни дигарро зам намуд. Имруз мо бо ифтихор мегуем, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ватани мо ҳамаи мушкилотро паси сар намуда ба истиқлоли воқеии худ дар ҳамаи самтҳо ноил ва бо қудрату тавоноии ҷавонмардона онро таҳкиму истеҳком бахшида истодааст.
Эҳтироми Парчами милли ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қрази шаҳрвандии аҳли ҷамеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.
Ҳар сол 24 ноябр Рӯзи парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад, ки мардуми кишвар онро бо эҳтиром ва фахр таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз дар саросари кишвар маъракаҳо, намоишҳо ва чорабиниҳои зиёде доир мегарданд, ки бо парчами миллӣ алоқаманданд. Ин ҷашн барои таҳкими худшиносӣ ва ифтихор аз давлатдории мустақил нақши калидӣ мебозад.
Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи Қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами милли қарор дорем. Рӯзи Парчами милли муборак ҳамватанони азиз.
Раҳимов Фирӯз н.и.т. и.в. муовини директор оид ба илм ва таълими, Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Парчами миллӣ дар замони муосир яке аз рамзҳои асосии мавҷудияти давлат баромад намуда, бинобар дар ҳаёти сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аҳамияти муҳим доштанаш вазъи ҳуқуқӣ, инчунин истифодаи он бо конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунҳо ба танзим дароварда мешавад.
Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик ҳанӯз дар асрҳои миёна давлати худро доштанд, ки тамоми нишонаҳои давлатдории муосирро доро буданд. Дар замони муосир яке аз рамзҳои давлат ин парчами миллӣ мебошад, ки гузаштагони мо онро доро буданд. Чи тавре, ки муҳаққиқи ҷавон А.Ҷураев қайд менамояд: «дар замони Каёниён соҳиби дирафше буд, ки мавҷудияти давлатро ифода намуда, ҳамчун рамзи давлатдорӣ арзи вуҷуд дошт, ки он – Дирафши Ковиёнӣ буд ва онро Ахтари Ковиёнӣ низ меномиданд... Ба ин минвол аввалин парчами таърихии тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешуд».
Вобаста ба аҳамият, моҳият ва нақши парчам дар мавҷудияту ташаккули давлатдорӣ дар байни сиёсатмадорону олимон ва ҷомеашиносон ақидаҳои гуногун мавҷуд аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон вобаста ба масъалаи мазкур қайд менамоянд, ки «Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Муҳаққиқон Бобоҷонзода И.Ҳ. ва Қодирзода Т.Қ. чунин меҳисобанд, ки «Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатии кишвар мебошад. Он ҳамчун рамзи истиқлолият, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ маънидод мешавад.Парчами миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ на танҳо рамзи истиқлолияти кишвар аст, балки ҳамчун як воситаи муҳими муттаҳидсозӣ, муаррифии ҳувият ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ хизмат мекунад. Он баёнгари арзишҳои миллӣ, анъанаҳои мардумӣ ва ҳадафҳои кишвар дар рушди дипломатияи сулҳомез ва ҳамкориҳои созанда мебошад».[1]
Ба ақидаи профессор Маҳмадҷонова М.Т. «Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ таърихан дар тамаддуни башарият ифодагари арзишҳои муҳими фарҳангӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва аз ҳама муҳим, ҳарбии миллатҳои соҳибистиқлол мебошад. Парчам матое мебошад, ки аксаран дар қисмати болоии чуб ва ё дигар воситае, амсоли нуги найза, ҳамеша барои намоён будан бо бардоштан ба баландии муайян, нигоҳ доштан дар қисмати болоии қасрҳо ва дар хаймаи размгоҳ парафшон мегашт. Парчам мутамарказии ғояи сиёсӣ буда, ду вазифаи асосӣ – огоҳонии аҳолӣ ва ифодаи ҳокимиятро таҷассум менамояд»[2].
Профессор Собирзода Н.М. чунин ақида меронад, ки «Парчами давлатии Тоҷикистон, ки аз се ранг иборат аст, матои хушку холӣ набуда, он таърих, тамаддун, фарҳанг, имрӯз ва ояндаи дурахшони миллату давлати тоҷиконро дар худ инъикос менамояд. Ин рамзест, ки номуси миллиро баланд бардошта, заминаи устувории ваҳдату ягонагии миллиро таъмин месозад. Парчам ҷомеаро ба ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу созиш ва меҳнати софдилона баҳри рушди босуботи кишвар даъват менамояд. Парчам ваҳдати миллиро таҳким бахшида, мондагории истиқлоли давлатиро таъмин месозад».[3].
Ба ақидаи моён Парчами давлати ҳамчун рамзи мавҷудияти давлат дар харитаи сиёсии ҷаҳон, субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ, рамзи муттаҳидиву мутаммарказии давлат, инчунин татбиқи соҳибихтиёрии давлат дар ҳудуди муайни берун аз ҳудудии асосии давлат, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ насб кардани он иҷозат дода мешавад, баромад менамояд.
Маврид ба зикри хос аст, ки имсол ба мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамин ном 100 сипарӣ гардид. Чи тавре, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бар меояд бо Қарори бюрои ташкилии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Россия (болшевикҳо) аз 4 июни соли 1924 «Дар бораи тақсимоти миллии Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказї» Тоҷикистон дар аввал ҳамчун вилояти мухтор дар ҳайати ҶШС Узбекистон ташкил ёфт. Ҳамон сол, яъне 14 октябри соли 1924 иҷлосияи 2-юми Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ қарор қабул кард, ки Тоҷикистон на вилояти мухтор, балки ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон (Минбаъд ҶМШСТоҷикистон) дар ҳайати Узбекистон таъсис ёбад.
Шоиста ба зикр аст, ки Парчами Тоҷикистони Шуравӣ шуруъ аз давраи пайдоишаш бо ҳамин ном бо назардошти тағйир ёфтани вазъи ҳуқуқӣ ва рушду такомулли низоми давлатдории шуравӣ якчанд маротиба мавриди тағйирот қарор гирифтааст.
Бояд қайднамуд, ки бо қарори Президиуми КИМ ҶМШС Тоҷикистон аз 23 феврали соли1929 Парчами давлаии ҶМШС Тоҷикистон қабул гардид, ки он аз матои рангаш сурх иборат буда, дар тарафи чап, дар қабатидаста нишони ҷумҳурии мухтор ҷой дода шуда буд.
Дар нишони давлатии ҶМШС Тоҷикистон досу болғаи тиллогин, осмони кабуд бо шуоҳои офтоб, дар гирдаш хушаи гандум ва пахта, инчунин дар аторфи он бо ҳуруфи русӣ «Пролетарии всех стран, соединяйтесь!», инчунин бо хатҳоиарабӣ «Пролетарҳои ҳамаи малакатҳо як шавед!» тасвир ёфтааст.
Бояд қайднамуд, ки соли 1922 олими гералдисти[1]шуравӣ К. Дунин-Борковский таклиф намуд, ки ифодаҳои ҳарфӣ дар парчами давлатии Федератсияи Россия барҳам дода шуда, ба ҷойи он эмблемаи досу болға, ки ифодакунандаи синфи коргару деҳқони давлати Шуравиро дорад, тасвир карда шавад. Соли 1923 комиссияи конститутсионии КИМ ИҶШС масъалаи парчами давлатиро бинобар қабул гардидани авввалин Конститутсияи ИҶШС мавриди омӯзиши дақиқ қарор дод. [5, 25] Тибқи моддаи 71 конститутсияи мазкур дар парчами давлати ИҶШС ниошнаи досу болға ҷой дода шуд. Парчами давлатиии ИҶШС боис ба он гардид, ки минбаъд дар парчами давлатии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ба таври ҳатмӣ досу болға тасвир ёфтанд. [6, 83]
Бояд ёдовар шуд, ки 28 апрели соли 1929 дар анҷумани 2-юми Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон бо назардошти Конститутсияи ҶШС Ўзбекистон ва Конститутсияи ИҶШС қабул гардид. Боби 17 ва моддаи 106 конститутсияи мазкур ба масъалаи парчами ҶМШС Тоҷикистон бахшида шуда буд. Дар моддаи мазкур қайд гардида буд, ки парчами давлати ҶМШС Тоҷикистон аз матоъи сурхи масоҳаташ 1:2 иборат буда, аз тарафи чап дар назди дастқапи он нишони давлатии ҶМШС Тоҷикистон тасвир ёфтааст.
Бо назардошти муқаррароти Конститусияи аввалини мамлакат моҳи апрели соли 1929 Парчами давлати ҶМШС Тоҷикистон маротибаи дуюм қабул гардид.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар моддаи 105 Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон аломату тасвирҳои нишони давлатӣ шарҳ дода шудаанд.. Чунончи: «Нишони давлатии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии сотсиалистии Тоҷикистон аз досу болғаи тилогини маҳаллии дастакашон ба тарафи поён, дар дохили ситораи панҷгуша, бо тасвир ёфтани куҳҳои пурбарф, ҳангоми шуоҳои тиллогини офтоб баромадан ва дар боло осмони кабуд иборат мебошад. Ситора аз тарафи чап бо хушаи пахта ва аз тарафи рост бо хушаи гандум иҳота шудааст. Дар поёни ситора бо забони руссӣ «Пролетарии всех стран, соединяйтесь!» дар росткунҷаи болоии ситора бо ҳуруфи арабӣ «!شويد يک جهان همه پرولتارهاى» ва аз тарафи дигари росткунҷа бо хати лотинии ҷумлаи тоҷикӣ «Proletarhoji hamaji çahon jak şaved!» навиштаҷот мавҷуд аст. Нишон бо камарбанди тиллогин иҳота карда шуда, дар ин камарбанд пайи ҳам дар поён бо се забон навиштаҷот мавҷуд аст. Бо забони арабӣ: ;«جمهوريت اجتماعى شوروى مختارى تاجيکستان», бо забони тоҷикӣ ва ҳарфи лотинӣ: «Çumhurijati Içtimoiji Şŭraviji Muxtori Toçikiston»; ва бо забони русӣ: «Таджикская Автономная Советская Социалистическая Республика». [7]
Бояд қайд намуд, ки аввалин Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон гарчанде қабул шуда бошад, ҳам доираи амалаш хеле кутоҳ буд. Зеро дар анҷумани III Шуроҳои Тоҷикистон 26 октябри соли 1929 Эъломия дар бораи табдил додани Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва дохил шудан ба ҳайати ИҶШС қабул карда шуд. Бо мақсади зербинои ҳуқуқии ҷумҳури нави иттифоқиро гузоштан 25 феврали соли 1931 дар Анҷумани 4-уми умумитоҷикии Шуроҳо Конститутсияи (Қонуни асосӣ) ва нишони давлатии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Шоиста ба зикр аст, ки дар конститутсияи мазкур дар бораи парчами давлатӣ ягон меъёр муқаррар нагардидааст. Вале ба ақидаи моён ин парчам бо назардошти ҳамчун ҷумҳурии иттифоқӣ ташкил ёфтан ва дар шакли нав тасдиқ гардидани нишони давлатӣ қабул гардидааст.
Парчами мазкур аз 2 апрели соли 1929 то 24 декабри соли 1931 дар ҷумҳурӣамал кард.
Маврид ба зикри хос аст, ки бо Қарори иҷлосияи сеюми Кумитаи Иҷрояи Марказии Шуроҳои Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон даъвати якум «Дар бораи ҷорӣнамудани алфавити нави тоҷикӣ» дар ҷаласаи санаи 15 апрели соли 1928 қабул гардид. Тибқи банди 1 қарори мазкур алфавити нави лотинӣ барои коргузорӣ дар ҳудуди ҶМШС Тоҷикистон қабул гардид.[8] Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани алфавити лотинӣ ба қабули парчами минбаъдаи ҷумҳурӣ таъсири худро расонид.
24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ дар тарҳи нав қабул гардид. Баъдан 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити истиқлолияти давлатӣ қабул гардид. Тибқи моддаи 3 конститутсия Парчам ҳамчун рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, он хусусияти конститутсионӣ гирифт.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз рангҳои сурх, сафед, сабз ва дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар иборат аст. Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Маврид ба зикри хос аст, ки 11 декабри соли 1999 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Дар қисми якуми Низомномаи мазкур қайд гардидааст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Пас аз қабули Низомнома 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии ҶТ» қабул карда шуд. Дар Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозии он, моҳият ва тартиби истифодабар, инчунин ҷавобгарӣ барои беҳурмати насбат ба он муқарраргардидааст.
Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддас танҳо дар ҷойҳои махсус, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, афрохта мешавад.
Мутобиқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), инчунин дигар ҷойҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, афрохта мешавад. Ҳамчунин, дар қонуни мазкур дарҷ гардидааст, ки парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, афрохта мешавад.
Пурсида мешавад, ки оё масъалаи афрохтани парчами миллиро қонунгузории миллӣ метавонад дар хориҷи кишвар ба танзим дарорад?
Маврид ба зикр хос аст, ки масъалаҳои марбут ба парчам на танҳо бо қонунгузории миллӣ балки бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ ба танзим дароварда мешаванд. Чунончи, давлати ҷавони Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ва минбаъд бояд ҳамкориҳоро бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ мемонд. Бо ҳамин мақсад парламенти мамлакат соли 1996 Конвенсияи Вена «Дар бораи муносибатҳои дипломатӣ» аз 18 апрели соли 1961-ро ба тасвиб расонид. Конвенсияи мазур дар баробари танзими масъалаҳои вазъи ҳуқуқии намояндагии дипломатӣ масъалаи парчами давлатҳоро низ ба танзим медарорад. Дар моддаи 20 конвенисяи мазкур дарҷ гардидааст, ки«Намояндагии дипломатӣ ҳуқуқи истифодаи парчам ва нишони давлатии худро дар бинои намояндагии дипломатӣ, қароргоҳи роҳбари намояндагӣ ва ҳамчунин дар воситаҳои нақлиёти он дорад.» Маҳз дар ҳамин замина, имрӯз парчами Тоҷикистон дар бинои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, қароргоҳи сафир ва воситаҳои нақлиёти он афрохта мешавад.
Бояд қайд намуд, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз шохаи ҳокимияти давлатӣ дар мамлакат, иштирокчии фаъоли аксари дастовардҳои муҳимми кишвар мебошад. Дар замони истиқлолияти давлатӣ, бо роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ, СААД, Ассамблеяи САҲА, Иттиҳоди Байнипарламентии ҷаҳон, Иттиҳоди парламентҳои Осиё барои сулҳ, Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ, Ассамблеяи парламентҳои Осиё ва Парламентҳои Аврупо, Ассамблеяи Парламентии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Ассамблеяи парлумонии Осиё гардид. Дар қароргоҳи ҳар як созмони мазкур парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта шудааст, ки ин маънои узвияти парламенти мамлакатро дар созмонҳои мазкур дошта, ба ин васила ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ ба нафъи давлату миллат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҳамин тариқ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи мавҷудияти давлат дар харитаи сиёсии ҷаҳон, субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ, рамзи муттаҳидиву мутаммарказии давлат, инчунин татбиқи соҳибихтиёрии давлат дар ҳудуди муайни берун аз ҳудудии асосии давлат, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ насб кардани он иҷозат дода мешавад, баромад менамояд.
Руйхати адабиёти истифодашуда:
1. Бобоҷонзода И.Ҳ. Қодирзода Т.Қ. Парчами миллии Тоҷикистон: таърих ва моҳияти он ҳамчун рамзи давлатӣ. Сомонаи интситути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://ifppanrt.tj/tj/ilm-va-navidho/andeshai-muhakkikon/item/2008-parchami-millii-to-ikiston-ta-rikh-va-mo-iyati-on-amchun-ramzi-davlat.html( Санаи муроҷиат:19 нябри соли 2024.);
2. Маҳмадҷонова М.Т. Парчам рамзи давлатдорӣ ва ватанпарварӣ.Сомоани расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://amit.tj/tj/parcham-ramzi-davlatdori-va-vatanparvari ( Санаи муроҷиат:19 нябри соли 2024.);
3. Собирзода Н.М. Парчам – василаи таҳкими ваҳдати миллӣ. Сомоани расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: Https://amit.tj/tj/parcham-vasilai-takhkimi-vakhdati-milli( санаи муроҷиат:19 нябри соли 2024.);
4. НиколаеваМ. Государственные эмблемы Советского Таджикистана./ М. Николаева. – Д.: Ирфон, 1969. – 40 с.;
5. Зоири Гафур Махмудзода. История Таджикской вексиллологии и геральдики второй половины ХIХ– начала XXI веков. Дисс. канд. ист. наук. 07.00.02 – Отечественная история (исторические науки).Душанбе 2020;
6. Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон аз 28 апрели соли 1929/ Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. -Душанбе,2019.- С.321-322;
7. Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон аз 28 апрели соли 1929/ Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. -Душанбе,2019.- С.321-322;
8. Қарори иҷлосияи сеюми Кумитаи Иҷрояи Марказии Шуроҳои Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон даъвати якум «Дар бораи ҷорӣ намудани алфавити нави тоҷикӣ» дар ҷаласаи санаи 15 апрели соли 1928. Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. -Душанбе,2019.- С.292-293;
9. Таджикская ССР. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://www.hrono.ru/heraldicum/flagi/tadjik/soviet.html( санаи муроҷиат:19 нябри соли 2024.);Конститутсия (Қонуни асосӣ)-и Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 1 марти соли 1937 / Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. -Душанбе,2019.- С. 438-459;
10. Закон от 21 мая 1940 года «О переводе таджикской письменности с латинизированного на новый таджикский алфавит на основе русской графики»/ Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. -Душанбе,2019. – С. 469;
11. Фармони Президиуми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи навиштаҷот дар парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон» аз 28 сентябри соли 1940. Манбаъ: БМД. ҶТ. ф.297,оп.18, д.40, л.173;
12. Пояснение художника М.Шлыкова к экскизе Государственного флага Таджикской ССР. Источник: ЦГА РТ. Ф.297, оп.18-19 а, д.214, лл .18-24;
13. Конститутсия (Қонуни асосӣ)-и Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1978 / Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. -Душанбе,2019.-С.638-675.
Ходими калони илмии Шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Идизода Ф.Ф.