Ба даст овардани ваҳдати миллӣ бузургтарин ва нодиртарин падидаи иҷтимоӣ буд. Рушди ҷомеа ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳаёти солим аз таҳкими ваҳдати миллӣ вобастагӣ дорад.
Дар раванди ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ забони миллӣ нақши муҳим дорад. Забон унсури муҳими фарҳанги ҳар як миллат аст. Муҳимтарин вазифаи забон дар он аст, ки фарҳангро ҳифз мекунад ва аз насл ба насл интиқол медиҳад. Ин аст, ки забон дар ташаккули ҳар як шахсият ва бақои миллат бо тамоми мероси фарҳангию маънавии он нақши муҳим дорад.
Ҳар як фарҳанги миллӣ, низоми забонии худро доро буда, бо ёрии он намояндагони як миллат метавонанд бо ҳамдигар муошират кунанд. Ин аст, ки шаклҳои гуногуни муоширати забониро воситаи шифоҳии муошират меноманд.
Машҳуртарин воситаҳои шифоҳии муошират, пеш аз ҳама, нутқи инсон аст. Маҳз тавассути нутқ, одамон қисми зиёди иттилооти ҳаётан муҳимро қабул мекунанд ва интиқол медиҳанд.
Дар таҳқиқотҳои гуногуни илмӣ метавон таърифҳои зиёди «забон»-ро пайдо кард, аммо ҳама дар як чизи асосӣ мувофиқанд: «забон воситаи баёни фикр, воситаи муошират аст». Албатта, он вазифаҳои дигар низ дорад. Дар байни бисёр вазифаҳои забон вазифаи коммуникативӣ мақоми хосса дорад ва гӯё аз он аст, ки бидуни забон ягон шакли муоширати одамон дар ҷомеа ғайриимкон мегардад.
Забон берун аз фарҳанг вуҷуд дошта наметавонад. Ин яке аз муҳимтарин ҷузъҳои фарҳанг, шакли тафаккур, зуҳури фаъолияти инсон аст, ки худи он дар навбати худ мавҷудияти воқеии забон аст. Забон инъикоси ҷаҳон аст, бинобар ин, забон ҳама чизро инъикос мекунад: таърихи ҷомеа, иқлим, шароити зиндагӣ, мероси маънавӣ, фарҳангӣ ва ғ.
Яке аз масъалаҳои асосии тадқиқотии илмҳои забоншиносӣ ва фарҳангшиносӣ хусусиятҳои забони миллӣ, нақши забон дар пайдоиш ва таҳаввули фарҳанги миллӣ ва инчунин падидаи муҳими дигар – гуфтугӯи фарҳангҳо (тамаддунҳо) мебошад. Забон имрӯз объекти омӯзиши фанҳои гуногун: забоншиносӣ, фарҳангшиносӣ, фалсафа, психология, мантиқ ва ғайра мебошад. Афзалияти инсон аз дигар махлуқот дар олам тавассути забон, яъне нутқ аст.
Алфред Норт Уайтхед (1861–1947) математик ва файласуфи англис доир ба нақши забон дар ҳаёти инсоният чунин меорад: “Тамаддуни башарӣ маҳсули забон аст ва забон маҳсули тамаддуни рӯ ба инкишоф аст”.[2] Яъне, инсон метавонад аз дастовардҳои тамаддуни даврони гузашта танҳо тавассути забон огоҳ шавад.
Бояд қайд кард, ки забон падидаи серҷанба ва беназири фарҳангӣ ба шумор меравад. Забон ва фарҳанг бо ҳам алоқаманд ва ногусастанӣ мебошанд. Гузашта аз ин, забон ва фарҳанг дар робитаи дуҷониба қарор доранд, забон берун аз фарҳанг вуҷуд дошта наметавонад ва фарҳанг бе забон. Моҳияти дарки робитаи забон ва фарҳанг аз печида будани ин мушкилот шаҳодат медиҳад, ки аҳамияти онро дар тӯли чандсад сол тасдиқ мекунад. Омӯзиши робитаи забон ва фарҳанг дар илм дар чаҳорчӯби бархӯрд ва назарияҳои мухталиф сурат мегирад.
Забони ҳар як халқ муҳимтарин воситаи ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ ва маънавии он мебошад. Махсусан ин ҳолат дар шароити муосир, ки ба мероси маънавию фарҳангии мо хатарҳои фарҳанги бегона ва ифротгароӣ таҳдид мекунанд. Эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ, таваҷҷуҳ ба омӯзиш ва шинохти таърихи миллат ва баргузории чорабиниҳои маърифатӣ дар кишвар, маҳз бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир мебошад.
Забони миллат дар таърихи як халқ чи нақшеро иҷро менамояд? Забон пеш аз ҳама, унсури муҳими нутқ буда, рисолати асосии иҷтимоиро иҷро менамояд, ки он воситаи муошират ва интиқолдиҳандаи таҷриба ва донишҳоест, ки дар ҷомеаи инсонӣ ҷамъ гардидаанд. Инчунин забон ҳамчун шакли фарҳанг, тафаккур ва арзишҳои фарҳангиро дар фазо ва вақт ҳифз мекунад. Вазифаи асосии забони миллӣ низ дар ҳифз ва интиқоли фарҳанг аз як насл ба насли дигар ифода меёбад. Забон ҳамчун оинаест, ки дар он, на танҳо олами воқеии ҳаёти инсон, балки шуури ҷамъиятии ҷомеа, тафаккур, менталитет, тарзи зиндагӣ, анъана, расму оин, ахлоқ, низоми арзишҳо инъикос ва ифода меёбанд.
Имрӯз дар ҷаҳон забонҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ин шумора аз теъдоди давлатҳо зиёд аст. Барои мо шарафи бузург аст, ки забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол – забони тоҷикӣ аст. Забони тоҷикӣ рамзи давлатдорӣ, воситаи муҳими шинохти давлат ва рамзи миллии мо тоҷикон аст. Бо ин забон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ сухан меронад, ки нишон аз давлатдорист. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таҳким ёфт. Бо забони давлатӣ тамоми коргузорӣ ба роҳ монда шудааст, асарҳо эҷод мегарданд, китобҳо ба чоп мерасанд. Бо ин забон ҳамоиши муҳими адабию фарҳангӣ - Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тӯли чанд сол ба роҳ монда шуда истодааст. Ин ҳамоиши муҳими маърифатӣ, пеш аз ҳама барои маърифаткунонии аҳли ҷомеа бошад, аз дигар тараф барои арҷ гузоштан, эҳтиром қоил будан ва ҳифзи он мероси гаронбаҳои адабӣ ва илмии тоҷикон аст, ки дар тӯли садсолаҳо фарзонафарзандони ин миллат барои пойдории он ба забони ноби тоҷикӣ асарҳо офаридаанд.
Дуруст аст, ки дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ маҳз забони миллӣ боиси ҳифз ва бақои халқи тоҷик гардидааст. Забони миллат воситаи асосии бақои миллат аст. Гарчанде ин забон бо номҳои гуногун дар давраҳои гулгулшукуфӣ ва вазнини таърихи миллат муаррифӣ гардидааст, вале асли он як аст – забони тоҷикист. Чуноне шоири бузурги халқи тоҷик устод Муъмин Қаноат гуфтааст:
Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест нест,
Чунки меҳри модар аст…
Донишманди тоҷик Ҳасан Султон дар мақолаи илмии худ зери унвони «Забони тоҷикӣ ва ҳувияти миллӣ» чунин иброз медорад: «Бояд қайд намуд, ки дар раванди таърихи халқи тоҷик, аз замонҳои қадим то ба имрӯз, ифтихор аз ориёиасл будан табиати гуногунро дошт, гоҳе равшану рангоранг ва гоҳе пажмурдаву хира буда, аммо дар ҳама давру замон ин ифтихор ҳеҷ гоҳ хомӯш нашудааст. Ба ибораи дигар, замоне, ки таърих барои рушду шукуфоии миллии мо шароити мусоид фароҳам овард, ин шӯъла аланга зада, равшантар гардидааст, аммо вақте ки дар натиҷаи зулму зӯроварӣ халқи мо рӯзҳои вазнинро аз сар мегузаронд, он шӯъла кам намудор мегардид».[3]
Маҳз ин ифтихор бо он мероси гаронбаҳои маънавию фарҳангии халқи бузурги тоҷик сабаб гардидааст, ки дар набардҳои ноадолатонаи таърихӣ ин миллат то ба имрӯз вуҷуд дошта бошаду аз файзи даврони соҳибистиқлолӣ баҳра барад ва суруди миллии худро бо ибораҳои «зи дурии замонаҳо расидаем, ба зери парчами ту саф кашидаем…» сарояд. Воқеан дар Суруди миллӣ хотираи бузурги таърихии халқи тоҷик инъикос гардидааст. Имрӯз низ ҳамин забон қодир аст, ки халқи бузурги тоҷикро бо ҳамроҳии тамоми ҳамватанон дар таҳти ҳамин Парчами давлатӣ муттаҳид созад ва Ватанро аз газанди таҳдиду хатарҳои замони муосир ҳифз намояд.
Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар ба даст овардан ва таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ дар кишвар, ҳамчун омили калидӣ ба шумор меравад. Ин омил, барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва сулҳи тоҷикон дар тамоми марҳалаҳои гуфтушунидҳо нақши муҳим бозидааст.
Гузашта аз ин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ эътироф гардидааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».[1.4]
Ҳамин тавр, тамоми коргузорӣ ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, тибқи Конститутсия барои дигар халқу миллатҳои дар кишвар буда, бе ягон монеае барои бо забони модариашон гап задан имконият муҳаё аст. Ин ҳолат яке аз омилҳои ваҳдатофарини забони давлатӣ аст, ки дар асоси санади муҳими давлатӣ тасдиқ гардидааст. Ногуфта намонад, ки дар асоси моддаи 5 Конститутия давлат кафили эътироф ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонашон аст: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».[1.5]
Бояд қайд намуд, ки ҳамгироӣ ва ваҳдати миллӣ як раванд буда, дар марҳалаҳои рушд ва ё таназзули ҷомеа он тақвият ва ё коҳиш меёбад. Буҳронҳои иҷтимоӣ метавонанд барои таҳкими ваҳдати миллӣ таъсири манфӣ расонанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва таҳқиқотҳои муҳаққиқон дар раванди рушди давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ ин нуктаро муайян мекунад, ки чанд омилҳоеанд, ки барои якпорчагии як кишвар ва ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад. Ин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои тақвияти ваҳдати миллӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд, аз он ҷумла: мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ, эҳтиром ва бузургдошти забони модарӣ, эҳёи хотираи таърихии миллат, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, таваҷҷуҳи хосса намудан ба таърих ва фарҳанги миллӣ, гиромидошти шахсиятҳои илмиву адабӣ, нашр ва ҳадя намудани китоби «Тоҷикон»-и Аллома Бобоҷон Ғафуров, ташкил намудани озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ – «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – ватани азизи ман» ва «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат», бунёди роҳҳо ва нақбҳо, таъсиси мактабҳо ва муассисаҳои таълимӣ, сохтмон ва ба истифода додани майдончаҳои парчам ва нишони давлатӣ қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, бунёди НБО Роғун, табдил додани шаҳри Душанбе – пойтахти кишвар ба шаҳри сулҳ ва маркази ҳамгироии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва ғ. Ҳамаи ин омилҳои калидие ҳастанд, ки барои якпорчагии як халқ ва ваҳдати миллӣ мусоидат менамоянд. Албатта нақши забони модарӣ дар омилҳои номбаршуда муҳим аст. Чуноне Пешвои муаззами миллат дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» қайд мекунанд: «Мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳар чӣ бештар заҳмат кашем. Зеро андеша ва ғояи миллии ҳар як халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфтааст. Дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад».[4.5]
Дар баробари ин чанд нуктаи муҳимро доир ба нақши забони модарӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва давлатдории миллӣ метавон баён намуд:
- забони модарӣ моҳияти муттаҳидкунандагӣ ва ҳамгироикунандагӣ дорад, ки ҳомилони он - тоҷиконро муттаҳид мекунад;
- беҳтарин восита ва омили муттаҳидкунанда барои ҳамватанони бурунмарзӣ – тоҷикони дунё мебошад;
- забони модарӣ, омили муҳим барои таҳкими бақо ва тозагии забони давлатӣ аст;
- забони модарӣ, унсури муҳими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад;
- забони модарӣ, нишонаи асосии хотираи таърихӣ аст, ки далели қотеъи он мероси фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷик мебошад;
- забони модарӣ, нишонаи асосӣ ва муаррификунандаи давлатдории миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ аст;
- забони модарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун забони давлатӣ эътироф гардидааст ва барои таҳкими давлатдории миллӣ заминаи боътимод ба шумор меравад.
Зокирзода Нусратулло., - ходими калони илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии
дини ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ