Забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, меҳвари асосии илҳом ва таҳарруку ҷунбишҳои ҳунариву фарҳангӣ ва илмии равшангарони он мебошад. Далел ва санади қавитарини исботи зинда будани ҳар миллат, зиндаву пойдор мондани забони модарии он мебошад. Дар ин роҳи пурпечутоби таърих: даҳшату маргбориҳо, тохтутозҳои аҷнабиёну бегонагони гуногунмазҳабу гуногунтабор забони модарии мо зинда боқӣ монда, сарманшаи бақои миллат гардид. Тавре ки Президенти кишвар мефармояд: «Фаромӯш набояд кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон маҳз дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфта, ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва густариши адабиёти классикии тоҷику форс замина гузоштааст». Забони тоҷикӣ санади раднопазири Истиқлоли миллии мост. Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли миллӣ бе забони модарӣ тасаввурнопазир аст. Муҳаққиқони ҷомеашинос дар эҷоди ваҳдати миллӣ забон ва ваҳдати забониро дар қатори нажод, фарҳанг ва авомили дигар яке аз аслҳои асосии ваҳдати миллӣ донистаанд.
Забон яке аз василаҳои асосии таҳкими ваҳдату ягонагии миллатҳои гуногуни дунё мебошад. Он унсури асосӣ ва нишондиҳандаи фарҳангу тамаддуни миллат буда, дар рушди давлатдории миллӣ низ нақши асосӣ мебозад. Аслан забон ҳамчун нишонаи асосии миллат яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ дар асоси ваҳдат, ягонагӣ ва умумияти миллист. Ҳамин далел собит месозад, ки вақте давлатҳои хурду бузург пайдо мешаванд, пеш аз ҳама барои устувор сохтани пояҳои давлатдории худ, аз унсурҳои бегона сарфи назар карда, оҳиста-оҳиста рӯ ба асолати дохилии миллӣ меоранд. Таърихи башарият ва махсусан таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кӯшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустаҳкам сохтани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии марзу буми хеш тадбирҳои мушаххас андешанд.
Шоҳаншоҳии бузурги Ҳахоманишиён, ки дар арсаи таърих бо фарҳанг ва тамаддуни худ беназир аст, пеш аз ҳама бар пояи фарҳанги асили ориёӣ бунёд шуда, забони модарии хешро дар баробари забонҳои пурқудрату маълуми он замон эломӣ ва ошурӣ ба ҳайси забони расмӣ ва давлатии худ истифода мекарданд. Онҳо номи хат ва забони худро ориёӣ хондаанд. Инчунин, дудмони Кушониёни Кабир ҳам оҳиста-оҳиста аз истифодаи забони юнонӣ даст кашида, забони ориёии хешро (Канишка ҳам мисли Дориюши Кабир забони навиштаҳои худро ориёӣ хондааст) забони ягонаи давлатӣ ва расмии давлати паҳновари худ қарор додаанд.
Пас аз суқути давлати Сосониён ва истилои араб тақрибан беш аз як қарн тул кашид, то ин ки форсизабонон аз зарбаи араб ба худ омада, дар фикри анъанаҳои миллӣ ва собиқаи таърихии худ афтиданд. Дар қарнҳои аввали ислом буд, ки дар ин сарзаминҳо наҳзате пайдо шуд маъруф ба «шуубия», ки на танҳо баробарии арабу аҷам, балки бартарии аҷамро бар араб таъкид мекард. Сад соли дигар нагузашт, ки пояҳои хилофат заиф гардид ва аз ҳар гӯшаву канори сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр саркашоне бархостанд, ки дар сар фикри истиқлол ва озодӣ аз юғи хилофатро мепарвариданд.
Нахустин сулолаи маҳаллие, ки каму беш дар Хуросон мустақил гардид, Тоҳириён (821-873) буд. Ҳукмронони ин хонадон ҳанӯз дар фикри истиқлоли фарҳангӣ набуданд. Баръакс кӯшиш карданд, ки дини исломро дар қаламрави худ таҳким бахшанд ва дониста ва ё надониста барои густариши забону адабиёти арабӣ кумак карданд.
Сулолаи дигари маҳаллӣ, ки ҷонишини Тоҳириён гардид, Саффориён (873-903) буд. Дар вақти ҳукмронии намояндаи барҷастаи ин сулола Яқуби Лайс, ки аз миёни мардуми одӣ бархоста буд ва на забони арабӣ медонист ва на ба фарҳанги он алоқа дошт, то ҳудуде дар дарбори вай саҳна барои забону адабиёти арабӣ тангтар шуд ва шоирон барои ӯ ба дарӣ шеър гуфтанд. Муаллифи «Таърихи Систон» нақл мекунад, ки пас аз он ки Яқуби Лайс Ҳиротро фатҳ карда, ба авҷи муваффақият расида буд, «шуаро ӯро шеър гуфтандӣ ба тозӣ... Ӯ олим набуд, дарнаёфт. Муҳаммад Васиф ҳозир буд ва дабири расоили ӯ буд ва адаб некӯ донист ва бад-он рӯзгор номаи порсӣ набуд. Пас Яқуби Лайс гуфт: «Чизе ки ман андар наёбам чаро бояд гуфт?»
Муҳаммад Васиф пас шеъри порсӣ гуфтан гирифт... Ва андар Аҷам касе бар наомад, ки ӯро бузургии он буд пеш аз Яқуб, ки андар ӯ шеър гуфтандӣ»1.
Вале бо вуҷуди ин дар замони ин сулола низ, шояд ба сабаби кутоҳии умри салтанат ва дигар авомили айниву зеҳнӣ шароити мусоид барои ривоҷу равнақи забони ягонаи расмӣ фароҳам нагардид. Аз ин рӯ аз асрҳои аввали ислом ва даврони кутоҳмуддати ҳукмронии сулолаҳои маҳаллии Тоҳириёну Саффориён ба ҷуз аз чанд байти маъруф дар бораи шикасти арабҳо дар Хуталон (825) ва чанд порча шеъри шоирони он аҳд, чун Ҳанзалаи Бодғисӣ, Муҳаммад ибни Васиф, Фирӯзи Машриқӣ ва чанде дигар, ки дар осори муаллифони гузашта ва ҳозира такрор шудаанд, санаде ва навиштаи хаттии дигаре дар даст нест, ки дар асоси онҳо забоншиносон дар хусуси забон ва вазъи луғавии он дар он давра қазоват кунанд.
Растохези воқеи назму насри форсии дарӣ дар замони Сомониён (874-999) оғоз гардид ва пас аз «ду қарни сукут» бори дигар ин боғи нимвайрона самараҳои тоза падид овард ва чунон давлату дарборе ба вуҷуд омад, ки ба қавли Маликушшуаро Баҳор «аз ҳайси созмони ахлоқӣ ва моддӣ ба маротиб табиитар ва устувортар аз аҳди пешин буд ва адабиёте ба вуҷуд омад, ки садяки онро дар аҳди Сосониён надошт».
Сомониён бар хилофи Тоҳириёну Саффориён дарк карда буданд, ки бидуни эҳёи анъанаҳои қадимӣ ва ривоҷу равнақи забону адаби миллӣ истиқлолият устувор ва давомдор шуда наметавонад. Бинобар ин, амирони дурандешу сиёсатмадорони ин хонадон бо камоли ҳушмандӣ муносибати худро бо хилофат тавре оростанд, ки дарбори Бағдод натавонад фитна ва рақобате бар зидди онҳо барангезад. Илова бар ин, Сомониён аз забони форсии дарӣ ҳамчун силоҳи сиёсӣ дар баробари тозиён барои расидан ба истиқлолияти комил истифода мекарданд. Аз ин рӯ, забони форсии дариро, ки забони мардумони Мовароуннаҳру Хуросон буд, забони расмии давлати паҳновари худ қарор дода, адибону олимонро ба назари эҳтиром нигариста, онҳоро ташвиқ мекарданд, ки китобҳои худро ба форсии дарӣ нависанд ва ё осори арабии худ ва дигаронро ба ин забон баргардонанд.
Ва имрӯз тавре ки мебинем ва мушоҳида мекунем, забони модарии мо мавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Мулоқоти Президенти кишвар бо зиёиёни тоҷик, ки тақрибан анъана шудааст ва ҳар сол дар остонаи даромади соли аҷдодии мо-ҷашни Наврӯз баргузор мегардад, ин нуқтаро бори дигар ба таври равшан собит сохт. Бояд гуфт, ки ғамхорӣ ва мувозибат аз забони модарӣ, пеш аз ҳама пуштибонӣ аз халқу миллати худ мебошад. Миллати тоҷик баъд аз солҳо ва садаҳои тулонии зери истило ва юғи аҷнабиёну бегонагони гуногунирқу мухталифмазҳаб қарор доштан, ба чунин пуштибониву дастгирӣ ниёз дорад. Тавре ки сарвари давлати тоҷикон барҳақ таъкид менамояд: «Дар баробари ин, мо бояд як далели таърихиро фаромӯш насозем, ки ягон миллати дигари дунё мисли тоҷикон ба таъқибу фишорҳои нажодпарастона ва бузургманишиҳои миллӣ гирифтор гардида, аз ҳаводиси миллаткуши таърих ранҷ накашидааст». Биноан, густариши забони тоҷикӣ ҳамчун шиносномаи миллии он вазифаи муқаддаси на танҳо давлат ва ҳукумат, балки ҳар як фарзанди он ва махсусан равшанфикрони тоҷик аст.
Забони миллӣ ҳамчун яке аз пояҳои асосии давлатдории миллӣ дар пойдории давлати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад. Ба касе пушида нест, ки дар давраҳои пурошӯбу пурмоҷарои таърих забони миллӣ дар таъмини ваҳдату ягонагии миллат парчами муборизони роҳи озодӣ ва истиқлол мегардад. Аз ҷумла, халқи тоҷик дар охири солҳои 80-ум муборизаи хешро баҳри истиқлоли ҷумҳурӣ маҳз аз талош барои эълон кардани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон шуруъ карда буд. Бояд зикр кард, ки Қонуни забон дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ яке аз аввалинҳо шуда дар Тоҷикистон қабул гардид.
Аҳамияти қабули Қонуни забонро дар ташаккули фарҳангӣ, миллӣ қайд намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба ифтихори ҷашни Қонуни забон ин нуқтаро хуб ёдоварӣ кардаанд: «Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир ба назари ман, аз кушишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз ёфт». Акнун баъд аз гузашти солҳо давлати миллии мо бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди зиёиён ва фарҳангчиёни тоҷик ба хотири равнақу инкишофи забони тоҷикӣ ва ба ҳамин восита пешрафти фарҳанги миллӣ вазифаҳои бомасъулиятро мегузорад. Тавре ки дар суҳбат бо намояндагони зиёиёни кишвар аз тарафи Президенти мамлакат зикр гардид «...мо пеш аз ҳама барои рушди солими забони давлатӣ тамоми тадбирҳоро меандешем....».
Барои ба даст овардану таҳким бахшидани истиқлоли фарҳангии миллӣ пеш аз ҳама пояҳои забони миллиро мустаҳкам намудан зарур аст. Забони тоҷикӣ фақат ҳамон вақте забони илму фарҳанг мегардад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оаврда шавад.
Истиқлоли фарҳангии миллат тақозо дорад, ки мо тамоми риштаҳои ҳаёти фарҳангии ҷомеаро ба таври яксон ва муназзам инкишоф дода, бедории миллӣ ва фарҳангии тоҷиконро баланд бардорем. Албатта, истиқлоли фарҳангӣ ва инкишофу такомули он аз иқдому чорабиниҳои алоҳида иборат набуда, он як барномаи тарҳрезишудаи куллиро мехоҳад, ки бояд ҳам кудакистону боғчаҳо, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишгоҳҳову муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҳам муассисаву ташкилотҳои фарҳангӣ (театр, китобхона, осорхонаҳо ва ғайра), матбуоту радио ва телевизион, хулоса, тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирад. Асоси ин барномаи умумӣ бояд пеш аз ҳама густаришу инкишофи забони модарӣ гардад. Таҳияи чунин барномаи ҷомеъ ва зарурати дар амал пиёда намудани он дар суханронии Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо намояндагони зиёиёни кишвар махсусан таъкид шудааст: «Шояд маҷмуи ин масъалаҳо таҳия намудани барномаи мушаххаси давлатиро тақозо дошта бошанд. Ба ҳар ҳол проблема хеле ҷиддӣ аст. Ба масъалаи забон ва паҳлуҳои гуногуни он муфассал таваққуф кардани ман бесабаб нест. Зеро забон калиди дониш ва маърифат аст». Истиқлол ва равандҳои сиёсиву фарҳангии давраи навини рушди таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди равшанфикрон ва зиёиёни кишвар вазифаҳои нав мегузорад.
Дар ин марҳилаи таърихсоз муайян кардани самтҳои асосии инкишофи ҷомеа, тарбияи наслҳои имрӯза дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва бад-ин василаву роҳҳои дигар таъмини истиқлолияти фарҳангӣ ва вазифаҳои асоситарини на танҳо равшанфикрон ва аҳли зиё, балки ҳар фарди тоҷик мегардад. Тавре ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориён то Сомониён» мефармоянд: «Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои тарихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст» .
Дар ин ҷода бояд олимон ва донишмандони риштаи забон ва адабиёт дар сафи пеши мубориза қарор гиранд. Бинобар ин, дурнамои рушди илми филологияи тоҷик пеш аз ҳама ба сатҳи тайёрии касбии донишмандони ин ришта сахт марбут аст. Тайёрӣ ва омодагии касбии онҳо дар навбати худ ба ҳосил кардани донишу малакаи илмӣ, истифода аз дастовардҳои охири илму техника, амиқ ва ҳамаҷониба омӯхтани забону фарҳанги миллат дар асоси усулҳои нави таҳқиқоти илмиву амалӣ алоқаманд аст. Махсусан, дар асарҳои Президенти кишвар «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» ва дар китоби сеюми «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ба масъалаҳои инкишофи илми забоншиносӣ, пажуҳиши таърихи забони тоҷикӣ ва лаҳҷаҳову шеваҳои он, таҳқиқи забонҳои эронитабор ва инкишофи забоншиносии муқоисавӣ аҳамияти зиёде дода, самтҳои асосии пешрафти илми забоншиносӣ муайян шудааст.
Дар мавриди таҳқиқи масъалаҳои гуногуни тоҷикшиносӣ аз муайян кардани номи миллат, номи забон ва сарзамин то ҷузъитарин ва хурдтарин масъалаҳои он густариши таҳқиқоту пажуҳишҳои этнолингвистӣ ва этноситсиолингвистиро низ дар назар бояд гирифт. Ин ҷанбаи забоншиносӣ нисбатан бахши нави пажуҳиши буда, дар шароити кунунӣ бар пояи он назария ва равияҳои мухталифи илми забоншиносӣ ба вуҷуд меоянд. Таҳқиқи илмии сиёсати давлатии забон, ба танзим даровардани муносибати байни забонҳо, масъалаҳои забони давлатӣ ва танзими муносибати байни забонҳои давлатӣ ва забонҳои маҳаллӣ бахше аз мавзуъҳои ин ришта мебошад.
Этнолингвистика илмест, ки алоқамандии забон ва этносро меомӯзад. Ин соҳаи забоншиносӣ ба мардумшиносӣ, лаҳҷашиносӣ, фолклоршиносӣ, равоншиносӣ ва таърихи забон алоқаманд аст. Омӯзиши этнолингвистика барои равшан намудани баъзе масъалаҳои печидаи равобити забон ва этнография, забон ва фарҳанг, забон ва асотир, забон ва фолклор аҳамияти илмиву назариявӣ дорад. Масалан, аз лиҳози лингвистӣ ва этнолингвистӣ муайян кардани истилоҳи «забони ориёӣ» дар забоншиносии муосир хеле муҳим аст. То ин дам дар байни забоншиносон забони ориёӣ забони умумии ҳиндуориёҳо ва эрониҳо дониста шуда, замони ин умумият тақрибан дувуним- се ҳазор сол пеш аз милод муайян гардида буд. Вале имрӯз собит шудааст, ки яке аз забонҳои расмӣ давлатдории Ҳахоманишиён ва Кушониён забони ориёӣ будааст. Ин нуқта аз тарафи Эмомалӣ Раҳмонов дар китоби сеюми Президенти кишвар «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба таври зерин тасдиқ шудааст: «Бозёфтҳои катибаи Сурхкӯтал ва катибаи Работак дар музофоти Қундузу Бағлони Афғонистон дар илми кӯшоншиносӣ инқилоби тозае ангехта, бо бурҳони қотеъ собит намуд, ки Кӯшониён забони Бохтариро бо номи забони ориёӣ пазируфта, дар коргузории маъмурӣ ва рисолати давлатдорӣ ҷорӣ намудаанд.» Чунин тахмин кардан мумкин аст, ки забони ориёӣ ҳамчун забони расмии умумӣ дар байни эронитаборон дар давраҳои қадим ва миёна истифода мешудааст. Барои ба ҳақиқати илмӣ табдил додани ин фарзия пажуҳишҳо ва таҳқиқотҳои шинохти забонҳои эрониро ҳамаҷониба тақвият ва густариш бояд дод. Хушбахтона, аксарияти забонҳои эронӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд. Тавре ки Президенти кишвар дар китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» мефармояд: «Имрӯз Тоҷикистон аз ҷиҳати боигарии забонӣ низ мисли як осорхонаи таърихӣ зинда аст. Чандин забонҳои қадимаи мутааллиқ ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ дар Бадахшон ва яғнобӣ дар болооби дарёи Зарафшон ҳанӯз ҳам мавҷуданд. Ин забонҳо як лабораторияи бебаҳои таърихи забон буда, онҳоро ҳифз кардан ва ҳарчи беҳтар аз лиҳози илмӣ, хосатан этнолингвистӣ, омӯхтан зарур аст»
Суннатҳои маҳаллии мардуми Бадахшон ва Яғноб низ идомаи суннатҳои гузаштаи шарқии эронӣ, бавижа суғдиву бохтарӣ мебошад. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи тамоми суннатҳои шарқи эронӣ дар ин минтақаҳо хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Яке аз ҷолибтарин суннатҳои маҳаллӣ ҳунарҳои дастии ин мардум аз қабили кулолӣ, бофандагӣ, осиёбсозӣ, ресандагӣ ва тибби халқӣ ва муолиҷаи халқии бемориҳо мебошад. Аҳамияти пажҳиши гуногунҷабҳаи забоншиносии ин забон ҳоро ба назар гирифта, Президенти кишвар мефармояд: «Ба назарам дар натиҷаи таҳаввулоти давраи нави таърихихи миллатамон шояд забонҳои помирӣ бар асари марҳалаи сифатан нави равобит ва таъсири мутақобил тағйиру таҳаввули ҷиддии ногузир хоҳанд дид, вале мо бояд кӯшиш кунем, ки ин забонҳо ҳамчун сарвати маънавии халқамон ҳифз шаванд.» Барои пажуҳиш ва таҳқиқи ин забонҳо ва инчунин дигар забонҳои эронӣ имкон дорад, ки дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ шуъбаи нави забонҳо ва гӯйишҳои эронӣ таъсис шавад.
Яке аз масъалаҳои мураккаби дигар, ки ба рушди забони тоҷикӣ алоқаи ногусастанӣ дорад, ин фазои иттилоотӣ мебошад. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, дар Тоҷикистон фазои иттилоотӣ ба забони тоҷикӣ пурқувват нест. Матбуот, радиову телевизион ва фазои иттилоотии компютерӣ, ки се унсури асосии иттилоотӣ мебошанд, бештар ҷанбаи русӣ доранд. Яъне дар пахшу нашри ин расонаҳо забони давлатӣ ва бартарӣ доштани он дар фазои иттилоотӣ умуман ба назар гирифта намешавад. Ба ҷузъ аз якчанд рӯзномаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба забони тоҷикӣ, аксарияти нашрияҳо ба забони русӣ чоп мешаванд. Системаи радио ва телевизион низ ба ҳамин минвол аст. Имрӯз дар саросари ҷаҳон иттилооти компютерӣ ва технологияи компютерӣ аҳамияти бештар пайдо карда дар бисёр ҳолат иттиооте, ки ба воситаи компутерҳо гирифта мешавад, аз дигар расонаҳои дида бартарӣ ва афзалият дорад, вале забони тоҷикӣ то имрӯз дар ин бахш ҷои худро пайдо накардааст. Бояд тазаккур дод, ки бо паҳн шудани технологияи компютерӣ ва пайванд шудани тамоми манотиқи Тоҷикистон ба як маркази умумии компютерӣ барои рушди забони тоҷикӣ саҳифаи нав кушода мешавад.
Барои ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ бояд тамоми ҷанбаҳои истифодаи он дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар назар гирифта шавад. Барои он бояд забони тоҷикӣ дар ин соҳаҳо бо як низоми муайяни барномарезишуда истифода шавад. Принсипҳои асосии истилоҳсозии забони тоҷикӣ низ мавриди бозбиниву таҷдид қарор гирад. Ин принсипҳо бояд дар асоси таҷрибаҳои андӯхтаи забони тоҷикӣ дар солҳои охир, таҷрибаи хамзабонони мо дар Эрону Афғонистон ва дастовардҳои ахири илми забоншиносӣ таҳия шавад. Муносибатҳои забонӣ ва доду гирифти истилоҳоти нав дар байни ҳамзабонон дар даврони шуравӣ хеле маҳдуд бошад ҳам ба таври ғайрирасмӣ вуҷуд дошт. Масалан, аз охири солҳои бистуми асри ХХ ҷараёнҳои табдили алифбо, сода ва осон кардани забон, ба вуҷуд овардани забони меъёр ё ин ки забони адабӣ дар ҳар се кишвар ба таври ҷиддӣ амалӣ мегардид ва дар Эрон низ дар фикри бознигарӣ ва ислоҳи забони худ буданд. Вале шароити мусоид барои нуфузи истилоҳот ва вожаҳои тозаи ҳамзабонон ба забони тоҷикӣ баъд аз солҳои 80-ум оғоз ёфт. Махсусан, баъди ба истиқлолият расидани ҶТ мамониатҳои идеологии даврони шӯравӣ бартараф гардиданд ва дар заминаҳои гуногуни фарҳангӣ ва маънавӣ, аз ҷумла адабиёт ва забон имкониятҳои мусоиди табодули таҷриба ва истифода аз дастовардҳои ҳамдигар ба вуҷуд омад ва ба забони тоҷикӣ аз захираи истилоҳоти навсохти форси муосир истилоҳоти зиёде ворид шуд.
Имрӯз метавон аз ҳазорҳо луғату истилоҳоти риштаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, аз қабили бозрасӣ, фурудгоҳ, гирдиҳамоӣ ном бурд, ки дар матбуоту забони мардум ва осори нависандагон истифода шуда, эҳсоси бегонагӣ намекунанд. Имрӯз барои забоншиносони тоҷик шароити мусоиде фароҳам шудааст, ки барои ҳамгунсозии истилоҳоти тоҷикӣ-форсӣ ва дарӣ дар сатҳи умумӣ корҳои зиёдеро анҷом диҳанд, чунки дар сатҳи умумӣ ин кор ҳадди ақал дар ҳавзаи истилоҳоти иҷтимоӣ-сиёсӣ имкон дорад. Ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавӣ ва махсусан истилоҳоти илми-техника ва технология дар зери таъсири омилҳои гуногун ба ақидаи мо заҳмат ва фурсати бештарро талаб мекунад, чунки ин ришта дар ин се минтақаи густариши забон хусусиятҳои хоси худро дорад. Вале дар ҷараёни ҳамгунсозии истилоҳот ва доду гирифти вожаҳо ва баҳрабардорӣ аз истилоҳоти ҳамзабонон набояд хусусиятҳои хос ва вижагиҳои забони тоҷикиро фаромӯш кард, чунки забони тоҷикӣ дар минтақаи инкишофи худ дорои вижагиҳои хос аст (Идома дорад).
Назарзода С., д.и.ф., узви вобастаи АМИТ, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ