Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Инъикоси Ҳадафҳои рушди устувор дар ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама бо соҳаи захираҳои об алоқаманд мебошад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои глобалии об дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи намоён дорад ва нақши ташаббускоронаи кишвар дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври равшан таҷассум меёбад.

Тоҷикистон тавассути амалисозии иқдомҳои созанда, аз қабили эълони Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), на танҳо дар афзоиши маърифати ҷаҳонӣ оид ба масоили об саҳм гузоштааст, балки ҳамзамон барои таъмини дастрасии бехатари аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодабарии об, истифодаи устувори захираҳои об ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ талош меварзад.

Тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, васеъшавии шаҳрҳо ва зиёд гардидани талабот ба об масъалаи идоракунии самараноки захираҳои обро ба яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи рӯзномаи байналмилалӣ табдил додааст. Санаи 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид Қатъномаро дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018–2028 қабул намуд, ки онро 177 кишвари узви СММ дастгирӣ карданд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 12 апрели соли 2015 дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардида буд. Ин иқдом идомаи мантиқии ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005–2015), мебошад.

Вазъияти имрӯзаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки мушкилоти об ҳанӯз яке аз мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мондааст. Аҳолии ҷаҳон пайваста афзоиш меёбад ва талабот ба оби нӯшокӣ ва захираҳои энергетикӣ ҳамасола зиёд мешавад. Тибқи маълумоти UN Water (2023), имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 2,2 миллиард нафар ба оби тозаи нӯшокӣ ва шароити санитарии мувофиқ дастрасӣ надоранд. Ҳамзамон, 3,4 миллиард нафар шароити кофии беҳдошт ва наздик ба 1,7 миллиард нафар ҳатто имкони истифодаи василаи одии шустани дастҳоро надоранд. Инчунин офатҳои табиии марбут ба об, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ ва камобӣ, ҳамасола ба иқтисодиёти кишварҳо зиёда аз 60 миллиард доллари ИМА зарар мерасонанд.

Ин вазъият на танҳо ба саломатӣ ва некуаҳволии аҳолӣ, балки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо низ таъсири манфӣ мерасонад ва бори дигар зарурати татбиқи тадбирҳои ҷиддӣ ва амалии сатҳи ҷаҳониро таъкид мекунад. Бо дарки амиқи чунин масъулият, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таҳдидҳои муосир, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, норасоии захираҳои об ва афзоиши сатҳи камбизоатӣ, ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, то бо тадбирҳои ҳамоҳангшуда, иродаи муштарак ва масъулияти баланд чораҳои муассир андешанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои нақши калидӣ мебошад. Ҳамасола дар қаламрави кишвар тақрибан 64 миллиард метри мукааб об ташаккул меёбад, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии тамоми минтақаи Осиёи Марказиро дар бар мегирад. Ин нишондиҳанда на танҳо аҳамияти стратегии Тоҷикистонро дар таъмини амнияти обии минтақавӣ муайян мекунад, балки мавқеи кишварро ҳамчун иштирокчии калидӣ дар сиёсати обӣ муаррифӣ менамояд. Бо вуҷуди ин, таҳаввулоти ахири иҷтимоӣ ва демографӣ, аз ҷумла афзоиши аҳолӣ, вусъат ёфтани заминҳои обёришаванда ва болоравии талабот ба об, зарурати ҷорӣ кардани механизмҳои муосири идоракунии устувори захираҳои обро бештар менамояд. Гузариш ба усулҳои самараноку устувори истифода ва ҳифзи об, тавассути ҳамкорӣ ва идоракунии муштарак дар сатҳи минтақавӣ, омили муҳими таъмини рушди ҳамгиро ва осоиштаи кишварҳои минтақа ба ҳисоб меравад.

Вазъи захираҳои об дар минтақаи Осиёи Миёна дар давоми асри XX ва аввали асри XXI тағйироти ҷиддӣ ва нигаронкунандаеро паси сар намудааст. Агар дар аввали қарни гузашта масоҳати заминҳои обёришаванда ҳамагӣ 2,5–3 миллион гектар буд, то охири садсола ин нишондод ба 8,5 миллион гектар расид. Аҳолии минтақа аз 20 миллион нафар соли 1956 то ба 65 миллион нафар имрӯза афзоиш ёфтааст. Дар оғози солҳои 1960-ум кишварҳои Осиёи Миёна солона тақрибан 60 км³ об истифода мекарданд, ҳоло бошад ин нишондиҳанда ба 110 км³ расидааст ва пешгӯиҳо нишон медиҳанд, ки то соли 2030 истеъмоли об метавонад то 20% дигар афзоиш ёбад. Ин ҳолат зарурати тадбирҳои таъҷилӣ барои истифодаи самаранок ва устувори захираҳои обро тақозо менамояд.

Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ тадбирҳои муассир роҳандозӣ намудааст. Барои пурра гузаштан ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, «Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016–2025»-ро амалӣ намудааст. Илова бар ин, таҳияи «Стратегияи миллии об барои давраи то соли 2040» ва «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2032», ҳамчунин таъсиси низоми ягонаи иттилоотии соҳаи об, аз иқдомҳои калидии кишвар маҳсуб меёбанд. Барномаҳо ва стратегияҳои мазкур масъалаҳои беҳбуди маданият ва истифодаи сарфакоронаи об, ҳамчунин ҷорӣ намудани технологияҳои нави обёриро дар бар мегиранд.

Дар доираи гузариш ба «иқтисоди сабз», захираҳои об нақши стратегӣ доранд. Зиёда аз 98% неруи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикӣ истеҳсол мешавад ва нақша аст, ки то соли 2032 ин нишондиҳанда ба 100% расонида шавад, яъне тавлиди неруи барқ пурра аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда амалӣ гардад. Ин тадбирҳо барои расидан ба ҳадафи дигари кишвар - то соли 2037 табдил додани Тоҷикистон ба «кишвари сабз» - мусоидат мекунанд.

Барномаи кабудизоркунии табиати кишвар то соли 2040 пешбинӣ мекунад, ки зиёда аз 2 миллиард ниҳол шинонида шавад, ки ба беҳбуди муҳити зист ва баланд бардоштани иқтидори экосистемаи кишвар мусоидат мекунад.

Дар робита бо ҳамкории фаромарзӣ, Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои об зоҳир менамояд. Ин тадбирҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам минтақавӣ барои идоракунии устувори захираҳои об ва рушди экологии кишвар стратегияи мушаххас ва самаранок дорад.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» як қатор ҳадафҳои стратегиро дар бар мегирад, аз ҷумла рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои марбут ба об, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи дониш ва мубодилаи иттилоот дар соҳаи об, ҷалби фаъолонаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ба раванди қабули қарорҳо ва тақвияти фаъолияти иттилоотӣ ва иртиботӣ дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» на танҳо иқдоми сиёсӣ, балки платформаи муҳими ҳамкории илмӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускор шаҳодати мавқеи фаъоли кишвар дар ҳалли масъалаҳои глобалии об аст. Татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои Даҳсола метавонад заминаи боэътимод барои истифодаи оқилона ва устувори захираҳои об, таъмини рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва таҳкими амнияти минтақавию байналмилалӣ фароҳам оварад.

Пуштибонии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 10 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҷассумгари нақши фаъол ва калидии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки барои суръатбахшии амалҳо дар соҳаи об асоси воқеӣ гузоштааст, қобили таъкиди гуфтаҳои болост.

Алиев Фирдавс – муовини директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, бори дигар аҳаммияти стратегии ҳифз ва омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси пурғановату таърихию фарҳангии халқи тоҷикро таъкид намуд. Дар ин санади барномавӣ ба соҳаи археология, ки рушди он мустақиман бо масъалаҳои худшиносии миллӣ, хотираи таърихӣ ва соҳибихтиёрии фарҳангии давлат алоқаманд аст, таваҷҷуҳи хоса дода шуд.

Яке аз нуктаҳои муҳимми Паём ин дастури Сарвари давлат дар бораи ҳарчи зудтар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи «Қонун дар бораи археология» мебошад. Қабули қонуни мазкур иқдоми басо ҳам саривақтӣ ва ниҳоят муҳим буда, бахусус бо назардошти он, ки зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзеъҳои бостоншиносӣ - шаҳракҳои қадима, масканҳои бостонӣ, гӯристонҳо, қалъаҳо ва дигар мавзеъҳои таърихӣ иборатанд ва таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷикро инъикос менамоянд. Тибқи маълумоти расмии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2020 инҷониб дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 3413 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шуданд.

Бояд қайд кард, ки то ҳол мавҷуд набудани қонуни махсуси соҳавӣ дар бораи археология як навъ фазои холигии ҳуқуқиро ба вуҷуд меорад, ки он барои ҳифзи ёдгориҳо, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, назорат бар корҳои сохтмонӣ дар мавзеъҳои таърихӣ-археологӣ, инчунин мубориза бо кофтуковҳои ғайриқонунӣ ва хориҷ кардани арзишҳои фарҳангиро ба таври ҷиддӣ мушкил мегардонад.

Қабули қонуни дахлдор вазъи ҳуқуқии ёдгориҳои археологӣ, тартиби муайян кардан, ба қайд гирифтан, таҳқиқот, ҳифз ва истифодабарии онҳоро аниқ муайян намуда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муассисаҳои илмӣ, мутахассисони соҳавӣ ва мақомоти давлатиро муқаррар мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба дастовардҳои назарраси кишвар дар самти эътирофи байналмилалии мероси фарҳангӣ махсусан таъкид намуданд.

Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ёдгории фарҳангии Хуттали қадим, ки дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон ҷойгиранд, ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Дар баробари ин, қабули қатъномаи ЮНЕСКО оид ба эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ дар истеҳсоли сӯзанӣ», ҳамчунин қарор дар бораи ҷашн гирифтани 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027, аз эътирофи баланди байналмилалии мероси фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷик ва мавқеи вижаи он дар тамаддуни ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд.

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни таъсис додани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилиалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе таъкид намуданд. Таъсиси ин марказҳо ба таҳкими ҳувияти миллӣ тавассути омӯзиши амиқи асли миллати тоҷик ва таблиғи фалсафаи «пиндору гуфтор ва рафтори нек» равона шудааст. Аҳаммияти таъсиси ин марказҳо дар сатҳи байналмилалӣ мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун меросбари тамаддуни ориёӣ ва Маркази ҷаҳонии арзишҳои муттаҳидкунандаи Наврӯз боз ҳам мустаҳкам мекунанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдгории беназири бостонии кишоварзии Саразмро мисол оварданд, ки ҷомеаи илмии байналмилалӣ онро яке аз муҳимтарин объектҳои муҳимми бостоншиносии ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ эътироф кардааст. Синну соли ёдгории нодири Саразм ба 5500 сол расида, ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудани он сатҳи баланди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии аҳолии бостонии минтақаро равшан инъикос менамояд ва далели асосноки решаҳои амиқи таърихии тамаддуни тоҷикон мебошад.

Дар заминаи эътирофи афзояндаи байналмилалии мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати таҳияи заминаи мустаҳкам ва ҳамаҷонибаи ҳуқуқии соҳаи археология махсусан мубрам гардид. Қабули қонун дар бораи бостоншиносӣ ба рушди муназзами илми бостоншиносии ватанӣ, фароҳам овардани механизмҳои устувори омода кардани кадрҳои илмии миллӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибихтисос ва тахассусӣ ба корҳои бостоншиносӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Бар замми ин, қонуни соҳаи археология воситаи муассир барои пешгирии ғорату харобшавии ёдгориҳои таърихӣ, ғасби ғайриқонунии онҳо, истифодаи беиҷозати замин ва сохтмони худсарона дар ҳудуди ёдгориҳои археологӣ мегардад. Инчунин қабули қонуни мазкур назорати давлатиро ба ҳифзи ёдгориҳои археологӣ боз ҳам пурзӯртар намуда, ҷавобгарии қонуниро бо мақсади вайрон кардани талаботи қонун низ таъмин намуда, барои аз ҷихати илмӣ асоснок омӯхтан, ҳифз кардан ва оммавӣ гардондани мероси археологӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Инчунин бояд гуфт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ як ниҳоди махсус: Агентии ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Вазифаи асосии ин ниҳод бозсозӣ, барқарорсозӣ, тармимкунӣ ва ҳифзи ёдгориҳо, рушди сайёҳии фарҳангӣ-таърихӣ, инчунин бақайдгирии дубораи объектҳо ва ворид намудани онҳо ба Феҳристи миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ба Феҳристи ЮНЕСКО, бо мақсади оммавӣ ва ҳифзи ҳуқуқии онҳо мебошад. Фаъолияти ниҳоди мазкур як ҷузъи муҳимми амаликунонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг гардида, ба ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангии бостонии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Ҳамин тариқ, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳия ва қабули «Қонун дар бораи археология» хусусияти стратегӣ ва дарозмуддат дорад.
Хулоса, ҳадафи асосӣ аз қабули қонуни мутазаккир ҳифзи хотираи таърихӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва таъмини ҷойгоҳи сазовори мероси бостоншиносии Тоҷикистон дар заминаи фарҳанги ҷаҳонӣ ва ҳифзи он барои наслҳои оянда маҳсуб меёбад.

Маснав НАВРУЗБЕКОВ – ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ

Мақолаи муҳтарам Қобилҷон Хушвахтзода бо унвони "Пешвои миллат ва ташаккули истиқлоли давлатӣ" як таҳқиқоти амиқ ва арзишманди илмӣ дар соҳаи таърихи сиёсӣ ва сиёсатшиносии муосири Тоҷикистон мебошад. Ин асар, ки дар саҳифаҳои 49-85 китоби “Масири сарнавиштсоз” (Душанбе: “Ирфон”, 2025. 248 саҳ.) нашр шудааст, ба таври ҳамаҷониба ва мантиқӣ нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон баррасӣ менамояд. Аз нуқтаи назари илмӣ, мақола бо истифода аз далелҳои мӯътамади таърихӣ, ҳуҷҷатҳои расмӣ ва таҳлилҳои ҳуқуқии конститутсионӣ бой гардидааст, ки онро ба манбаи муҳими илмӣ барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва хонандагони васеъ табдил медиҳад. Муаллиф бо маҳорати баланд мафҳуми истиқлоли давлатиро ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ муайян карда, онро бо соҳибихтиёрии халқӣ, миллӣ ва давлатӣ алоқаманд месозад.

Муаллиф аз дидгоҳи ҳуқуқи конститутсионии муосир ба масъалаи соҳибихтиёрӣ назар афканда, онро ба се навъ – халқӣ, миллӣ ва давлатӣ – тақсим намудааст. Ин тақсимот комилан илман асоснок буда, ба назарияҳои классикии ҳуқуқшиносӣ такя мекунад. Таъкид мешавад, ки дар замоне ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд, ҳар се навъи соҳибихтиёрӣ дар ҳолати таназзул қарор доштанд ва танҳо таҳти роҳбарии ӯ соҳибихтиёрии амалӣ таъмин гардид. Ин таҳлилҳо бо истинод ба санаҳои муҳимми таърихӣ – эълони соҳибихтиёрӣ (24 августи 1990) ва истиқлоли давлатӣ (9 сентябри 1991) – пуштибонӣ мешаванд. Муаллиф ҳамчунин соҳибихтиёрии давлатиро ба намудҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ғайра ҷудо карда, мустақилияти комили давлатро шарҳ медиҳад.

Яке аз бахшҳои муҳими мақола "Қадамҳои таърихии Пешвои миллат дар ташаккули соҳибихтиёрии давлатӣ" мебошад. Муаллиф фаъолияти Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи ноябри 1992)-ро ҳамчун нуқтаи тақдирсоз таҳлил намуда, 23 масъалаи баррасишударо зикр мекунад. Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ (бо Қарори №682) ҳамчун қадами таърихӣ арзёбӣ мешавад. Муаллиф панҷ гурӯҳи асноди меъёрии ҳуқуқиро, ки дар иҷлосия қабул гардиданд, ҷудо карда, нақши онҳоро дар барқарорсозии ҳокимият, хотимаи ҷанг ва ҳифзи истиқлол шарҳ медиҳад. Ин таҳлилҳо бо далелҳои ҳуҷҷатӣ ва таърихӣ комилан асоснок мебошанд.

Дар мақола ба таври муфассал ба таъсиси рамзҳои давлатӣ – Парчам ва Нишони давлатӣ – дар Иҷлосияи XVI таваҷҷӯҳ зоҳир шудааст. Муаллиф таъкид мекунад, ки ин рамзҳо пас аз эъломияҳои соҳибихтиёрӣ ва истиқлол ташаккул ёфтанд ва нақши бевоситаи Пешвои миллат дар ин раванд муҳим буд. Муроҷиатномаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 декабри 1992 ҳамчун барномаи мушаххаси бунёди давлати муосир ва демократӣ арзёбӣ мешавад. Ислоҳоти низоми идора ба се давра тақсим карда шуда, таъсиси институти президентӣ, парлумони касбӣ, ҳукумати ҷавобгӯ ва ҳокимияти судии мустақил барҷаста гардонида шудаанд. Ин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар муддати зиёда аз 30 сол ба сафи давлатҳои муосири миллӣ ворид гардид.

Бахши таъмини амният ва ваҳдати миллӣ аз ҷиҳати эҳсосӣ ва илмӣ хеле пурқувват аст. Муаллиф ба қасами таърихии Пешвои миллат дар назди Парчами давлатӣ ва қонунҳои аввалини Иҷлосияи XVI ("Дар бораи гурезагон" ва "Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллӣ") ишора мекунад. Аз Муроҷиатномаи 12 декабри 1992 иқтибосҳо оварда шудаанд, ки дар онҳо қасами садоқат ба сулҳ зикр ёфтааст. Таҳлили 80 муроҷиатнома, хитоба ва суханрониҳои Пешвои миллат то соли 1997 нишон медиҳад, ки ҳамаи онҳо ба ваҳдати миллӣ бахшида шудаанд. Ин далелҳо нақши Пешвои миллатро ҳамчун қаҳрамон ва наҷотбахши миллат ба таври илмӣ собит мекунанд.

Мақола ба интихоби роҳи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунад. Муаллиф ин масъаларо ҳамчун санги асосии муноқишаҳои сиёсӣ дар замони ҷанг арзёбӣ карда, таъкид мекунад, ки Пешвои миллат ҳаққи худмуайянкунии халқро эҳтиром гузоштанд. Иқтибосҳо аз Муроҷиатномаи 12 декабри 1992 ва изҳороти солинавӣ нишон медиҳанд, ки роҳи демократӣ ва ҳуқуқбунёд аз рӯзҳои аввал муайян гардид. Муқоисаи Пешвои миллат бо шахсиятҳои бузурги таърихӣ ба мисли Т. Ҷеферсон, Ҷ. Вашингтон ва М. Гандӣ илман асоснок ва ҷолиб аст, ки арзиши таърихии интихоби роҳро таъкид менамояд.

Дар қисми марбут ба таҳия ва қабули Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллиф ба таври муфассал ташаббусҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соли 1993 баррасӣ менамояд. Изҳороти Сарвари давлат дар бораи зарурати омода кардани лоиҳаи Конститутсияи нав ва пешниҳоди он ба муҳокимаи умумихалқӣ ҳамчун қадами таърихӣ арзёбӣ мешавад. Муаллиф таъкид мекунад, ки лоиҳа дар муддати зиёда аз ду моҳ муҳокима шуда, беш аз 8500 пешниҳод аз ҷониби мардум ворид гардид ва маҳз бо ҳамин сабаб он "халқӣ" номида шуд. Қабули Конститутсия 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ҳамчун яке аз аввалинҳо дар фазои пасошӯравӣ зикр ёфтааст. Ин таҳлилҳо илман асоснок буда, нақши Пешвои миллатро ҳамчун "падар ва асосгузори" Конститутсияи муосири тоҷикон собит мекунанд.

Муаллиф ба таҳияи низоми ҳуқуқии миллӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда, Конститутсияи соли 1994-ро бо ислоҳотҳои минбаъда ҳамчун асоси давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ менамояд. Принсипҳои асосӣ – соҳибихтиёрии халқ, гуногунандешии сиёсӣ, арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҷудоии дин аз давлат, гуногунии моликият ва таҷзияи ҳокимият – бо далелҳои мушаххас шарҳ дода шудаанд. Таъкид мешавад, ки ин ислоҳотҳо аз Иҷлосияи XVI сарчашма гирифта, дар суханронии Пешвои миллат ба муносибати 20-солагии иҷлосия (соли 2012) инъикос ёфтаанд. Низоми ҳуқуқии Тоҷикистон дар заминаи оилаи ҳуқуқии романию олмонӣ бо назардошти анъанаҳои тоисломӣ ва исломӣ мукаммал гардидааст, ки ин таҳлил арзиши баланди илмӣ дорад.

Бахши ислоҳоти бузурги маънавӣ аз тариқи ҳуқуқ яке аз қавитарин қисматҳои мақола мебошад. Муаллиф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (моҳи июни соли 2007)-ро ҳамчун нахустин қонуни миллӣ арзёбӣ карда, ташаббуси бевоситаи Пешвои миллатро дар он барҷаста мекунад. Ин қонун ҳамчун оғози ислоҳоти иҷтимоӣ ва маънавӣ тасвир шуда, ба коҳиши исрофкорӣ ва беҳбудии ҳаёти иқтисодии мардум мусоидат кардааст. Иқтибос аз суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 24 майи соли 2007 дар бораи алоқаи танзим бо паст кардани сатҳи камбизоатӣ далели муҳими илмӣ мебошад. Муаллиф ин ислоҳотро ҳамчун тарбияи маънавӣ ва ҳифзи манфиатҳои мардум таҳлил менамояд.

Дар бахши ҳифзи маънавии истиқлоли давлатӣ муаллиф ба бедор кардани эҳсоси ватандорӣ таваҷҷӯҳи амиқ зоҳир кардааст. Таҷлили ҷашнҳои бузурги таърихӣ – 1100-солагии давлати Сомониён (1999), Соли тамаддуни ориёӣ (2006), 5500-солагии Саразм ва ғайра – ҳамчун роҳи шиносоии мардум бо мероси фарҳангӣ арзёбӣ мешавад. Қадршиносӣ аз шахсиятҳои таърихӣ ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон, чопи асарҳои ниёкон ва эҳёи тафаккури қаҳрамонона илман асоснок шарҳ дода шудаанд. Ин чорабиниҳо ҳамчун манбаи ғоявии муҳофизати истиқлол ва пайвасти мероси таърихӣ бо давлатдории муосир муҳим мебошанд.

Муаллиф соли 2009-ро ҳамчун соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон кардани Пешвои миллатро барҷаста мекунад, ки бо чопи беш аз 300 ҳазор нусхаи Қуръони карим ва асарҳои мутафаккирони тоҷик ҳамроҳ буд. Ин амалҳо барои ҳифзи ақидаи ҳанафӣ ва муқобила бо тундравӣ муҳим арзёбӣ мешаванд. Ҳифзи истиқлол ба ду самт – маънавӣ ва низомӣ – тақсим карда шуда, нақши Пешвои миллат дар таъсиси артиш, мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъкид мегардад. Ин таҳлилҳо далелҳои фаровон дошта, арзиши баланди илмӣ ва амалии онҳоро нишон медиҳанд.

Дар бахши вусъат бахшидани раванди демократикунонӣ муаллиф таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳамчун платформаи муттаҳидкунандаи ғояҳои созандагӣ ва ваҳдат арзёбӣ мекунад. Мавҷудияти 7 ҳизби сиёсӣ, интихоботҳои солҳои 1994–2020, узвият дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва моратория ба ҳукми қатл ҳамчун далелҳои гуногунандешии сиёсӣ оварда шудаанд. Муаллиф Пешвои миллатро ҳамчун шахсияти нухбагони сиёсати ҷаҳонӣ тавсиф карда, сифатҳои ӯро – демократ, ислоҳотгаро, гуманист ва ғайра – барҷаста мекунад. Ин қисм бо таҳлилҳои амиқ ва муқоисаҳои илмӣ анҷом ёфта, рушди демократияро дар Тоҷикистон ба таври мӯътабар собит менамояд.

Муаллиф дар бахши ниҳоӣ ба ҳамкории байниҳизбӣ ва рақобати солими сиёсӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир кардааст. Таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун унсури муттаҳидкунандаи мардум атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат арзёбӣ мешавад. Барномаҳои ҲҲДТ дар интихоботҳои даврӣ бо ғояҳои ваҳдат ва ободкорӣ баромад карда, мардумро муттаҳид сохтааст. Инчунин, узвияти Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, имзои санадҳои ҳуқуқӣ ва эълони моратория ба ҳукми қатл ҳамчун далелҳои эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва стандартҳои ҷаҳонӣ оварда шудаанд. Ин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.

Дар қисми арзёбии мақом ва ҷойгоҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири таърихи тоҷикон муаллиф муқоисаҳои амиқ ва илман асоснок меорад. Пешвои миллат бо шахсиятҳои бузурги таърихӣ – Рӯдакӣ (поягузори адабиёти порсӣ), Исмоили Сомонӣ (бунёдгузори давлати мутамарказ), Садриддин Айнӣ (эҳёкунандаи забон) ва Бобоҷон Ғафуров (муаллифи "Тоҷикон") – муқоиса карда мешавад. Муаллиф таъкид мекунад, ки Пешвои миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нобудӣ наҷот дод, низоми давлатдории муосири тоҷиконро асос гузошт ва ҳаққи таърихии миллатро ба истиқлол татбиқ намуд. Ин муқоисаҳо арзиши баланди илмӣ дошта, рисолати давлатсозии Пешвои миллатро дар 35 соли истиқлол тасдиқ мекунанд.

Мақола дар маҷмуъ ҳамчун таҳқиқоти муҳим ва ҳамаҷониба барои фаҳмиши таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии муосири Тоҷикистон арзишманд аст. Муаллиф бо истифода аз далелҳои фаровон ва таърихӣ нақши таърихии Пешвои миллатро дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ собит мекунад. Ин асар метавонад ҳамчун манбаи муътбар барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва омӯзгорон хизмат кунад.

Мақола аз ҷиҳати сохтор хеле хуб ташкил шудааст: аз муқаддима то хулоса ҷараёни мантиқӣ ва пайдарҳам дорад. Истифодаи фаровон аз иқтибосҳои мустақим аз суханрониҳо, муроҷиатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои расмии Пешвои миллат арзиши илмиро боз ҳам баланд бардоштааст. Ин асар метавонад ҳамчун замина барои таҳқиқотҳои минбаъда дар соҳаи таърихи истиқлоли Тоҷикистон ва нақши шахсият дар давлатсозӣ хизмат кунад. Қадршиносӣ аз Пешвои миллат ҳамчун қарзи виҷдонӣ ва таърихии ҳар тоҷик таъкид гардидааст, ки ин паҳлӯи тарбиявӣ дорад.

Дар маҷмуъ, мақолаи муҳтарам Қобилҷон Хушвахтзода як дастоварди назарраси илмӣ мебошад, ки сатҳи баланди дониш ва масъулияти муаллифро ҳамчун Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишон медиҳад. Он ба таври ҳамаҷониба масъалаҳои асосии ташаккули истиқлоли давлатиро фаро гирифта, бо далелҳои мӯътамади таърихӣ ва ҳуқуқӣ пуштибонӣ мешавад. Ин асар барои нашр дар маҷаллаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва маводи тарбиявӣ комилан мувофиқ аст ва метавонад дар тарбияи насли ҷавон нақши муҳим бозад.

Хулоса, ман ҳамчун доктори илмҳои таърих мақолаи мазкурро мусбат арзёбӣ мекунам ва онро як кори илмии комил ва арзишманд мешуморам. Ин асар на танҳо ба ҳифзи хотираи таърихӣ, балки ба фаҳмиши амиқи равандҳои давлатсозӣ ва нақши шахсияти таърихӣ дар сарнавишти миллат мусоидат мекунад. Тавсия медиҳам, ки мақола нашр ва васеъ паҳн гардад, то ки саҳми он дар рушди илми таърих ва тарбияи ватандӯстии ҷомеа зиёдтар шавад. Тақризи мазкур далели қадршиносӣ аз кори илмии муаллиф ва эҳтиром ба мероси таърихии миллат мебошад.

ҚУРБОНОВА Ширин, сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Оии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.12.2025)

Ироаи Паём аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар матни он ибрози самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ, нишон аз соҳибистиқлолии кишвар ва ифодагари унсурҳои давлатдории демократию ҳуқуқбунёдӣ маҳсуб меёбад. Зикр намудан лозим аст, ки Паёмҳои ҳамасолаи Президенти кишвар аз рӯйи мазмуну мундариҷа ва гузориши вазифаву хусусиятҳояшон дарбаргирандаи масъалаҳои муҳим, ҳалталаб ва рӯзмарраи ҷомеаи мо мебошанд.

21Зикр намудан лозим аст, ки дар Паёми имсолаашон Сарвари давлат дар баробари масоили мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ ба ҷанбаҳои худшиносӣ ва ҳифзи асолати таърихию арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хосса намуда, ду пешниҳоди муҳим ва ниҳоят мубрам барои равандҳои фарҳангиву маънавии ҷомеаи имрӯзаи моро баён намуданд. Пешниҳоди эшон дар ин самт ин таъсиси Конуни Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе мебошад, ки пеш аз ҳама дар равандҳои пуртаззоди замони ҷаҳонишавӣ он барои ҳифзи асолати миллӣ ва мустаҳкам намудани хотираи таърихии мардумамон равона шудааст.

Дар баробари соли 2026-ро соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон кардан, Сарвари давлат зикр намуданд, ки «дар тамоми таърих тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем». Бо пешниҳоди бунёди ин марказҳо изҳор намуданд, ки «итминон дорам, амалӣ намудани иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад».

Воқеан, таъсиси марказҳои номбурда дар шароити имрӯзаи рақобати шадиди кишварҳову халқиятҳои мухталиф бар сари мероси гузаштаи маданияти моддиву маънавӣ, ки дар аксар вақт бегонагон фарҳанги моро соҳибӣ карданӣ мешаванд, имкон медиҳад, то мо ҳаққу ҳуқуқи худро ба ин сарвати азими гузаштаамон бештар донем ва дар хотираи таърихии миллиямон онҳоро мустаҳкам нигоҳ дорем. Барои мисол расму ойинҳои Наврӯзӣ, ки бо тамоми тору пудашон бо фарҳангу маънавиёти гузаштаи мо пайвандӣ доранд ва ифодагари рӯҳияи миллии мо мебошанд. Вале мутаассифона, сари баррасӣ ва дарки лозимаи онҳо ҳанӯз дар сатҳи тафаккури ҷамъиятии мо, яъне тафаккури диниву эътиқодӣ ва дидгоҳҳои миллиямон нофаҳмиҳое вуҷуд доранд. Ин мушкилотро Сарвари давлат дар Паёмашон зикр намуда, барҳақ қайд карданд, ки ойинҳои Наврӯзӣ ба ягон дину мазҳаб вобаста набуда, дар онҳо мавқеи марказиро робитаи инсон бо табиат ва кайҳон ва арзишҳои башарии ӯ ташкил медиҳад.

Воқеан, таҳлилҳо ва таҳқиқотҳои гуногуни илмӣ собит месозанд, ки Наврӯз аз ҷумлаи куҳантарин ва арзишмандтарин ҷашну идҳои мардумони эронитабор ва аз он ҷумла тоҷикон ба шумор рафта, ҳомили ҳикмату хиради баланди инсонӣ дар бораи робитаи инсон бо муҳити атроф мебошад. Он мансуби ақидаи ягон дину мазҳаби муайян набуда, балки пеш аз ҳама фалсафаи робитаи инсон бо табиат, ба коинот ва олами атрофро дар бар мегирад. Миллатҳои мутамаддин арзишҳо ва сарватҳои маънавию моддии худро тӯли ҳазорсолаҳо зина ба зина ва марҳила ба марҳила эҷоду сайқал дода, онҳоро ба наслҳои минбаъда ба мерос гузоштаанд. Ин сарватҳо аз унсурҳои гуногуни арзишӣ ба мисли ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, маънавиёт, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, адабиёт, дин, зебоишиносӣ, худшиносӣ ва ғайраҳо ташаккул ёфта, фақат дар якҷоягӣ умумияти томро ба вуҷуд овардаву аввал барои миллат ва баъд барои ҳамаи башарият аҳамият пайдо кардаанд. Онҳо ифодагари рӯҳияи миллат буда, симо ва намоди ӯро дар саҳнаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва ҳуввияти ӯро ҳифз менамоянд. Аз ҳам ҷудо ва як унсури ин томиятро, аз он ҷумла унсури диниро аз болои дигар арзишҳо чун унсури мутлақ ва ё меъёри таъйинкунанда қарор додан иштибоҳи ҷиддӣ буда, зинаи аввали тундравӣ ва ба таври умум вайронсозии томияти ин сарватҳо ва арзишҳо мебошад.

Матаассифона, дар байни иддае аз ҳамватанон ва ҳаммилатони хориҷии мо раванди мутлақгардонии дидгоҳҳои мазҳабӣ ва ҳукмравоӣ кардани онҳо ба ҳама сарватҳо ба назар мерасад, ки ин аввал дар ҷудо сохтани арзишҳо ба милливу динӣ зоҳир мешавад. Дар ин самт дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо перомуни таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ баҳсу мунозираҳои ноҷое ҷараён мегирад. Гарчи дар аксари онҳо таҳлилҳо ва баррасиҳои мунсифона ҷой дошта, умуман аз ҳам ҷудо сохтани арзишҳои милливу аҷдодӣ бо дидгоҳҳои динии ҷомеа қобили қабул эътироф нашаванд ҳам, вале дар иддае аз онҳо тундаравиву ба ифрот рӯй овардан ба чашм мерасад. Ин падида мардум ва махсусан ҷавононро дар бардошти фарҳанг ва дину ойинашон аввал ба шубҳа ва баъд ба сӯи тундгароӣ раҳнамун месозад. Махсусан, барои замони муосир, ки он асри муколама ва ҳамзистии андешаву ғояҳои мухталиф буда, раванди ҷаҳонишавӣ ҳалқаҳои осебзада ва ноустувори фарҳангҳои милливу диниро аз ҳам мебарад, чунин муносибати густохона нисбат ба арзишҳои милливу таърихӣ пайомади фоҷеабореро барои ҷомеаи мо ба бор хоҳад дошт.

Дар шабакаҳои интернетӣ ва гоҳо дар васоити ахбори омма низ атрофи ҷашни Наврӯз баҳсҳои шаддид ва зидду нақизе сурат мегирифтанд, ки аз заъфи ҳам тафаккури миллӣ ва ҳам тафаккури динии мо гувоҳӣ медиҳанд. Дар аксари ин баҳсҳо масъалаи ба таълимоти исломӣ мувофиқ будан ё набудани Наврӯзро мегузоранд, ки дар асл мушкилоти онро бо фарҳанги сомӣ дар назар доранд. Ҳол он ки ин масъала кайҳо дар фарҳанги гузаштаи ҳам дунявӣ ва ҳам динии мо ҳаллу фасл шудаву Наврӯз як ҷузъи муҳими ин фарҳанг пазируфта шудааст. Вале чун сатҳи маърифат ва дараҷаи худшиносии имрӯзаи иддае шаҳрвандони мо кӯтаҳӣ мекунад, боз ба ин масъалаҳои пуч ва пурихтилофи маънавӣ ва моҷароангез дода мешаванд. Бубинед, барои як нафар намояндаи миллати дигар, монанди арманиҳо, русҳо ва ё шаҳрвандони Туркиё, гарчи шахсони мазҳабӣ ҳам бошад, чунин масъалагузории зиддиятнок ва таноқузангез бо арзишҳои миллӣ ва мазҳабияш пеш аз ҳама ғайриқобили қабул ва хандаовар менамояд. Барои арманиҳо, ки епархияи григориании ойини насронӣ дини расмияшон мебошад, ҳамзамон барояшон он симои миллӣ дошта, ҳаргиз аз матни арзишҳо ва ниёзҳои миллаташон онро ҷудо накардаанд, ё онро бо аносири таърихиву миллияшон зид нагузоштаанд. Гарчи арманиҳо ҳам миллати ғайрисомӣ мебошанд, вале ҳеҷ нафаре, хоҳ аз доираҳои мазҳабӣ ва хрҳ ғайримазҳабӣ чунин масъалагузорӣ накардааст, ки ин ё он арзише то кадом дараҷа ба насронияти аввал ва ё ба доираи «аҳли китоб» мансуб аст ва ё на, махсусан модоме он масъала сирф эътиқодӣ нест. Аз ҳамин ҷиҳат онҳо ба парешониҳо ва озахмҳои таърихӣ нигоҳ накарда, ҳам ҳастии динӣ ва ҳам ҳастии миллии худро нигоҳ доштаанд ва имрӯз қавме муташаккил ва басич мебошанд. Ойини православии рус низ дар шаклгирии тафаккури миллии русҳо ва арзишҳои миллии онҳо ҳамин нақшро бозидааст. Барои русҳо муқаддасоти православӣ ва арзишҳои мардумии рус айни як чизанд. Сарвати миллӣ барои онҳо сарвати динӣ ҳисоб мешавад, гузаштагони дурандеши онҳо ба тафаккури динияшон ҷилои миллӣ бахшидаанд, аносири бештари онро хусусияти миллӣ додаанд, ки ба вуҷуди мушкилоташ ин ойин барои онҳо самараи мусбӣ медиҳад. Калисои православии рус фақат чанд соле пеш баъди гузаштани қариб ҳафтод сол аз марги қаҳрамондухтари ин миллат Зоя Космодемянская ба ӯ мартабаи баланди динӣ «шаҳиди муқаддас»-ро дод, зеро дар пайи таъсири идеологияи замони Шӯравӣ дар вақташ ин корро натавониста буд. Вақте ин қаҳрамондухтар аъзои комсомол ва ба рисолати Исои Масеҳ шояд боварӣ ҳам надошт. Ин амалро калисои православӣ дар нисбати адмирал Ушаков ҳам анҷом додааст. Ҳамин тариқ, ин мазоҳиб аз матни зиндагӣ ва талаботи миллаташон барканда нестанд ва хеле аносири худро миллӣ кардаанд. Онҳо дар баробари меҳри худованд ба пайравонашон муҳаббат ба Ватан, муҳаббат ба миллат, ба кишвар ва анъаноти миллияшонро парвариш медиҳанд. Чунин мисолҳоро дар ҳаёти диндории мардуми Туркия, ки бо мо тоҷикон ҳаммазҳаб мебошанд, низ мушоҳида кардан мумкин аст. Имрӯз яке аз омилҳои амнияти фарҳангӣ, суботи иҷтимоӣ, тараққиёт ва пешрафти ин миллатҳо аз ҳамин нукта, яъне аз устувории худшиносӣ ва худогоҳии миллияшон дар атрофи манфиатҳои давлатияшон маншаъ мегирад. Маҳз ҳамин масоилро Сарвари давлати мо, Пешвои миллат ба назар гирифта, дар Паёми имсолаашон бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз ва Конуни Маркази тамаддуни ориёиро пешниҳод намуданд, ки он пеш аз ҳама барои эҳё ва мустаҳкамсозии шуури таърихии миллии мо равона шудааст ва он мояи ифтихору дастгирӣ мебошад.

Ғаффор Мирзоев, д.и.ф., муаллими кафедраи фалсафаи Раёсати АМИТ

Санаи 26 декабри соли равон дар толори Раёсати АМИТ ҷаласа оид ба таблиғи нуктаҳои муҳимтарини Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки кормандони муассисаҳои илмии зертобеи АМИТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва магистрону докторантони PhD баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳи ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Мирзораҳимзода А.К. оғоз бахшида, иброз намуд, ки дар паёми имсолаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди самтҳои гуногуни илму маориф, рушди ҷаҳонбинии илмӣ, омода намудани кадрҳои баланди илмӣ, пайванди илм бо истеҳсолот нигаронида шудааст. Дар ин замина моро зарур аст, ки ҷиҳати амалисозии ин ҳадафҳо саъю талоши пайваста намоем.

Ҳамзамон оид ба нуктаҳои муҳимтарини Паём директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ҳайдарзода Рустам Ҷура баромад намуда, иброз намуд, ки яке аз масъалаҳои меҳварии Паёми имсола ин муаррифӣ ва шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина аз ҷониби Президенти кишвар дастур дода шуд, ки дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз таъсис дода шавад, ки метавонад дар ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва фарҳангии беш аз 6 ҳазор солаи миллати тоҷик нақши босазо хоҳад гузошт.

Номбурда ҳамчунин иброз намуд, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногуни илм ва истеҳсолот диққати хосса зоҳир карда шуд. Махсусан қайд карда шуд, ки “Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ буда, имкон дорад эҳтиёҷоти марказҳои бузурги ҳисоббарории зеҳни сунъиро бо неруи барқи «сабз» ва оби хунук таъмин созад”.

Дар ин замина Президенти кишвар дастур доданд, ки ба мақсади истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди рушд доир ба таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» чораҷӯйӣ карда шавад. Албатта ин иқдом метавонад, ки ба рушди соҳаҳои гуногуни кишвар мусоидат намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд. Дар Паём дастовардҳо ва дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муаяйн карда шуд. Самтҳои асосӣ дар Паём рушди маориф ва илм буд. Соҳаи маориф дар Паёмҳои Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хос ва афзалиятнок дорад. Сарвари давлат иброз доштанд, ки тавассути рушди илму маориф метавон ояндаи дурахшони давлату миллатро таъмин намуд. Татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ боис гардидаанд, ки мақоми омӯзгор дар ҷомеа тадриҷан таҳким ёбад. Имрӯз омӯзгор на танҳо муаллим, балки тарбиятгари насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъули ҷомеа маҳсуб меёбад. Ин иқдом ба беҳтар гардидани инфрасохтори соҳа, таҳкими пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил мусоидат намудааст.Дар меҳвари ислоҳоти соҳаи маориф омӯзгор қарор дорад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳо ва суханрониҳои худ нақши калидии омӯзгорро дар рушди давлату ҷомеа таъкид намуда, чунин иброз доштаанд: “Омӯзгор чароғи маърифат ва раҳнамои ҷомеа мебошад. Пешрафти давлату миллат бевосита ба сатҳи дониш ва масъулияти омӯзгор вобаста аст”.

Ҳамчунин, Сарвари давлат таъкид кардаанд: «Мо ба омӯзгор ҳамчун тарбиятгари насли оянда ва асосгузори ҷомеаи солим эҳтироми хосса дорем ва дастгирии ин қишри ҷомеаро вазифаи муқаддаси давлат мешуморем”. Дар идомаи ҳамин андеша зикр гардидааст: “Бе омӯзгори соҳибкасб ва ватандӯст тарбияи насли донишманд ва бунёди ҷомеаи пешрафта ғайриимкон аст”.

Дар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди маориф чунин таъкид намуданд, ки аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ рушди соҳаҳои илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян кардаанд:

-дастгирии илму маориф сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва кафолати пойдории давлат мебошад.

-зиёда аз 21 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

-барои соҳаи маориф дар соли 2026 қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба солҳои гузашта афзоиши назаррас дорад;

-баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, 25%;

-қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”;

-Эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”.

Дар Паёмҳои Пешвои миллат ба масъалаи бунёди муассисаҳои нави таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ садҳо кӯдакистон ва ҳазорҳо мактабҳои замонавӣ бунёд гардидаанд. Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки дар маҳалҳое, ки шумораи аҳолӣ зиёд аст, таъсиси муассисаҳои томактабӣ бояд ҳатмӣ бошад, то фарогирии кӯдакон ба таҳсил бештар гардад.

Аз ин рӯ, дар Паём дастовард, роҳнамоӣ ва дурнамо барои баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Истифодаи технологияҳои муосир, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо ва озмунҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад, ки маорифи тоҷик ба марҳалаи нави рушд ворид гардидааст. Афзоиши пайвастаи маблағгузорӣ, таваҷҷуҳ ба мақоми омӯзгор, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир шаҳодати равшани ғамхории давлат нисбат ба насли наврас ва рушди зеҳнии ҷомеа мебошад.

Мутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони АМИТ Сулаймонова Ҷавоҳира

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассумгари дастовардҳои муҳими кишвар ва муайянкунандаи ҳадафҳои стратегии рушди устувори Тоҷикистон мебошад. Дар Паём масъалаҳои таҳкими пояҳои илмӣ, рушди технологияҳои навин, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ба таври возеҳ ифода ёфтаанд.

Паём на танҳо натиҷаҳои имрӯзаи рушди кишварро дар бар мегирад, балки самтҳои асосии рушди илмӣ ва технологиро барои солҳои минбаъда муайян менамояд. Дар бахши сиёсати хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, ба ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қирғизистон ва Ӯзбекистон, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид, ки он барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва технологӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Иштироки фаъоли Тоҷикистон дар конфронсҳои байналмилалӣ вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва ворид гардидани ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО нишонаи болоравии нуфузи байналмилалии кишвар ва арҷгузорӣ ба мероси таърихию илмӣ мебошад.

Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабр, Пешвои миллат эълон намуданд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025–2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардидаанд. Дар робита ба ин, Сарвари давлат ҳамаи сохторҳои дахлдорро ба густариши фаъолияти илмӣ ва амалии худ дар ин самт ва муаррифии дастовардҳо дар сатҳи байналмилалӣ даъват намуданд.

Бо назардошти аҳамияти стратегии масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши илмҳои криосфера, пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмию таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табдил дода шавад.

Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва илмӣ, роҳнамои ҷомеа дар роҳи рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар соҳаи иқтисод, Тоҷикистон рушди устуворро таъмин карда, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар афзуд ва суръати миёнаи рушди солона 7,6%-ро таъмин намуд. Ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ва афзоиши даромади аҳолӣ имконият фароҳам овард, ки захираҳои молиявӣ барои рушди инфрасохтори илмӣ, лоиҳаҳои рақамикунонӣ ва технологӣ таъмин карда шаванд. Ҳадафҳои стратегӣ барои солҳои 2026–2030 ду баробар афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва рушди иқтисоди инноватсионӣ мебошанд, ки ин ба устувории иқтисоди илмӣ-танзимӣ ва рушди кадрҳои баландихтисос таъсири мустақим дорад.

Дар бахши илм ва технология, ҷалби сармоя барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ, модернизатсияи инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва рушди хизматрасонӣ, ҳамчунин истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, нишондиҳандаи самаранокии сиёсати илмӣ ва стратегияи саноатикунонии босуръат мебошад. Ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар соҳаи энергетика талафоти неруи барқро аз 15,1% ба 5,1% коҳиш дод ва воридшавии маблағ ба низоми энергетикӣ тақрибан 1,5 млрд сомониро таъмин намуд. Омӯзиши талаботи бозори меҳнат барои мутахассисони иқтисоди рақамӣ ва ҷорӣ намудани низоми рақамӣ дар идораи молияи давлатӣ нишондиҳандаи тадбирҳои танзимии илмӣ ва технологӣ мебошад.

Ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсолот 80% ва дар шуғл 70%-ро ташкил медиҳад, ки ин ба рушди тадқиқотҳо, дастрасии осон ба захираҳои молиявӣ, технология ва ҳамкориҳои инноватсионӣ мусоидат мекунад. Рақамикунонии маъмурикунонии андоз, беҳбуди хизматрасониҳои электронӣ ва соддагардонии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ нишондиҳандаи механизми идоракунии илмӣ-танзимиро тақвият медиҳад.

Дар соҳаи саноат ва энергетика таъсиси 2,600 корхонаи саноатӣ бо 87,000 ҷойи нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти маъдан ва неруи барқ, сохтмони неругоҳи «Роғун» ва ду неругоҳи офтобӣ нишондиҳандаи татбиқи стратегияҳои илмӣ-технологӣ мебошад. Суръати рушди соҳаи кишоварзӣ 8,5% ва афзоиши сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60% ба 85% таъсири мустақими тадқиқотҳои агротехникӣ ва технологӣ мебошад.

Дар бахши маориф ва илм, буҷети соҳаи маориф ба 14 млрд сомонӣ (+25,4%) расида, омодагӣ ба таҳсили 4 млн хонанда дар 25 соли оянда таъмин шудааст. Омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, такмили кадрҳои омӯзгорӣ, гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ва фаъолияти Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо ба рушди илмҳои муҳити зист ва технологияҳои пешрафта мусоидат менамояд.

Дар соҳаи фарҳанг ва мероси таърихӣ бунёди 150 иншооти нав сохта шуда, 350 таҷдид гардид, нашри 900 номгӯй адабиёт ва тақдими ройгон ба мардум, эълони «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва Даҳсолаи илмҳои криосфера (2025-2034) далели раднопазири таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон ба соҳаҳои мазкур мебошад. Соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ 1,300 иншоот бо маблағгузории зиёда аз 5,3 млрд сомонӣ сохта шуда, маош ва нафақа афзоиш ёфт. Ҳадаф беҳбуди сатҳи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити арзанда барои гурӯҳҳои осебпазир мебошад.

Афзоиши захираҳои қувваи корӣ, банақшагирии1,4 млн ҷойи корӣ дар 5 соли оянда ва иштироки фаъолонаи ҷавонон ва занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ нишондиҳандаи устувории иҷтимоӣ мебошад. Қонунгузорӣ барои рушди устувор ва ҳифзи субот аҳамияти калидӣ дошта, ҳамзамон мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои киберӣ механизми амният ва идоракунии илмӣ-танзимиро тақвият медиҳад.

Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунофари дунё мебошанд. Боиси ифтихор аст, ки гузаштагони некноми мо ориёҳо, ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдориро мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки ин мероси бузургу оламшумулро омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи ҳувиятсоз ба мерос гузорем.

Паёми Пешвои миллат таъкид менамояд, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши инсондӯстона ва шиори зиндагӣ қарор додаанд. Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, ҳамчунин Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд, асоси ҳувият ва асолати тоҷикон мебошанд. Бо мақсади таҳкими мероси фарҳангӣ ва илмӣ, ба Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки барои бунёди Қонуни Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин чораҳои зарурӣ андешида шавад

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмӣ вазифадор шудаанд, ки бо ҷалби олимон ва донишмандон консепсияи марказҳоро дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Амалӣ намудани ин иқдомҳо шаҳодати раднопазири таърих, фарҳанг ва фарҳанги илмии беш аз шашҳазорсолаи мо тоҷикон мебошад.

Боиси ифтихори мост, ки Консепсияҳои зикршуда аз ҷониби олимону муҳақиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳия мешавад. Ин далели эътимоди Ҷаноби Олӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Умедворем, ки олимон аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи пурмасъул сарбаландона мебароянд.

Дар маҷмуъ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ на танҳо дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба таври мушаххас нишон медиҳад, балки ҳадафҳои илмӣ-танзимӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ, ҳамчунин эҳёи мероси фарҳангиву тамаддунии миллати тоҷикро низ дар назар дорад.

Азизуллозода Майсара Нурулло

ходими илмии Шуъбаи таърихи илм ва техникаи ИТБМ ба номи Аҳмади Дониши АМИТ

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо навиди нек ва боварибахш оид ба идомаи қадамҳои устувор ва рушди кишвар дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ироа гардид. Соли сипаригашта бо рӯйдодҳои муҳим ва дастовардҳои назаррас барои мардуми тоҷик хотирмон буда, дар саҳифаҳои таърих сабт мегардад.

Пешвои миллат 16-уми декабри соли 2025 зимни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025-ро, сарфи назар аз мураккабшавии вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои он, барои Тоҷикистон соли бобарор арзёбӣ намуданд.

Дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба рушди соҳаҳои фарҳанг, илму маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ин таваҷҷуҳ бесабаб нест, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ бидуни рушди фарҳанг ва маърифат пешрафти ҷомеа ғайриимкон мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии миллат, ҳифзкунандаи арзишҳои миллӣ ва муттаҳидкунандаи ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст.

Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки миллати тоҷик дар тӯли таърихи худ маҳз ба шарофати забон, илму фарҳанг, расму ойин ва арзишҳои маънавӣ ҳамчун халқи фарҳангсоз, сулҳпарвар ва башардӯст дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидааст.

Тайи солҳои охир ҷиҳати рушди соҳаи фарҳанг ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ иқдомҳои назаррас амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, дар даҳ соли охир зиёда аз 150 иншооти фарҳангӣ сохта шуда, 350 иншооти дигар таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёди Театри миллии Тоҷикистон идома дорад, ки туҳфаи арзанда ба мардуми кишвар ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолӣ, махсусан ҷавонону наврасон, аз ҷониби муассисаҳои фарҳангӣ 900 номгӯй китобҳои бадеӣ ва бачагона нашр гардида, ба китобхонаҳо дастрас шуданд. Ҳамчунин, бо дастури Сарвари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусхаи китобҳои «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ чоп шуда, ба аҳолӣ ройгон тақдим гардиданд.

Муаррифии фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Пешвои миллат ба шумор меравад. Ворид гардидани 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ далели нуфузи фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Ҳамзамон, Пешвои миллат супориш доданд, ки ҷиҳати ворид намудани номи Борбади Марвазӣ ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Борбад ҳамчун яке аз аввалин мусиқидонон ва оҳангсозони касбии ҷаҳони ориёӣ эътироф гардидааст.

Боиси ифтихор аст, ки ниёгони мо ба ҷаҳониён арзишҳои волои фарҳангӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргонро ба мерос гузоштаанд, ки онҳо асоси ҳувият ва худшиносии миллии тоҷиконро ташкил медиҳанд. Дар ин замина, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз таъсис дода шавад.

Ҳамин тавр, Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ва дурнамои рушди устувори кишварро дар бар мегирад. Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ тарбия намояд.

Аҳмедов Ҳасан Аҳтамович - ходими хурди илмии Шуъбаи таърихи илм ва техникаи ИТБМ ба номи А.Дониши АМИТ

МУЛОҚОТ БО ШАРИКОНИ РУШД АЗ ДОНИШГОҲИ НАҚЛИЁТИ СИАНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМО БА ФАРДОИ ДУРАХШОН
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ МУШТАРАКИ МУҲИТИ ЭКОЛОГӢ ВА ИСТИФОДАИ КАЛОНИ ДОДАҲО
ИФТИТОҲИ РАСМИИ «НИЗОМИ ГАРМИДИҲИИ ДЕКАРБОНАТӢ БО ИСТИФОДА АЗ ЗАХИРАҲОИ ГАРМИДИҲИИ ЗЕРИЗАМИНӢ»
ИФТИТОҲИ ҲУҶРАИ КОРИИ АВВАЛИН ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ФАНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ЛАНДТАГИ МУЗОФОТИ ФЕДЕРОЛИИ САКСОНИЯ-АНҲАЛТИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН
#ДАСТОВАРДИ НАВ. АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО БОМУВАФФАҚИЯТ ГУЗАШТ
ВОХУРИИ ДОНОРҲО БАҲРИ МУҶАҲҲАЗ ГАРДОНИДАНИ МАРКАЗҲОИ САРАТОНШИНОСӢ БО ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР ВА ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ КАСБӢ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. ДАР СОЛИ 2024 ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ БЕШТАР БА НАЗАР МЕРАСАНД
ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ ЗАМОНАВӢ БО АСБОБУ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ДАР ИНСТИТУТИ ХИМИЯ
Ифтитоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 29.10.2024
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ НАВУ ЗАМОНАВӢ ДАР ИНСТИТУТИ БОТАНИКА

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм