БАЙНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИНСТИТУТИ СИНЗИЯНИИ ЭКОЛОГИЯ ВА ГЕОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ХИТОЙ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД
Имрӯз, 25 май қабл аз баргузории Форуми «Хатарҳои обӣ ва иқлимӣ: илм, мониторинг ва идоракунӣ» бахшида ба 115-солагии кӯли Сарез, ки дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Синзиянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ-техникӣ ба имзо расонида шуд.
Дар маросими ба имзорасонии Ёддошти тафоҳум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, директори Институти Синзиянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой Чжан Яоминг иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки ин созишнома бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши офатҳои табиӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда таҳия гардидааст.
Дар доираи ёддошти мазкур ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориҳоро дар самтҳои муҳими илмӣ ва техникӣ густариш диҳанд. Аз ҷумла, таҳқиқи офатҳои табиӣ, аз қабили сел, тармафароӣ, обхезӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, омӯзиши пиряхҳо ва равандҳои гидрологӣ, инчунин таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист аз самтҳои асосии ҳамкорӣ арзёбӣ мегарданд.
Ҳамзамон, дар доираи ин ҳамкорӣ масъалаҳои таҳия ва ҷорӣ намудани системаҳои муосири мониторинг ва огоҳии пешакӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, ҷонибҳо барои мубодилаи таҷриба ва истифодаи технологияҳои навин иқдом хоҳанд кард.
Банди муҳими дигари санад омодасозӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳои илмӣ ва техникӣ мебошад. Дар ин замина баргузории семинарҳо, машғулиятҳои омӯзишӣ, конфронсҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ пешбинӣ шудааст.
Таъкид гардид, ки имзои Ёддошти тафоҳум барои таҳкими робитаҳои илмӣ байни Тоҷикистон ва Хитой, рушди таҳқиқоти муштарак ва тақвияти иқтидори илмӣ-техникӣ дар самти пешгирӣ ва идоракунии офатҳои табиӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи амалии ин санад ба густариши ҳамкориҳои судманд ва ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар соҳаи илм ва амнияти экологӣ мусоидат хоҳад кард.
塔吉克斯坦国家科学院、塔吉克斯坦共和国政府紧急情况与民防委员会以及中国科学院新疆生态与地理研究所签署谅解备忘录
今天,5月25日,在“水与气候风险:科学、监测与管理”论坛举行之前,为纪念萨雷兹湖成立115周年,并作为“2018—2028年水促进可持续发展国际行动十年”第四届高级别国际会议框架内的活动,该论坛在塔吉克斯坦国家图书馆举行。期间,塔吉克斯坦国家科学院、塔吉克斯坦共和国政府紧急情况与民防委员会以及中国科学院新疆生态与地理研究所签署了关于科技合作的谅解备忘录。
出席备忘录签署仪式的有塔吉克斯坦国家科学院院长、院士胡什瓦赫特佐达·科比尔琼·胡什瓦赫特,塔吉克斯坦共和国政府紧急情况与民防委员会主席拉贾巴利·拉赫莫纳利,以及中国科学院新疆生态与地理研究所所长张耀明。
应当指出,该协议旨在加强双方在科学研究、自然灾害研究以及在预防和消除紧急情况领域应用现代技术方面的合作。
根据该备忘录,双方决定在重要科技领域扩大合作。特别是,对泥石流、雪崩、洪水及其他紧急情况等自然灾害的研究,对冰川和水文过程的研究,以及气候变化对环境影响的研究,被视为双方合作的主要方向。
同时,在此次合作框架内,双方将特别关注现代监测和预警系统的开发与实施,并将推动经验交流和新技术的应用。
该文件的另一个重要内容是科学和技术人才的培养与能力提升。为此,双方计划举办研讨会、培训课程、科学会议,并实施联合科研项目。
会议强调,签署该谅解备忘录将为加强塔吉克斯坦与中国之间的科研联系、发展联合研究以及提升自然灾害预防和管理领域的科技能力奠定良好基础。
双方表示相信,该文件的实际落实将有助于扩大互利合作,并在科学和生态安全领域取得显著成果。
БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ АЗ РАФТИ НАВОРБАРДОРИИ ФИЛМИ МУСТАНАД ВА КОРҲОИ ТАҲҚИҚОТӢ ДАР ҚАЛЪАИ КӮҲИ МУҒ
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Муассисаи давлатии “Телевизиони Тоҷикистон” таҳияи филми мустанади «Қалъаи Кӯҳи Муғ» идома дорад. Филми мазкур дар доираи силсилаи “Ганҷи таърих” таҳия гардида, таҳти роҳбарии коргардон Шавкат Муҳаммадиев рӯи навор гирифта мешавад.
Ҳадафи филм муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллат, эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстии ҷомеа мебошад. Қалъаи Кӯҳи Муғ, ки дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон ҷойгир аст, яке аз ёдгориҳои муҳими таърихии асрҳои VII–VIII ба шумор рафта, ҳамчун паноҳгоҳи охирин ҳокими Суғд — шоҳ Деваштич маъруф мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 1932 сокини маҳаллӣ Ҷӯраалӣ Муҳаммадалӣ дастхатҳои нодиреро дар ин мавзеъ пайдо намуда, дар натиҷаи тадқиқоти минбаъда беш аз 70 дастхати суғдӣ ва дигар бозёфтҳои арзишманди таърихӣ кашф гардиданд. Айни ҳол қисми зиёди ин дастхатҳо дар осорхонаҳои бонуфузи ҷаҳон нигоҳдорӣ мешаванд.
Боиси зикр аст, ки моҳи апрели соли 2025 маҷмӯаи дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба Феҳристи “Хотираи ҷаҳон”-и ЮНЕСКО ворид гардида, аҳамияти байналмилалии он бори дигар тасдиқ карда шуд. Ҳамчунин, худи ёдгорӣ дар доираи номинатсияи “Роҳи Абрешим: долони Зарафшон–Қароқум” ба Феҳристи мероси умумибашарии ЮНЕСКО шомил мебошад.
Имрӯз аз рафти наворбардории филми мустанад ва корҳои таҳқиқотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода боздид ба амал оварданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ зимни боздид иброз дошт, ки Қалъаи Кӯҳи Муғ ҳамчун мероси гаронбаҳои таърихӣ мояи ифтихору сарбаландии мардуми тоҷик буда, муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлат ба шумор меравад. Зикр гардид, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар атрофи ин ёдгорӣ тадриҷан тақвият дода мешавад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид намуд, ки омӯзиш, ҳифз ва муаррифии чунин ёдгориҳои нодири таърихӣ вазифаи муҳими олимон ба ҳисоб рафта, онҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии тамаддуни тоҷикон нақши калидӣ доранд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи омӯзиш ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таърихи пурифтихори миллатро ҳамчун мактаби бузурги худшиносӣ арзёбӣ менамоянд. Ба таъкиди Сарвари давлат, ҳифз ва тарғиби арзишҳои таърихӣ барои тарбияи насли ватандӯст ва худогоҳ аҳамияти муҳим дорад.
Қайд гардид, ки Қалъаи Кӯҳи Муғ дорои имкониятҳои васеи рушди сайёҳии фарҳангӣ буда, метавонад дар оянда ба яке аз маконҳои муҳими ҷалби сайёҳон табдил ёбад.
Имрӯз, 28 апрел дар толори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба фаъолияти илмӣ-назариявии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шодравон Ҳақназар Назаров, конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами Афғонистоншиносӣ дар Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз» баргузор гардид. Ба кори конфронс саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимшоҳ Искандаров ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки устод Ҳақназар Назаров аз нахустин олимони тоҷик аст, ки дар даврони Шуравӣ ба таҳқиқи масъалаҳои миллӣ пардохта, вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии тоҷиконро мавриди омӯзиши амиқ қарор додааст.
Таъкид гардид, ки илми Афғонистоншиносӣ дар баробари омӯзиши таърихи минтақа, ҳамчун мавзуи стратегии муҳим ба хотири таъмини амнияти минтақа, таҳкими сулҳу субот ва пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили тундгароӣ ва хушунат, аҳамияти вижа дорад. Дар ин замина, бист сол қабл Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи роҳҳои таъмини сулҳи минтақа ва таъсиси камарбанди амниятии Афғонистонро матраҳ намуда буд.
Зикр гардид, ки устод Ҳақназар Назаров дар осори илмии худ ба таҳлили равандҳои геополитикӣ ва стратегияи абарқудратҳои ҷаҳон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъсири онҳо ба вазъи сиёсиву иҷтимоии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказиро ҳамаҷониба баррасӣ кардааст.
Дар идомаи конфронс муҳаққиқону коршиносон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, доираи васеи масъалаҳои марбут ба Афғонистоншиносиро, аз ҷумла робитаҳои таърихию фарҳангӣ, равандҳои муосири сиёсӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавиро мавриди таҳлил қарор доданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид шуд, ки баргузории чунин конфронсҳо барои густариши таҳқиқоти илмӣ, табодули таҷриба миёни олимон ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ дар самти Афғонистоншиносӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
В журнале Global Research in Environment and Sustainability (ISSN 3033-3644) опубликована научная статья «Оценка фонового излучения в Раштском регионе Таджикистана»
Целью работы стала комплексная оценка радиационного фона и распределения радионуклидов на территории Раштской зоны Таджикистана, включая анализ гамма-излучения, состояния почв и источников питьевой воды.
Результаты показали, что уровень фоновой радиации в регионе находится в пределах естественных значений (0,06–0,12 мкЗв/ч) и не превышает допустимых норм. При этом локальные повышения содержания цезия-137 зафиксированы в ущелье Камаров, что связано с природно-географическими особенностями территории.
Авторы: А. Саломов, С. Муминов, Ф. Мухиддинова, А. Хукуматов (Агентство по химической, биологической, радиационной и ядерной безопасности Национальной академии наук Таджикистана).
Ссылка на статью (Scopus-indexed): https://doi.org/10.63002/gres.401.1347
В журнале «Радиация и риск» (Radiation and Risk), том 35, № 1, 2026 г., опубликован обзор «Урановые хвостохранилища Центральной Азии: история и современное состояние».
Цель работы - обобщить материалы по истории формирования и текущему состоянию радиоактивных урановых хвостохранилищ в странах Центральной Азии (Казахстан, Кыргызстан, Таджикистан, Узбекистан), возникших в результате советской урановой программы 1940–1990-х годов. Авторы анализируют объёмы отходов, а также оценивают проведённые рекультивационные мероприятия.
В статье подчёркивается идентичность технологий и проблем во всех странах региона и даются практические рекомендации по усилению региональной координации, мониторингу и международному сотрудничеству для минимизации радиационных рисков.
Авторы: Назаров Х.М., Зоитова М.А., Хакимова Н.У., Мирсаидов У.М. (Агентство по химической, биологической, радиационной и ядерной безопасности НАН Таджикистана).
Ссылка на статью (Scopus-indexed): https://doi.org/10.21870/0131-3878-2026-35-1-75-93
БАРГУЗОР НАМУДАНИ АКСИЯИ УМУМИАКАДЕМИИ ҶАВОНОН ТАҲТИ УНВОНИ "САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН" ВА “ДУШАНБЕ ШАҲРИ ГУЛҲО”
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи Шурои олимони ҷавон ба истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саҳмгузории сокинон аз ҷумла, ҷавонон дар тозаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳо, каналу ҷӯйборҳо, майдончаҳои варзишӣ, дохилу атрофи бинову иншоотҳо ва ташкилоту корхонаҳо, инчунин ҷамъовариву тоза намудани партовҳо оид ба баргузор намудани аксияи умумишаҳрии ҷавонон таҳти унвони "Саҳми ман дар шаҳри ман" ва “Душанбе шаҳри гулҳо” баргузор намуд.
Ободонии пойтахт вазифаи ҷонии ҳар як сокини ватандӯст мебошад, зеро Душанбе оинаи миллат ва нишони фарҳанги мост. Саҳми сокинон метавонад аз корҳои оддитарин, ба монанди риояи тозагӣ ва шинонидани як ниҳол дар маҳалли зист оғоз шавад. Вақте ки ҳар як нафар ба ҳифзи гулгашту хиёбонҳо ва амволи ҷамъиятӣ бо масъулият муносибат мекунад, шаҳри мо боз ҳам зебову хуррам мегардад.
Иштирок дар ҳашарҳои дастаҷамъона ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи шаҳрдорӣ ба таҳкими симои муосири пойтахт мусоидат менамояд. Танҳо бо кӯшиши муштарак ва муҳаббат ба шаҳри азизамон мо метавонем Душанберо ба яке аз зеботарин шаҳрҳои ҷаҳон табдил диҳем.
Имрӯз, 24 апрел дар толори Раёсати Академияи милли илмҳои Тоҷикистон бо мақсади додани иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ва илмӣ ба муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор гардида, фаъолияти таълимии муассисаҳои илмӣ дар самти тайёр кардани кадрҳои илмӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо омода кардани кадрҳо тавассути зинаи магистратура, докторантураи PhD, аспирантура, унвонҷӯйӣ, докторантураи анъанавӣ ва постдокторантура ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани кадрҳои илмӣ тавсияҳои судманд дода шуд.
#Симпозиум. "НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК" - ПАДИДАИ ТАЪРИХӢ, ФАРҲАНГӢ ДАР ТАМАДДУНИ МАРДУМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Имрӯз, 24 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Намунаи адабиёти тоҷик” – падидаи таърихӣ – фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ” бахишида ба 100 – соли таълиф ва нашри асари таърихӣ – бадеии поягузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” баргузор гардид.
Дар кори симпозиум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки асари мазкур ҳамчун як падидаи нодири таърихиву фарҳангӣ дар худ таҷассумгари мероси гаронбаҳои адабии халқи тоҷик буда, дар рушди худшиносии миллӣ ва таҳкими ҳувияти фарҳангӣ нақши муҳим гузоштааст. Қайд гардид, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» на танҳо як маҷмӯаи осори адабӣ, балки сарчашмаи муҳими илмӣ барои омӯзиши таърихи адабиёт, забон ва фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ин асар дар шароити мураккаби таърихӣ таълиф гардида, барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва муаррифии мероси адабии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки асари «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ ҳамчун як мероси гаронбаҳои миллӣ ва дастоварди бузурги илмиву фарҳангӣ аҳамияти хоса дошта, дар ташаккул ва рушди адабиёти навини тоҷик нақши калидӣ мебозад.
Таъкид гардид, ки ин асар на танҳо осори гузаштагонро гирд овардааст, балки ҳамчун пули пайвандсоз миёни наслҳо хизмат намуда, барои ҳифз ва муаррифии арзишҳои миллӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ҳамзамон зикр гардид, ки омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин асар дар шароити муосир низ аҳамияти хоса дошта, барои тақвияти худшиносии миллӣ ва густариши робитаҳои фарҳангии минтақавӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Дар идома муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва дигар олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти таърихиву фарҳангӣ ва илмии асари «Намунаи адабиёти тоҷик» маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа карданд.
Зикр гардид, ки ин асар ҳамчун сарчашмаи муҳими омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик ва омили таҳкими худшиносии миллӣ, дар рушди фарҳанги маънавии ҷомеа нақши муассир дорад. Ҳамзамон, иштирокчиён ба масъалаҳои таҳқиқи минбаъдаи мероси адабии ниёгон, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар фарҷом як зумра аз олимон ва муҳаққиқон, ки дар баргузории ин ҳамоиш саҳмгузор буда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд, бо сертификатҳои махсус қадрдонӣ гардиданд.
Имрӯз, 24 апрел дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Пешрафт ва ҳамгироӣ: дастовардҳои илмӣ дар клиника” бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа иштирок ва суханронӣ намуданд.
