#Ҳисобот. БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025
Имрӯз, 4 июл дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми 2025 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷлиси умумӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, аъзои раёсат, олимону академикон ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия иштирок доштанд.
Баъд аз суханронии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳисориев Ҳикмат ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 мавриди муҳокима қарор гирифт, ки он бо мақсади дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 ба роҳ монда шуд.
Зимни ироаи ҳисоботи худ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар бораи ҳар як бахши фаъолияти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ба тафсил сухан ронд.
Таъкид гардид, дар нимсолаи якуми соли 2025 олимони АМИТ таҳқиқотро аз рӯйи 110-мавзуъ, аз ҷумла 68-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Ҳамзамон аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ беш аз 1130-кори илмӣ ба нашр расонида шуд, аз ҷумла 40-монография, беш аз 75-китобу маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас, каталог, беш аз 1015-мақолаи илмӣ, аз онҳо беш аз 830-мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, беш аз 185-мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур (аз ҷумла, 14-мақола – дар SCOPUS).
Бояд зикр намуд, ки тавассути Муассисаи нашриявии “Дониш”-и АМИТ дар ин давра 73-номгӯй китобу монографияҳои кормандони илмии АМИТ бо теъдоди 8000-нусха ба нашр расонида шуд. Мавриди зикр аст, ки АМИТ дар нимсолаи якуми соли 2025 дар раддабандии байналмилалӣ байни муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси россиягии иқтибосоварии илмӣ (яъне РИНЦ) мавқеи худро мустаҳкамтар намуд. Айни замон 524-нафар ходимони илмии АМИТ номи худро дар китобхонаи электронӣ (e-library) ба қайд гирифтаанд. Айни замон ХИРШ-и олимони АМИТ аз рӯйи ҳамаи нашрияҳои e-library - 52, аз рӯйи РИНЦ - 50 ва аз рӯйи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда - 43-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи кормандони илмии АМИТ беш аз 1000-мақолаи илмию оммавӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва сомонаҳои интернетӣ ба нашр расонида шуд. Дар ин давра аз тарафи олимони АМИТ ҳамагӣ 9-патент, аз ҷумла 8-патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1-патенти АвроОсиё барои ихтироъ, ҳамчунин 4-қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 2-шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилотӣ ба даст оварда шуданд.
Дар ин давра вобаста ба масъалаҳои муҳимми илмӣ дар Академияи миллии илмҳо беш аз 100-чорабинии илмӣ омода ва баргузор карда шуд, аз ҷумла, 2-форуми байналмилалӣ, 4-конференсияи илмии байналмилалӣ, 22-конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ, 45-семинари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 18-мизи мудаввар ва 2-курси омӯзишӣ.
Ҳамчунин дар доираи Маҳфили илмии “Хирад”-и Раёсати АМИТ, ки мақсади он муаррифии олимон ва дигар намояндагони аҳли зиёии кишвар мебошад, 13-маҳфили илмӣ-фарҳангӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмии олимони шинохтаи ҷумҳурӣ бо иштироки васеи кормандони АМИТ ва меҳмонон доир карда шуд.
Зикр шуд, ки бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ бо мусоидат ва иштироки роҳбарияти АМИТ 8-озмоишгоҳи нав дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии зерини АМИТ таъсис дода шуд: Институти химияи ба номи В.И. Никитин (3 адад), Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров (1 адад) ва Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков (2 адад), Маркази омӯзиши пиряхҳо (2 адад).
Дар робита ба ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи якуми соли 2025 олимону академикон фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳисоботро қаноатбахш ҳисобиданд.
БОЗДИДИ ИШТИРОКЧИЁНИ СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 1045-СОЛАГИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО АЗ НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМОНИ АМИТ
Имрӯз, 4 ноябр қабл аз оғози кори Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1045-солагии донишманди бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино, иштирокчиёни симпозиум аз дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва меҳмонони хоса аз намоиши дастовардҳои илмии олимону пажуҳишгарони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Дар рафти боздид меҳмонон бо навтарин таҳқиқоти илмӣ, дастовардҳои инноватсионӣ, рӯйдодҳои илмӣ, тарҷума ва таҳқиқоти суннатӣ ва муосири олимони тоҷик шинос гардиданд. Ба меҳмонон равандҳои таҳқиқотӣ дар бахшҳои тиб, фармакология, илмҳои табиатшиносӣ, фалсафа, кимиё, тибби мардумӣ ва соҳаҳои дигари марбут ба мактаби илмии Ибни Сино муаррифӣ карда шуд.
Ҷузъи муҳимми ин намоиш пешниҳоди намунаҳо аз осори нодири Ибни Сино буд, ки дар онҳо мероси илмии ӯ дар самтҳои тиб, фалсафа, мантиқ, астрономия ва риёзӣ инъикос ёфтааст. Олимон дастнависҳои нодир, нусхаҳои китобҳои таърихӣ ва таҳқиқоти арзишмандро оид ба «Қонуни тиб», «Донишнома», «Ишорат ва танбеҳот» ва дигар асарҳои маъруфи Ҳаким муаррифӣ карданд. Иштирокчиён аз шарҳу тавзеҳоти мутахассисон дар бораи арзиши илмии донишҳои ибнисиношиносӣ ва нақши он дар ташаккули илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ баҳраманд шуданд.
Меҳмонон ба фаъолияти олимони тоҷик дар самти ҷамъоварӣ, таҳқиқ, таҳия ва нашри илмии осори Ибни Сино баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳо барои ҳифз ва таблиғи мероси гаронбаҳои илмӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ миёни марказҳои илмии кишварҳои гуногун мусоидат менамояд.
ГУЗОШТАНИ ГУЛЧАНБАР ДАР НАЗДИ МУҶАССАМАИ ДОНИШМАНДИ БУЗУРГИ ТОҶИК АБУАЛӢ ИБНИ СИНО
Имрӯз, 4 ноябр дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1045-солагии донишманди барҷастаи тоҷик ва нобиғаи ҷаҳони илм Абуалӣ Ибни Сино маросими гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи ӯ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар, инчунин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ иштирок намуданд.
Маросим бо ҳадафи гиромидошти мақому манзалат ва саҳми таърихии Абуалӣ Ибни Сино дар рушди илм, хусусан илми тиб, фалсафа ва дафтаршиносии ҷаҳонӣ доир гардид. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки мероси илмии Ибни Сино ҳамчун яке аз манобеи муҳими дониш ва тафаккури инсоният то имрӯз аз аҳамияти вижа бархӯрдор мебошад.
Зикр гардид, ки осори ин мутафаккири нодир то имрӯз ба сифати такягоҳи муҳими илмӣ дар марказҳои бузурги илми ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дорад.
Имрӯз, 3 ноябр, дар остонаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону муҳаққиқон ганҷинаи мероси адабии Институт, баъди солҳо муҷаҳҳаз гардидан бо таҷҳизоти наву муосир, мавриди истифода қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки “Ганҷинаи мероси адабӣ” 16 октябри соли 1971 бо ташаббуси устодон Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммад Осимӣ ва Хуршеда Отахонова таъсис ёфта буд. Дар Ганҷинаи мазкур 52 фонд аз адибону донишмандони барҷастаи муосири тоҷик гирд оварда шудааст. Аҳаммияти Ганҷина аз он иборат аст, ки дар он мероси адабию илмии шахсиятиҳои маъруфи тоҷик, ба монанди устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, П. Сулаймонӣ, Улуғзода, Ҳ. Юсуфӣ, С. Ҷавҳаризода ва дигарон дар шакли дастнавис ва мусаввадаҳои худи адибон ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд.
Таъкид гардид, ки таҷҳизоти нави гуногунҷабҳа имконият фароҳам меорад, ки сарчашмаҳои нодири адабӣ ва ҳуҷҷатҳои таърихии милливу мероси фарҳангӣ бо стандарти байналмилалӣ нигоҳдорӣ ва муҳофизат карда шаванд. Ин иқдом барои таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши асарҳои классикони адабиёти тоҷик шароити беҳтар фароҳам меорад ва барои донишҷӯён ва муҳаққиқон манбаи дастрасии осон ва босифат ба мероси адабӣ хоҳад шуд.
Дар маросим таъкид гардид, ки эҳё ва таҷдиди ганҷинаҳои меросии адабӣ на танҳо барои рушди илм ва омӯзиш, балки барои нигоҳдории мероси фарҳангии миллӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ аҳамияти бузург дорад.
ИФТИТОҲИ ҲУҶРАИ КОРИИ АВВАЛИН ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ФАНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ
Имрӯз, 3 ноябр, дар остонаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ифтитоҳи ҳуҷраи кории аввалин Президенти Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбоби бузурги илму фарҳанг, асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва аҳли адабу фарҳанг иштирок намуданд. Таваҷҷуҳ ба шахсияти устод Айнӣ ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва хидмат ба илму маърифат зикр гардида, қайд карда шуд, ки фаъолияти илмӣ-адабии ӯ заминагузори давраи навин дар адабиёт ва худогоҳии миллии тоҷикон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки устод Садриддин Айнӣ ба унвони нахустин академик фаъолияти кории худро соли 1951 дар ҳамин ҳуҷра оғоз кардааст. Ба ин муносибат ҳуҷраи кории устод бозсозӣ шуда, лавҳи ёдгорӣ ва мизу курсии кории ӯ бо намунаи осор ва аксҳои хотиравӣ барқарор гардид.
Таъкид гардид, ки ифтитоҳи ҳуҷраи кории ӯ ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои бузурги устод ва арҷгузорӣ ба таърихи ташаккули илм дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки ин иқдом барои ташаккули муҳити таърихӣ-фарҳангӣ дар Академия, боло бурдани эҳсоси худшиносии миллӣ дар миёни насли ҷавон ва омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси устод Айнӣ аҳамияти вижа дорад.
Дар ҷараёни маросим инчунин таъкид гардид, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба мутафаккирони миллӣ ва эҳёи мероси адабӣ баҳри бозсозӣ ва муаррифии чунин гӯшаҳои таърихӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки ҳуҷраи корӣ ҳамчун маркази омӯзишӣ ва илмӣ таҳқиқотӣ барои магистрантон, муҳаққиқон ва меҳмонон фаъолият намояд ва маводи таърихӣ, нусхаҳои дастнавис, аксҳо ва ёдгориҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти устод Айнӣ мунтазам ғанӣ гардонда шаванд.
Имрӯз, 3 ноябр дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ ва мероси адабии тоҷику форс машварати корӣ баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии хеш зикр доштанд, ки ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ, нигоҳдорӣ ва омӯзиши мероси ғании адабии тоҷику форс яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Академия ба ҳисоб меравад. Таъкид шуд, ки бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир барои рушди илм, таҳқиқи таъриху адабиёти классикӣ ва муосир, таҳияи нашрияҳои илмӣ ва омӯзиши забони давлативу забонҳои бостон имкониятҳои фаровон муҳайё гардидаанд.
Инчунин, қайд гардид, ки олимону муҳаққиқон вазифадоранд дар баробари омӯзиши илмии мероси адабӣ, дар ҷомеа ҳисси миллӣ, худшиносиву ифтихор аз фарҳанги ниёгонро тақвият бахшанд ва бо корҳои илмӣ-амалӣ саҳми худро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ гузоранд.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои марбут ба омодасозии нашрияҳои илмӣ, баргузории ҳамоишҳои илмӣ-фарҳангӣ, таҳияи пажӯҳишҳои вобаста ба забон ва адабиёт, инчунин роҳандозии барномаҳои тарғиботии оммафаҳм баррасӣ шуданд.
2 ҶОЙИ ЯКУМ: ҒОЛИБИЯТИ ЯК НАФАР МАГИСТРАНТ ВА ЯК НАФАР ДОКТОРАНТИ PhD - И АМИТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
![]()
2 ҶОЙИ ЯКУМ: ҒОЛИБИЯТИ ЯК НАФАР МАГИСТРАНТ ВА ЯК НАФАР ДОКТОРАНТИ PhD - И АМИТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
Имрӯз, 1 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур як нафар магистрант ва як нафар докторанти PhD - и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардиданд.
ҒОЛИБОН:
Ҳусайнов Шоҳрух - докторанти курси якуми Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз номинатсияи математика ғолиби ҷойи аввал гардид.
Муродова Макнуна - магистри курси дуввуми Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз номинатсияи Физика - астрономия сазовори ҷойи якум гардид.
ТАҚДИМИ ҶОИЗАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» АЗ ҶОНИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ
Имрӯз, 1 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуда, инчунин ба ғолибони озмун ҷоизаҳо супориданд.
Имрӯз, 1 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, кормандон ва олимони соҳаи кишоварзӣ иштирок намуданд. Қабл аз оғози чорабинии идона президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону кормандон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои назди Академия, инчунин дастовардҳои илмӣ-тадқиқотии олимони соҳаи кишоварзӣ боздид намуданд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш бори дигар тамоми олимони кишварро ба фарорасии ҷашни Меҳргон табрик намуда, таъкид кард, ки ин иди бостонӣ ифодагари фарҳанги куҳан, меҳнатдӯстӣ, фаровонӣ ва эҳтиром ба заҳмати деҳқон мебошад. Таъкид гардид, ки дастовардҳои илмии олимони кишвар, бахусус дар самти инноватсияҳои кишоварзӣ, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ нақши муҳим доранд.
Гуфта шуд, ки ҷашни Меҳргон на танҳо рамзи фаровонӣ ва ҳосили пурбаракат аст, балки ҳамчун ҷузъи муҳими тамаддуни ориёӣ ҷойгоҳи хоса дар фарҳанги миллӣ дорад. Таъкид гардид, ки арзишҳои Меҳргон, аз қабили меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба табиат, фазилати накӯкорӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати деҳқонон, дар шароити муосир низ аҳамияти хоса доранд ва барои таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим мебозанд.
Дар идома барои болидарӯҳии кормандон барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он сарояндагони ҷавон бо суруду навозишҳои миллӣ фазои идона ва рӯҳбаландро фароҳам оварданд.
