Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Дар таърихи тамаддун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ як падидаи фарҳангии истисноӣ аст. Аз ин рӯ, давро, ки девони Рӯдакиро замина гузоштааст (аҳди Тоҳириён ва Саффориён) ва даврони баъди Рӯдакиро то охири сулоаи Сомониён аҳди Рӯдакӣ гуфтем. Ва сабаби дигаре ҳам аст, ки он таҷлили соли 2007 ба унвони соли Рӯдакист.

123Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ муаллифи аввалин девони шеъри форси тоҷикист. Ин ҳукм ҳақиқатест маъруф ва машҳур барои форсигӯён ва барои ҷаҳониён. Аммо дар таҳтулмаънои ин ҳукм кадом драмаҳо ва фоҷиаҳои миллати тоҷик, бурду бохт, комгорӣ, ва нокомӣ нуҳуфта аст, ки мо бояд аз онҳо огоҳ бошем?!

Аввалин таҳдиде, ки дар як нигоҳи дақиқ ба назар мерасад, он аст, ки миллати араб дар баробари нашр кардани дини мубини Ислом, ки амри рӯҳонӣ, виҷдонӣ ва осмонист, собитқадамона ҷидду ҷаҳд меаварзид, ки тафаккури арабӣ, маданияти арабиро ҷорӣ ва маъмул кунад. То расидан ба марзҳои қаламрави забон ва давлати тоҷикон дар ин раванд муваффақияти комил пайдо карда буд. Рушантарин чунин дастовардҳо аз байн бурдани забони сурёнӣ ва забони қибтӣ буд. Вақте мо ба хусус дар бораи забон ва тамаддуни қибтиён - мисриё тафаккур мекунем ва аз байн рафтани забони мисриёнро таҳлил мекунем. Маълум мешавад, ки арабҳо кадом амали бунёдӣ ва таърихиро анҷом додаанд. Хусусан, агар аз методҳои таърихият ва таҳлили муқоисавӣ истифода кунем ва ин амалро ба айёми ба тариқи таҷридӣ татбиқ кунем ва ин дар назар бигирем, ки айёми мо айёми ҷаҳонгароӣ аст ва маҳв кардани забонҳо амри мумкин аст. «Назариёте чун намиранда будани забон», «то халқ ҳаст забонаш ҳаст» андешаҳои авомона, устуравӣ ҳастанд. Аз байн рафтани забони қибтӣ як амри муҳол ба назар мерасид. Аммо ҳақиқат чизест қотеъ ва аз он чашм пӯшида намешавад, онро сарфи назар кардан нашояд. Забони араб, забони мисриёнро маҳв кард, дар маснади он барои ҷовидон нишаст. Ин зафарро бар забони тоҷикӣ наёфт. Зеро дар роҳи расидан ба ин пирӯзӣ чанд садду сангар буданд, ки забону маданияти араб онҳоро шикаста натавонист. Яке аз чунин сангарҳо, ки садди тоза эҷод буд, Девони шеъри Рӯдакист (сухан дар мавриди нашри забони арабист, на нашри дини Ислом).

Аз сарчашмаҳои адабӣ, таърихнигорӣ, ба хусус аз таҳлили масъалаҳои худшиносӣ ва арзишҳои тоҷикии шеъри Рӯдакӣ ва муосирони ӯ чунин хулосаҳо ҳосил мешавад:

1. Дар ҳифзи забон ва маданияти тоҷикон саҳми аввал ва ҷидду ҷаҳди бунёдӣ, марбут ба арбоби сиёсати айём аст. Сиёсати Тоҳириён, Саффориён ва бешакку шубҳа саҳми сиёсати миллии Сомониён. Аз арбоби сиёсии Сомониён нақши шахсии Исмоили Сомонӣ бузург аст, ки анъанаи ҳифзи миллатро тамоми Сомониён то охирин шоҳи Сомонӣ Мунтасир (Абуиброҳим Исмоили Сомонӣ, соли қатлаш ба дасти хоинони эликхонӣ 1005 аст, дар наздикии Нисо) идома доданд. Дар баробари шоҳони Сомонӣ хидмати Балъамиён хусусан Абулфазлӣ Балъамӣ ва писари ӯ Абӯалӣ ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Балъамӣ (соли вафот 1073) бузург аст. Зимнан, ба хотири шод кардани равони ӯ ба ёд меорем, ки Абӯалии Балъамӣ яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои таърихнигорӣ «Таърихи Табарӣ»-ро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст ва бо чандин бобҳо онро такмил намудааст. Яъне дар ин сарчашмаи муҳим ҳуқуқи муаллифӣ дорад. Шеър низ гуфтааст, ки аз ашъораш ҳамагӣ ду байт боқӣ мондааст.

2. Дар ин даврон сиёсати ҷорӣ намудани забон ва маданияти араб қатъӣ буд, аммо чандон муввафақият наёфт, зеро тамоюли арабгароӣ пайдо шуда буд, аммо ҳануз ба монанди асрҳои Х111-Х1V қавӣ набуд.

3. Дар ин айём ифтихори миллӣ аз тамаддуни Ориёни Бостон ҳанӯз зинда буд.

4. Дар тарзи рӯзгор, арзишҳои урфӣ як давраи гузарриш буд, ки тақрибан чунин арзёбӣ карда мешавад: гузариш аз анъанаҳои урфӣ ва арзишҳои ориёни бостон ба тарзи зисти исломӣ...

Саргузашти таҳияи «Девон»-и Рӯдакӣ аз нуқгаи назари ҷомеашиносӣ баррасии тозаро тақозо дорад. Ин масъала бахусус аз он нуқтаи назар муҳим аст, ки вазъияти забон ва маданияти тоҷик дар рӯзгори мо ба айёми Рӯдакӣ шабоҳат дорад. Муҳимтарин шабоҳат он аст, ки чун дар он айём забони тоҷикӣ таҳти хатари сиёсати арабгароӣ қарор дошт, имрӯз низ забони точикӣ мавриди таҳдиди ҷараёни ҷаҳонгароӣ аст. Мушаххасан аз он нуқтаи назар, ки яке аз қонуниятҳои ногузир ва беамони ҷаҳонгароӣ ягона кардани тамоми ҷиҳатҳои ҳастии ҷамъиятӣ аст. Аз он ҷумла дар раванди мухтасар шудани забонҳо таҳдид ба мавҷудияти забони тоҷикӣ низ ҳаёт. Яъне барои муқовиматпазир будани забони точикӣ дар раванди ҷаҳонӣ шудан дар баробари тадбирҳои фарҳангӣ, тадбири сиёсӣ муҳимтар аст.

Таҳлили осори даврони Сомониён сареҳан равшан мекунад, ки арбоби сиёсати хонаводаи Сомониён ва аҳли дарборашон барои ҳифзи асолати миллӣ собитқадам будаанд. Онҳо натанҳо ин асолатро пуштибонӣ ва парвариш мекарданд, балки шахсан низ саҳм мегирифтанд. Мисоли равшан, чуноне зикр шуд, Абӯалии Балъамист ва аз он равшантар Абӯиброҳим Исмоили Сомонӣ буд. Арзишҳое, ки ин марди сиёсат мепарастидааст, чунин будаанд:

Беҳдошти асолати миллӣ, дар ҳифзи қаламрав мардона истодан, ҳам марди разм ва ҳам марди базм будан, парастиши зебоиҳои зиндагӣ. Абӯиброҳим шоири соҳиби истеъдоди қавӣ низ буд. Як байте аз кадом марсияи ӯ боқӣ мондааст, нишон медиҳад, ки ӯ диди шоири доштааст, санъати суханро фаро гирифтааст, савти сухан, таносуби суханро медонистааст. Қудрати дар сухан тасвиргариро низ соҳиб будааст:

То ту эй моҳ зери хок шудӣ,

Хокро бар сипеҳр фазл омад.

Шеъри зерин, ки ҳам зебост, ҳам равон ва ҳам хотирмон аст гӯё барномаи рӯзгори ӯ қоидаи шарафи ӯ мебошад:

Гӯянд маро чун салаби хуб насозӣ?

Маъвогаҳи ороставу фарши мулавван?

Бо наъраи гурдон, чӣ кунам лаҳни муғаннӣ?

Бо пӯяи аспон, чӣ кунам маҷлису гулшан?

Ҷӯшӣ маю нӯши лаби соқӣ ба чӣ кор аст?

Ҷӯшидани хун бояд бар айбаву ҷавшан

Асп асту силоҳ аст, маро базмгаҳу боғ,

Тиру асту камон аст, маро лолаву савсан.

Дар ин даврон қайд кардем, ки татбиқи сиёсати зудудани асолати ориёнии тоҷикон пайгирона пиёда карда мешуд. Аммо чандон барор накард. Ифтихори миллии ориёнӣ то андозае қавӣ буд, ки агар баҳсҳои фарҳангие доштанд, танҳо бо юнониён доштанд. Тафаккури арабӣ, ҳамчун як тафаккури аҳли бодия аслан дар доираи назарашон низ набуд. Ба андешаи мо маҳз хусусияти тундравона доштани сиёсати арабгароён сабаб шудааст, ки масалан Фирдавсӣ суханварӣ покизагӯй чандин суханҳои дурушт дар маззамати арабҳо гуфтааст.

Аз осори муосирони Рӯдакӣ ба назар мерасад, ки арзишҳои исломӣ мавриди истиқбол шудаанд. Ин ҳақиқатро осори Абӯ Шакури Балхӣ равшантар маълум мекунанд. Аммо ҳатто дар осори ӯ ҳанӯз арзишҳои аслии ориёни бостон устувор ҳастанд, аз ҷумла хусусияти заминӣ будан, пайванди зинда ба рӯзгори воқеӣ доштан. Мавқеъе, ки комилан хилофи принсипи авомонаи «камбағалӣ айб нест». Абӯшакури Балхӣ гуфтааст:

Дирам сояву рӯҳи доноӣ аст,

Дирам гирд кун, то тавоноӣ аст.

Ҳамчунин мегӯяд:

Чу пушт аст мар мардро хоста,

Киро хоста-кор ороста.

Бияфзояд аз хоста ҳӯшу рой,

Тиҳидастро дил набошад ба ҷоӣ,

Тавонгар барад офарин солу моҳ

Ва дарвеш нафрин барад бегуноҳ

Бояд дар назар дошт, ки принсипи «камбағалӣ айб нест» аслан исломӣ низ нест, ҳатто хилофи таълимоти қуръонӣ дар ин маврид аст. Аз ин пора андешаи Абӯшакурро таъкид мекунем, ки «дарвешӣ, камбағалӣ» худ ба худ гуноҳ аст. Аз нуқтаи назари фаҳмиши аҳди Сомониён дар ҳолати қашшоқӣ мондан, худ гуноҳ аст. Абӯшакур тавонгариву қашшоқӣ ва ҳолатҳои зайлро вобаста ба худи инсон медонад, тақдирро муттаҳам намекунад:

Чунон кард Яздон тани одамӣ

Ки бардорад ӯ сахтию хуррамӣ

Бар он парварад, к-аш ҳаме парварӣ

Биёяд ба ҳар роҳ, к-аш оварӣ

Дар таърихи миллати тоҷик дар тӯли дарозои саргузашташ давлате, ки бо сабаби маърифатпарварӣ, тарбияти аҳди қалам ба андозаи Сомониён ситоиш шуда бошад, дигар пайдо намешавад. Дар ин раванд албатта даврони ҳаҳоманишиҳо ва хусусан Анӯшервон низ ёд карда мешавад. Аммо фарқ ин аст, ки ахбор дар бораи онҳо баъзан ривоятист, баъзан ҳуҷҷатӣ. Дар ҳар сурат вазъи силсилаи маърифатгароӣ дар таркиби худшиносии тоҷикон равшан аст. Далели қотеъи ин маънӣ, унвон ва таълимоти яке аз оинҳои машҳур ойини Маздоясно аст, «Маз» имрӯз «Мех», «Бузург» шудааст, «До» дониш роҳнамои росткор, роҳнамои қонунпеша, «ясно» ҳам имрӯз ба шакли «Ҷашн», тантана, парастиши донишманди бузург.

Аз осори маърифатии Ҳахоманишиён ва Сосониён китобҳое қисман комилу сиҳат, қисман пора-пораву захмин то мо расидаанд, ки саршори ақидаҳои маърифатгароӣ ва қонунпешагӣ ҳастанд. Дар осори муътабари баъди исломии тоҷикӣ, арабӣ, аврупоӣ, чинӣ ва дигар миллатҳо фарҳангӣ будани миллати тоҷик ситоиши онҳо, аҳсану офаринҳо аз маърифатпарварии ин силсилаҳои сиёсӣ ба мушоҳида мерасанд.

Аммо маърифатгароӣ, қонунпешагӣ дар фаъолияти сиёсии Сомониён ба ҳадде аст, ки дурахшанда ва намунаи ибрати комил аст. Дар маъхазҳои муътабар ба монанди «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насириддини Тӯсӣ ба сулолаи Сомониён на танҳо ситоиш гуфта мешавад, балки ҳамчун намунаи ибрат нишон дода мешавад. Аз ин маъхазҳо суханро кӯтоҳ мекунем ва чанд намуна аз аҳди Рӯдакӣ мегирем. Агар ин намунаи ситоишҳоро дақиқтар мутолиа кунем, як фарқи муҳим аз мадҳияҳои даврони баъдӣ (масалан аз мадҳияҳои давраи Ғазнавиён) ба назар мерасад. Ин фарқият ростӣ, бериёӣ, бетамаллуқии ситоиши Сомониён аст.

Абушакури Балхӣ мегӯяд, ки барои таҳияи рӯзгор, ман зарурат надорам, ки шуғли дигаре кунам, аз қаламу дафтарам дур монда бошам:

Чу динор бояд, маро ё дирам,

Фароз оварам, ман зи нӯки қалам.

Ин тарзи рӯзгори Абӯшакури Балхӣ, дар ҳамаи давру замонҳо ормони аҳди қалам будааст, яъне таъмин кардани рӯзгор на ба баҳои ҷонфарсоии аҳди қалам бо шуғлҳои дигар, балки ба воситаи нӯки қалам ва дар айни замон тараққии қудрати соҳибқалам.

Воқеан, ин ҳақиқати даврони Сомониёнро, Шаҳиди Балхӣ ҳам гуфтааст, ки ӯро шахсан Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ эътироф карда, дар марсияааш чунин ситоиш мекунад.

Аз шумори ду чашм як там ком.

Аз шумори хирад ҳазорон беш.

Шаҳиди Балхӣ Сомониёнро чунин васф мекунад:

Ҳазор кабк надорад, дили яке шоҳин,

Ҳазор банда надорад, дили худованде.

Туро агар малики чиниён бидидӣ рӯй,

Намоз бурдию динор барпарокандӣ.

Ҳамзамон донишу фазилати Шаҳиди Балхӣ, ки устод Рудакӣ онро васф кардааст, шоҳиди дурахшони ин ҳақиқат аст, ки илм ва адаб дар аҳди Рӯдакӣ ва аҳди Сомониён дар домани якдигар парвариш меёфтанд ва чун тору пуд дар якдигар танида буданд. Шаҳиди Балхӣ рисолаи фалсафие дорад, ки дар он бо файласуфи раддаи аввали даврони худ Муҳаммад Закариёи Розӣ ба баҳс мепардозад ва бисёре аз назариёти ӯро рад мекунад.

Ва боз мегӯяд:

Ҷаҳон гувост, мар ӯро ки дар ҷаҳон малик аст,

Бузургвору сазовори нусрату таъӣид

Бидод неъмату бас шокир аст дар неъмат,

Бар ин ду бошад султони тахтро поӣид.

Мадҳияи Мантиқии Розӣ намунаи ҳам муболиғаи аҷиб аст ва ҳам мушаххас тасвир кардани маърифатпарварии Сомониён:

Маро зи ҷуди салотину меҳтарони замон.

Сарой зариндевор буду симинбом.

Байти баъдии ин қасида аз тарзи рӯзгори пурнишоту озодонаи аҳли қалам шаҳодат медиҳад:

Ҳамеша хонаам, аз некӯвони зеборӯй

Чу каьба буд, ба ҳангоми куфр пурасном.

Маълум аст, ки Дақиқӣ (қатлаш 367 хичрӣ) як суханвари вораста. ки ифтихори ориёнаш ӯро то қатлаш расонид, дар зътироф ва эҳтироми сиёсатмадорони замонаш дар мадҳ гуфтан шитоб намекард, ҳатто Истеъдоду суханвариашро аз шарофати Сомониён медонад:

Ба андак рузгор эй шаҳ, ду чизам дод бахти ту:

Яке лафзи хирадрутбат, дувум табъи сухангустар.

Садоқати эҳсосаш ҳам дар мотами Абӯнасри Сомониён равшан аст:

Дареғо мир Бӯ Насро, даршғо.

Ки бас шодӣ надидӣ аз ҷавонӣ,

Валекин родмардони ҷаҳонро,

Чунин кӯтоҳ бошад зиндагонӣ.

Маълум мешавад, ки Дақиқӣ аз ситоиши Сомониён пушаймонӣ накардааст, балки содиқонаву росихона офарин хондааст ва ҳатто аз ҳунари мадҳиясароияш болидааст:

Мадеҳа то ба бари мо расид урён буд,

За фарру зиннати ман ёфт тайласону изор.

(Аз ин баррасии мухтасар дар васфи Сомониён зинан хулосае ҳосил мешавад, ки барои такмили ҷаҳонбинии мо дар масири худшиносӣ шояд аҳамият дошта бошад: мо одат кардем, ки шоҳонро пурхӯру шикамбузург, аблаҳу аҳмақ, ҷисман ва ақлан ноқис сававвур кунем. Ин стандарт шояд баром кадом сулолаи дигар, шоҳони дигар дуруст бошад, аммо дар мавриди Сомониён қатъиян дуруст нест).

Натиҷаи дигар ин аст, ки хонаводаи шоҳаншоҳӣ дар баробари фазилатҳои дигараш фазилати интихоб кардан ва сара кардани генофонди миллиро дорад. Табиист, ки барои авлоди шоҳон беҳтарини беҳтаринҳо албатта ҳам аз назари ҷисмонӣ ва ҳам ақлонӣ баргузида мешуданд. Воқеан хонаводаи Сомониён – идомаи пуршарафи сисилаи Сосониён аст. Шаҷараи онҳо ба Баҳроми Чубина эҳёгари салтанати Сосониён мерасад. Мо одат кардаем, ки чун аз осори Рудакӣ суҳбат кунем. Ҳатман чанде аз ашъори ӯро ёдовар мешавем. Ғолибан «Шикоят аз пирӣ», қасидаи «Модари май», «Бӯй ҷӯй мулиён» ва монанди инҳо.

Матлаб ин аст, ки оё қасидаи «Шикоят аз пирӣ» воқеан шикоят аз пирист, оё ҳақиқатан ҳам шикоят аст? Чӣ гуна шудааст, ки устод Абӯабдуллҳи Рӯдакӣ, барои қасидааш унвон наёфтааст ва оқибат кадоме аз ин нуқсони Рудакиро ислоҳ кардааст?

Мақсад аз матраҳ кардани ми масъалаҳо як дафъа таҷдиди назари мо ба мероси фарҳангист. Эҳтироми мо ба ми фарҳанг то куҷост? Оё мо идрок мекунем, ки чӣ мутолиа мекунем ва онро чӣ гуна идроку шарҳ медиҳем?

Як дафъа қасидаро дар нашри соли 1951 мехонем.

Маликушшуарои дарбори Сомониён ба камолоти пирӣ расидааст, саргузашташро ба ёд меорад, хоира варақгардон мекунад: Акнун, ки дандонҳоям мерезанд, дандонҳое, ки сапед симрада буданд, оё аз чӣ рехтанд? На аз наҳси кайвон, на аз рӯзгори дароз, балки аз аз қазои Яздон, ногузир, тибқи қонуни талхи гардуни гарданда, ки даворо дард мекунад, дардро даво, биёбонро хуррам мекунад, боғи хуррамро биёбон. То ин қисмат Рудакӣ қоидаи зиндагиро ба таҳлил мегирад, ба тақдири пириаш тан таслим мекунад. Аммо қоидаи табиати одам ин аст, ки хушиву нишотро аз даст додан намехоҳад. Шоири куҳансол хитоб ба моҳрӯйи мушкинмӯй мегӯяд:

Ман ҳам зулфчавгон будам, рӯям ба сони дебо... ва монанди ту зебоён, дар зебоии ман ҳайрон мемонданд. Тангдастӣ надоштам. Дар шаҳр ҳар куҷо турки норпистон буд бо дирме мехаридам. Он зебоён, ки бо дирам ба даст намеомаданд, ба шаб сарфи назар аз наҳиби хоҷааш ба ман майл доштанд. Хубрӯёни латиф барои дигарон гарон, аммо барон ман арзон буданд. Шуҳрату дороии ман аз чизи дигар не, танҳо аз шеър буд. Шеър мояи нишоту тараби ман буд. Дилҳои сангу сангдонро бо шеърам нарм мекардам. Ҳамсуҳбатонам мардуми сухандон буд. Аз ситами зану фарзанд, аёлу хоҷагӣ озоду осуда будам. Сурудам чароғи маҳфилҳо суханам пешкори мирон буд, шеърам дар дарбор қадри баланд дошт. Дар Хуросон ҳар ҷое деҳқони номбурда тавоное буд, назди ӯ дорои ман ҳам буд, ки аз хазинаи қалами ман чил ҳазор дирам буд, ки аз хазинаи мири Мокон фузунтар буд. Акнун замона дигар шуд, даврони ҷавонӣ гузашт, замонаи пирӣ омад, асо бидеҳ... (Воқеан Мӯҳтарам Ҳотам дуруст мегӯяд; ки ин мисраъ, ҳуҷҷати нобино набудани Рӯдакист. Оё як нафар нобино метавонад, то куҳансолӣ беасо бошад?)

Дар ин қасида кадом шикоят аз пирӣ аст? Шоир, ки бо ифтихор аз саргузашташ ёд мекунад, аз хотирааш рӯҳбаланд мешавад. Аз саргузашташ қаноатманд аст, ба истиснои он, ки дар назди «Қоидаи талху ногузири гардуни гардон» бечора аст. Ба ин тақдир тан медиҳад, аммо монанди суханварони баъди асри ХII-ХIII ин бечорагиро ситоиш намекунад. Монанди қисми дигар қиём ҳам намекунад. Як марди куҳансоли солори хирадмандест, ба тамом комашро ронда, девонашро таҳия карда хидмати халқашро, шоҳашро комилан сарбаландона анҷом додааст. Оё аз чунин тақдир, аз чунин саргузашт шикоят кардан равост?

Саросари қасида тантанаи нишот аст. Бешубҳа тантанаи олуда ба ҳасрат, на пушаймонӣ, на ясъу ноумедӣ. Ҳаргиз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қасидаашро чунин унвон кардан наметавонист. Аслан, ки дар қоидаи қасидагӯйӣ одати унвон гузоштан набуд. Оё мо бо унвони гузоштаамон мақсади Рӯдакиро таҳриф накардаем? Оё ба ин восита ва дигар баррасиҳои зайл маънавиёти миллиро таҳриф накардаем?

Ман гумон мекунам, ки ба таҳрифҳои зиёд роҳ додаем. Дар аҳди Рӯдакӣ қасидаи дигаре ҳам гуфта шудааст, ки воқеан шикоят аз пирист, аммо аҷиб шикояте.

Қасида аз Мантиқии Розист, ки мегӯяд: Аёми сафедӣ омад ва рӯям ба сони каманд пурожанг шуд. Ман аз рӯзгор кин меҷустам, комгор будам, акнун рӯзгор кинаашро аз ман мегирад. Хиради ман асари ҳавову ҳавас буд ва аз даҳоне, ки монанди ангуштарӣ буд, зулфоне, ки ба рухи лоласон фиканда буданд, ком мегирифтам. Акнун ман хидмати он лоларухсорро карда наметавонам. Ва бисёр соддаву равшан қасидаашро ҷамъбаст мекунад:

Мантиқии Розӣ на аз фуру рехтани дандон, на аз асогирӣ шикоят намекунад. Танҳо афсӯсу ҳасраташ аз он аст, ки ба сабаби пирӣ хидмати лоларухсорро карда наметавонад.

Натиҷа гирифтем, ки қасидаи устод Рӯдакӣ қасидаи шикоят нест ва барои дақиқ кардани он, ки оё дар кадом нусхае ин қасида унвонгузорӣ шудааст, хазинаи дастхатҳои Пажӯҳишгоҳи Шарқшиносӣ ва осори хаттӣ, хазинаи дастхатҳои Китобхонаи миллим Фирдавсиро ҷустуҷӯ кардем. Як дафъаи дигар алами парокандаву ба тороҷ рафтани мероси арҷманди миллатро дар дили худ тоза кардем.

Яъне:

1. Ҳарчӣ то имрӯз аз мероси Рӯдакӣ то соли 1958, то имрӯз дар дасти мо ҳаёт, бо заҳмати устодони шодравон Саид Нафисӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев ҷамъ омадааст.

2. Ин пораҳои пароканда ғолибан аз луғатҳо ва таърихномаҳо пайдо шудаанд.

3. То ҳанӯз девони мукаммали Рӯдакӣ, ё кадом баёзе, ки осори Рӯдакӣ дар таркиби он бошад, ба даст наомадааст. (Ман умед дорам, ки ё дар музеи Британия ё дар Китобхонаи миллии Туркия ё дар китобхонаҳои машҳури Юнон чизе аз осори Рӯдакӣ маҳфуз бошад).

4. Чизи тозае, ки баъд аз соли 1958 аз осори Рӯдакӣ пайдо шудааст чор мисраъ аст, ки Нуриддини Шаҳобиддин ёфтааст. Ба назари ман хизмати шоиста аст ва мукофоташ ҳам нақд аст, чун номи ишон бешубҳа дар пахлӯи номҳои мубораки Саид Нафисӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев дар фанни Рӯдакишиносӣ сабт шуд.

Он чор мисраъи муаттари баҳорӣ, ки атраш ҳанӯз тоза аст, чун армуғони Наврӯзӣ, ба Шоҳи Сомониён тақдим шудааст.

Сухан овардаму шамшеру қалам Наврӯзӣ,

То ба дасти (ту) бувад мояи ҳар пирӯзй.

Ба сухан мебазабон боту ба шамшер бирез,

Хуни аъдову ба тавқеъи сухан деҳ рӯзӣ.

Шеъри аҳди Рӯдакӣ тантана ва ситоиши қомат рост кардани миллат баъди шикастҳову ҷароҳатҳои фурӯ рехтани империяи араб дар сарзамини пурбоғу киштаҳову бӯстонҳо, дар сарзамини фарҳанги ҷаҳоншумул, фарҳанги рашки юнониёни мағрур, шеъри мардони ватанхоҳ, мардони баиззату икром, неъмату ғановатҳо парвариш ёфтааст. Шеъри эҳёи миллат аст. Сайр дар ин шеър арзишҳоеро рӯшан мекунад, ки ҷавҳари миллиро ташкил мекунанд. Ин арзишҳо табиатан ва қонунан решаҳои қавӣ дар фарҳанги Ориёни бостон доранд, ки дар ин даврон вуҷуди хешро ороставу пироста, қавӣ кардаанд. Қисмате аз ин арзишҳо бо вуҷуди носозгориашон бо ҷаҳоншиносии исломи то имрӯз зинда ҳастанд. Қисмате дар муқовимат тағйири шакл кардаанд. Қисмате аз байн рафтаанд, чун ҷавҳарашон, заиф ё ботил будааст.

Аз қисмати охир сухан намекунем, танҳо ҳавола мекунем ба чанд намуна аз осори муосирони Рӯдакӣ. Ин намунахо ба осонӣ намоиш медиханд, ки одатҳову назарҳое дар ин даврон вуҷуд доштанд, ношоиста. Ба истилоҳи имрӯза носолеҳ, бад. (Руҷӯъ шавад ба шеъри Лугарии Чангзан бо матлаи «Нигори ман он курди гавҳарписар» ва ашъори Таёни Марғазӣ).

Арзише, ки аз даврони Ориёни бостон ба аҳди Рӯдакӣ расидааст, дар ин даврон зиндаву фаъол мондааст ва баъдан ба дараҷаи камолот расида, аз тариқи робита ва интиқол ба воситаи марказҳои фарҳангии Ғарб, хусусан Падуя ва Болоня ба арзиши маъруфи умумибашарӣ табдил ёфтааст, ки имрӯз ба истилоҳи «консенсус» (хамсозиш) арз мешавад.

Ин арзиши иҷтимоию сиёсӣ дар шеъри Турки Кишни Айлоқӣ ба шакли зерин омадааст, ки тақрибан мусовӣ бо таърифе аст, ки имрӯз «консенсус» таъриф карда мешавад:

Родмардию марди донӣ чист?

Боҳунартар зи халқ гӯям кист?

Он, ки бо дӯстон бидонад сохт,

Он, ки бо душманон бидонад зист.

Дар шеъри Абӯшакури Балхӣ ин асл дар мисоли даъват ба сулҳ, як ҷиҳати мушаххаси муросову мадороро рӯшан мекунад, ки он дар таълимоти Фирдавсӣ васеъ ва амиқтар мешавад.

Абӯшакур мегӯяд:

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,

Хирадманд ҳаргиз накушад ба ҷанг.

Маънавиёти миллии тоҷикӣ аз аҳди бостон то асри XV рӯзгори боиззату икром, соҳибмартаба будан, рӯзгори саршори неъматҳои моддӣ ва маънавиро таблиғ ва таъкид мекардааст. Принсипи «Камбағалӣ айб нест» дар маънавиёти миллӣ як принсипи бебунёд, оварда ва бисёр зараррасон аст. Бисёр кӯшиш кардем, ки бунёди ақлонии ин омӯзаро дар сарчашмаҳо мушаххасан пайдо кунем, аммо хушбахтона пайдо нашуд. Ин принсипи побараҳнагон ҳанӯз зинда аст, дар рӯзгори урфӣ ва рӯзгори иҷтимоӣ зарар ва зарбаи сахт мерасонад. Ои ба танбалӣ, коҳилӣ, ҷоҳилӣ ва ангалӣ (паразитизм) мебарад.

Алӣ ибни Абӯтолиб мефармояд: «Ба хонае, ки қашшоқӣ аз дар даромад, куфр аз равзан медарояд». Ин гуфтор равшан аст, эҳтиёҷ ба шарҳ надорад, яъне дар хонаводаи қашшоқ имон ё заиф мешавад ё маҳв мешавад. Дар сарчашмаҳои бостонии миллӣ ақидаи мазкур билкулл равшан арз мешавад. Гуфта шудааст, ки «Одами гурусна имон, виҷдон надорад». Дар ин маврид дар рӯзгори Рӯдакӣ чӣ назар вуҷуд дошт. Ҳанзалаи Бодгисӣ (вафот 834) гуфтааст:

Меҳтарӣ гар ба коми шер дар аст,

Шав, хатар кун зи коми шер биҷӯй!

Ё бузургиву иззу неъмату ҷоҳ,

Ё чу мардон-т марги рӯёрӯй.

Яъне инсон бояд боиззату икром, соҳиби мартаба ва мақом дар ҷомеа, дороӣ неъматхои моддӣ ва маънавӣ ба сар бубарад. Агар не марг беҳтар аст, чун марг дар тариқи ин ҷидолу ҷаҳд айни мардӣ аст. Ҳанзалаи Бодғисӣ мардонагиро мушаххас таъриф мекунад:

Мард он аст, ки агар бузургӣ ва неъмат дар коми шер аст, вобаста бо хатари ҷонӣ аст, онро ё мардона бояд ба даст оварад ё мардона дар майдони ҷидду ҷахд ҷон бидиҳад. Як дафъаи дигар Абӯшкури Балхиро ба ёд меорем, ки таъкид кардааст:

Дирам сояву рӯҳи доноӣ аст,

Дирам гирд кун, то тавоноӣ аст.

Ба андешаи ӯ дороӣ ҳушу ройро биафзояд, тиҳидаст ҳаргиз дилаш барҷой нест ва як амри оддӣ, қонунӣ шояд адолат ҳам медонад, ки мардум қоидатан тавонгаронро офарин мегӯяд, эҳтиром мекунанд, аммо тиҳидастонро ҳарчанд бегуноҳ аст нафрин мекунанд:

Тавонгар барад офарин солумоҳ,

Ва дарвеш нафрин барад бегуноҳ.

Ифтихори ватандорӣ (на ғурур. Маънои луғавии ғурур аз забони арабӣ дурғ аст, дуруғе, ки рост менамояд ба монанди сароб). Аз арзишҳои барои ҳамеша тақдирсози миллӣ хусусан барои имрӯз ҳаст. Дар он айём ин эҳсос пайгирона, собитқадамона, мардона тарғиб ва таъкид мешуд. Сарлавҳаи ин ифтихор наъраи мардонаи Исмоили Сомонист: «Манам девори Бухоро»! Бассоми курд аҳди Сомониёнро ба Макка ташбеҳ мекунад:

Макка ҳарам кард арабро худой,

Аҳди туро кард ҳарам дар Аҷам.

Аз ин байт маълум мешавад, ки ҳанӯз таассуби динӣ набудааст. Агар дар асри XV ё ҳатто имрӯз шоире чунин маъниро мегуфт, шакке нест, ки мавриди таҳқиру таъқиб мегашт, аммо Бассом дар сояи ифтихор ва пуштибонии сиёсии Сомониён буд ва қудрат дошт чунин бигӯяд ва ҳанӯз пайванд бо маънавиёти бостонии миллат зинда буд, гусаста нагашта буд. Муҳммад бини Мухалад дар мадҳи Яъқуб ибни Лайс дар шеъраш, дар андешааш ҳанӯз сегонаи муқаддаси бостониро парастиш мекард:

Ҷуз ту назод Ҳаввову Одам накишт,

Шерниҳодӣ ба дилу бар маништ,

Мӯъқизи паӣгамбари маккӣ туйӣ.

Бо манишу бо равишу бо гувишт.

Дар таркиби ифтихори ватандорӣ ифтихори хонаводагӣ аст ва аслан таркиби муҳим аст. Миллат дар баробари таърих ва ифтихороти таърихӣ бояд аз сулолаҳо ва хонаводаҳои шарифи миллаташ ифтихор дошта бошад, онҳоро бояд шинохта бошад. Мисоли содда ин аст, ки дудмони Халилуллоҳи Халилӣ садсолаҳост, ки дар хидмати сиёсати хориҷии Афғонистон аст. Сарфи назар аз он, ки дар ин сарзамин режими монархӣ буд, комунистӣ ва кадом режимҳои дигар. Имрӯз ҳам писари Халилуллоҳ Масъуд Халилӣ ба ҳайси Сафири Афғонистон дар Туркия қисме аз сиёсати хориҷии ватанашро анҷом медиҳад.

Дар рӯзгори Рӯдакӣ ҳам ифтихори хонаводагӣ ва миллӣ бо ҳамин шакли мушаххас зинда буд. Шаҷараи Сомониён ба Баҳроми Чӯбина ва умуман Сосониён пайванд мегирад ва яке аз арбоби маъруфи сиёсати замон Ахмад ибни Саҳл аз решаи Яздигурд охирин шоҳи Сосониён, ки пойтахташ Марв будааст, мебошад!

Воқеан, калимаи «Эрон» дар ин мисраъ, дар саросари «Шоҳнома» ҳудуди Эрони имрӯзаро дар назар надорад. Ҳудуди қаламрави сосониёнро фаро мегирад. Ба истилоҳ «Эрон», яъне «Ватан» ватани ворисони сосониён ва албатта ворисони «Шоҳнома».

Маълум аст, ки ақидаи ватанхоҳӣ дар «Шоҳнома» ба қадди аъло мерасад ва қатъиян барои ҷаҳон арз мешавад, ки «Чу Эрон мабодо тани ман мабод». Рустами зобулӣ пеш аз ҳар набардаш аз решаҳои бостони худ ёд мекунад. Шубҳае нест, ки ин эҳсос ӯро қудрату тавони махсус мебахшад, зеро дар ҳамин заминаи ифтихори ватандорӣ ва аҷдодӣ боз ҳам ёд мекунад. «Пирӯзӣ ғолибият, одати аҷдоди ман ва миллати ман аст».

Маърифатгароӣ тарғиби маърифат дар тамоми таърихи миллати мо ҳамеша рӯйи кор, муҳим, фаъол будааст ва ҳаст. Ҳарчанд ин арзиш эҳтиёҷ ба шарҳу таблиғ надорад, як дафъаи дигар ёд мекунем, ки он аз арзишҳои асолатсози миллат аст. Ин маъниро дар «Шоҳнома»-и Дақиқӣ дар мавриди тавсифи «Авасто» саршор аз ифтихори миллӣ. Дақиқии вораста чунин арз кардааст:

Ҳама барги ӯ панду бораш хирад,

Касе к-ӯ чунин бархӯрад, кай мурад?

Дар ин даврон ҳатто шуғли маърифат, фарзонагӣ беҳтар аз зану фарзанд шинохта шудааст. Албатта мақсади Касоии Марвазӣ он нест, ки инсон зану фарзанд надошта бошад, аммо дар ҳар сурат фазилати фарзонагиро бар кадхудоӣ васф кардааст:

Набошад майли фарзона ба фарзанду ба зан ҳаргиз,

Бибуррад нали ин ҳарду набуррад насли фарзона.

Дар ин маврид табиист, ки гуфтори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ёд меояд:

Иёл на, зану фарзанд на, маунат на,

Аз ин танам ҳама осуда буду осон буд.

Шарҳи маунат аз тафсири сураи «Моун» равшан мешавад, яъне масъулият доштан дар назди хонавода ақрабо.

Шеъри даврони Рӯдакӣ шеърест, ки ба тозагӣ аз шеъри ҳиҷоӣ ба арӯз гузаштааст. Арӯз яке аз арзишҳоест, ки аз маданияти араб бемушкилошт, хушҳолона истиқбол шуд. Дар ин замина бояд зикр кард, ки ин ягона арзише нест, аз маданияти араб қабулшуда. Ин ҳуҷҷат дар навбати худ аз конструктивӣ на консервативӣ, динамакӣ на статикӣ будани маданияти тоҷик шаҳодат медиҳад. Ин маданият ҳанӯз аз даврони бархӯрдҳои маданӣ ва ҳарбиаш бо тамаддунҳои антиқаи чинӣ, ҳиндӣ, мисрӣ, баъдан бо тамаддуни юнони қадим пайваста дар табодули муштарак баҳрагирии тарафайн ба сар мебурд. Имрӯз тасаввур кардан мушкил аст, ки «пиёла» калимаи юнонист ва ғайра.

Аммо шеъри даврони мавриди назар арӯзро аз араб истиқбол кард. Аммо ҳам арӯз, ҳам саноеъи сухан, хам муҳтавои шеърро ғанӣ ва рангоранг кард.

Дар шеъри ин давра, ки мутаассифона пора-пора, захмин, хуншор то рӯзгори мо расидааст, ҳамоно як тарзи тафаккур, тарзи зисти саршор аз ишки зиндагиро намоиш медиҳад. Воқеан шеър аз баски як зуҳури ворастагии табиати инсон, як майдони намоиши истиқлоли шахсият, арзи худӣ, тантанаи хушиҳо ва зебоиҳои зиндагист, дар ҳар давре комилтар ё ноқистар ҳақиқати айёмашро бозгӯӣ мекунад.

Шеъри ин рӯзгор айнан монанди шеъри замони мо болиданҳо ва нолиданҳои инсон, пирӯзӣ ва нокомиҳои шахсият, ворастагӣ ва тамаллуқи гӯянда, шуҷоат ва мадорои муаллифашро росту дуруст, ҷаззобу дилнишин бозтоб мекунад.

Ҳама медонанд, ки дар ҳар ҷашни «Наврӯз» тантанаҳои баҳории пойтахти тоҷиконро ду байт аз ғазали Робиа зиннат медиҳад:

Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,

Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.

Магар чашми Маҷнун ба абр андар аст,

Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт.

Мутаассифона дар лавҳаҳои ҷашни наврӯзӣ «Аржангу» «Моно» ба ҳарфи хурд навишта мешавад. Ин ҷо на нуқсони он касест, ки ин матнро барои рассом мебарад. Нуқсони тафаккури миллии мо аст, ки танҳо аз оҳанги шеър лаззат мебарем, таҳтушшуур кадом маъноеро аз шеър идрок мекунем ва мегузарем. Ғофилона мегузарем. Агар дониста бошем, ки Моно яъне монии рассом, ҳамон моние, ки Салвадор Далӣ минётурҳои Беҳзодро дида баъдан эътироф кардааст: «Ман баъд аз шиносоӣ бо ҳунари Беҳзод расом шудам». Ҳунари Беҳзод як идомаи камранги ҳунари монист.

«Аржанг» маънои луғавиаш рангоранг, базми рангҳо маҷмуаи тасвирҳои Монӣ, яъне албоми эксюпозивии Монӣ...

Идомаи ин байтҳо ҳам зебост:

Ҳаме монад андар ақиқин қадаҳ

Сиришке, ки дар лола маъво гирифт.

Сари наргиси тоза аз зарру сим,

Нишони сари тоқи Кисро гирифт.

Чу рӯҳбон шуд андар либоси кабуд,

Бунафша магар дини тарсо гирифт?

Робиаи арабтабор аз шаҳомати тоҷи Кисрои маздоӣ ба ваҷд меояд. Ин шоираи вораста дар айёме, ки Ислом шадидан таблиғ мешуд, бунафшаро либоси кабуди насронӣ мепӯшонад ва лутф ҳам мекунад, ки оё бунафша аз дин баргашт ва насронӣ шуд.

Ғазалиёти ошиқонаи Робиаи Қаздорӣ зинда, пуробу ранг ва мамлу аз эҳсосоти латиф, вале табиии як инсони вораста аст. Ба ин ғазали зебо таваҷҷуҳ кунед, ки дар он шоира ҳама қаҳру дарди ишқро бо ҷон харидор аст: Ишқи ӯ боз андар овардам ба банд,

Кӯшиши бисёр н-омад судманд.

Тавсанӣ кардам, надонистам ҳаме,

К-аз кашидан сахттар гардад команд.

Ишқ дарёе трона нопадид,

Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.

Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ,

Бас бибояд сохт бо ҳар нописанд

Зишт бояд диду ангорид хуб,

Заҳр бояд хурду ангорид қанд.

Абӯ Зироа, ки сари баҳс бо маликушшуарои даврон дорад, воқеан қудрати шоириаш ҳам қавист аз ноом кораш хеле дақиқ мегӯяд:

Ҳар он касе, ки набошад зи ахтараш иқбол,

Бувад ҳама ҳунари ӯ ба халқ номақбул.

Шуҷоаташ ҳама девонагӣ, фасоҳат-ҳашв,

Сухан-газофу каримӣ-фасоду фазл-фузуя.

Абулҳасани Оғоҷии Бухороӣ тасвиргари ҳунарманд будааст. Ӯ манзараи боридани барфро ҳунармандона тасвир кардааст:

Ба ҳаво дарнигар, ки лашкари барф,

Чун кунанд андар он ҳаме парвоз.

Рост ҳамчун кабутарони сафед,

Роҳгумкардагон зи ҳайбати боз.

Тасвире, ки Мантиқии Розӣ одами хасисро мекунад, дақиқ ва латиф аст. Маълум аст, ки дар он даврон даври тангаҳои заррину симин калимаи шаҳодат сика зада мешуд. Калимае, ки мусалмон тамоми умр онро мегӯяд ва дар лаҳзаи ҷон додан ҳам калимаи шаҳодат гӯяд, наҷот меёбад. Мантиқии Розй ба хасис мегӯяд, ки агар танга ба кафи ту афтид, ба назъи ҷон меафтад:

Ки бар сим сика чаро кардаанд,

Бидонистаме ман ҳаме он замон.

Дирам з-он кафи ӯ ба назъ андар аст,

Шаҳодат ниҳандаш ҳаме дар даҳон.

Мантиқии Розӣ моҳтобро чӣ гуна гуногун дидааст:

Маҳи гардун магар бемор гаштаст?

Бинолиду танаш бигрифт нуқсон.

Сипаркирдори симин буд, инак,

Баромад бар фалак чун гӯйи чавгон.

Ту гуфти хинги соҳиб тохтан кард,

Бимондаш наьли заррин дар биёбон.

Шаби ид аз бари рӯйи фалак шуд

Ҳаме абрӯи моҳи нав намоён

Кисоии Марвазӣ себи зардгаштаи биҳиро дар шох овезон дида тасаввур кардааст, ки хамчун ҷӯк (ҳашароте монанди тортанак) худро овехтааст:

Гӯӣ биҳӣ чу ман зи ғами ишқ зард гашт,

В-аз шох ҳамчун ҷӯк биовехт хештан.

Дар замони Кисоӣ ҳам дуруштонро дӯст намедоштанд:

Ба хорпушт нигаҳ кун, ки аз дуруштии пӯст,

Ба пӯсти ӯ тамаъ накунанд пӯстинпироӣ.

Ҳатто чармгар, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯйи пӯст аст, ҳар пӯстеро барои коре истафода мекунад, шояд пӯсти хорпушт ҳам ба коре биояд, аммо аз баски дурушт аст, аз он кароҳат мекунад.

Ҷақони ботинии мардуми ин айём ғанӣ ва зебо будааст. Бубинед равони ошиқонаи Дақиқӣ ба чӣ мушкилот печидааст:

Чӣ гуна балоӣ, ки пайванди ту,

Наҷӯӣ бад асту биҷӯӣ, батар.

Ё драмаи ботинии Қамарии Ҷурҷонӣ дар кадом вазъи печида аст:

Моҳ гоҳе чу рӯйи ёри ман аст,

Гаҳ чун ман кӯжпушту зарду низор.

Шеъри аҳди Сомониён харидори заршинос ва ҳиматбаланд доштааст. Бозораш гарм будааст. Тасвири вазъи ошиқи дидор дурмондаро Абул Абос чи хуб анҷом додааст:

Гунҷишк чӣ гуна ларзад аз борон,

Чун ёд кунам туро чунин ларзам.

Шеъри арҷманд аст, онро ҳамеша пайравӣ кардаанд, аз ҷумла хоҷа Ҳофиз аз Дақиқӣ иқтибос кардааст. Дақиқӣ мегӯяд:

Гӯянд сабр кун, ки туро сабр бар дҳад,

Оре диҳад, валек ба хуни ҷигар диҳад.

Дар байти хоҷа Ҳофиз:

Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр,

Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.

Воқеан байти дуюми Дақиқӣ хеле ҷолиб аст ва шаҳодат медиҳад, ки сабурии Дақиқӣ аз сабри Ҳофиз фарқ дорад:

Ман умри хешро ба сабурӣ гузоштам,

Умри дигар бибояд то сабр бар дҳад.

Дар шеъри Хусравии Сарахсӣ ташбеҳоти таҷриди қавист, ки ин ҳунар дар шеъри Пастернак ва Манделштам ҳам чун зуҳури ҳунари олии шеъри рус маъруф аст. Намуна аз Хусравӣ ин аст:

Эй басо хаста, к-аз фалак бинам

Бесилоҳе ҳамеша афгор аст.

В-эй басо баста, к-аз навоии чарх,

Банд пинҳону ӯ гирифтор аст.

В-эй басо куштагон, ки гардунрост,

Надавад хуну кушта бисёр аст.

Ин вазъи буҳрони равони хоси давронҳои ноором аст. Хусусан исбот шудааст, ки баъд аз ҳар ҷанги гражданӣ ҷомеа аввал ба эпидемияҳо мубтало мешавад. (Бемориҳое ба монанди маризҳои пӯст, сил, тиф...) Сониян ба дарди депрессияи иҷтимоӣ ва дар зинаи сеюм психози иҷтимоӣ зиёд мешавад... Дар аҳди Сомониён кадом арзишҳои маънавӣ буданд, ки аҷдоди мо мувофиқи он умр ба сар мебурданд? Муҳимтарин арзише, ки дар ин даврон диққати аҳли суханро ба худ ҷалб кардааст хирад, парастиши хирад, сухан, нақши он дар тақдири инсон ва монанди инҳо мебошад. Дар баробари худи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ин арзиш дар осори Абӯшакури Балхӣ ба назар мерасад. (Таърихи зиндагии ӯ дақиқ нест, ин қадар маълум аст, ки ӯ шояд охирҳои фаъолияти Рӯдакӣ аввали ҷӯшу хурӯши Фирдавсиро дарёфта бошад).

Абӯшакур хирадро чунин ситоиш мекунад:

Хирад беҳтар аз фазлу доноӣ аст

На доноӣ, афзун зи биноӣ аст.

Хирад бод ҳамвора солори ту

Мабо дар ҷаҳон ҷуз хирад ёри ту.

Бояд дақиқии назари Абӯшакурро кайд кунем, яъне сареҳан таъкид мекунад, ки хирад, доноӣ, маълумот нест. Агар биноӣ барои инсон зарур аст, Абӯ Шакур мегӯяд, ки хирад аз биноӣ заруртар аст. Алқисса Абӯшакур шинохти маърифатии ориёни бостонро пайгирӣ мекунад, ки хирадро чун як қудрате пайванд бо нируҳои осмонӣ мешуморад. Агар боз ҳам соддатар гӯям, хирад як қудрати фитрӣ, табиии инсон аст, ки бешубҳа агар он парвариш ёбад, комил мешавад, барои инсон аз доноӣ ва биноӣ беҳтар хизмат мекунад.

Кисоӣ кадру киммати фарзонагӣ, донишмандиро баландтар медонад аз ҳамаи он неъматҳое, ки аз зану фарзанд ҳосил мешавад. Ин ақида пайванд дорад бо орзӯи азалӣ ва абадии инсон, ки умри ҷовидонӣ медиҳад. Танҳо тадбире, ки умри ҷовидонӣ мебахшад, ба ақидаи Кисоӣ доноӣ аст. Ситоиши маърифат тарғиб кардан ба сӯи илму дониш дар осори бештари суханварони аҳди Сомонӣ ба назар мерасад. Дар ин раванд Муҳаммад бинни Восиф ҷиддият ва солориро зарур медонад:

Мулк або ҳазл накард интисоб,

Нур зи зулмат накунад иқтибос.

Матлаб ин аст, ки ҳукумату давлатро поянда доштан ҷиддият ва солориро мехоҳад. Дар сурати ба айшу ишрат, худнамоӣ, намоишкории худхоҳона машғул будан ҳукумату давлат аз дарун фурӯ мерезад, ҳамчуноне, ки дар зулмати ҷовидонӣ мемонад. Мисраи дуюм идомаи таълимоти ориёнист, ки донишу маърифатро яке аз таҷаллиҳои нур медонистанд. Калимахои «зулмат» ва «ҳазл» байти дигари Абӯшакури Балхиро рӯшан мекунад, ки ҳадафаш дар ин мисраъҳо ба ҳам наомадани ҷаҳл ва маърифат, нур ва зулмат аст, донишмандӣ-бедонишӣ табиатан душман ҳастанд, онҳо муросову мадоро кардан наметавонанд. Ин ҳақиқат ҳақиқати талху ҷовидонист, ки имрӯз ҳам побарҷоӣ аст:

Абедонишон бори ту кай кашанд?

Абедонишон душмани донишанд.

Шеъри аҳди Рӯдакӣ давраи эҳёи миллии тоҷикон, шукуфоии беназири миллӣ, сиёсӣ, маданӣ, шеъри ҳамеша тару тоза, ҳамнабзи инсони озодманиш, хушбин, ободгар аст.

Назри Яздон – н.и.ф., ходими пешбари шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ-и АМИТ

дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар 80-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк

Тибқи иттилооти расмӣ, 21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар 80-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳу рии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Сафари Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ню-Йорк барои иштирок дар 80-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид метавонад чанд паёмаду натиҷаҳои муҳими сиёсӣ ва дипломатӣ дошта бошад.

Қабла аз ҳама, ин сафар асосан барои ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои ҷумҳурӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд, тақвияти робитаҳои байналмилалӣ ва шарикиҳои нави байналмилалӣ дар самтҳои иқтисод, амният ва таҳкими пояҳои ҳамкорӣ аст. Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ва иштирокчиёни иҷлосияро ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла таҳдидҳои иқлимӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди устувор ҷалб хоҳад кард. Инчунин, вохӯриҳо бо роҳбарони кишварҳои гуногун имконият медиҳанд, ки муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мустаҳкам шаванд ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ бахусус дар бахшҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва фарҳангӣ ривоҷ ёбанд.

Сафари мазкур метавонад дар самтҳои зерин таъсири мусбат дошта бошад:

- Қавитар кардани мавқеи байналмилалии Тоҷикистон ва иштироки фаъоли он дар Созмони Милали Муттаҳид;

- Тақвияти равобити дипломатӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои мухталиф, бахусус ШМА ва шарикони дигари байналмилалӣ;

- Дастгирии барномаҳои рушди устувор, тағйирии иқлим ва амнияти минтақавӣ дар арсаи ҷаҳонӣ;

- Ҷалби сармоягузорӣ ва имкониятҳои нави ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои дигар;

- Ҷалби диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таъмини суботи минтақавӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ва ғайра.

Ҳамчунон дар назар аст, ки Пешвои миллат дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи 80-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иддае аз роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқот анҷом хоҳад дод. Ин мулоқотҳо метавонанд дар мавзӯъҳои ҳамкории иқтисодӣ, амниятӣ, масоили глобалии муҳити зист, ҳамчунин мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва таҳкими амният дар минтақа равона шаванд. Дар баробари ин, вохӯриҳо бо роҳбарони кишварҳои минтақа, ҳамчунин бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ва дигар афроди калидӣ метавонанд барномаи сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро рангинтар созанд.

Ҳамин тавр, сафари Президенти Тоҷикистон ба иҷлосияи 80-умин Маҷмаи Умумии СММ боз як саҳифаи рангин дар сиёсати хориҷӣ ва низоми нави давлатдории миллии кишвар буда, ба афзун гаштани обрӯву эътибор, муаррифии бештари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар ба таври назаррас мусоидат хоҳад намуд.

Каримов Шамсиддин - сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

(дар ҳошия таҷлил ва рӯзи гиромидошти устод А. Рӯдакӣ)

Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме..

Ҳамасола 22-юми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад. Дар аввалҳо таҷлили ин ҷашни хусусияти илмӣ ва фарҳангӣ дошт. Пас аз замони соҳибистиқлолӣ ба он мақоми расмӣ дода шуд ва соли 2002, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ пазируфта шуд.

Барои нигорандаи сатрҳо мояи ифтихор аст, ки анҷумани илмӣ-амалии байналмилалӣ зери унвони “Ҳикмати Рӯдакӣ” дар диёри шоир, деҳаи Панҷрӯд, ки бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳури Тоҷикистон ва ба муносибати арҷгузории бузургдошти сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ баргузор гардид. Дар мавзӯи “Шинохти Рӯдакӣ дар Покистон” дар партави мақолаи устоди шодравон Абдуғанӣ Мирзоев зери унвони “Захмаи чанги Рӯдакӣ” дар Покистон андешаронӣ намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар асарҳои донишмандон, аз ҷумла китобҳои эҷодкардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номҳои адибону абармардони тамаддуни таърихи тоҷик ба хусус номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолори адабиёт, шоири бузург ва Одамушшуаро дар нахустсафҳаи таърихи адабиёти тоҷик бо ҳарфҳои заррин ва ҷовидонӣ сабт шудааст.

Рӯдакишиносӣ имрӯз ба як шохаи муҳими адабиётшиносии тоҷик табдил ёфта, шомили мақолаву рисолаҳои фаровон мебошад. Тамоми мардуми ҷаҳон бахусус миллати тоҷик бо ин абармарди олами адаб фахр намуда, номи неки ӯро пос медорад. Устод Рӯдакӣ чеҳраи маҳбубу маъруфи аҳли адаб буда, дар борааш суханони зиёди пурситоиш гуфта шудаанд.

Бар ин росто сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аллома Садриддин Айнӣ ба осору омоли устод Рӯдакӣ таваҷҷуҳи махсус дошта, дар навиштаҳои худ борҳо руҷӯъ ба эҷодиёти ин шоири барҷаста кардааст. Мавриди зикр аст, ки рисолаи С.Айнӣ бо номи «Устод Рӯдакӣ» сухани тозае дар Рӯдакишиносӣ буда, дар бораи Одамушшуаро маълумоти ҷолибу тозае пешниҳод гардидааст. Дар он чунин қайд шудааст: «Шеърҳои Рӯдакӣ бисёр содаву табиист ва бар болои ин, бисёр лаззатбахш ва ҳаяҷоновар аст. Мо дар шеърҳои ӯ… тумтароқиҳои шоирони дигарро намебинем, аммо аз хондани онҳо чунон лаззат мебарем, ки бо хондани бисёр шеърҳои шоирони машҳури дигар ин лаззат кам муяссар мешавад. Агар мо шеърҳои Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ» гӯем, мувофиқ меояд». Дар ҷойи дигар устод Айнӣ оид ба хусусиятҳои умдатарини шеъри Одамушшуаро мулоҳиза ронда, зимнан иброз медорад, ки «Забони шеъри Рӯдакӣ бисёр содаву оммафаҳм буда, ӯ калимаҳои арабиро кам истифода карда, аз суханҳои форсӣ-тоҷикӣ бештар содатарин ва оммафаҳмтаринашонро чида гирифта, ба кор мебарад». Дар ҳақиқат ашъори устод Рӯдакӣ равону самимӣ буда, хиради инсониро ба ваҷд оварда, ба дилҳо расида, ба хотирҳо нақш мебандад.

Донишманди мумтози тоҷик, адабиётшиноси варзида Абдулғанӣ Мирзоев яке аз муҳаққиқон ва рӯдакишиносӣ муваффақ мебошад, ки дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти ӯ китоб зери унвони «Абӯ Абдулло Рӯдакӣ» эҷод кардааст. Ин олими номвар дар ситоиши султони шоирон, аз ҷумла, овардааст: «Умуман, мақоми Рӯдакӣ дар таърихи назми тоҷик аз ҷиҳати азамати худ бемонанд аст. Рӯдакӣ нафақат шаклҳо ва навъҳои назмро такмил дод, балки дар тамоми қисматҳои назми асри худ намунаҳои беҳтарини аввалин сабки шеърӣ – сабки туркистониро эҷод намуда, онҳоро аз ҷиҳати талаботи ғоявӣ ва бадеӣ ниҳоятдараҷа баланд бардошт».

Зикру ёди чунин фарзандони фарзонаи миллатро дар даврони истиқлолият аввалин маротиба ҳафт сол қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат санаи 22 сентябрро чун рӯзи Рӯдакӣ поягузорӣ ва арҷгузорӣ кард, ки ҳамасола санаи мазкур тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуда, аз соли 2008 дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, ки он нишона аз ҳифз намудан ва арҷгузорӣ ба бузургон мебошад.

Нигорандаи сатрҳо бо ҳамроҳии устоди зиндаёд Тоҷиддин Мардонӣ дар нишасти мазкур аз ҷонибӣ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ иштирок ва сӯханронӣ дошт, ки мақолаи банда “Шинохти Рӯдакӣ дар Покистон” дар партави мақолаи устод академик Абдуғанӣ Мирзоев зери унвони “Захмаи чанги Рӯдакӣ” дар Покистон иборат буд, ки дар он назарсанҷиҳои илмӣ доир ба қасидаи “Буи ҷуи Мулиён”-и Рӯдакӣ ва таъсири он ба нависандагони покистонӣ низ таҳқиқотӣ илмӣ намудааст.

Воқеан, арҷгузорӣ ба қаҳрамонони кишвар аз адабу шарофати ин ё он қавм аст, ки онҳоро чун намунаи адабӣ қадршиносӣ мекунанд. Дар воқеъ устод Рӯдакӣ яке аз шахсиятҳои нодире мебошад, ки дар ҷаҳон камназиранд.

Дар ниҳоят, мехоҳем чанд нуқтаеро ба ин муносибат баён намоем.

Мавриди зикри хос аст, ки устод Рӯдакӣ аз шоирони беҳамто ба шумор рафта, бо ташаббуси ӯ санги бунёдии адаби тоҷику форс гузошта шуда, то имрӯз ба авҷи камолот расидааст. Бояд қайд намуд, ки ашъори устод Рӯдакӣ поягузорӣ адабу илм буда, хонандаро огоҳ мекунад, ки бидуни ин ду ҳаёти инсонҳо ба таври хуб дурахшону фурузону тобанда намемонад. Инчунин, эътироф бояд кард, ки устод Рӯдакӣ аз нобиғагонест, ки тавассути “Буйи ҷуйи Мулиён”-и худ заминаи асосии меҳру муҳаббат ба ватан ва ватандӯстиро таҷассум кардааст.

Дар охир бояд қайд намуд, ки вазифаи устод Рӯдакиро чунин медонаду мешиносад: “инсон бояд дар ҳама кор ва зиндагии худаш ба халқ бо нияти нек хизмат карданро фаромӯш накунад”. Ҳамин тариқ, ӯ ҷаҳонро мисли дарёе медонад, ки агар кас хоҳиши аз он гузаштан дошта бошад, бояд дар зиндагӣ талош варзад то некӣ кунаду аз некномӣ ёдгорие ба вуҷуд оварад, то ҳамаи аҳли башар аз он партави нуронӣ файз намояд ва ба қавли худи шоир:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Мирсаид Раҳмонов - ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (860-941) бартари шоирони Арабу Аҷам, ифтихори шоирони ҷаҳон, соҳибқирони шоирӣ, Одамушшуаро, рӯзгору осори ӯ, ҳунару хислату сифоти ӯ шуруъ аз замони худи ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо омӯхта, таърифу тавсиф шудааст. То имрӯз шуълаи оташи муҳаббати ихлосмандону алоқамандони шеъри Устод Рӯдакӣ фурӯзон аст, аз ҷумла машъалбардорони рӯдакишиносӣ дар Тоҷикистон дар масири қадимии сунани шинохту таҳқиқи Рӯдакӣ гомҳои устуворе мениҳанд. Рӯдакишиносиро дар Тоҷикистон муҳаққиқон ба се давра ҷудо кардаанд: 1) давраи аввал аз замони Рӯдакӣ то ибтидои қарни ХХ; 2) аз солҳои бисти қарни ХХ то соли 1956; 4) аз соли 1956 то имрӯз. Хушбахтона, дар даврони истиқлолу озодии Тоҷикистон рӯдакипажуҳӣ вусъат пайдо карда, таҳқиқоти зиндагиву осори Рӯдакӣ аз нигоҳу равишҳои тоза, берун аз қайду банду маҳдудиятҳои милливу фарҳангиву мазҳабӣ анҷом мешуданд, ки сафаҳоти тозаеро дар рӯдакишиносӣ боз карданд. Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид мегӯянд, ки “Ва танҳо дар шароити соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мо имкон пайдо кардем, ки ба кору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ арҷ гузошта, номашро зинда нигоҳ дорем, ки дар садри онҳо устод Рӯдакӣ қарор дорад” (Чеҳраҳои мондагор,234). Ба ин далел рӯдакишиносии даврони Истиқлолро метавон давраи нав – аз соли 1991 то имрӯз ҳисобид.

1.Нусхашиносӣ ва чопи осори Рӯдакӣ дар Тоҷикистон.

Аз замони ба даст овардани истиқлол дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҳаёту осори Одамушшуаро бештар гардид. Дар самти рӯдакишиносӣ донишмандони Академияи илмҳо пешсаф буда, корҳои назаррасеро дар ин замина анҷом доданд. Аз ҷумла, китоби “Андарзномаи Рӯдакӣ” (1991), мураттиб Мирзо Муллоаҳмадов аз аввалин меваи даврони озодии фикрӣ, фарҳангиву адабист, ки 210 абёти андарзу ахлоқии парокандаи шоирро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ фаро гирифтааст.

Ба муносибати ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, соли 1999 маҷмуаи ашъори Рӯдакӣ бо номи “Насими Мӯлиён” мураттиби он Асрори Раҳмонфар бо пешгуфторе дар бораи “тартибу танзими мероси манзуми Рӯдакӣ”, ки онро аз чаҳор марҳала медонад, ба табъ расидааст.

Соли 2000 бо эҳтимоми Сайидрасули Мусавӣ, Масъуди Қосимӣ ва Азиз Мирбобоев “Девони Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ” ба чоп расид, ки мураттибон бисёр иштибоҳоти чопҳои қаблиро ислоҳ кардаанд ва яке аз чопҳои мусаҳҳаҳи ашъори устод Рӯдакӣ мебошад.

Китоби профессор Абдуманнони Насриддин “Рӯдакӣ (нусхашиносӣ ва нақду баррасии ашъори бозмонда)”, ки пажуҳиши чандинсолаи устод доир ба матншиносии осори боқимондаи шоир, мансубияти ашъори ӯ, муқоисаву муқобалаи ашъори ӯ бо шоирони дигар ва бахши дувуми китоб “девони Рӯдакии Самарқандӣ” мебошад, ки бар асоси нусхаи Саъид Нафисӣ ва И.Брагинский таҳия шуда, тамоми ашъори бозмондаи то замони мо расидаро фаро мегирад, ки маъхази ҳар як байт дар он нишон дода шудааст.

“Девон”-и Рӯдакӣ ба истиқболи 1150-солагии Рӯдакӣ дар шаҳри Олмотӣ (2007) бо тасҳеҳу тавзеҳи Қодири Рустам ба чоп расид. “Иқдоми ӯ дар ҳалли масъалаҳои интисоби байтҳо ба Рӯдакӣ ва шоирони дигар, нусхабадалҳо ва ихтилоф дар шарҳи вожаҳои ашъори шоир” сазовори таҳсин аст (7).

Силсилакитоби “Ахтарони адаб” иборат аз 50 ҷилд соли 2007 бо чопи ашъори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ оғоз ёфт.

Ба муносибати 1150-солагии Рӯдакӣ чандин маҷмуаҳои шеърии Одамушшуаро ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва англисӣ табъ расиданд, ки барои муаррифии Устод Рӯдакӣ ба миллатҳои дигар беҳтарин иқдом аст: 1) бунёди байналмилалии забони тоҷикии форсӣ “Девони Рӯдакӣ”-ро бо кӯшиши Усмон Назир ва паёми табрикии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нашрияҳои пешин ба табъ расонд; 2) бо кӯшиши Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ матни илмиву интиқодии “Девони ашъори Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ” бо ҳуруфи форсӣ ва пешгуфтори Алиасғари Шеърдӯст ва мақолаҳои таҳякунандагони матн доир ба шуҳрати ҷаҳонии Рӯдакӣ, нашри осори бозмондаи шоир ва равиши танзими девони мазкур дар нашриёти “Пайванд”-и сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расид. Ин девон на ҳама абёти бозёфтшудаи осори Рӯдакиро фаро мегирад, бинобар ин “наметавон матни девони мазкурро комил шуморид” (9). Инчунин дар заминаи ин девон китоби “Ашъори мунтахаби Рӯдакӣ” барои дабиристонҳо омода гардид.

Маҷмуаи шеъри Рӯдакӣ иборат аз 257 байти қасоид, маснавӣ, ғазал ва абёти парокандаи шоир, инчунин маҷмуаи ашъори Лоиқ, Камол Насрулло ва Гулназар дар бораи ҷовидонагии Одамушшуаро дар китоби “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – султони шоирон” бо кӯшиши Халифа Ҷумъазода ва Қ.Афғонов (2007) аз чоп баромад.

Китоби “Андар шинохти Рӯдакӣ”-и (2007) омоданамудаи Ҷамилаи Ҷамол барои хонандагону омӯзгорони мактаб таҳия шудааст. Китоб аз 5 боб иборат буда, 4 боби он зиндагӣ ва осори шоир, намунаи иншо дар бораи Рӯдакӣ ва боби панҷуми он панду андарзҳои бузургон дарҷ гадидаанд.

Бо вуҷуди теъдоди зиёди интишори ашъори Одамушшуаро адабиётшиносон ба ин назаранд, ки “осори Рӯдакӣ ба нашри илмӣ-интиқодии дар асоси манбаъҳои муътамад омода гардида ва бо зикри тафовути нусхаҳо ва таҳқиқи амиқи матншиносӣ зарурат дорад” (7, 48)

2.Асарҳои бадеӣ дар бораи Устод Рӯдакӣ.

Шоиру нависандагони муосири мо суннатҳои нависанда Сотим Улуғзода ва коргардон Борис Кимёгаровро, ки филми “Қисмати шоир”-ро офарида, шукӯҳу шаҳомати Рӯдакиро афзун намудаанд, идома дода, асарҳои бузургҳаҷме эҷод кардаанд. Аз ҷумла, дар романи Равшани Ёрмуҳаммад “Ишқи Рӯдакӣ”, драмаи Ғаюр Растагор “Рӯдакӣ дар Самарқанд ё офтоб омад далели офтоб” лаҳзаҳои муҳимму пурмоҷарои рӯзгори шоир тасвир шудаанд”, ки дар шинохти Одамушшуаро, аҳвол ва осори ӯ саҳми беандоза гузоштаанд (9).

Асари “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ: Зиндагӣ ва марги дигар”- и Қодири Рустам (2003) қиссаи бадеӣ дар бораи ихтилофоти замони мо дар ҷомеа мебошад, ки аз забони худи Рӯдакӣ бозгӯӣ шудааст.

Силсилаи ашъори шоирон дар васфи Одамушшуаро дар матбуоти даврӣ ва маҷмуаҳои шеърӣ ба табъ расида, бахше аз онҳо аз ҷониби ҳунармандон бо оҳанг суруда шудаанд: аз ҷумла шеърҳои “Дилам ба Рӯдакӣ сӯзад”, “Тулӯи қуллаҳо”, “Ду шеър барои Одамушшуаро”-и Гулназар; ашъори Гулрухсор “Забони Рӯдакӣ”, “Ашки “Ҷӯйи Мӯлиён”; шеъри “Рӯдакӣ бояд, ки ояд бори дигар бар ҷаҳон”-и Камол Насруллоҳ; шеъри Шаҳрияи Аҳтамзод “Давоми Рӯдакӣ”; шеъри “Шикасти Сомониён”-и Ато Мирхоҷа; ашъори Асрори Раҳмонфар “Санои Рӯдакӣ”, Абдураззоқи Раззоқ “Дарди халқ ояд ҳаме”.

Шоир Гулназар мегӯяд:

Ӯ зинда бувад, гӯр макун Рӯдакиро,

Аз обу гилат дур макун Рӯдакиро.

Чашмони туро ба рӯи миллат бикушод,

Бо кӯрии худ кӯр макун Рӯдакиро.

3.Паҳлуҳои мухталифи осори Рӯдакӣ, рӯзгору муҳити зиндагӣ ва аҳволи ӯ дар бахшҳои адабиётшиносиву, забоншиносӣ, таърих, ҳунару мусиқӣ аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик дар даҳаҳои охир пажӯҳиш шудаанд.

Дар бахши адабиётшиносӣ масъалаҳои таърихи шинохту таҳқиқи Рӯдакӣ дар китобҳои Саъид Нафисӣ (1382), Бадеъуззамон Фурӯзонфар (1380, 18-25), Бертелс Е. Э. (1988, 261-300), Мирзоев А. (1958), Брагинский И.С. (1964, 384-441), Афсаҳзод А. (2003), Асрори Раҳмонфар (1999, 3-39), дар муқаддимаҳои чопи ашъори шоир, дар мақолаҳои донишнома (энсиклопедия)-ҳо ва мақолаҳои таҳқиқӣ хеле батафсил баррасӣ шудаанд. “Дар ҳар давраи Рӯдакишиносӣ як ё чанд асари ҷамъбастие офарида шудаанд, ки баррасиҳои муҳаққиқони оламро арзёбӣ менамоянд” (9,15). Асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ бунёдгузори мактаби рӯдакишиносӣ дар Тоҷикистон буда, асари ҷамъбастие бо номи “Устод Рӯдакӣ”-и Садриддин Айнӣ (1944) навиштаанд, ки баъдан ин суннатро донишмандон Саъид Нафисӣ (Рӯдакӣ), А.Мирзоев (Абӯ Абдулло Рӯдакӣ) идома додаанд. Аз асарҳои марҳилаи нав, яъне даврони Истиқлоли Тоҷикистон китоби адабиётшиноси маъруф Аълохон Афсаҳзод “Одамушшуаро Рӯдакӣ” ва тарҷумаи китоби “Рӯдакӣ: рӯзгор ва осор, таърихи таҳқиқ”-и (2008) ховаршиноси Русия А.Тоҳирҷонов аз пажуҳишҳои тозаи даврони истиқлол маҳсуб меёбанд.

Дар даврони Истиқлол равишҳои наве дар рӯдакипажӯҳӣ падид омаданд, монанди озодии фикрӣ дар баёни матлаб, рӯ овардан ба суннатҳои қадимии фарҳангиву мазҳабӣ, таҳлили масъалаҳои инъикоси воқеияти иҷтимоӣ дар ашъори Рӯдакӣ.

Пажуҳиши муфассалу арзишманди ҷамъбастӣ дар атрофи рӯзгор ва осори Рӯдакиро профессор Аълохон Афсаҳзод анҷом додааст, ки бо номи “Одамушшуаро Рӯдакӣ” (2003, 2008) ба табъ расидааст. Китоб аз 4 боб – “Муҳити зисти Рӯдакӣ”, “Зиндагиномаи устод Рӯдакӣ”, “Осори дастраси Устод Рӯдакӣ”, “Бадеиёти осори Устод Рӯдакӣ” иборат аст, ки ба таърихчаи рӯдакишиносӣ як ҷаҳон андешаҳои илмии тоза зам намудааст. Ҳарфи тозае, ки дар ин китоб ироа шудааст, нобинои модарзод набудани Рӯдакӣ ва “саду ҳаштсаду даҳ ҳазор байт сурудани Рӯдакӣ” мебошад. Устод Афсаҳзод дар бораи таълифи ин рисола мегӯяд: “Асосгузор ва сардафтари адабиёт будан аслан маънии қабл аз дигарон асар навиштанро надорад. Рӯдакӣ бо хидматҳои бузургаш ба ин мақоми шоистаи таърихӣ соҳиб шудааст, ки ин рисола барои равшан кардани баъзе ҷиҳатҳои он навишта гардид” (7, 153).

Асари ҷамъбастии дигар дар Рӯдакишиносӣ “Рӯдакӣ: рӯзгор ва осор, таърихи таҳқиқ”-и ховаршиноси Русия Абдуҷаббор Тоҳирҷонов мебошад, ки аз ҷониби Мирзо Муллоаҳмадов (2008) тарҷума шуда, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Эрон ба табъ расид. Асари мазкур аз чанд ҷиҳат ҷолибу арзиши баланди илмӣ дорад: 1) муаллиф манбаъу сарчашмаҳои марбут ба Рӯдакӣ, аз ҷумла адабиёти арабиро гирдоварӣ ва баррасӣ намудааст; 2) ба баҳс кашидани бархе аз масоили норавшан дар бораи Рӯдакӣ, аз ҷумла масъалаи нобиноии Рӯдакӣ ва бо далелҳо собит сохтани тирачашми модарзод будани ӯ ва ҳақиқати таърихӣ надоштани кӯр кардани Рӯдакӣ; 3) масъалаи қарматӣ будани Рӯдакиро муаллиф баррасӣ карда, дар асоси сарчашмаву манобеи зиёди илмӣ ба чунин натиҷа мерасад, ки “Насри 11, Балъамӣ ва Рӯдакӣ ба қарматия ҳеч муносибате надоштанд” (9;15).

Адабиётшинос Саъдоншо Имронов пажуҳишу суханрониҳои худро дар маҷмуаи “Ёдномаи Устод Рӯдакӣ” (2001) ба тартиби таълифашон мураттаб сохтааст, ки дар онҳо сухан аз боби миқдори шеъри Рӯдакӣ, ашъори тозаи Рӯдакӣ дар “Хайрулбаён”, кашфи манбаъи як байти Рӯдакӣ меравад.

Шарифмурод Исрофилниё дар китоби “Хизонаи пурганҷ” (2001) маълумоти мухтасаре доир ба рӯзгор ва осори Рӯдакӣ дода, шеърҳои “Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён”, “Шикоят аз пирӣ” ва “Баҳори хуррам”-ро шарҳу тафсир кардааст.

Китоби “Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон”-и Мирзо Муллоаҳмадовро низ метавон дар ин саф муаррифӣ кард. Он аз ду бахш иборат буда, дар бахши нахуст таҳқиқоти солҳои охир навиштаи Мирзо Муллоаҳмадовро фаро мегирад ва дар бахши дувум муҳаққиқ дар бораи 20 донишманди маъруфи рӯдакишинос иттилооти зиқимат медиҳад.

Аз китобҳои дигари арзишманд дар самти рӯдакишиносӣ рисолаи адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода бо номи “Аз Рӯдакӣ то Лоиқ” мебошад, ки дар он мақолаҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф, аз қабили “Қасидаи “Модари май” ва шеъри мадҳия”, “Шеъри ҳолия дар замони Сомониён”, “Рӯдакӣ ва адабиёти замони бостони Ҳинд”, “Рӯдакӣ ва таҳқиқи сабки адабӣ дар шеър”, “Бунёди Рӯдакӣ ва дурнамои рушди рӯдакишиносӣ” ва амсоли инро фаро мегирад.

Соли 2008 китоби шарқшиноси маъруф И. С. Брагинский “Абуабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ” аз ҷониби Шодӣ Шокирзода ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда ,бо муқаддимаи ӯ ба табъ расид.

Субҳони Амир дар асараш “Рӯдакӣ – падидаи нодир ва ҷаҳонии тамаддуни аҳди Сомониён (1999) “аз дидгоҳи тоза ба ҷанбаҳои ноаёни ҳаёти адабии замони шоир амсоли таъсири унсурҳои дини масеҳӣ, зуҳури барҷастаи худшиносиву ифтихори миллӣ дар маҳдудиятҳо нигариста, яке аз омилҳои шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани шоирро дар иртиботи ӯ бо давлати Сомониён ва ифодаи ормонҳои озодихоҳиву истиқлолталабӣ медонад”, сипас соли 2015 ин китобро бо замми 6 мақолаи дигар дар бораи Рӯдакӣ соли 2015 бо номи “Устод Рӯдакӣ – аввалин шоири миллӣ ва ҷаҳонӣ” (2015) ба чоп расонд, ки дар он сухан аз муаммову иштибоҳоте дар шарҳи аҳволу осори шоир меравад ( 9, 208).

Дар рисолаи илмӣ-оммавии Мирзо Муллоаҳмадов ва Сурайё Қурбонова “Абуабдулло Рӯдакӣ” (2006) сухан дар бораи шуҳрати ҷаҳонии шоир, рӯзгору осор ва замони зиндагии ӯ бар асоси сарчашмаву манобеи илмӣ ва абёти худи шоир, таърихчаи гирдоварӣ ва нашри абёти шоир, мазмуну мундариҷаи абёти шоир дар кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Русия меравад.

Мақолаҳои мутааддиде аз ҷониби донишмандони муътабар ва муҳаққиқони дақиқназар Расул Ҳодизода, Аҳрор Мухторов, Аълохон Афсаҳзод, Нуъмон Неъматов, Худоӣ Шарифзода (Мазмунҳои иҷтимоӣ дар шеъри Рӯдакӣ, Диди замонии сабки шеъри Рӯдакӣ, Адабиёти аҳди Сомониён, Рӯдакӣ ва Шаҳиди Балхӣ, Шеъри Рӯдакӣ ва шакли байти Адабиёти классикӣ, Нақди шеъри Рӯдакӣ (аз оғоз то асри XIII)), Абунабӣ Сатторзода, Абдуманнон Насриддин, Носир Салимов, Кароматуллоҳ Олимов, Тоҷиддин Мардонӣ, Аскаралӣ Раҷабов, Матлубаи Мирзоюнус, Умеда Ғаффорова, Замира Ғаффорова, Фахриддин Насриддинов, Абдушакур Абдусаттор, Файзуллоҳ Бобоев, Амрияздон Алимардон (Тарҳрезии ғазал дар замони Оли Сомон, 1998; Озодии андеша, эътиқод ва маънавиёт дар аҳди Сомониён, 2003), Саидумрон Саидов, Валӣ Самад, Аламхон Кӯчаров, Шоҳзамон Раҳмонӣ, Алии Хуросонӣ (Ҷустуҷӯҳои илмӣ дар заминаи намунаҳои тозаи ашъори устод Рӯдакӣ, 2007), Субҳон Амирқулов (Рӯдакӣ – падидаи нодир ва ҷаҳонии тамаддуни аҳди Сомониён,1991) Шодӣ Шокирзода, Вафо Элбойзода (Ба даври адл; Каломи Рӯдакӣ воломақом аст; Забони Рӯдакӣ ҳаргиз намемирад, Илоҳиёт дар ашъори Рӯдакӣ), Саъдуллоҳ Раҳимов дар маҷаллаву маҷмуаҳои илмӣ ва рӯзномаҳо чоп шудаанд.

Дар китоби “Рӯдакӣ: дирӯз ва имрӯз”, ки бо ибтикори Аскаралӣ Раҷабов таҳия шудааст, 30 мақолаи донишмандони рӯдакишиноси маъруфи ҷаҳонӣ гирдоварӣ шуда, соли 2007 дар Душанбе интишор ёфтааст.

Аз корҳои тоза дар самти рӯдакишиносӣ пажӯҳиши зиндаёд профессор Расул Ҳодизода бо номи “Рӯдакӣ дур аз наздик” мебошад, ки бо вероишу бознигории донишманди маъруфи эронӣ Муҳаммадҷаъфар Ёҳақӣ чанде пештар дар чопхонаи “Хирадгон”-и Машҳад ба чоп расид.

Инчунин китоби “Рӯдакӣ”-и Саид Нафисӣ соли 2022 бо кӯшиши Ҷаъфар Ранҷбар ва Масъуд Миршоҳӣ ба хатти сириллик баргардон ва дар Душанбе чоп ва рӯнамоӣ гардид.

Маҷмуаҳо. Ду шумораи фаслномаи адабиву фарҳангии “Рӯдакӣ”-и Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо мақолаҳои Худоӣ Шарифзода, Саҳобуддин Шаҳобуддинов, Амрияздон Алимардонов, Камол Айнӣ, Мирзо Муллоаҳмад, Тоҷиддин Мардонӣ, Абдуманнон Насриддинов, Фахриддин Насриддинов, Алии Хуросонӣ, Тоҷибой Келдиёров ба табъ расиданд, ки ба масъалаҳои тозаи рӯдакишиносӣ бахшида шудаанд (Рӯдакӣ, 8-9, соли 2015). Пажӯҳишҳои муҳаққиқон саҳифаҳои наве дар рӯдакшиносӣ ва кашфи осори ӯ боз карданд, аз ҷумла Саҳобуддин Шаҳобуддинов ду байти тозаи шоирро аз як нусхаи қадимии Қуръони карим, ки дар маркази мероси хаттии АМИТ маҳфуз аст, пайдо кардааст.

Дар ҳафтаномаи Иттифоқи нависандагон “Адабиёт ва санъат” дар даврони истиқлоли Тоҷикистон даҳҳо мақолаи илмӣ интишор ёфтаанд, ки маълумоти тозаеро ба рӯдакишиносӣ зам кардаанд: Қодири Рустам “Як байти мансуб ба Рӯдакӣ дар номи бостонии Мовароуннаҳр” (4.11.2004,№44, саҳ.11), Рӯзӣ Аҳмад “Дар ҷустуҷӯи фолклори диёри Рӯдакӣ” (14.12.2006, №49-50,с.6), Аҳрор Мухторов “Рӯдакӣ ва вазир Ҷайҳонӣ” (01.02.2007, №5, саҳ.11), Абдунабӣ Сатторзода “Рӯдакӣ ва шеъри рӯдакивор” (01.03.2007, №9, саҳ.4-5),

Соли 2014 “Ёдномаи Устод Рӯдакӣ” маҷмуаи мақолаҳои рӯдакишиносони маъруф аз қабили дуктур Асғари Додбеҳ, дуктур Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Саҳар Ваҳдатии Ҳусайниён, Муҳаммадҳасани Санъатӣ, Абдулқайюми Қавим, Муҳаммадҳусайни Ямин, Партави Нодирӣ, Орифи Навшоҳӣ, Александр Гейзер ва дигарон дар нашрияи академии “Дониш”-и Академияи улуми Тоҷикистон интишор ёфта, паҳлӯҳои наву тозаи рӯдакишиносиро таҳқиқ кардаанд.

Маҷмуаи “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй” (2020) бештар аз 70 мақолаву чакидаҳои суханрониҳои иштирокчиёни анҷуманҳои илмиест, ки ҳамасола 23 сентябр дар Панҷекат ва Панҷрӯд доир мегардад, ки бо ибтикори Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷекат ба табъ расидааст. Мақолаҳо ба забони тоҷикиву русӣ, ӯзбакиву англисӣ буда, масъалаҳои адабиётшиносӣ, матншиносии осори Рӯдакӣ, пайванди адабии шоирони баъдӣ бо Рӯдакӣ, масоили забоншиносӣ, масоили таърихӣ, аз ҷумла давлатдорӣ ва ҳунарро фаро гирифтаанд.

Дар бахши забоншиносӣ пажуҳишҳое дар атрофи ҳунари суханварӣ, бунёди вожагонӣ ва хусусиёти забони осори Устод Рӯдакӣ анҷом шудааст, ки муҳимтарини онҳо асарҳои профессор Мукаррама Қосимова “Сомониён ва анҷоми ташаккули забони адабӣ”, Қ. Мухторӣ “Хусусиятҳои луғавию-услубии ашъори Рӯдакӣ”, Б. Ғаффор “Шоири Хуросон”, Х. Муҳаммадзод “Забони осори Рӯдакӣ”, Ф.Шарифзода “Ҷумлаи байти шеъри Рӯдакӣ”. Таҳқиқоти доманадореро дар боби забон ва услуби калимаҳо, баромади таркиби луғавии осори шоир, хусусиятҳои наҳвии ашъори Рӯдакиро Қ.Мухторӣ анҷом додааст.

Дар бахши мусиқӣ ва ҳунар. Муносибати Рӯдакӣ ба мусиқӣ ва суруд аз ҷониби донишмандон ва пажӯҳишгарон ба ҳар наҳве шарҳу тавзеҳ шудааст. Ҷалоли Холиқии Мутлақ дар китоби «Гули ранҷҳои куҳан» роҷеъ ба ин гуна фаъолиятҳои Рӯдакӣ менависад: «Дар аҳди Сомониён Рӯдакӣ идомадиҳандаи шеваи шоирии дарбори Хусрави Парвиз аст. Рӯдакӣ сароянда ва хонанда ва навозанда, охирин ва шояд муҳимтарин намояндаи суннати шоирии дарбории Эрони қадим аст» (17, 25).

Оҳангсози тоҷик Хайрулло Абдуллоев соли 1998 тарона- композитсияи “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён”-ро эҷод кард, ки онро ҳунарманди мардумии кишвар Қурбоналӣ Раҳмонов бо гурӯҳи овозхонони “Сомон” сурудаанд. Тарона иборат аз аз се бахш буд: мусиқии ҳазин, ки манзараи дурӣ аз ватан пеши назар меорад; бахши дувум оҳанги мутантан, ки баргашт ба ватанро баён мекунад; бахши сеюм садои ором, ифодагари расидан ба ҳаёти боромиш аст.

Лола Азизова ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон суруди оҳангсози маъруфи тоҷик Ф.Солиев “Ушшоқи Рӯдакӣ” (Мушавваш аст дилам аз карашмаи Салмо)-ро бо маҳорати вежа иҷро мекунад. Ҳунарпешаи театри вилояти Хатлон Маҳмадалӣ Айюбов се ғазали Рӯдакӣ – “Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт”(1980), “Дило то кай ҳамеҷӯйӣ манеро”(2008) ва “Эй дар ҳама мирони ҷаҳон ёфта шоҳӣ”-ро оҳанг баста (2008), сурудааст.

Инчунин мақолаҳои С.Ҳамад “Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт”, Ҷ.Обидпур “Ритмикаи ашъори устод Рӯдакӣ” дар атрофи ҳунари навозандагии Одамушшуаро ва ба оҳанг пардохтани шеъри ӯ мебошанд.

Дар бахши таърих. Мақолаҳои мутааддиде дар атрофи таърихи сиёсию фарҳангии замони Сомониён, ҷуғрофиёи таърихии шаҳри Бухоро, муҳити фарҳангии Бухоро ба табъ расиданд, ки марбути рӯдакишиносӣ ҳам ҳастанд, аз ҷумла Аҳрор Мухторов “Рӯдакӣ ва мероси ӯ” (2008), Р.Бойматов: “Девони ҳисаба”, “Девонсолории сомониён”, “Зардуштиёни асри Рӯдакӣ”; Маъруф Исоматов “Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд”, “Устод Рӯдакӣ ва Балъамиён”.

Мақолаи Қаюмова М. “Зеварот ва тазйиноти ороишӣ дар замони Рӯдакӣ” дар радифи баррасии масоили ҳунарӣ, инчунин вобаста ба корбурди вожагони тазйиноту ороиш мулоҳизоти ҷолиб дорад ва ин паҳлуи ашъори Рӯдакӣ таҳқиқи тоза мебошад.

Дар бахши тиббу набототшиносӣ. Муҳаққиқ М. Ҳоҷиматов дар асари худ “Ҳаким Рӯдакӣ” тасвири гулу гиёҳ дар ашъори Рӯдакӣ ва муносибати шоир ба улуми табиатшиносӣ ва тиб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамоишҳо. Ҳамасола рӯзи 22 сентябр (1 меҳр) дар Тоҷикистон рӯзи бузургдошти Одамушшуаро Рӯдакӣ дар тамоми муассисаҳои таълимиву илмии кишвар баргузор мешавад. Илова бар ин, ҳамоишҳои ҷумҳуриявиву байналмилаӣ низ баргузор мешаванд. Ҷашни 1150-солагии Устод Рӯдакӣ бо қарори ЮНЕСКО 6-7-уми сентябри соли 2008 дар Тоҷикистон, 18 июн дар толори Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки 190 кишвари ҷаҳон бо суханронии Дабири кулли созмон Пан Ги Мун бошукӯҳ баргузор шуд, ки аз Тоҷикистон адабиётшиноси маъруф Мирзо Муллоаҳмадов дар он суханронӣ намуданд. Симпозиуми илмии байналмилалӣ ба муносибати “Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон” ба муносибати 1150-умин солгарди зодрӯзи Рӯдакӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо

иштироки муҳаққиқону донишмандони ватаниву хориҷӣ баргузор шуд, ки маҷмуаи мақолоти ин симпозиумро дар даст дорем.

Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ аз 17 марти соли 1932 ҳамчун бахши таъриху забоншиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ оғоз кард. Соли 1951 бо қарори Шурои Вазирони Тоҷикистон бо таъсиси Академияи илмҳои ҶТ Институти забон ва адабиёт таъсис ёфт. Моҳи октябри с.1958 ба муносибати 1100-солагии бузургдошти Асосгузори адабиёти форсии тоҷикӣ Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Институт ба номи ӯ гузошта шуд. Дар Институт дар солҳои гуногун дар робита бо Рӯдакӣ корҳои илмиву пажуҳишӣ анҷом шудаанд, ки китобҳои “Осори Рӯдакӣ”, “Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ”, “Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои Х-ХV”, “Намунаҳои фолклори Рӯдакӣ”, “Абӯ Абдулло Рӯдакӣ”, “Донишномаи Рӯдакӣ” дар 3 ҷилд ва соли 2024 китоби “Ҷӯйи Мӯлиён” бо пешгуфтор ва ашъори баргузидаи шоир ба форсиву хатти сирилик ва англисӣ ва китобчае ба забони инглисӣ бо номи “Султони шоирон” омода ва нашр шуд. Дар Институт ду маркази Рӯдакӣ “Бунёди Рӯдакӣ” ва китобхонаи “Анҷумани Рӯдакӣ” дар шаҳри Порис фаъолиятҳои судманде мебарад.

Рӯдакӣ рафту ҳикмати ӯ ҷовидона монд ва мо итминон дорем қарнҳо сурудаҳои ӯ танинандоз хоҳанд шуд ва осори гаронарзиши дар маърази пажӯҳиш қарор хоҳад монд, зеро ба қавли шоир Рустами Ваҳҳоб:

Аз сухан пайкаре гар ороянд,

Андар он шеъри Рӯдакӣ ҷон аст.

Аз ҳазорон яке аз ӯ монда,

Ҳар яке беш аз ҳазорон аст.

Адабиёт:

1. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – султони шоирон. Мураттибон Ҷумъазода Х., Афғонов Қ.- Душанбе, 2007.

2. Андарзномаи Рӯдакӣ. Мураттиб М.Муллоаҳмадов.- Душанбе, 1991.

3. Амир С. Рӯдакӣ – падидаи нодир ва ҷаҳонии тамаддуни аҳди Сомониён.- Душанбе, 1999.

4. Амир С. Устод Рӯдакӣ – аввалин шоири миллӣ ва ҷаҳонӣ.-Душанбе, 2015.

5. Афсаҳзод А. Одамушшуаро Рӯдакӣ.- Душанбе, 2003.

6. Брагинский И.С. Абуабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ.-Душанбе, 2008.

7. Донишномаи Рӯдакӣ. – Душанбе, 2008.- Ҷ. I.-591с., Ҷ.II.-543с.

8. Муллоаҳмадов М., Қурбонова С. Абӯабдулло Рӯдакӣ.-Душанбе, 2006.

9. Муллоаҳмадов М. Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон.-Душанбе,2012.-248саҳ

10. Насими Мӯлиён (мураттиб А.Раҳмонфар).-Душанбе:Адиб, 1999.

11. Насриддин А. Рӯдакӣ (нусхашиноси ва нақду баррасии ашъори бозмонда).-Хуҷанд,1999.

12. Рустам Қ. Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар.-Олмотӣ, 2003.

13. Рӯдакӣ. Девон. (таҳия, тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам) .-Олмотӣ,2007.

14. Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй.Маҷмуаи мақолот.- Душанбе,2020.-456с.

15. Тоҳирҷонов А. Рӯдакӣ: рӯзгор ва осор, таърихи таҳқиқ.-Душанбе, 2008.-227с.

16. Ҷамол Ҷ. Андар шинохти Рӯдакӣ.-Душанбе, 2007.-64с.

17. Ҷалоли Холиқии Мутлақ. Гули ранҷҳои куҳан. Баргузидаи мақолот дар бораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. Ба кӯшиши Алии Деҳбошӣ. – Теҳрон, 1372.

Шарифзода Фарангис – директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

2122Ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби тозанашр бо номи “Рустами Эмомалӣ - дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” бо услуби хосса рӯйи чоп омад ва боиси сарфарозии ҳайати олимони кишвар аст, ки рӯнамоии китоби мавриди назар дар боргоҳи илму маърифати тоҷик-Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мегардад

Китоби “Рустами Эмомалӣ - дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” бо сифати баланд чоп шуда, фарогири мақолаҳои 18 нафар чеҳраҳои маъруфи кишвар мебошад. Китоб аз 280 саҳифа иборат буда, нигоштаҳои он бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф шудаанд. Муаллифони мақолаҳо дар сохторҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ ва илмию фарҳангӣ фаъолият менамоянд, ки нигоштаҳои хешро дар асоси санаду далел таълиф намуда, раванди меҳнату кӯшишҳои созандагиву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро инъикос намудаанд. Китоб бо аксаҳо оро ёфтааст, ки аксҳои дар китоб ҷойдода муҳтавои нигоштаҳоро таҳкиму тақвият мебахшанд.

Бо 3 забон нашр шудани китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани дастовардҳои 8 соли охири мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба пойтахти кишвар мусоидат менамояд.

Китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” маҷмуи мақолаҳои олимону зиёиён ва ходимони давлатию сиёсии кишварро ҷиҳати муаррифии хизматҳои мондагори шаҳрдори ҷавон-муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун дастпарвар ва идомабахши мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар гирифтааст.

Воқеан, мактаби давлатдории Пешвои миллат ба ҳайси бузургтарин мактаби сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуда, ин мактаб ба таҳкими сулҳу субот, амнияту осоиштагӣ дар сартосари мамлакат, рушди тамоми инфрасохтори кишвар замина гузошта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар як муддати кутоҳ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як ҷумҳурии сарсабзу хуррам, бо суръат рушдкунанда ва муҳимтар аз ҳама ба як кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ табдил дод. Ин мактаби бузурги сиёсӣ дар ташаккул ва рушду инкишоф ёфтани шахсиятҳои ворастаи сиёсӣ ва тарбияи нерӯи зеҳнию ақлонии кишвар мунтазам мусоидат намуда, дар худ як қатор чеҳраҳои сиёсиро ба камол расонидааст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ-шаҳрдори ҷавони кишварро метавон бешак аз зумраи беҳтарин дастпарварони асили ин мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат номид, ки тули фаъолияти хеш ба ҳайси шарҳрдори кишвар шаҳри Душанберо ба беҳтарин маркази маъмурии кишвар, давоми фаъолияти хеш ба ҳайси Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон нишон додани ташаббуси байналмилалӣ дар соҳаи мазкур ва ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Палатаи болоии парломуни кишвар-Маҷлиси Миллиро ба яке аз ниҳодҳои асосии ташаббускор дар низоми қонунгузории кишвар табдил дод.

Дар ин росто лозим ба ёдоварист, ки маҳз завқи баланди кордонӣ, эҷодкорӣ, андӯхтани таҷрибаи кишварҳои мутамаддин, маҳорати шоистаи роҳбарӣ, ишқи ҳақиқӣ ба Ватан, нигоҳи шаҳрофар ва иқдоми бузурги бунёдкориву созандагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат буд, ки дар пойтахти кишвар раванди ободиву навсозиҳо нисбат ба 10-солаи қалб рушд намояд. Пешрафти босуръати соҳаҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ба рӯйдоди муқаррарӣ табдил ёфтааст ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии солҳои охир пойтахтро бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса кардан имконнопазир мебошад.

Қомат афрохтани биноҳои истиқомативу маъмурӣ, бунёду тармими маконҳои фарҳангиву фароғатӣ ва ба истифода додани мавзеъҳои хоси варзишӣ ба ҳусни шаҳри Душанбе зебоии дигарро зам намуд. Албатта, ин иқдоми шоиста дар бедор намудани ҳофизаи таърихи миллат, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастиву худшиносии сокинони кишвар нақши муассир мегузорад. Дар ҳақиқат, Душанбе агарчи шаҳри ҷавону тозабунёд аст, бо зебогиву озодагӣ ва перостагии худ дили ҳазорон нафарро мусаххар сохта, чун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол барои рушди илму фарҳанги ин халқи куҳантаърих нақши босазо дорад. Маҷмааҳои бузурги фарҳангӣ, боғу гулгаштҳои дилпазир, муассисаҳои таълимию илмӣ ва биноҳои боҳашамати истиқоматӣ ба зебогии он ҳусни тозае зам намудааст. Ин шаҳри дилоро бо тарзи меъмориву оини шаҳрдории худ аз таърихи арзишманди халқи тамаддунофари мо гувоҳӣ дода, ободкориҳои даҳсолаи охир ҳамқадами ҷаҳони муосир будани моро бозгӯӣ менамояд.

Имрӯз бо ибтикори бевоситаи шаҳрдори ҷавони кишвар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе муррифгари илму фарҳанги халқи тоҷик мебошад. Муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳӣ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғаффуров, Майдони Истиқлол, Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худшиносии насли наврас ва ҷавонон замина фароҳам оварда, бозгӯи соҳибтамаддунии мардуми куҳантаърихи мост.

Хулоса, дар китоби мазкур фаъолияти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути таҳияи мақолаҳои гуногун таҷассум ёфтааст, ки ин фаъолият намунаи ибрат аст. Муаллифон зимни таҳияи мақолаҳои хеш дар асоси далелу санад ҳақиқати ин иддаоро дар китоби мазкур исбот кардаанд. Китоби тозанашр дабистони муқаддасест, ки ҷавонони имрӯзу фардо аз он сабақи зиндагӣ, дарси хештаншиносиву ватандорӣ ва созандагиву бунёдкориро меомӯзанд.

Умедворем, ки ин иқдоми шоиста бо мақсади муаррифии дастовардҳои наҷиби пойтахти азизамон–шаҳри Душанбе тавассути таҳияи чунин китобҳо идома ёфта, шоҳкориҳо ва хидматҳои мондагори шаҳрдори кишвар муҳтарам Рустами Эмомалӣ намунаи ибрати ҷавонон мегардад. Бигзор, шукӯҳу шаҳомати шаҳри Душанбе, ки ҳамчун «Хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон» эътироф гардидааст, ҷовидона бимонад ва парчами иқболи миллат дар фазои пойтахти азизамон ҳамеша партавафшон бошад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт

2121Мавриди тазаккур аст, ки фаъолияти созандаю бунёдкоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ такони ҷиддие барои тағйири низоми арзишҳои миллӣ гардид, ки як Мактаби нави давлатдории миллиро эҳё намуд, ки имрӯз дар аксари мактабҳои олии кишвар мақому мартабаи худро доранд. Ин аст, масъалаи тарбияи кадрҳои болаёқат дар фазои геосиёсӣ ва фарҳангии замони муосир арзиши баланди иҷтимоию сиёсӣ пайдо намудааст.

Мактаби давлатдории Пешвои миллат дар маҷмуъ бо номҳои мухталифи марказҳои омўзишии илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон ва дигар номҳо дар АМИТ, ДМТ, Донишгоҳи Давлатии Бохтар ва ғ . бунёд ёфтаанд.

Бояд тазаккур дод, ки нақши Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори сулҳ дар таърихи давлатдории нави тоҷикон ин падидаи нав, рамзи қудрату тавоноӣ, сарҷамъию ободонӣ ва эҳёгари фарҳангу хотираи таърихӣ ва шахсиятҳои мондагори миллат мебошад, ки асоси назариявию методологии Мактаби бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бунёд менамояд.

Муҳтарам, Рустами Эмомалӣ ҳам дастпарвари Мактаби давлатдории Пешвои миллат мебошад, ки имрўз барои садҳо нафар сарварони ҷавони кишвар намунаи ибрат аст.

Мавриди қайд аст, ки китоби мазкур аз ду қисм иборат аст. Кисми аввал : “Андешаҳои ходимони намоёни давлатӣ ва сиёсатмадорон” мебошад, ки бо Пешгуфтори Сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода ва дигар ходимони давлативу олимони шинохта ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, умуман дар маҷмуъ 18 мақолаҳои пурмуҳтаво ва саршори меҳнату заҳматҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтам Рустами Эмомалӣ оғоз меёбад.

Дар муқаддимаи китоб Сарвазири ҶТ, муҳтарам Қоҳир Расулзода хеле ҷолиб ибрози андеша намудааст, ки “Фалсафаи роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ метавонад бо ду мафҳуми калидӣ тавсиф шавад: “ шаффофият “ ва “иштирок”, зеро андешаашон бар он аст, ки ҳар як мақоми дахлдори давлатӣ бояд имконияти баёни ақида ва иштирок дар равандҳои қонунгузориро дошта бошад, ки ин дидгоҳ ба тақвияти иштирок ва афзоиши эътимод ба мақомот кӯмакӣ зиёд карда истодааст”(Ниг. ба китоби “Рустами Эмомалӣ –дастпарври Мактаби давлатдории Пешвои миллат- С.8. ) Муҳтавои асосии ин қисм аз кору пайкори муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун дастпарвари Мактаби давлатдории Пешвои миллат мебошад, ки ба рушду нумуи шаҳри Душанбе, масъалаи идоракунии давлатӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ вобастаю пайваста мебошад.

Муаллифони мазкур ҳар яке аз диди худ дар амал татбиқ ёфтани мақсад ва стратегияи ободикунонии шаҳри Душанбе ва дигар фаъолиятҳои сиёсии муҳтарам Рустами Эмомалиро шарҳу баён дода, касбияти сиёсии он касро хеле рушану возеҳ нишон дода тавонистаанд. Ҳамаи мақолаҳо бо се забон интишор ёфтаанд, ки барои хонандагони гуногунзабон пешбарӣ шудаанд.

Қисми дуюми китоби мазкур бо номи ”Рустами Эмомалӣ –дастпарвари Мактаби давлатдории Пешвои миллат” мебошад, ки аз мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарм Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам В.В. Путин ва Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси федералии Россия Валентина Матвиенко оғоз ёфта, баъдан дар он 8 вохўриву мулоқотҳои гуногун, масъалаи кушодани 4 корхонаҳои истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе ,12 маротиб мулоқотҳои сатҳи баланд бо намояндагони кишварҳои гуногун, ифтитоҳи марказҳои гуногунро дар бар мегирад. Дар маҷмуъ, китоби мазкур 202 сурату расмҳои гуногунро дар бар мегирад, ки дар сатҳи бисёр баланду сифатнок баррасӣ гардидаанд. Мавриди тазаккур аст, ки дар қисми дуюми китоб ба таври амалӣ тамоми фаъолияти муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳамчун дастпарвари Мактаби давлатдории Пешвои миллат баён менамояд.

Хулоса, муҳиммияти китоби маскур натиҷаи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар тарбияи кадрҳои ҷавон мебошад, метавон онро ҳамчун дастури бунёдии амалӣ аз дастовардҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ шуморида, ҳамчун намунаи ибрат

дар байни ҷавонон ва шогирдони Мактаби давлатдории Пешвои миллат баррасӣ кард. Зеро ҷавонон мо ояндаи Тоҷикистони азиз ва пушту паноҳи давлату миллат ба шумор мераванд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ду пешниҳод менамоям:

Якум, китоби “Рустами Эмомалӣ – дастпарври Мактаби давлатдории Пешвои миллат”-ро дар навбати аввал ба мактабҳои олии кишвар ва Марказҳои “ Мактаби давлатдории Пешвои миллат” расонанд.

Дуюм, барои ташвиқу тарғиби тарбияи кадрҳои ҷавон, хусусан ҷавнони ватанпарвару ватансоз ҳамчун асари бунёдии хусусияти тарбиявӣ дошта, дар муассисаҳои олии таълимӣ мавриди истифода қарор дода шавад.

Муҳаммад Абдураҳмон – узви вобастаи АМИТ

«...чун ниёгонро меомӯзем, худро мешиносем. Имрӯз мо тоҷиконро зарур омадааст, ки аҷдодро биёмӯзем, то худро бишносем. Ҳеҷ яке аз риштаҳои худшиносии шахс ва ҷомеаро бидуни ёди таърихӣ тасаввур наметавон кард. Ҳар амали муҳимми иҷтимоӣ он гоҳ кам ё беш амали огоҳона хоҳад буд, ки аз ёди таърихӣ раҳнамоӣ дида бошад. Ёди фарҳангӣ яке аз шартҳои асосии моҳияти маънавӣ пайдо кардани ҳастии инсон аст ва низ бидуни донистани таърих даст намедиҳад. Бидуни худшиносӣ ба арсаи таърих пой гузорем, бо чашми пӯшида ва гӯши ношунав қадам хоҳем зад» (В.О.Ключевский).

Худшиносӣ дар ҳар давру замон яке аз мавзӯъҳои мубрами илмӣ - фалсафӣ дониста шуда, доир ба он назарияҳои гуногуни илмӣ-назариявӣ аз тарафи муҳаққиқон баррасӣ гардид. Имрӯз дар давраи навин, мафҳуми худшиносиро наметавонем аз истиқлолият тафкик намоем, зеро ин ду гавҳари бебаҳо арзиши амиқе дар таҳкими низоми давлатдорӣ ва сулҳу субот доранд. Худшиносӣ аз ҷониби олимону файласуфони ҷаҳони қадим ва муосир ба мактаби пуриқтидоре монанд шудааст, ки дар роҳи парвариши завқи маънавиятпарастӣ ва тарбияи шахси хирадманду оқил нақши барҷастае дорад. Бесабаб нест, ки пешвои таълимоти марксизм Карл Маркс худшиносиро аввалин шарти хирадмандӣ медонад. Ҳангоме, ки сухан аз ахлоқи поки инсонӣ меравад, дар мадди аввал яке аз пояҳои ин ахлоқ – худшиносӣ ба миён меояд.

Истиқлолияти миллӣ амри зарурии таърихи башарият дониста мешавад, ки ба таври пешқадамона расидан ба он яке аз мақосид ва пирӯзии миллии тоҷикон дар асри XXI мебошад. Яке аз вазифаҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи навбунёд эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ буда, дар ин замина ташаккул додани худшиносии миллат ба ҳисоб меравад. Дар ин бора олими намоёни тоҷик, шодравон Самиев А. хеле хуб ишора кардааст, ки “..танҳо худшиносии фарҳангию таърихӣ миллатро муттаҳид ва соҳибдавлат намуда, вайро ба мудраки (субъекти) фаъоли раванди таърихӣ табдил медиҳад”[1:2].

Худшиносии миллӣ иродаи сиёсӣ ва масъулияти давлатдориро ташаккул дода, ифтихор ва ғурури миллиро такмилу тақвият мебахшад. Аз ин рӯ, масъалаи худшиносии миллӣ яке аз масъалаҳои меҳварии имрӯза дониста шуда, таҳқиқ ва омӯзиши вай вазифаи аввалиндараҷаи олимон - ҷомеашиносон мебошад. Барои ҳамин зарур аст, ки масъалаи нақши фалсафаи худшиносӣ ва таҳаввулу ташаккули он дар низоми давлатдории миллии тоҷиконро дида бароем. Дар таърихи фарҳанги инсонӣ шахсиятҳое ҳастанд, ки ҷой ва мақомашон то ба дараҷае устувор ҳаст, ки асрҳои тулонӣ чун ситораҳои осмони илму фарҳанг тобнок ва дар таҷаллианд. Ин муҳаққиқон, ки дар таҳқими ҳуввияти миллӣ ва истиқлолияти миллӣ барои иттиҳод, сулҳ, саодат, адолат ва маърифат талошҳои пай дар пай намудаанд, шахсиятҳои фарҳехтаи фалсафа ва илми муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд, ки онҳо на танҳо берун аз Тоҷикистон ва манотиқи Осиёи марказӣ, балки Федератсияи Россия ва Аврупо ба маъруфият шинохта шудаанд.

Нақши муҳаққиқони муосири фалсафаи тоҷик дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти миллӣ муҳим буда, саҳми ин донишмандони асил дар пиёда сохтани ҷомеаи навбунёд дар асоси ақлгароӣ, бисёрандешӣ, таҳаммулпазирӣ ва инсонгароӣ назарррас дониста шудааст. Ба қатори ин муаққиқони асил, аз ҷумла, Додихудоев Х., Диноршоев М., Сайфуллаев Н.М., Музаффарӣ М. Ҳазратқулов М., Олимов К., Самиев А., Бекзода К., Муҳаммадхоҷаев А., Ҷонбобоев С., Назариев Р.З., М.А.Назаров ва дигарон низ дохил гардидаанд.

Ин муҳаққиқон дар осори худ «таҳкими истиқлолияти миллӣ»-ро дар замони муосир яке аз мавзуъҳои умда ва арзишманд дониста, дар атрофи ин масоили илмӣ, ки бештар марбут ба таҳкиму пойдории истиқлолияти миллӣ аст, мароми онро доштанд, ки дар доираи илмӣ бояд комилан таҳлилу таҳқиқ гардад. Воқеан, дар доираи баҳсу мунозираҳои илмӣ байни муҳаққиқони тоҷик фикру андешаҳои тозае пешниҳод намудаанд, ки бештар бар мабнои пазируфтани гуногунӣ, аҳамияти гуногунии андешаҳо, ҳамоиши афкори мухталиф, таҳаммулпазирӣ, мадоро (толерантность) ва ҳатто изҳори эҳтироми гуногунӣ (плюрализм) ин ҳама нишонаи нумуъ ва пешрафти ҷомеа аст ва баръакси он огоҳиест, аз оѓози рукуд ва пасравӣ. Муҳаққиқони тоҷик низ дар замони муосир мароми он доштанд, ки дар доираи мавзӯи мазкур таҳқиқотҳои назаррасеро анҷом диҳанд, ки барои пешрафт ва нумуи ҷомеа натиҷаи муфидеро ба даст расонад.

Ба қатори ин донишмандон ва муҳаққиқони мумтози илм, ки дар мавзуи фарҳангу худшиносии миллӣ таҳқиқоти ҷолиберо бурдаанд, аз қабили Додихудоев Х., Диноршоев М., Ҳазратқулов М., Самиев А., Олимов К., Сайфуллаев Н.М., Музаффарӣ М., Ҷонбобоев С., Назариев Р., Самиев Б., Махшулов М., Муродова Т., Содиқӣ Н.Н., Усмонова З.М., Иброҳимова С.Ҳ., Абилзода Г., М., Маҳмадҷонова ва ѓ. дохил мешаванд.

Таърихи навини Тоҷикистон ва истиқлолияти он яке аз ҷанбаҳои асосиеро, ки барои рушду нумуи кишвар гузоштааст, ин вогузор гардонидани муҳаққиқони тоҷик дар омӯхтан ва таҳкими истиқлолияти миллӣ, ки ҷиҳати ҳалли он зарурати таҷдиди назар, эҳё ва таъйини созандагии мафҳум ва ѓояҳо, омилу асосҳои рушду нумуи кишвар ва таҳияи ҷанбаҳои гуногуни ҳастии он пеш омад. Аз ин рӯ, муҳаққиқони ватанӣ муваззаф гардидаанд, ки минбаъд таърихи сарнавишти худро бо дасти худ татбиқ ва таҳия намоянд. Чи тавре ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад» [3].

Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Ба қавли профессор Н.М.Сайфуллаев: «Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда ва нопадид мегардад». Таърихи тафаккури ҳар як миллат фалсафа аст ва фалсафа илмест, ки барои эҳдоси методолгия ва ҷаҳонбинии илмӣ донши саҳеҳро тақвият мекунад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, чораҳои зарурӣ андешид.

Табиист, ки масири давлатсозӣ роҳи ҳамвор нест, балки барои ноил шудан ба мақсади наҷибу муқаддас иродаи азиму имони комил, донишу биниши иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ ва маърифати мукаммал зарур аст. Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар нафари тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмандонаву аҳлона ва зиракона сайқал бахшидани андешаи миллӣ, ки таҳкимбахши ҳувияту худшиносӣ аст, маҳорату маърифати беназирро талаб менамояд.

Cаволе ба миён меояд, ки нақши мафҳуми фалсафаи худшиносӣ аз аз куҷо сарманшаъ мегирад? Рисолати таърихӣ - фалсафии он дар чист? Оё насли даврони навин дарк карда метавонад, ки эҳёи фарҳанги миллӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи давлат, якпорчагии вай, сулҳу субот дар ҷомеа танҳо ба масъулияти вай гузошта шудааст ва рисолати таърихии вай самимона ва содиқона дӯст доштан, ҳамаҷониба ҳифз ва ободу шукуфо кардани ватани азизаш мебошад. Дар ҷавоб ба ин саволҳо дониши амиқи таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангиро бояд дошта бошем.

Дар луғати ахлоқ «худшиносӣ» бо таъбири «самосознание» омадааст, аз ҷумла чунин шарҳ ёфтааст: «Худшиносӣ - дар фаъолияти иҷтимоӣ худро ҳамчун шахс шинохтани инсон ва дар ин ҷамъият шинохтани мавқеи худ аст. Дар натиҷаи худшиносӣ инсон қобилияти худназораткуниро ба даст меорад, имконияте пайдо мекунад, ки рафтори худро мустақилона идора ва назорат кунад, худашро худ тарбия намояд».

Носири Хусрав доир ба масъалаи мафҳуми худшиносӣ дар китоби «Девон»-и худ чунин овардаанд:

Ту худро дон, агар худро надонӣ,

Зи худ ҳам неку ҳам бадро бидонӣ.

Шиносои вуҷуди хештан шав,

Ва он гаҳ сарфарози анҷуман шав.

Дарвоқеъ, фард, ки як узви ҷомеа аст, худро нашиносад, мавқеи худро муайян карда натавонад, чӣ гуна ӯ метавонад аз ахлоқи ҳамида бархурдор бошад. Худшиносӣ як амалиёти шахсӣ ва натиҷаи он аст, ки аз қарнҳову асрҳо инҷониб фикру андешаҳои файласуфон, уламои дин ва шоиру нависандагони бузургро ба худ машғул доштааст. Чунон ки файласуфи машҳури рус Бердяев Н.А. навиштааст: «Юнониён ибтидои фалсафаро дар худшиносӣ дида буданд» ва идомаи фикраш чунин аст: «Шахси ман як воқеияти таҳияшуда нест, ман худ шахси худро дар он ҳангоме ҳам, ки ба шинохтани худ машғул ҳастам, меофаринам».

Аз ин ҷост, ки худшиносии миллӣ ин пеш аз ҳама “маҷмӯи ҷаҳонбиниҳо, худогоҳиҳо, арзишҳо, баҳогузориҳо ва муносибатҳое мебошад, ки аҳамияти бузурги таърихӣ доштани миллатро инъикос карда, мақоми миллатро дар байни дигар қавму миллатҳо нишон медиҳад”. Мафҳуми худшиносии миллӣ, ба вижа дар давраи аҳди Сомониён бахше аз таърих ва ҳувияти миллати мо тоҷикон ба шумор меравад. Таъриху фарҳанг ва забони форсӣ-дарӣ (дарборӣ) доштани ин миллат дар Хуросони Бузург (Хуросон ва Мовароуннаҳр) дар қаламрави Сомониён барқарор будааст. Ҳамчунон ки имрӯз миллати тоҷик ба дастовардҳои бузурги давраи Сомониён ифтихор мекунад ва суннатҳои деринаи онро пос медорад ва бо роҳи ҷустуҷӯ ва кофтуковҳои илмӣ аз гузаштаи хеш, талоши онро дорад, ки роҳе барои дастовард ба ормонҳои ояндааш биёбад.

Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ин ақидаро пуштибонӣ карда, дар яке аз суханрониҳояшон овардаанд: “Мо метавонем ин давраро ба як хазинаи нодире монанд кунем, ки беҳтарин ва арзишмандтарин дурру гавҳарҳои маърифатро ҷамъ оварда, барои такомули ақлу хиради башарият истифода намудаааст. Ҷиҳати дигари афзалиятноки давлатдории Сомониён ин пазируфтани дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ буд. Мисраи машҳури “Дониш андар дил чароғи равшан аст” ҳамчун шиори кулли фарзонагон аҳли илму фарҳангро роҳнамоӣ мекард. Таҷрибаи фалсафаи худшиносии миллии тоҷикон нишон медиҳад, ки тоҷикон чун бозмондагони қавму қабоили ориёии Осиёи Марказӣ дар гузашта пайравони дини ростини зардуштӣ ва дар замони ислом ҳам бештарин вақтҳо озодандеш, гуногунандеш ва ҳақиқатҷӯй ва созанда буда, ифтихорманд аз гузаштаи худ буда, ҳама вақт фирор аз тақлид мекарданд.

Зеро бидуни арзу вуҷуди қудратманди афкори мустақили илмиву таҳлилӣ ва фалсафию интиқодӣ ба андешаи олими муосири тоҷик Сунатулло Ҷонбобоев “Инсон ба муқаллиди фарҳанги ғайр табдил меёбад. Тақлиди беҳудуд ба фарҳанги ғайр бошад, сабаби нобудии фарҳанги худӣ мегардад”. Аз рӯи қавли С. Ҷонбобоев назари нек доштан ба осори миллии худ ва ба навовариҳои илмӣ, озодандешӣ, қадршиносӣ нисбат ба гуногунандешӣ боиси устуворӣ ва мақоми худро дарёфтан аз фарҳанги ниёгони хеш далолат мекунад. Тоҷикон бояд фақат дар марҳилаи истеъмоли тавлидоти донишҳои дигарон намонанд, балки дар тавлиди донишҳои нав саҳми бештар дошта бошанд. Дар нигоҳдории осори фарҳангӣ, пешрафти андешаи миллӣ ва инчунин таъмини ваҳдати минбаъдаи миллат мақоми роҳбарияти сиёсӣ хеле бузург аст. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти фикри ҷомеаро ба сӯи навовариву эҷодкорӣ равона намудааст.

Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояш дар ин бора ишора кардааст: “Мо аз таҷрибаи гузаштагон хуб медонем, ки халқу миллатҳое, ки дар баробари ҳифзи фарҳангии худ ва қадр кардани арзишҳои динию мазҳабӣ онҳоро тибқи ҳадафҳо ва ниёзҳои ҷомеа оқилона корбаст намудаанд, ба комёбиҳои бузургу нодир дастёб шудаанд».

Воқеан худшиносӣ аз масоили мубрами инсонист ва ҳар як шахс бояд ба миллату тамаддуну фарҳанги хеш дилбастагие дошта бошад. Бояд қайд намоем, ки худшиносӣ аз рукнҳои вижаи инсоният дониста мешавад. Албатта, ҳар як инсон, қавму миллат ва кишварро аз рӯи маърифати худогоҳии ашхоси он макон метавонад муаррифӣ ва ташхис диҳад. Худшиносии миллӣ шарти зарурии ҳастӣ ва як ҷузъи асосии тараққиёти миллат буда, сатҳу дараҷаи он аз рӯи мизони муайян муқаррар карда мешавад, ки то чӣ андоза афроди миллат ба манфиати миллат кору фаъолият ва фидокориҳо карда метавонанд.

Яке аз роҳҳои авалиндараҷаи шинохт ва идроки мазмуни меҳварии “худшиносӣ” ин рӯ овардан ба илму маърифат аст. Зеро инсон танҳо тавассути илму дониш метавонад ҷаҳони асроромези табиатро ба фармон ва ё султаи худ дарорад ва ба эҳтиёҷоти хеш сарфакорона суд биҷӯяд ва бар такомули хештан биафзояд. Аз ин ҷост, ки худшиносии миллӣ асоси ҳаёти маънавии афроди миллатро ташкил медиҳад. Худшиносии миллӣ аз худшиносии афроди алоҳида шурӯъ гардида, дуввумӣ дар шаклгирии худшиносии миллӣ саҳми азим дорад. Худшиносии афроди алоҳида чунон ки дар боло зикр намудем – ин посухи амиқи ҷустуҷӯ кардан ва андарёфтан доир ба масъалаҳои мубрами фалсафӣ, аз қабили «ман кистам?», «асли вуҷуди ману ҷавҳари ман чист?», «миллатам чист?», «аз куҷо омадаам ва ба куҷо хоҳам рафт?», «роҳи ман кадом аст?», «рисолатам чист?» ва ғ.

Дар мавриде, ки инсон ба ин гуна пурсишҳо посухҳои аниқу комил, ё наздик ба он дарёфт менамояд, шурӯъ ба бунёди зиндагии солиму комил менамояд ва дар таҳкими бинои миллати хеш саҳм мегирад ва робитаи ногусастаниеро миёни маърифати нафси хеш ва миллати худ купруки созандагие бунёд месозад.

Бе ягон монеа метавон чунин ақидаеро изҳор намоем, ки чи худшиносии миллӣ ва чи худшиносии афроди алоҳида, ҳар яке такомулбахшандаи дигаре мегардад. Худшиносии миллӣ авҷи баланди худшиносии фардӣ дар шакли густурдаву расмии он мебошад, ки дар бархурд бо худшиносии қавму миллатҳои дигар баҳри ҳимояву нигоҳ доштани ҳувият ва арзишҳои касбкардаи хеш ҷаҳду талошҳои зиёде ба харҷ хоҳад дод. Илова бар он, дар шароити носозгори равандҳои иқтисодӣ ва маданияти шаҳрвандӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятии бешумор дар ҳолатҳои мушаххас метавонанд ҷомеаро ба зиддият, муқовимат ва моҷароҳо рӯ ба рӯ гардонанд.

Рӯҳи озодихоҳи гузаштагони мо – тоҷикон фаъолияти самимии давлатдорон, сиёсатмадорон, мероси пурарзиши мутафаккирон ба хотири истиқлолияти ватан, худшиносии миллӣ ва адолати иҷтимоӣ дар осори ҷовидонаи абармардони илму адаб дар таърихи миллатамон боқӣ мондааст. Ин мутафаккирон новобаста бар он, ки дар муҳити исломӣ таълиму тарбия ёфта бошанд ҳам, аммо мехостаанд, ки барои ҳуқуқи озодӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ шахсонеро тарбия намоянд, ки бо замони муосир, бо афкори илмӣ ва назари нав ва мубориза баҳри ба ҳадаф расидан талош намоянд. Маҳз ин ҳадафро метавонем дар ҷомеаи шаҳрвандии имрӯз, ки шакли иттиҳоди одамон аст ва он ҳаёти моддию маънавиро таъмин месозад ва талаботу манфиатҳои онҳоро қонеъ мегардонад, низ амалӣ гардонем. Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, дар замони муосир чи зарурияте падид меояд, ки мо бояд дидгоҳ ва ё ба таври аниқтар таҳаввулоти зеҳнии ҷавононро доир ба шинохти маърифати нафс, худогоҳии инсон ва ташаккули низоми давлатдорӣ равона намоем?

Ногуфта намонад, ки ба шарофати истиқлолият мардуми тоҷик дар мизони бунёди навини таърих равишу самти зиндагиро тағйир дода, рӯ ба эҳёи фикрию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ниҳода истодаанд.

Мутаассифона, то нуқтаи охирини худ то ҳоло ҷомеаи тоҷикон аз банди хурофоту ҷаҳолат ва таассуби даҳшатовар куллан озод ва наҷот наёфта, зина ба зина раванди ташаннуҷи таассубпарастӣ ва ҷаҳолатхоҳии оммавӣ дар Тоҷикистони кунунӣ, тақвият ёфта, тадовум пайдо кардааст. Бадбахтӣ сари ин масъала аст, ки ҷаҳолат, хурофот ва таассуб ҳамеша ифротгаройиро тавлид карда, василаю абзори муҳими тадовуми беназмию бетартибӣ, бадахлоқию бадандешӣ, кинаю адоват, нафрат бадбинӣ дар ҷомеа гардида, роҳи тараққиёту таҳаввулоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, фарҳангиро ба таври кулли барбаста, мардумро дар тангнои фикрию сиёсӣ қарор дода, ҷониби хирадзудоию варшикастагӣ равона месозад.

Падидаҳои манфури муосир, чун экстремизм, фундаментализм, радикализм ва терроризми динӣ - мазҳабӣ ба зуҳуроти хатарноктарини глобалӣ табдил ёфта, на танҳо барои минтақа, балки барои кулли манотиқи ҷаҳонӣ бори гарон шудаанд. Шаҳрвандон вазифаи хосро иҷро менамояд. Асолати таърихии зиёиён маҳз аз ҳамин назар муайян мешавад. Имрӯз мо мебинем, ки ифротгароии динию сиёсӣ ба як идеологияи заҳролуд, таҳдиду зӯроварӣ табдил ёфтааст. Намояндагони он бо истифода аз тамоми имкониятҳо ин идеологияро ба сари мардум, алалхусус ҷавонон ва наврасон бор кардан мехоҳанд. Дар чунин шароит зиёиёни эҷодкорро зарур аст, ки дар асарҳои худ моҳияти иртиҷоии ифротгароии динию сиёсӣ ва барои пойдории давлату пешравии миллат хавфнок ва зарароварро ба омма ифшо намоянд. Чунки танҳо аҳли илму адаб метавонад зиддиятҳои фикрӣ, дохилию ғоявиро таҳлили назариявию методологӣ намуда, барои ҳалли онҳо ба мақомоти баланди давлатӣ дастури асосноки илмӣ пешниҳод кунанд.

Таърихи илмии форсу тоҷик ҳамеша ҳамчун сарчашмаи ҳуввиятсози миллат хизмат кардааст. Бешубҳа бидуни омӯзиши илм ҳеҷ қавму миллате ба худшиносии миллӣ намерасад ва ё умуман аз байн меравад. Агар ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз осору таълимоти ниёгони худ чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Берунию Сино, Хайёму Носири Хусрав, Саъдӣ, Мавлонои Балхӣ, Ҳофиз, Низомӣ, Бедил, Айнӣ, Иқбол ва дигарон огоҳ намебуд, чӣ мешуд? Дақиқан, ҳамаи ин бузургон ва бисёр дигар нобиғаҳои миллати мо – моро дар чаҳорчӯбаи асили одамият, инсонмеҳварӣ, дар асоси арзишҳои бузурги инсондӯстӣ, ки хоси миллати форсу тоҷик аст, тарбият кардаанд.

Бандалиева Шодигул Нуралиевна – номзади илмҳои фалсафа ходими калони илмии Шуъбаи онтология,

гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшниосӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Дар замони рушди техналогияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ тамоми тамоми ҷаҳонро маълумотҳои электронӣ фаро гирифтааст. Аз ин лиҳоз, амнияти киберӣ дар самти ҳифзи маълумотҳо як бахши хеле муҳим ва асосии муҳофизат ва бехатарии маълумот дар ҷаҳон ва махсусан, дар муассисаҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Рушди технологияҳои рақамӣ, ки дар он ҳазорҳо гигабайт маълумот ҷамъоварӣ ва коркард мешаванд, аз ҳар давлат таъмин кардани амнияти киберии махзани маълумот тақозо менамояд. Ҳимояи ин маълумотҳо аз хатарҳои киберӣ, ҳамлаҳои киберӣ ва ҳуҷҷатгузории нодуруст нақши калидӣ дар таъмини бехатарии иттилоот ва муҳофизат аз хатарҳо дорад[7].

123Имрӯз дар сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ва Индонезия мубориза бо таҳдидҳои киберӣ яке аз мавзуъҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар мебошад. Ду кишвар сиёсати рақамиро дар сохторҳои давлатӣ ва шаҳрвандон ҷорӣ намуда истодаанд ва мақсади давлатҳо расидан ба сулҳу субот ва амният дар дохили кишвар ва саросари ҷаҳон буда, самтҳои асосии ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо таъкид ба мувофиқа, ҳамоҳангсозии амалҳо ва таҳияи тадбирҳо дар соҳаи амнияти киберии байналмилалӣ равона шуда истодааст. Махсусан ба паҳншавии кибертерроризм, истифодаи ғайриқонунии технологияҳои коммуникатсионӣ, ки ба амнияти давлату шаҳрвандон таъсири манфӣ мерасонад, диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Яке аз самтҳои сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон табдил додани кишвар ба ҳукумати электронӣ мебошад, ки барои ҳифзи он, ҳамкориҳои байналмилалӣ саривақтӣ мебошад. Ҳангоми гузаштан ба ҳукумати электронӣ таъмини амнияти киберӣ муҳим аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2024 аҳамияти таҳкими амнияти киберии кишвар, дастрасии технологияҳои навро барои муҳофизат аз ҳамлаҳои киберӣ ва тақвияти чораҳои мубориза бо ҷиноятҳои кибериро таъкид намуданд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст[4]. Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

-такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ;

-то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот;

-рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ;

-рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;

-истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ;

-андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот;

-ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ”[4].

Бояд таъкид кард, ки яке аз заминаҳои ҳуқуқӣ, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар он ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар дарҷ гардидааст. Аз ҷумла, дар банди 3.6. дипломатияи иттилоотӣ, зикр карда шудааст: “Роҳандозии дипломатияи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи истифодаи густурдаи имкониятҳои фановариҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ сурат мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори таҳияи маҷмўи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ дар мавриди таъмини амнияти иттилоотӣ ва риояи ҳамаҷонибаи он меъёрҳо дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ мебошад ва яке аз ҳадафҳои худ муқовимати саривақтӣ ва самаранок ба киберҷиноятҳо ва таҳдидҳои иттилоотӣ ба истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаддасоти таърихӣ ва арзишҳои ахлоқиву маънавии халқи тоҷик мебошад”[2].

Ҳукумати Индонезия зидди таҳдидҳои киберӣ қадамҳои устувор бардошта, барои тақвияти ҳифзи рақамии кишвар тавассути ташаббусҳои сиёсӣ ва тағйироти танзимгарона чораҳои зарурӣ андешидааст. Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар моҳи феврали соли 2024 аз ҷониби Президенти Индонезия тасдиқи Нақшаи миллии амнияти киберӣ барои солҳои 2023–2028 мебошад. Дар доираи нақша Ҳукумати Индонезия ҳадаф дорад, ки тамоми маълумот ва бойгонии муассисаҳои давлатӣ ва шаҳрвандони Индонезияро аз ҳамлаҳои киберӣ муҳофизат намояд. Нақшаи миллии амнияти киберӣ барои тақвияти устувории технологияҳои рақамии кишвар, амнияти системаҳои муҳими миллӣ, муҳофизати дороиҳои рақамии арзишманд ва таъмин кардани шаҳрвандон бо имконияти истифодаи бехатарии фазои рақамӣ пешбинӣ гардидааст. Нақшаи мазкур ҳадафҳои зеринро пайгирӣ мекунад:

-тақвияти мудофиаи рақамӣ;

-ҳифзи дороиҳо;

-такмили ошкорсозӣ ва арзёбии таҳдидҳо;

-тақвияти ҳамкорҳои байналмилалӣ;

-рушд додани кадрҳои соҳаи амнияти киберӣ;

-ҷалб намудани рахнагрони(хакерҳои) маҳаллӣ ба фазоиҳои қонунии этикии соҳа;

-тақвияти амнияти миллӣ дар қувваҳои мусаллаҳ ва полис;

-ҳамгиро кардани амнияти киберӣ ба нақшаҳои рушди миллӣ;

-муҳофизати ҳуқуқи шаҳрвандон ва муомилоти рақамӣ;

-муосирсозии хидматҳои давлатӣ бо истифода аз амнияти рақамӣ;

-густариши ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусӣ;

-баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи қаллобӣ дар интернет ва хатарҳои шабака;

-баланд бардоштани мавқеи Индонезия дар соҳаи амнияти киберӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ[16].

Дар солҳои охир, Индонезия имкониятҳои амнияти киберии хешро ба таври назаррас таҳким бахшида, як равиши бисёрсатҳиро қабул кардааст, ки ба ҳифзи инфрасохтори муҳими рақамӣ ва системаҳои иттилоотӣ аз таҳдидҳои афзояндаи киберӣ нигаронида шудааст. Бо дарназардошти рақамисозии босуръати бахшҳои давлатӣ, аз ҷумла соҳаҳои молия, телекоммуникатсия ва идоракунии давлатӣ, ҳукумати Индонезия ба сохтани системаҳои устувории мудофиаи киберӣ диққати махсус медиҳад.

Бояд қайд кард, ки яке аз муҳимтарин ҷузъҳои стратегияи амнияти киберии Индонезия сохтори мутамаркази идоракунӣ дар доираи Агентии миллии амнияти киберӣ ва криптография мебошад, ки амалҳои амнияти кебириро дар саросари кишвар танзим менамояд. Самаранокии ин равиши мутамарказ ҳангоми ҳодисаҳои бузурги хатарҳои киберӣ нишон дода шудааст. Масалан, дар моҳи июни соли 2024, Маркази муваққатии миллии маълумотҳои Индонезия ба ҳамлаи барномаи таҳдиди бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ (ransomware programs) дучор шуда, ба якчанд хадамоти муҳими давлатӣ, аз ҷумла, ба системаи муҳоҷират низ зарар расонид. Ҷинояткорон барои барқароршавии системияи давлатӣ 8 миллион доллари ШМА талаб карданд, ки ҳукумат аз пардохти он худдорӣ намуд. Агентӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳо кӯшишҳои вокуниш ва барқароркуниро ҳамоҳанг карда, аҳамияти амалии саривақтӣ ва идоракунии мутамарказро дар ҳалли таҳдидҳои киберӣ дар сатҳи миллӣ амалӣ намуд[10].

Дар моҳи январи соли 2024, Агентии миллии амнияти киберӣ ва криптография ду регламенти навро нашр намуд. Ин регламентҳо чаҳорчӯбаи муҳимеро барои коркарди ҳодисаҳо ва буҳронҳои киберӣ муқаррар намуда, барои беҳтарсозии иқтидори умумии вокуниши кишвар равона шудаанд.:

-Регламенти №1/2024 оид ба идоракунии ҳодисаҳои киберӣ. Регламенти №1/2024 гурӯҳҳои вокуниш ба ҳодисаҳои киберӣ дар сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва ташкилотӣ барои провайдерҳои хидматҳои асосӣ ва муваққатӣ аз провайдерҳои хидматҳои асосӣ муайян мекунад ва уҳдадор месозад, ки ҳодисаҳои кибериро ба мақомот гузориш диҳанд.

-Регламенти №2/2024 оид ба идоракунии буҳронҳои киберӣ. Регламенти № 2/2024 ба омодагӣ ва татбиқи идоракунии буҳронҳои киберӣ тамаркуз мекунад ва таҳияи нақшаҳои ҳолатҳои фавқулодда барои кибербӯҳронҳоро то моҳи январи соли 2025 талаб мекунад[16].

Ин равишҳои сохторёфта барои ташкили экосистемаи устувортари амнияти киберӣ равона шудаанд, ки нақшҳо, масъулиятҳо ва тартиботи вокуниш ва барқарорсозиро пас аз ҳамлаҳои киберӣ муайян месозанд.

Тоҷикистон мисли Индонезия ниҳоди ягонаи танзимкунанда надорад. Аммо дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи экспертизаи судӣ техникаи-компютерӣ ва видео-овозшиносӣ (аз соли 2010), шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи амнияти иттилоотӣ дар сохтори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2013), шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои кибернетикӣ дар назди Прокуратураи генералии ҶТ (аз соли 2015) ва Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо дар Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ (аз соли 2023) дар муқовимат бо киберҷиноятҳо нақши муассир доранд[4].

Қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба амнияти киберӣ.

Индонезия бо дарки хусусияти доимо тағйирёбандаи таҳдидҳо, заминаи қонунгузории киберамниятро ба таври назаррас тақвият дод, аз ҷумла:

-Қонуни Ҷумҳурии Индонезия "Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ" №27 аз соли 2022[19].

-Қонуни Ҷумҳурии Индонезия "Дар бораи иттилоот ва муомилоти электронӣ" аз 21.04.2008 №11[9].

-Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия таҳти №82 аз соли 2012 "Дар бораи системаҳои электронии иттилоотӣ ва анҷом додани муомилот"[18].

-Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия №71 аз соли 2019 "Муқаррар намудани тартиби кори системаҳои электронии иттилоотӣ ва анҷом додани муомилот"[17].

-Низомномаи №20 аз соли 2016 "Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ дар системаҳои электронии иттилоотӣ"[14].

-Низомномаи Идораи танзими молиявии Ҷумҳурии Индонезия№16 аз 26 августи соли 2021[16].

Қабули фармони президентии Индонезия №47/2023 дар бораи стратегияи Миллии амнияти киберӣ ва идоракунии буҳронҳои киберӣ марҳилаи муҳим дар институтсионализатсияи системаи идоракунӣ дар ин соҳа гардид. Ин фармон дастурҳои стратегиро барои муассисаҳои давлатӣ ва ҷонибҳои манфиатдор оид ба таҳкими киберамнияти миллӣ ва идоракунии буҳронҳои киберӣ бо таваҷҷуҳ ба таълим, тайёр кардани кадрҳо ва таҳияи нақшаҳои вокуниш дар ҳолати таҳдидҳои киберӣ муайян мекунад[17].

Илова бар ин, Индонезия ба як қатор лоиҳаҳои қонуни ҳамаҷониба оид ба амнияти киберӣ ва устуворӣ (Rancangan Undang-Undang Keamanan dan Ketahanan Siber)-ро қабул намуда истодааст, ки ҳадафаш муайянсозии заминаи ҳуқуқӣ барои таъқиби ҷиноятҳои киберӣ, таъмини мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи амнияти киберӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байнисоҳавӣ мебошад. Дар моҳи ноябри соли 2024, ҳукумат ва парлумони Индонезия лоиҳаҳои қонуни ҳамаҷониба оид ба амнияти киберӣ ва устувориро ба рӯйхати 41 лоиҳаи қонуни афзалиятнок барои соли 2025 пас аз ҳамлаи васеи тамаъҷӯӣ (ransomware) ба Маркази миллии коркарди маълумоти Индонезия ворид карданд[11]. Ҳукумат ҳамчунин тақвияти ҳамоҳангиро миёни мақомоти калидии марбута ба амнияти киберӣ муҳим арзёбӣ намудааст. Вазорати иртибот ва технологияи рақамӣ ва Агентии миллии амнияти киберӣ ва криптография дар мубориза бо таҳдидҳои нав ва мушкилоти танзимӣ ҳамкорӣ мекунанд, то равиши муттаҳид ва муассир барои таъмини амнияти киберии миллӣ ба роҳ монда шавад. Ин ҳамоҳангсозӣ барои бартараф кардани такрори талаботи танзимӣ ва таъмин намудани якпорчагии стратегияи миллӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Ғайр аз ин, ташаббусҳои зерин амалӣ шуда истодаанд:

-таҳияи Сипари миллии рақамӣ (Digital National Firewall),

-созмони гурӯҳҳои вокуниш ба ҳодисаҳои амнияти компютерӣ дар ҳар як муассисаи давлатӣ.

Ин кӯшишҳо равиши фаъолона ба ҳифзи дороиҳои рақамӣ ва таъмини иқтидори вокуниш ба ҳодисаҳо дар вақти воқеиро нишон медиҳанд.

Тағйироти муҳим дар сиёсати давлатӣ бо татбиқи пурраи Қонуни ҳифзи маълумоти шахсӣ дар моҳи октябри соли 2024 сурат гирифт. Ин қонун барои тақвияти махфият ва амнияти маълумоти шахсии шаҳрвандони Индонезия нигаронида шудааст ва талаботи қатъӣ барои ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории ин маълумотҳо муқаррар мекунад.

Қонуни ҳифзи маълумоти шахсӣ дорои таъсири экстратерриториалӣ мебошад, яъне ба ташкилотҳое низ дахл дорад, ки маълумоти шахсии шаҳрвандони Индонезияро коркард мекунанд, новобаста аз ҷойгиршавиашон.

Ҷанбаҳои муҳими қонун инҳоянд:

-талаботи чандсатҳӣ барои интиқоли маълумот ба кишварҳои дигар;

-уҳдадории хабар додан дар бораи ихроҷи маълумот дар зарфи 72 соат аз лаҳзаи ошкор;

-имкони ҷорӣ кардани ҷаримаҳои маъмурӣ ва ҷавобгарии ҷиноӣ барои риоя накардани он.

Ин қонун қадами муҳиме ба самти ташкили заминаи қонунгузории ҳамаҷониба барои ҳифзи маълумот дар Индонезия мебошад, ки мутобиқат ба стандартҳои байналмилалиро таъмин мекунад ва масъулияти ташкилотҳоро дар баробари маълумоти шахсии шаҳрвандон зиёд менамояд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амнияти кебирӣ, бо вуҷуди пешрафтҳо, ҳанӯз ба сатҳи зарурии ҷавобгӯии муосир нарасида, ниёз ба ислоҳ ва такмил дорад. Бо дарназардошти ин таҳдидҳо, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва ташаккули сиёсати муассири давлатӣ, ки ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар фазои рақамӣ нигаронида шудааст, муҳимияти фавқулода пайдо мекунад. Қабули чораҳои фаъол ва саривақтӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити ҷаҳони рақамӣ муваффақ гардад. дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи иттилооткунонӣ» аз 6–уми августи соли 2001, Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиллоот» аз 10–уми май соли 2002 , Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иттилоот» аз 2–юми декабри соли 2002, Қонуни ҶТ «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30–юми июли 2007, Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» аз 25–уми марти соли 2011, Қонуни ҶТ «Дар бораи криптография» аз 3–юми декабри соли 2012, Қонуни ҶТ «Дар бори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 19–уми марти соли 2013, КҶ ҶТ аз 21 майи соли 1998, Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7–уми ноябри соли 2003, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30–юми марти соли 2008 қабул гардиданд[4].

Маориф ва рушди иқтидори кадрӣ

Маориф ва рушди иқтидори кадрӣ яке аз сутуни муҳими дигари стратегияи Индонезия дар соҳаи амнияти киберӣ ба шумор меравад. Бо дарназардошти камбуди мутахассисони соҳаи амнияти киберӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, Индонезия муассисаҳои махсусгардонидашудаи таълимиро таъсис дод, аз ҷумла Коллеҷи давлатии политехникии амнияти киберӣ ва криптография (Politeknik Siber dan Sandi Negara, Poltek SSN), ки вазифаи асосии он тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос бо малакаҳои амалӣ мебошад. Poltek SSN, ки қаблан ҳамчун Мактаби олии криптография (Sekolah Tinggi Sandi Negara, STSN) маъруф буд, расман соли 2019 ба коллеҷи политехникӣ табдил дода шуд, бо ҳадафи баланд бардоштани сифат ва салоҳияти мутахассисон дар соҳаҳои амнияти киберӣ ва криптография.

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таёр намудани кадрҳо кӯшуш намуда, дар ин самт Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба қабули донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои нав “Киберамният” ва “Технологияҳои интеллектуалӣ” шурӯъ кардааст[6].

Таваҷҷуҳ ба иқтидори дохилӣ

Илова ба рушди иқтидор дар дохили кишвар, Индонезия ҳамкории давлат ва ташкилотҳои хусусиро фаъолона истифода мебарад то устувориро дар соҳаи амнияти киберӣ таҳким мебахшад. Масалан, Агентии миллии амнияти киберӣ ва криптография бо мақсади беҳтар кардани системаҳои ошкорсозии таҳдидҳо ва вокуниши фаврӣ бо намояндагони бахшҳои гуногун, аз ҷумла молия ва энергетика ҳамкорӣ мекунад. Ин ташаббусҳо ба таври назаррас дар таҳкими ҳимояи инфрасохтор ва хидматрасониҳои ҳаётан муҳим аз таҳдидҳои киберӣ мусоидат карданд.

Байни ниҳодҳои дохилии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии ҶТ ва Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ дар муқовимат бо киберҷиноятҳо нақши муассир доранд.

Робитаҳои байналмилалӣ

Индонезия ба зарурати ҳамкории байналмилалӣ таъкид мекунад ва фаъолона дар шарикиҳои глобалӣ дар соҳаи амнияти киберӣ иштирок мекунад. Ҳамкориҳои муштарак бо кишварҳое чун Австралия, ШМА, Ҳиндустон, инчунин бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ, АСЕАН, ба Индонезия имконият медиҳанд, ки маълумоти иктишофиро мубодила намояд, дар чорабиниҳо муштарак иштирок кунад ва стратегияҳои ягонаи муқовимат ба таҳдидҳои кибериро таҳия намояд. Иштироки Индонезия дар доираи чорабиниҳо (ASEAN Cyber Shield) ба кишвар имкон медиҳад, ки омодагии худро ба рӯйдодҳои киберии фаромарзӣ санҷад ва нақши калидии ҳамкории байналмилалиро дар таҳкими устувории киберии миллӣ нишон диҳад[16].

Тоҷикистон низ дар ҳамкориҳои дуҷониба бо Федеретсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои ИДМ дар соҳаҳои амният, аз ҷумла амнияти кебирӣ ба роҳ мондааст. Инчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СААД ва СҲШ ҳамкорӣ менамояд. Созишномаҳои байналмилалӣ дар доираи ташкилотҳои бонуфузи ИДМ, СААД, СҲШ, ки ҶТ аъзои фаъоли ин ташкилотҳо мебошад, як қадами муҳим дар роҳи танзими ҳамкориҳо ҷиҳати мубориза бо киберҷиноятҳо арзёбӣ гардида, системаи тадбирҳои ба ҳам алоқаманди байналмилалӣ ва миллиро оид ба мубориза бар зидди киберҷиноятҳо пешбинӣ мекунанд. Бо дарназардошти таҷрибаи Индонезия, ки дар боло зикр гардидааст дар рушди ҳамкориҳои минбаъдаи байни ду кишвар мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, таҷрибаи Индонезия нишон медиҳад, ки равиши ҳамаҷониба, ҳамоҳангшуда ва муштарак бо заминаи қавии ҳуқуқӣ, барномаҳои таълимии мақсаднок, шарикӣ миёни давлат ва бахши хусусӣ, инчунин ҳамкории байналмилалӣ дастгирӣ меёбад, ки калиди сохтмони низоми самараноки миллии амнияти киберӣ мебошад. Бо татбиқи ин стратегияҳо, Тоҷикистон метавонад устувории худро нисбат ба таҳдидҳои киберӣ ба таври назаррас тақвият бахшад ва рушди амн ва устувори иқтисоди рақамии худро таъмин намояд. Машваратҳои сиёсӣ оид ба самти мазкур байни кишварҳо ба роҳ монда шудааст. Индонезия ва Тоҷикистон дар заминаи амнияти киберӣ, бахусус дар заминаи рушди нерӯи инсонӣ ва табодули иттилоъ ҳамкорӣ ба роҳ монанд.

Соҳиби Баҳруло - ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

РУЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО

Князева, Н. А. Правовые особенности использования искусственного интеллекта для обеспечения кибербезопасности в Малайзии и Индонезии / Н. А. Князева, Е. А. Князева // Азиатско-тихоокеанский регион: экономика, политика, право. – 2023. – Т. 25, № 4. – С. 167-177. – DOI 10.24866/1813-3274/2023-4/167-177. – EDN ORLFQS.

Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]URL: https://mfa.tj/tg/main/view/4255/konsepsiyai-sijosati-khorijii-jumhurii-tojikiston (Санаи дархост: 30.07.2018)

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Индонезия[Манбаи электронӣ]URL: https://khovar.tj/2016/08/marosimi-imzoi-sanad-oi-navi-amkor-bajni-to-ikiston-va-indoneziya/ (Санаи дархост: 30.07.2018)

Паём – роҳнамои миллат. Маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2023. Таҳти назари доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор У.С. Асрорзода ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Н.А. Қудратов. Душанбе, 2024. – 195 с.

Российско-индонезийское сотрудничество в сфере обеспечения кибербезопасности / Г. Ю. Никипорец-Такигава, Е. В. Бучнев, О. А. Харина, Ю. Н. Алексеева // Юго-Восточная Азия: актуальные проблемы развития. – 2023. – Т. 3, № 2(59). – С. 84-95. – DOI 10.31696/2072-8271-2023-3-2-59-084-095. – EDN NQWNRM.

Таджикский технический университет начнёт принимать студентов по новым специальностям — «Кибербезопасность» и «Смарт-технологии» [Манбаи электронӣ]URL: https://khovar.tj/rus/2025/07/tadzhikskij-tehnicheskij-universitet-nachnyot-prinimat-studentov-po-novym-spetsialnostyam-kiberbezopasnost-i-smart-tehnologii/ (Санаи дархост: 30.07.2025)

Юнусзода Х.Қ. Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 оид ба солҳои 2025–2030 эълон шудани «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия».[Манбаи электронӣ]URL: http://ied.tj/tg/bardosht-az-payomi-prezidenti-chumkhurii-tochikiston-ba-machlisi-olii-chumkhurii-tochikiston-az-28 (Санаи дархост: 10.02.2025)

Fortifying Indonesia’s Cyber Defenses: New Regulations for National Security and Crisis Management[Electronic resource]URL: https://ssek.com/blog/fortifying-indonesias-cyber-defenses-new-regulations-for-national-security-and-crisis-management/ (Application date: 25.03.2025)

Hukum Yang Mengatur Tentang Hak Privasi di Indonesia: Pengaturan dan Perlindungan [Electronic resource]URL:https://fahum.umsu.ac.id/.../hukum-yang-mengatur.../... (Application date: 12.03.2025)

Indonesia won’t pay an $8 million ransom after a cyberattack compromised its national data center [Electronic resource]URL:https://apnews.com/article/indonesia-ransomware-attack-national-data-center-213c14c6cc69d7b66815e58478f64cee(Application date: 15.06.2025)

Indonesia’s Cyber Security and Resilience Bill: Strengthening Governance or Expanding Institutional Rivalries? [Electronic resource]URL:https://www.lab45.id/detail/298/indonesia-rsquo-s-cyber-security-and-resilience-bill-strengthening-governance-or-expanding-institutional-rivalries (Application date: 26.05.2025)

National Cyber and Crypto Agency [Electronic resource]URL:https://en.wikipedia.org/wiki/National_Cyber_and_Crypto_Agency (Application date:18.05.2025)

Peraturan Menteri Komunikasi dan Informatika Nomor 20 Tahun 2016 tentang Perlindungan Data Pribadi Dalam Sistem Elektronik [Electronic resource]URL:https://jdih.komdigi.go.id/.../peraturan+menteri... (Application date: 03.03.2025)

Pertemuan Kepala BSSN RI dengan Menteri Industri dan Teknologi Baru Republik Tajikistan di New York AS [Electronic resource]URL:https://csirt.makassarkota.go.id/.../pertemuan-kepala...(Application date: 15.02.2025)

Regulation On National Cyber Security Strategy And Cyber Crisis Management [Electronic resource]URL: https://www.usasean.org/.../regulation-national-cyber... (Application date: 15.02.2025)

Sejarah Poltek SSN [Electronic resource]URL: https://poltekssn.ac.id/en/sejarah-poltek-ssn/ (Application date: 30.07.2025)

The Escalating Cyber Threat in Indonesia: A Wake-Up Call for Digital Security [Electronic resource]URL:https://www.indosecsummit.com/the-escalating-cyber-threat-in-indonesia-a-wake-up-call-for-digital-security/?utm_source=chatgpt.com (Application date: 30.07.2025)

Top 10 Cybersecurity Breaches in Indonesia [Electronic resource]URL:https://www.cyberlands.io/topsecuritybreachesindonesia (Application date: 25.05.2025)

Undang-Undang Nomor 27 Tahun 2022 tentang Pelindungan Data Pribadi (PDP): Menjaga Keamanan dan Privasi Data Warga Negara [Electronic resource]URL:https://jdih.semarangkota.go.id/.../undang-undang-nomor... (Application date: 20.06.2025)

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм