
Имрӯз (21.11.2024) дар маҷлисгоҳи Институти астрофизикаи АМИТ, семинари илмии “Системаи офтобӣ”, бахшида ба 110 - солагии академик Олег Василевич Доброволский баргузор гардид. Семинари илмиро Узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.-м. Қоҳирова Г.И. ҳусни оғоз бахшид.
Дар кори Семинар маърузаҳои зерин:
1. Назарова З.К. «Ҳаёт ва фаъолияти академик Олег Василевич Доброволский»;
2. Абдулвоҳидов Р.М. «Вклад академика Добровольского О.В. в становлении и развитии астрономической науки в Таджикистане»;
3. Қоҳирова Г.И. «Исследование пред – перигелинной активности гиперполической кометы C/2019 U5 в 2022 г.»;
4. Карташова А.П. и др. «Исследование избранных метеорных потоков»; дар асоси натиҷаҳои илмӣ баррасӣ гардиданд.
Қайд кардан зарур аст, ки маърӯзаи аввал ба ҳаёт ва фаъолияти академик Олег Василевич Доброволский бахшида шуда буд. Маърӯзаи дуюм, натиҷаҳои назарраси илмӣ, ки бевосита таҳти роҳбарии марҳум академик Доброволский О.В. дар асоси омӯзиши физикаи кометаҳо гирифта шудааст ва саҳми он дар ташаккулу инкишофи илми астрономия дар Тоҷикистон, ироа гардид.
Маърӯзаи сеюм натиҷаҳои таҳқиқи хусусиятҳои физикии кометаи гиперболии C/2019 U5 дар асоси мушоҳидаҳои соли 2022 ва фаъолнокии он пеш аз перигелии мадорро дар бар мегирифт. Маърӯзаи чорум, ки аз тарафи ходими калони илмии Институти астрономияи АИР (ИНАСАН) пешкаш гардид, таҳқиқи селҳои метеории интихобшударо фаро мегирифт.
Дар рафти семинар муҳокимаҳо оид ба маърӯзаҳо сурат гирифт. Маърӯзаҳои илмӣ аз тарафи ходимони илмии Институт хуб пазируфта шуда барои чоп тавсия дода шуд.
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Наворҳои видеоӣ
БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН АЗ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ШАҲРИ САМАРҚАНД
13 феврали соли равон дар доираи ҳамоиши илмии "То тавони дӯстонро гум макун" намояндагони Тоҷикистон аз ёдгориҳои таърихии шаҳри Самарқанд аз ҷумла Майдони Регистон, Мадрасаҳои Шердор, Тиллокорӣ ва Улуғбек (макони таҳсилу тадриси Абдураҳмони Ҷомӣ) дидан намуданд.
Дар доираи баргузории Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “То тавони дӯстонро гум макун”, ки бо иқдоми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омадааст, дар шаҳри Самарқанд ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хона – музейи устод Садриддин Айнӣ ташриф оварданд.
Зимни боздид аз ҷониби намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои бо забони тоҷики таълифнамудаи устод Садриддин Айнӣ ва ҳамзамон дигар адабиётҳо оид ба фаъолияту эҷодиёти ин чеҳраи мондагор, инчунин аксҳо доир ба бинову хиёбон, муассисаву донишгоҳ, муқаддасоти миллӣ, ҳавопаймо ва ҳар он чизе, ки ба ифтихори устод дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудаанд, ба хона – музейи Садриддин Айнӣ тақдим гардиданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТО ТАВОНИ ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН" ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД
Дар доираи ин ҳамоиш ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони "То тавони дӯстонро гум макун" аз Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муносибатҳои фарҳангӣ, илмӣ, сиёсӣ суханронӣ намуданд.
Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода суханронӣ намуда, доир ба баргузории Конференсияи байналмилалӣ изҳори андеша намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, шоирону олимони тоҷик ба монанди Ато Мирхоҷа, Аскар Ҳаким, намояндагони рӯзномаи бонуфузи "Овози тоҷик" ва дигар олимон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромадҳои пурмуҳтаво перомуни равобити дӯстонаи давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки решаҳои чуқури таърихӣ доранд маърузаҳои илмӣ намуданд.
Имрӯз (13.02.2025) дар ҳошияи баргузории Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони "То тавони дӯстонро гум макун" дар шаҳри Самарқанд бо иштироки шоирону адибон ва ҳунармандон барномаи рангини фарҳанги доир гардид.
Дар барномаи фарҳангӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовинони вазирони маориф ва фарҳанг ва дигар олимону зиёиён иштирок варзиданд.
Мақсад аз баргузории конфронси мазкур мустаҳкам намудани равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои илмию фарҳангии халқиятҳои тоҷику узбек мебошад, ки маҳз аз сиёсати созанда ва оқилонаи роҳбарони ду кишвар асос ёфтааст.
13 феврали соли равон дар ҳошияи баргузории Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони "То тавони дӯстонро гум макун" президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону адбион дар шаҳри Самарқанд аз намоишгоҳи аксҳои Шуҳрат Ёров дар Кохи санъати "Нурафшон" боздид намуданд.
Дар рафти боздид меҳмононро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд Абдуҷаббор Раҳмонзода, олимону адибони Ҷумҳурии Узбекистон ҳамроҳӣ намуданд.
12-уми феврали соли равон, дар идомаи баргузории вохӯриҳои номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур №3, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур ва дар ин замина таблиғу ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботии онҳо, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Қурбонова Ширин, номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии №21 – Муродзода Зафар Олимҷон, Қосимзода Солеҳ Салим шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №9-и ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ширкат варзиданд.
Зимни баргузории вохӯрии мазкур, нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ оид ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва зарурияти баргузории вохӯриҳои номзадҳои пешбаригардида бо интихобкунандагон суханронӣ намуда, меҳмонон ва номзадҳои болозикрро ба интихобкунандагон ошно намуд.
Дар идома, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №9-и ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур, номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии №21 – Муродзода Зафар Олимҷон аз ҷониби шахсони боэътимоди онҳо ба интихобкунандагон муаррифӣ гардида, оид ба мақсад ва ҳадафҳои барномавиашон, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2025 - 2030 таҳти шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!” маншаъ мегиранд, аз ҷониби худи номзадҳо маълумоти муфассал дода шуд.
Дар ин радиф, баҳри боз ҳам бештар маълумотнок гардидани интихобкунандагон аз раванди фаъолияти номзадҳои пешбаригардида ва бештар муаррифӣ гардидани ҳадафҳои барномавии онҳо ҳамчун номзад аз ҲХДТ ба вакилӣ, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба интихобкунандагон тақсим карда шуд.
Зимнан, аз ҷониби интихобкунандагон ба номзадҳо пешниҳоду таклифҳо ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ ҷойдошта иброз гардид.
Дар идома, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Қурбонова Ширин суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои давлату ҳукумат ва пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсии интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки рӯзи 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад ва дар ин замина интихоби номзадҳои арзанда, аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд.
Нашри матлаб аз нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи "Ҷумҳурият".
Олимон Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли сипаришуда 30 патент, аз ҷумла 4 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, ҳамчунин 6 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 2 шаҳодатномаи сабти захираи иттилоотӣ ба даст овардаанд!