Skip to main content

13 декбари соли равон президенти Академяи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо муҳаққиқони ҷавоне, ки дар курсҳои хориҷӣ ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ таҳқиқотӣ ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардида буданд вохурӣ намуд.

Зимни вохурӣ қайд гардид, ки ба омӯзиш фаро гарифтани ҷавонону муҳаққиқон аз ҷумлаи ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бояд гуфт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ягона ниҳодест, ки сиёсати илмии кишварро пеш мебарад. Дар робита ба ин олимону муҳаққиқонро зарур аст, ки дар ин самт корҳои илмию таҳқиқотиро ҷоннок намуда, кӯшиш намоянд, то ба дастовардҳои бузурги илмӣ ноил гарданд.

Таъкид гардид, ки солҳои охир бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равобиту муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷ барқарор гардиданд, ки дар заминаи ин садҳо нафар олимону муҳаққиқони ҷавон барои сайқал додани донишу таҷрибаи худ дар бонуфузтарин донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҷриба меомӯзанд. Чун асри 21 асри техника ва технология эълон гардидааст. Дар доираи ин олимону муҳаққиқони мо бояд аз рушди бомайлони техникаву технолоияи навин дар канор намонда, дониши худро сайқал диҳанду дар самти ихтироот ба натиҷаи назаррасе ноил гарданд.

Гуфта шуд, ки як самти муҳими пешрафти техинкаву технология дар ҷомеаи муосир ин робототехника мебошад, ки рушди бесобиқа намуда истодааст. Мо бояд дар ин самт ҳарчи зудтар тадибрҳои нав андешида, барои амалӣ намудани корҳои илмӣ таҳққиқотӣ олимону муҳаққиқони ҷавонро барои омухтани таҷрибаомӯзӣ ба хориҷи кишвар сафарбар намоем. То дар оянда, дар ин самт ба натиҷаҳои бузурги илмӣ ноил гардем таъкид шуд дар вохурӣ бо муҳаққиқони ҷавон.