АСОСӢ
Хабар ва навгониҳо
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Рамзҳои сиёсӣ, ки парчам яке аз муҳимтарини онҳо ба шумор рафта, дар баробари нишони миллӣ, суруди миллӣ таҷассумгари маҷудияти давлат дар арсаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб меравад, рамзи озодӣ ва истиқлолияти миллӣ буда, арзиши муҳиме барои ҳар як миллат мебошад.
Масъалаи истиқлолияти сиёсӣ дар ҷаҳони муосир истиқлолияти давлатеро ифода менамояд, ки мавҷудият ва амалу идоракунӣ, ҳудуд ва хусусиятҳои миллӣ-иҷтимоии аҳолии он, дарк ва ифодаи манфиатҳои миллиаш аз ҷониби ҷомеаи умум ба таври расмӣ қабул шуда бошад. Хусусан соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва эътироф гардидани он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне зиёда аз яксаду навад кишвари ҷаҳон-узви Созмони Милали Муттаҳид, таҷассуми ташаккули истиқлоли сиёсии он буда боиси ифтихору эхтироми шаҳрвандони кишвари мо мебошад.
Истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон мавқеи онро дар ҳаёти сиёсии дохилӣ ва байналмилалӣ тағйироти куллиро ба миён овард, ки пеш аз ҳама дар ҷой ва мақоми муайянро соҳиб гардидани кишвар дар арсаи байналмилалӣ зоҳир гардид. Дар муддати кутоҳи таърихӣ Тоҷикистон мебоист ба истиқлолияти давлатӣ ва истиқлолияти иқтисодӣ ноил гардад, ки дар шароити солҳои 90 ва нобасомониҳои дар пай овардаи он яке аз корҳои хеле мушкил ва заҳматталаб буд. Имруз мо бо ифтихор мегуем, ки таҳти роҳбарии пурсамар ва дурбинонаи Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ватани мо ҳамаи мушкилотро паси сар намуда ба истиқлоли воқеии худ дар ҳамаи самтҳо ноил ва бо қудрату тавоноии ҷавонмардона онро таҳкиму истеҳком бахшида истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туфайли ташккули истиқлоли худ ҳудуди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намуданро пайдо кард. Сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷуманҳои бонуфузи байналмилалии сатҳи олӣ чун намояндаи аввали миллат иштирок ва суханрониҳо намуда ба ҷаҳониён оид ба пайдоиши давлати нав, сиёсати дохиливу хориҷии он ахборот дод, бо ташаббусҳои наҷиби сатҳи глобалӣ баромад карда ҳувияти сулҳдустона, хирадпарварона ва озодидусти тоҷиконро муаррифӣ кард.
Истиқлолияти сиёсии кишвар дар ҳаёти сиёсии ҷомеа тағқироти куллиро ба миён оварда зарурати ба таври фаврӣ барқарор ва ё эҷод намудани рамзҳои сиёсии давлатиро ба миён овард. Рамзҳои сиёсӣ муаррифгари кишвар, хатти пешгирифтаи сиёсӣ ва орзуву ормонҳо, яъне идеологияи давлатро дар дохил ва хориҷи он ифода менамоянд. Онҳо барои барҳам додани қафомонии иҷтимоиву иқтисодӣ, аз байн бурдани ҳар гуна зулму истибдод ва дигар раванду падидаҳои ҷомеаи инсонӣ заминаи воқеӣ муҳайё менамоянд.[1]
Рамзҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзишҳои олӣ, муқаддасотеанд, ки нишон, парчам, суруди миллӣ буда дахлнопазирии онҳо тариқи қонун ҳимоя карда мешаванд. Рамзи давлатӣ ин нишонаи махусест, ки дар он хусусияти таърихӣ, фарҳангию сиёсб ва миллии ифодакунандаи мазмуни ғоявӣ ва ҳувияту соҳибистиқлолӣ таҷассум ёфтааст.[2] Парчами давлатӣ дар байни нишонаҳои дигари давлатӣ мақоми махсус дошта, ҳамчун рамзи давлатӣ метавонад ҷузъҳои муайяни нишони миллиро дар бар гирад.
Дар ҳама давру замон парчамдорӣ чун нишонаи истиқлолхоҳӣ, озодӣ ва мубориза маънидод мешуд. Рисолати парчамдорӣ пуршараф буда, миллатҳое соҳиби парчам мешаванд, ки тавонистаанд дар ҳамаи печу тоби таърих аз ҳувият ва ягонагии худ дифоъ намуда онро дар парчами худ ифода намоянд.
Таърихи парчамдории тоҷикон гарчанде бо таърихи бостонии миллат вобастагии қавӣ дошта он бо дирафши ковиёнӣ марбут дониста мешавад, рамзиёти парчамҳои таърихи навтарини Тоҷикистон онро ифода намекард. Агар ба парчами давлатии Тоҷикистони даврони шуравӣ, ки камаш 7 маротиба тағйири шакл кардааст, рамзиёти таърихӣ дида намешавад. Ин чунин маънӣ дошт, ки ҷумҳурии навтаъсис аз таърихи пешинаи худ даст кашида ба истилоҳи Мавлоно, пайрави нав буда аз куҳна даст мекашид ва ба истилоҳи Ҳофизи Шерозӣ олам ва одами навро месохт. Дар ин олами нав, ки давлати коргару деҳқонро таҷассум мекард, рамзиёти меҳнати ин ду қишри ҷомеа, боигарии деҳқонӣ-пахта ва гандум, рамзи ситора ва ҳудудҳои ҷуғрофӣ ифода шуда буданд. Дар нишони давлатии то соли 1992 ситораи осмонии пешина ба ситораи сурх табдил шуда бо рамзиёти давлатҳои дохили Иттифоқ ҳамгун карда шуд. Дигар рамзи парчам ва нишон албатта офтоб ва нурҳои тиллоии он буд, ки аз табиати офтобии кишвар дарак дода рамзи ояндаи дурахшони онро ифода мекард. Дар парчами солҳои 1924 то 1953 номи ҷумҳурӣ бо расми хатти қабулшуда дарҷ карда шуда бошад, баъди соли 1953 номи кишвар дар парчам дарҷ карда намешавад.
Муҳаққиқи рамзиёти давлатии Тоҷикистон Муҳаммад Саъдӣ хеле дуруст қайд карда аст, ки дар рамзҳои сиёсӣ фаозия ва сохтори мафҳумии онҳо вазифаи коммуникатсиониро ба ҷо меоваранд, ки ҳадаф-ҷалби диққати шумораи бештари ҳамфикрону тарафдорон аст.[3]
Аз ин лиҳоз, дар парчами соли 1991, ки дар он танҳо рангҳои миллӣ мавҷуд буда ягон ишорати дигаре ба чашм намерасад, таъсири муҳорибаи неруҳои мухталифи сиёсии навтаъсиси солзои 80-90-ум таҷассум ёфтааст. Дар ин давра дар муддати кутоҳ беш аз 8 ҳизби сиёсӣ, беш аз 12 ҷунбишҳои мардумӣ, созмон ва иттиҳодияҳои халқӣ 13 ҷамъияти маданию миллии халқҳои ғайритаҳҷоӣ ба миён омада ҳар яке ба ҳокимият, раванди идораи ҷомеа таъсир ворид карда, манфиатҳои худро пеш мебурданд. Онҳо новобаста аз мақом ва нақше, ки дар ҷомеа ва раванди идораи корҳои давлатию ҷамъиятӣ доштанд ба сиёсати калон даст мезаданд ва саъи тақсими ҳокимиятро доштанд.[4]
Ин ваъияти ногувор дар шаклу намуди парчами он давра ифода гардид, ки дар он ваҳдату ягонагӣ, мақсаду мароми умум, ғояи муттаҳидгари амиқ дида намешавад ва танҳо ишорате ба мавҷудияти кишвар боқӣ мондааст.
Ҳамин тавр, дарки ҳуқуқу озодиҳо, масъулиятдорӣ аз арзишу манфиатҳои милливу давлатӣ аз ҷониби ҷомеа дар замони соҳибислиқлолӣ хеле муҳим аст. Масъалаи истиҷлолияти сиёсӣ бошад бо макон, замон ва низоми арзишҳо ва рамзҳои сиёсӣ пайвасти ногусастанӣ дорад.
Парчами миллӣ рамзи фарқкунандаи давлаӣ, ҳудудҳои марзии давлатии он мебошад, ки бо рангу нишонаҳои махсус ифода ёфта бо санадҳои қонунгузории махсус танзим карда мешавад.[5]
Иҷлосияи 16-ми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини кишвар нақш ва мавқеи ҳалкунанда дошта барои ҳалли фаврии масоили истиқрори сулҳ, инчунин тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бесобиқа гузоштааст. Дар он сароғози таҳаввули бунёдӣ дар зиндагии иҷтимоӣ ва низоми идории кишвар гузошта шуда бо тасдиқ ва пешниҳоди Парчами давлат чун муқаддасоти миллӣ, роҳбарияти олии ишвар оид ба нияти неки зери он муттаҳид кардани тамоми қишрҳои ҷомеа ва ба шоҳроҳи тамаддун ворид намудани Тоҷикистони тозаиистиқлол эълом дошт. Азбаски вазъи кишвар хеле ноором буд, танҳо дар соли 1999 низомномаи марбут қабул ва тартиби афрохтан ва тасвири он муқаррар карда шуд. Бо истифода аз ташаббуси қонунгузории хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуда дар он тартиби афрохтани Прачам ва ҷойгиркунии тасвири он пешбинӣ гардид. Дар ин Қонун ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди кишвар будани Парчами давлатӣ эътироф гардида, худи Қонун 12 майи соли 2007 қабул гардид. Дар пешгуфтори қонуни мазкур гуфта мешавад: “Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.[6]
Эътироф гардидани Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ рамзи ватандорӣ ва самимона дуст доштани Ватани маҳбуб, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва муҳтараму азиз донистани ҳар қатра хоку оби он ба шумор меравад. Меҳру муҳаббат ба Ватан эҳсоси олӣ аст ва алоҳаи шадидтар аз меҳри Ватан вуҷуд надорад. Тавре Мавлонои бузургвор мегуяд:
Дар сафар гар Рум бинӣ ё Хутан,
Аз дили ту кай равад ҳуббулватан?[7]
Парчами парафшон ифодаи обоодии ватан буда, акси он – нишонаи таназзули ҳар гун мамлакат аст. Парчам ифодаи нангу номи ҳар шаҳрванд, баёнгари истиқлоли мамлакат, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикосгари фарҳангу тамаддун, азму иродаи устувори мардум, пайвандагари дирузу имруз, қутбнамои фардои нек ва ҳидоягари иттиҳоду ҳамбастагии мардуми кишвар ба шумор меравад. Маҳз ҳамин арзишҳо дар мазмуну муҳтавони рамзии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфта, аввалин маротиба дар таърихи навини он пайванди миллатро бо таърихи куҳани худ ифода менамояд.
Парчами миллии мо таърихи бою ғании чандинҳазорсоларо дар худ бо рамзи шери паррони ниёкони ориёӣ ва тоҷи заррини Исмоили Сомонӣ таҷассум намуда моро бо қавмҳои ориёӣ, ки яке аз аввалин қавмҳои олам буда ойини парчамдориро ҷорӣ кардаанд, пайванд медиҳад. Он моро бо аввалин давлати комили миллӣ, ки тавонист рушду нумуи фарҳангӣ, илмӣ, иҷтисодии кишварро таъмин намуда пойдевори миллати тоҷикро гузорад, тавъам месозад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзуб ормонҳои ҳар як миллату давлат аст. Ливои миллӣ қувваи сафарбар ва муттаҳидгари қавӣ дорад, ки барои муттаҳиду воҳид шудан даъват менамояд. Он ифодагари ватандустиву миҳанпарварӣ буда илҳомбахши ҷидду ҷаҳди мардум барои дифои марзу буми муқаддаси ватан, эъмори ҷомеаи адолатпарвари оянда мебошад. Он нишонаи бақоми давлат, ваҳдау ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ мебошад. Ҷорӣ кардани оини наҷиби парчамдории ниёгор дар байни ҷавонон дар онҳо ҳисси ифтихори ватандорӣ ва дарки масъулияти онро мепарварад.
Тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи нуктаҳои муҳими стратегияи давлат ба шумор меравад. Насли ҷавон, ки даҳшат ва вазнинии тоқатфарсо ва маҳрумиятҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-умро надидааст, метавонад таҳти таъсири фарҳангҳои ғайр қарор гирад. Бинобар ин дар байни ҷавонону наврасон мебояд аз синну соли томактабӣ ва мактабӣ то таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳисси муҳаббат ба Ватан ва ватанпарастӣ ташаккул дода шуда онҳоро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, махсусан Парчами давлатӣ тарбия намуд.
24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХУ1- таърихии Шурои Олии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистонро таъсис дода минбаъд ин санаро ҳамчун Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд.
Дар ин руз аҳолии кишвар худро бори дигар ҳамдилу ҳамнабзи он рузҳои таърихӣ дониста садоқати худро ба ин муқаддасоти олӣ ифода менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам бою ғанӣ гардонидани ҳисси ватандориву ифизори миллӣ 30ми августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе –пойтахти кишвар Парчами давлатии Тоҷикистонро бо тамоми шукуҳу ҷалоли нотакрораш, бо баландии 165 метр парафшон намуданд. Минбаъд ин иқдоми наҷибро мардуми кишвар ба роҳбарӣ гирифта, дар ҳар маркази воҳиди маъмурии худ Парчами давлатии Тоҷикистонро бо обод кардани боғу гулгаштҳои зебо бо тарзу намуди беҳтарини меъмориву шаҳрсозӣ эъмор намуда дар он ҷо бо арҷгузорӣ ва эҳтиром ба ин анъанаи ниёгон чорабиниҳои муҳими давлатӣ, тарбиявиву фарҳангӣ баргузор ва лаҳзаҳои нотакрори ҳаёташонро қайд менамоянд. Дар ин ҷои муқаддас кудакони мо аввалин дарси сиёсии худро бо дарки рамзиёти парчам меомузанд, ки онро Президенти кишвар хеле хуб шарҳ додаанд: “Рангҳои парчами миллӣ ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарзанги миллӣ ва сиёсӣ буда, Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед-нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабх- нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррумӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.[8]
Аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар маркази он тасвири Дирафши Ковиён иъикос ёфта он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад. Шери болдор, ки дар маркази Дирафши Ковиён ҷойгир шудааст рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукуҳи давлат буда он дар руи осмони кабул инъикос ёфтааст. Тоҷ ва ҳафт ситора ифодагари асоси Нишони давлатии кишвар буда дар қисмати болоии чубдасти Ливо лавҳаи заррин бо номи насаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри муҳлати салоҳияти конститутсионии ӯ ҳаккокӣ шудааст. Нуги ҷубдасти Ливо шакли гунбази зариинро дорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани эҳтироми он ҷавобгарӣ муайян намудааст. Дар он таҳқири рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакле ки набошад манъ карда шудааст.
Хулоса, парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ таърихан дар тамаддуни башарият ифодагари арзишҳои муҳими фарҳангт, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва аз ҳама муҳим, ҳарбии миллатҳои соҳибистиқлол мебошад. Парчам матое мебошад, ки аксаран дар қисмати болоии чуб ва ё дигар воситае, амсоли нуги найза, ҳамеша барои намоён будан бо бардоштан ба баландии муайян, нигоҳ догтан дар қисмати болоии қасрҳо ва жар хаймаи размгоҳ парафшон мегашт. Парчам мутамарказии ғояи сиёсӣ буда, ду вазифаи асосӣ огоҳонии аҳолӣ ва ифодаи ҳокимиятро таҷассум менамояд.
Маҳмадҷонова М.Т. раиси Шурои бонувони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Парчам ҳамчун рамз дар гузашта ва имрӯз василаи таҳкими ваҳдати ҷомеа ва муаррифгари Ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад. Он дар худ мақсаду маром ва ормонҳои миллиро бо дарназардошти дирӯз ва имрӯз ифода менамояд. Ин рамзҳо аксаран ба хотири ҳимояи миллат равона шудаанд, ки асоси онро озодӣ ва истиқлол ташкил медиҳад. Барои даст ёфтан ба озодӣ мардум дар зери рамзи махсус – парчам, ки ифодагари мақсаду мароми эшон буд, муттаҳид мешуданд. Ин муттаҳиддӣ мардумро ба шӯриш, ошӯб ва инқилоб бештар равона месохт. Аксари инқилобҳо ба хотири ташкили давлат, ки ҳимоятгари манфиатҳои мардумӣ аст, равона гардида буд. Ниёгони тоҷикон ҳарчанд яке аз ташкилкунандҳои нахустин давлату шоҳаншоҳиҳо буданд, вале бо ворид гардидани аҷнабиён баъзан зимоми ҳукматдориро аз даст медоданд.
Ба хотири ба даст овардани озодӣ ва истиқлол ниёгони тоҷикон дар зери парчами Коваи оҳангар, Спитамен, Деваштич, Абумуслим, Муқаннаъ, Темурмалик ва ғайра муқобили аҷнабиён муборизаи шадид бурдаанд. Ин мубориза бо сарварии Куруши Кабир, Аршак, Куҷула Кадфиз, Тоҳир ибни Ҳусайн, Яъқуб инбни Лайс ва Исмоили Сомонӣ бо барор анҷом ёфту ба ташкили давлату шоҳаншоҳиҳои муқтадир хотима ёфт. Ин корномаи фарзандони боризи ниёгони тоҷик дар зери парчами озодӣ ва истиқлол бо ҳарфҳои заррин ҳакокоӣ шудааст, ки имрӯз барои насли наврас ва ҷавони меҳан таҷрибаи нодире ҷиҳати арҷ гузоштан ба арзишҳои давлатдорӣ ва ҳифзу гиромидошти истиқлол ба ҳисоб меравад.
Аҷдоди тоҷикон парчамро дар аввал ҳамчун рамзи озодӣ ва муттаҳидӣ истифода намуда, баъди ноил гардидан ба ин ҷавҳари ҳастӣ онро чун рамзи истиқлол ва номуси ватандорӣ ҳифз мекарданд. Ҳифзи парчам барои ҳар як ватандор рисолати бузургу шарафманде буд. Чун парафшон гардонидани ин рамзи хушбахтии миллат кори саҳлу осон набуд. Мубориза ба муқобили юнону мақдуниҳо, румиҳо, арабҳо, турку муғулҳо ва дигар аҷнабиён бо сарварии чеҳраҳои мондагори миллат танҳо ба хотири парчами озодӣ ва истиқлол буд.
Воқеан, парчам пеш аз ҳама рамзи номуси миллат мебошад, ки ин номус танҳо тавассути озодӣ ва истиқлол ҳифз карда мешавад. Тоҷикон таърихи зиёда аз 6 ҳазорсолаи парчамдориро доро мебошанд. Ниёгони тоҷик аллакай дар ҳазораи 3-2 то милод парчами худро доштанд, ки дар осори Ибни Балхӣ, Фирдавсӣ ва Табарӣ ба таври муфассал зикр шудааст. Аз давраи ҳукумати сулолаи Каёниён то Сомониён садҳо фарзандони фарзонаи миллат баҳри ҳифзи ин рамзи озодӣ ва истиқлол ҷони худро нисор намудаанд. Дар тамоми набардҳо парчам муқобили душман чун рамзи сарҷамъӣ ва муттаҳиддӣ истифода мешуд. Барои ҳифзи ҳар як аскарро лозим буд, ки то охирин нафас мубориза бурда, ин рамзи муқаддасро ҳифз намояд. Парчами Ҳахоманишиҳо дар дунёи қадим дар шарқ то сарҳади Чин дар шимол то Қафқоз дар ҷануб то Халиҷи Форс ва дар ғарб то Осиёи Хурду Миср парафшон буд, ки ин рамзи ҳукумати муқтадири ниёгони тоҷикон дар ин минтақаҳои тамаддунхез ба шумор мерафт. Шоҳони ҳахоманишӣ чун Куруши Кабир ва Дорюши Кабир парчами хешро, ки ранги сурх дошту дар он уқоб инъикос мешуд, дар тамоми набардҳо алайҳи душман ҳифз карда, парафшонии онро дар ду қитъаи олам Осиё ва Африқо таъмин намуданд. Минбаъд сулолаҳои тоҷиктабори Ашкониёну Кушониён талош намуданд, ки парчами ақвоми ориёитаборро дар сарзаминоҳои Вароруд, Хуросон, Эрон, Шарқи Наздик ва Қафқоз парафшон намоянд ва ба ин муяссар ҳам шуданд. Парчами Ашкониён ва Кушониён дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим ҳамчун рамзи қудрати ориёиҳо насб шуда буд. Шоҳони Парфия ва Кушон ба монанди Меҳрдод ва Канишкаи Кабир қудрати юнону мақдуниҳо ва румиҳоро дар минтақаҳои ҳамҷавор шикаста, парчами хешро дар шарқ то Ҳиндустон ва дар ғарб то Кападокия ва Шому Ироқ парафшон намуданд.
Дигар аз марҳалаи парафшонии парчами тоҷикон ба аҳди ҳукумати сулолаи Сосониён рост меояд. Сосониён бо сарварии Ардашери Бобакон, Шопури 1, Хусрави Анушервон ва Хусрави Парвиз анъанаи давлатдории ниёгон, махсусан Ҳахоманишиҳоро идома дода, як шоҳаншоҳии бузургеро ташкил карданд, ки дар он зиёда аз 70 қавму халқиятҳо муттаҳид буданд. Шоҳаншоҳони сосонӣ дар ғарб мақоми Румро ба танг оварда, доираи парафшонии парчами хешро, ки аз се ранг сурх, зард ва бунфш иборат буд, васеъ намуданд. Оини парчамдорӣ дар аҳди Сосониён шаклу услуби хоссаи худро дошта, дар тамом набардҳо парчамдор дар сафи пеш қарор дошт. Ҳайтолиён, ки бо ҷасурӣ ва далерӣ маъруф гардида буданд, дар парчами хеш расми шерро инъикос менамуданд, ки ин рамзи нотарсӣ ва мубориза бо душманон буд. Дер зери ҳамин рамз ба Ҳайтолиён муяссар гардид, ки зиёда аз 150 сол зимоми давлатдориро дар сарзаминҳои имрӯзаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Покистон ба даст бигиранд. Муборизаи онҳо ба муқобили ақвоми турктабори кучманчии қисми шимоли Осиёи Марказӣ дар зери парчами шердор, ки дар осори муаррихони асримиёнагӣ зикр шудааст, аз хусусияти рамзи ягонагӣ ва истиқлолхоҳии ин парчам хабар медиҳад. Дар зери ин парчам, ки ифодагари нангу номуси ин қавми ориёитабор буд, муяссар гардид, ки як қисми бузурги Роҳи абрешим муддати зиёд дар зери назорати онҳо қарор дошта бошад.
Дар замони Сомониён парчами давлатӣ дар асоси суннатҳои давлатдори ниёгон ва омезиш ба суннатҳои исломӣ қабул шуда буд. Парчам дар болои арки амир овезон буд, ки он шакли идории давлатиро инъикос менамуд. Сомониён талош мекарданд, ки суннатҳои неки давлатдории ниёгонро эҳё бахшанд. Исмоили Сомонӣ дар зери парчами хеш ба Туркистони Шарқӣ ҳуҷум намуда, туркони бояднишинро, ки ҳамеша ба шаҳрҳои минтақа хатар эҷод мекарданд, шикаст дода, дар он минтақаҳои ҳукумати хешро барқарор сохт. Бо барҳам хӯрдани давлати Сомониён новобаста аз он ки дар минтақа сулолаҳои ғайритоҷик ба қудрати сиёсӣ расиданд ба анъанаҳои давлатдории эҷодкардаи Сомониён идома бахшиданд. Мувофиқи маълумоти Низоммулмулк, ки дар “Сиёсатнома” хабар додааст, низоми идорӣ ва аркони давлатдории Сомониён барои сулолаҳои вопасини чун намуна мавриди истифола қарор гирифт.
Дигар аз марҳалаҳои соҳибпарчамии тоҷикон ба даврони шӯравӣ марбут аст. Соли 1924 пас аз тақсимоти миллӣ-марзӣ ва ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар баробари дигар аз аркони давлатдорӣ парчами давлатӣ низ дар такя ба парчами Иттиҳоди Шӯравӣ тасдиқ гардид, ки ранги сурх дошту ифодагари ҳукумати синфи коргару деҳқон буд.
Истиқлоли давлатӣ, ки нодиртарин арзиш барои миллат аст, ба тоҷикон имкон дод, ки аркони муҳимми давладории хешро бо такя ба суннатҳои неки ниёгон интихоб ва тасдиқ намоянд. Дар Иҷлосияи тақдирсоз бар баробари қабули рукнҳои дигари давлатӣ дар таърихи 24 –уми ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ қабул ва тасдиқ гардид. Парчами давлатии Тоҷикистон, ки аз се ранг иборат аст, матои хушку холӣ набуда, он таърих, тамаддун, фарҳанг, имрӯз ва ояндаи дурахшони миллату давлати тоҷиконро дар худ инъикос менамояд. Ин рамзест, ки номуси миллиро баланд бардошта, заминаи устувории ваҳдату ягонагии миллиро таъмин месозад. Парчам ҷомеаро ба ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу созиш ва меҳнати софдилона баҳри рушди босуботи кишвар даъват менамояд. Парчам ваҳдати миллиро таҳким бахшида, мондагории истиқлоли давлатиро таъмин месозад.
Имрӯз зарур аст, ки миллати тоҷик ва ҷомеаи Тоҷикистон ҷиҳати парафшонии парчами миллӣ талош намояд. Зеро он рамзи истиқлолу озодӣ ва зиндагии шоиста мебошад. Арҷ гузоштан ба парчами миллӣ рисолати муққадаси ватандории ҳар як шаҳрвандӣ бошараф маҳсуб меёбад.
Собирзода Нуралӣ Миралӣ – муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад.
Эмомалӣ Раҳмон
Агар назар ба таърих намоем ҳодисаҳое пеши назарамон меояд, ки ба пояи давлатдории мо низ таъсири амиқ расонидаанд. Чун дар замони даргириҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари мо зарари ҷидии иқтисодӣ дида бошад, ҳам аммо бо таъйин шудани роҳбари ватандӯсту сулҳофар тавонист кишвар аз хатару оқибатҳои ҷанг ва аз буҳрони шадидӣ сиёсӣ наҷот ëбад. Ягона умеди наҷотбахши миллат ва халқ Иҷлосияи 16 - уми Шурои олӣ гардид, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард.
Вақте, ки 16- уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16- уми Шурои олӣ баргузор мегашт дар минтақаҳои дигари кишвар ҷангу хунрезиҳои шадид идома меëфт. Ҳангоме, ки дар ин Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шурои Олӣ интихоб гардид ба назди Парчам рафта матоъи онро ба руяш гирифту гуфт: "Ман ҳозир ҳастам дар баробари ҷони худ ба шумо сулҳ оварда якдиливу соҳибихтиëриро дар кишвар пойдор месозам ва барои бар гардонидани гурезаҳо ба ватан тамоми корҳоро ба сомон мерасонам"
Ҳамин тавр Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин рамзи комилҳуқуқӣ ва соҳибистиқлолии тоҷикон 24- уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараëни он сарнавишти давлатдории навини тоҷикон таҳрезӣ гардида буд қабул гардид.
Маҳзи бо қабул гардидани муқаддасоти миллии кишвар, ки дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои нахустини худро гузошт. Дар замони соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчамӣ давлатӣ дар кишвар биноҳои хуштавру замонавӣ бунëд гардида барои мустаҳкам намудани пояи давлатдорӣ ва таъмини сулҳу суботи кишвар замина мегузоранд.
Ҳамчунин зери сиëсати бунëдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо баланди 165 мтр Парчами давлати парафшон гардид, ки ин ҳама самараи истиқлол ва комилҳуқуқиву сулҳу суботи осоишта аст.
Имрӯз метавон гуфт, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва соҳибихтиерӣ дар пешрафти сиëсати хориҷии кишвари Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Созмони миллали Муттаҳид низ ниқши бағоят муҳимро касб мекунад. Ҳамчунин боиси ифтихор аст, ки дар назди бинои Созмони миллали Муттаҳид Парчамӣ давлатии мо парафшон буда ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва комилҳуқуқии миллати тоҷикро инъикос менамояд.
Ҳамасола дар саросари кишвар 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ифтихороти баланд таҷлил мешавад. Ҳамин аст, ки пас аз ба даст омадани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи тоҷик бо талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу суботи комил, ваҳдату ягонагӣ шарафёб гардиданд. Дар заминаи ин сиёсати бомуваффақона дар кишвар Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ ва Рамзҳои давлатӣ қабул гардиданд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи озодиву соҳибихтиёрии кишвари мо буда, дар сатҳи ҷаҳон ҳамчун миллати тоҷик будани моро муаррифӣ намудааст. Поянда бод Парчами давлатӣ, сулҳу суботи комил, ваҳдату ягонаии Тоҷикистон соҳибистиқлол.
Муҳаммад АМИНЗОД - Котиби матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Боиси хушнудист, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст.
Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон аст, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, таҷассумгари дирӯзу имрӯз ва фардои ормонҳои миллии мо мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки 30 сол муқаддам дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором, масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи сиёсӣ ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардид.
Воқеан моҳи ноябр барои миллати мо моҳест пур аз санаҳои саршор аз рӯйдодҳои таърихӣ, яъне аз таҷлили Рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) сар карда то ба Иҷлосияи тақдирсози миллат XVI -уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистону Рӯзи Президенти ҶТ, инак боз як санаи муҳим, 24-уми ноябр Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлил аст, ки дар моҳи ноярб ба вуқӯъ пайвастааст. Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон - яке аз идҳои расмии Тоҷикистон, 24 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти Тоҷикистон қабул гардида, ҳар сол 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад ва рӯзи корӣ ба шумор меравад. Парчам рамзи ягонагиву соҳибистиқлолии ҳар як миллату давлат буда ба шаҳрвандони онҳо муқаддас аст.
Вакилони мардумӣ бо дарки аҳмият ва нақши Парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин, бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагони худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.
Қабули Парчами давлатӣ ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ, ки дар масири таърих бо номи «Дирафши Ковиён» ёд карда мешавад, ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ, эътиқод ва эътимод пайдо карданд.
Тасдиқи Парчами давлатӣ дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад.
Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани Парчами давлатӣ иқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои рафъи хатари ба сари давлат ва миллати куҳанбунёд омада буд.
Мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчам ҳамчун рамзи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳнамоиҳои Эҳёгари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омаданд ва ҳамин Парчами давлатиро буса намуда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бо қабули рамзҳои сиёсӣ, махсусан Пачами давлатӣ, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонисориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷикон ба даст омад ва давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқии давлат дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ Парчами давлатиро рамзи давлатӣ эълон карда, онро ба ҳайси яке аз унсурҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ эътироф намудаст.
Минбаъд тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рамзҳои давлатии мо, аз ҷумла тартиби афрохтану истифодаи Парчами давлатӣ танзим гардида, эҳтиром ва садоқат ба онҳо ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ дар сатҳи олии қонунӣ қарор дода шуд.
24 ноябри соли 2009 бори нахуст мардуми кишвар Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ба шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил намуданд.
Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд.
Бо итминон ба фардои дурахшони кишвар, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо дар таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дастовардҳои рӯзафзун орзӯ менамоям.
Аз ин лиҳоз ҳар як Тоҷику Тоҷикистониро ба ин рӯзи таърихӣ - Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқану самимона шодбош гуфта, фазои софу беғубор бо партавафшонии Парчами Миллӣ таманно дорам. Худо кунад, ки Парчами Миллиамон ҳамеша бо воқеаҳои хушҳолкунандаву таърихӣ дастболо бошад. Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқи моро ба қуллаҳои мурод расонида, дар фазои сулҳу субботи кишвар ҳамеша парафшон бошад.
Раҳмонов Раҳмон Охонович – д.и.х., муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ
Сарзамин ва мардуми Тоҷикистон баъди барҳамхурии Иттиҳоди шуравӣ бисёр парешониву сахтиҳоро аз сар гузарониданд, чунки дар ибтидои роҳ кишварро хатарҳои гуногун таҳдид мекард. Шаҳрвандон дар баробари қурбониҳову гирифториҳои сахт ва тарси аз нав қарор гирифтан зери зулму ситам, ҳаросҳо ва ғуссаҳои гуногунеро дар дил мепарвариданд, ки оқибати ин бесару сомониҳо ба чӣ меанҷомида бошад ва чӣ қисмате насибашон мешуда бошад ва оё дубора ба як зиндагии осоишта ва нек дар як ҷомеаи пешрафта хоҳанд расид ё не?
Шукронаи тақдири нек, ки дурахшиши барқе шуду ба майдон шахси шуҷоатманд ва қавиирода бо қадамҳои устувор ҳамчун меъмори давлатдории миллӣ бо номи Эмомалӣ Раҳмон омад, ки як равшанӣ ва умеде буд бар дили мардуми сарсону нигарони тоҷик.
Дар ҳақиқат дар он айёми сарнавиштсоз ба сари давлат омадани ин шахсияти боиродаву устувор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаммонанди Хуршеде буд, ки оҳиста тулўъ карда ба сарзамин ва ҷисму дилҳои шаҳрвандони кишвари Тоҷикистон гармӣ бахшид ва қоматҳои хамидаву чеҳраҳои гирифтаи мардум, дубора дигаргун гардида, қадам ба қадам шурўъ ба рушду камол карданд ва ин оғози ҳамбастагии мардум ва зиндагии орому боосоиш дар сулҳу субот гашт. Баъд аз гузашти солҳо, ҷои манзилу биноҳо ва хиёбону кўчаҳои баҳам рехтаву тороҷшударо биноҳои нави замонавӣ ва гулгашту чаманзорҳо гирифт.
Шаҳри Душанбе ба як шаҳри ҳозиразамону тамаддунӣ табдил ёфт, ки солҳои пеш ҳатто кас фикрашро ҳам намекард. Дар як муддати нисбатан кутоҳе фазои кишварамон Тоҷикистонро амну амонӣ ва осудагии тасаввур нашавандае фаро гирифт, ки ин бузугтарин неъмате буд, ки тавассути заҳматҳои зиёди Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мардуми мо гардид. Зеро ки амнияту оромиши зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванд аз тамоми пулу молу сарвати дунё болотару арзишноктар аст.
Баъзе вақтҳо таърих дар як шакле такрор мешавад. Ин дар мисоли «ҷанги шаҳрвандӣ»-ё, ки дар сарзамини кишварамон сар зад ва тамоми мардуми ҷомеаро дар ҳолати ҳасос (беназму низомӣ), дар вазъияти сахту гирифторӣ қарор дод. Махсусан аҳли илму фарҳанг дар вазъияти фақру нодорӣ китобу қаламро як тараф гузошта, ба корҳои гуногуни дур аз ихтисоси худ рў оварданд.
Аз дастовардҳои бузурги Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он буд, ки бо ташаббуси хирадмандонаи хеш байни шаҳрвандон сулҳ ва ваҳдати миллиро барқарор намуд, ки аз хайртарин ва бузургтарин корҳои Раҳбарамон буд. Тавассути ин фаъолияти хеш назму низом ва сулҳро байни шаҳрвандон барқарор намуданд ва ба кинаву адоват, бадбиниву бадфикрӣ ва ҷудоӣ хотима бахшиданд. Ҳамаи ин заҳмату фаъолиятҳои Президенти Тоҷикистон боис гардид, ки мардум ва кишвари азизамон Тоҷикистон соҳиби Пешвои ягонаи миллӣ гаштанд. Маҳз ба иродаи қавию, нияти неку ҷасорат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун як давлати соҳибихтиёру мустақил ва бо фарҳангу тамаддун шиносониданд ва муаррифӣ намуданд.
Дар баробари ин баъд аз солҳо, шаҳру деҳотҳои аз назар дурмонда ва роҳҳои рехтаву фарсудаи нообод аз нав бозсозӣ шуда, рў ба беҳбудӣ оварданд ва мактабу мадрасаҳо, боғчаву парваришгоҳи наву замонавӣ ба роҳ монда шуданд. Махсусан нерўгоҳи барқии обии Роғун, ки бузургтарин нерўгоҳ дар дарёи Вахш мебошад ва сохти он ноанҷом ва нообод монда буд, бо ташаббус ва талошҳои зиёду қатъии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ба кор андохта шуда, ба танзим дароварда шуд, ки боиси ифтихору сарфарозии давлату мардуми он гашт ва хоҳад гашт.
Нақши Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Рањмон дар эҳёи фарҳангу суннати даврони бостонии тоҷикон, махсусан Наврўз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва дигар суннатҳои қадима дорои арзишҳои волои тарбиявӣ-маънавӣ, таърихию фарњангӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ мебошад. Ин хизмати пурарзиши Президенти Тоҷикистон барои насли имрўзаю оянда як неъмати гаронбаҳое аст, ки онҳоро дар роҳи ба худшиносию ваҳдат, ягонагию ҳувият, истиқлолияти миллӣ ва ҳамчунин шинохти арзишҳои сарзимини хеш ва хоки он ҳидоят менамояд.
Раҳбари қудратманди мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи дигар соҳибқудратии тамаддуни давлату мардуми тоҷикро ба башарият муаррифӣ намуданд, ки мо шаҳрвандон ва аҳли илму адаб ин заҳмату талошҳои Пешвои азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд қадрдонӣ кунем ва ифтихор намоем, ки ин шахсияти бузургу тавоною донишманд Раҳбари мо ҳастанд. Дар бораи хизматҳо ва корҳои бузургу арзишманде, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи сиёсату иқтисод, робитаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсояву хориҷӣ, дар соҳаи илму фарҳангу ҳунар, тарбияи ҷавонону кўдакон, чопу дастрас намудани мероси ниёгон, баланд бардоштани маърифати мардум дар гузаронидани маросимҳои мухталиф ва амсоли инҳо сухан бисёр гуфтан мумкин аст, ҳарчанд инҷо хеле мухтасар зикр гардид.
Ин буд бозтоби кўтоҳ аз талош ва шоҳкорҳои давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мардумро аз нерўҳои бад ва торикоту зулмот наҷот бахшида, Тоҷикистонро ба як давлати соҳибихтиёр ва соҳибҳуқуқу тамаддунӣ табдил дода, ба тамоми башарияти дунё исбот намуд, ки мардуми сарзамини мо бо фарҳангу тамаддундор аст.
Қалбан мегўям, ки мефахрам бо чунин Раҳбару шахсияти хоксору бохирад ва давлатдори бо сиёсату ба ҷаҳони муосир созгор ва дар айни замон мардумпарвару ғамхору меҳрубон ва нисбати мардуму миллати хеш дорои худшиносӣ ва ҳувияти миллии воло. Бо дастгирӣ ва ташабусҳои Сарвари миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллӣ, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ аз нав эҳё шуд.
Аз ин ҷо, мо дар дурахшиши симои ў на танҳо як Президент ва Пешвои миллатро мебинем, балки як ворис ва Асосгузори давлати тоҷиконро дар замони муосир ҳамчун як инсони комил мебинем.
Бояд зикр кард, ки корҳое, ки дар муддати на чандон зиёд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбати давлату давлатдорӣ, нисбати фарҳангу суннат, нисбати иқтисоду сиёсат ва сохтору ба роҳмонии корҳои дохиливу берунии кишвар ба анҷом расонидаанд, ҳарчанд номбар кунем, боз ҳам кам аст. Аз тарафи дигар худи мардум шоҳиди хизматҳои шоёни Президенти муҳтарамон мебошанд ва танҳо дастгирӣ ва қадрдонӣ намудан аз Пешвои хирадманди миллат вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як аз мост.
Муродова Тоҷинисо - номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
(Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол пур аз таҳаввуллот ва саҳифаҳои рангине аст, ки инъикосгари як марҳалаи ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ мебошад. Бахти миллати тоҷик баъди ҳазор соли ормони даст ёфтан ба давлати мустақилу соҳибихтиёр омад карду ба мақсади олии хеш расид. Бо имзои созишномаи «Беловежск» давлати Шуравӣ барҳам хӯрда, кишварҳои иттифоқӣ ба истиқлоли давлатӣ соҳиб шуданд. Дар ин раванди пур аз таҳаввулоти сиёсӣ Тоҷикистон чун иттифоқчиёни дигар ба истиқлол расид. Вале ҳифзи истиқлоли давлатӣ ба миллати тоҷик ба осонӣ муяссар нагардид. Ин мушкилотро дар роҳи ҳифзи суботи сиёсӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон омилҳои субъективӣ ва объектвии мавҷуда, ки натиҷаи сиёсати “бозсози”-и ҳукумати собиқ шуравӣ буд, ба вуҷуд овард. Низоми сиёсии ҷомеа ва тамоми сохтори идорӣ фалаҷ гардида, ҳукумати бетаҷриба дар роҳи истиқлол аз уҳдаи вазифаҳои хеш дар назди ҷомеа баромада натавонист. Аз нотавонии ҳукумат ва дигар падидаҳои номатлуби ҷомеа гурӯҳҳои сиёсии тундрав таҳти сарпарастии кишварҳои мушаххаси хориҷӣ истифода карда, роҳи ба даст овардани ҳокимияти давлатиро пеш гирифтанд.
Давлат пурра фалаҷ гардида буд, ҳатто баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлол ҳукумат артиши муҳофизатии худро натавонист ҳифз намояд ва дар ин роҳ масъулин талоше ҳам накарданд. Аз заифии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва артиши давлатӣ нерӯҳои сиёсии мухталифи ҳукуматхоҳ истифода намуда, аксар ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Ҳар як гурӯҳи ҳукуматхоҳ худро ҳомии ватану миллат номида, дар зери ин шиор ба зарари ин миллату давлат кор мекард. Бетаҷрибагии аҳзоби сиёсӣ ва ташкилоту созмонҳои нав ташкилшуда дар роҳи ба ҳукумат соҳиб шудан вазъро боз ҳам бадтар менамуд. Аксар аз ташкилоту созмонҳои ба вуҷудомада, ки натиҷаи сиёсати демократикунонии ҳукумати собиқ буд, хусусияти маҳалгароӣ ва ё хуруфотӣ доштанд. Дар чунин марҳилаи бениҳоят ҳасос ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик қуввае лозим буд, ки дар фикри истиқлол ва тамомияти арзии ин ватан бошаду хатари мавҷударо дарк намуда, мардумро дар роҳи ваҳдату ягонагӣ ва субот даъват намояд.
Новобаста аз чунин шароити мураккаб, шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун нишони баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Олӣ ифода сохта, ба он муваффақ шуданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад. Дар он вақт Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифт.
Аввалин қадамҳо дар самти таҳкими сулҳу субот миёни қувваҳои мухолиф дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз гузошта шуданд. Ақли солим ғолиб омаду онҳо дар иҷлосия ба мувофиқа расиданд. Заминаи ҳифзу устувории давлатдории навини тоҷикон гузошта шуд. Дар раванди кори иҷлосия як қатор қарорҳое қабул карда шуд, ки заминаи таҳкими сулҳу субот ва волияти қонунро дар кишвар гузошт.
Яке аз тадбирҳои бисёр саривақтӣ ва сарнавиштсоз интихоби раиси Шурои Олии кишвар ба ҳисоб мерафт. Дар рӯзи чоруми иҷлосия, яъне 19-уми ноябри соли 1992 дар такя ба моддаи 109-и Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.
Мувофиқи қарори мазкур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада ва барои халқ дар шароити гузариш фаъолияти пурмасъулиятро ба дӯш гирифта метавонад. Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуда, гуфт: «…кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард... Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…» Ин садоқату самимиятро дар раванди 32 соли мактаби давдатдориаш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан ба таври барҷаста собит намуда истодааст.
Сарвари ҷавону боматонати навинтихобро зарур буд, ки як қатор қарорҳои муҳиме қабул намояд, ки вазъиятро муътадил гардонида, қонуният дар кишвар ғолиб шавад ва хатарҳои номатлуби таъсиррасон ба давлату миллат бартарфгардад. 19 ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи изҳороти аъзои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо намуд.
Мувофиқи қарори мазкур истеъфои аъзои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Онҳо то вақти ташкил додани ҳайати нави Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати худро давом медоданд.
19-уми ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазъи сиёсии ба амаломадаро дар кишвар ба инобат гирифта, ба Сарони давлатҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон муроҷиатнома ирсол кард, ки дар он гуфта мешуд:
«Вазъи ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тадбирҳои андешидашуда нигоҳ накарда, торафт муташанниҷ мегардад. Задухӯрдҳои мусаллаҳонаи тарафҳои муқобил давом доранд. Хуни одамони бегуноҳ мерезад. Шумораи гурезагон рӯз то рӯз меафзояд. Хавфи ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат нобуд шудани тоҷикон ба миён омадааст.
Дар ин рӯзҳои душвор қисмҳои дивизияи 201-уми пиёданизоми Федератсияи Русия бо хоҳиши ҳукумати ҷумҳурӣ баъзе корхонаву муассисаҳоро ҳимоя карда, ба таъмини низоми фавқулодда дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ карданд.
Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъият ба раисони мамлакатҳои ИДМ, иштироккунандагони мулоқоти шаҳри Алмаато муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки дивизияи 201-уми пиёданизом асоси қувваҳои дастаҷамъии ҳомии сулҳ гардад ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон дар ин масъала ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки худро дареғ надоранд».
Ҳамчунин, 20-уми ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон бо аҳли раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба Иҷлосияи XVI -уми Шурои Олӣ ба Хуҷанд омаданд, машварат орост.
Дар ин машварат сухан дар бораи корҳои ташкилию техникии иҷлосия ва масъулияти кормандони дафтари Раёсати Шурои Олӣ рафт.
Эмомалӣ Раҳмон мулоҳизаҳояшро дар бораи интихоботи раисони нави Кумитаҳои Шурои Олӣ ва аъзои Раёсати он баён карда, аз нақши воситаҳои ахбори умум, махсусан телевизион ва радио дар масъалаи беҳбудии вазъи ҷумҳурӣ изҳори ақида кард.
21-уми ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи интихоби раисони кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузошт.
Дар таърихи 24-уми ноябр иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи гурезагон», «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо намуд.
Ҳамчунин, 26-уми ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муроҷиатномаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ имзо гузошт, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфи фалокати умумимиллиро, ки қодир аст орзӯи чандинасраи тоҷиконро баҳри истиқлол ва эҳёи давлатдории худ аз байн барад, эҳсос намуда, ҷанги бародаркуширо, ки боиси ҳалокат ва харобӣ, кушта шудани ҳазорон одамони бегуноҳ мегардад, маҳкум карда, мақоми аввалиндараҷа доштани ҳуқуқи шахсиятро бидуни мансубияти миллӣ ва динию мазҳабӣ, ҷаҳонбинӣ ва майли идеологӣ ва амсоли он эътироф намуда, масъулияти таърихии худро нисбат ба тақдири ҷумҳурии навташкили Тоҷикистон, ки ба роҳи тараққиёти мустақилияти миллӣ қадам ниҳоданист, дарк карда, баҳри ҷумҳурии якпорча ва тақсимнопазир, Тоҷикистони демокративу дунявӣ талош менамояд.
Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умед мекунад, ки ҳамин муроҷиатномаро аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату иттиҳодияҳо, ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ баҳри тантанаи ақли солим ва адлу инсоф ба хотири дар қаламрави Тоҷикистон пойдор шудани сулҳу муросо дастгирӣ хоҳад кард».
26-уми ноябр Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми матбуоти даврӣ чоп гардид, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаи барои сарнавишти миллионҳо одамон пурхатар ва дар лаҳзае, ки ҳаёт ва осоиштагии шаҳрвандони ҷумҳурӣ зери хатар аст, доир гардид. Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақомоти конститутсионии ҳокимияти намояндадор ва ифодагари иродаю ормони тамоми халқи ҷумҳурӣ мебошад. Муҳимтарин дастоварди кори иҷлосия тантанаи қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалаҳои тезу тунди иҷтимоиву сиёсӣ мебошад».
26-уми ноябр иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992»-ро ба имзо расонид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардидааст.
Бояд гуфт, ки қонуни мазкур бо мақсади хотима додан ба ҷанги бародаркушӣ, пешгирӣ аз фоҷиаи миллӣ дар ҷумҳурӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти мӯътадили институтҳои давлатӣ, инсондӯстӣ қабул гардида буд.
27-уми ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Раиси Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо намуд. Мувофиқи қарори мазкур Абдумалик Абдуллоҷонов Раиси Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
2-юми декабр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таклифи 116 нафар депутати халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарор «Дар бораи таъсиси вилояти Хатлон» имзо гузошт. Тибқи он дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби якҷоя кардани вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа вилояти Хатлон ташкил шуда, маркази маъмуриаш шаҳри Қӯрғонтеппа муқаррар гардид.
2-юми декабр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро имзо кард.
Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Бо ташаббуси ин фарзанди фарзонаи миллат як қатор сандаҳои меъёрӣ ҳуқуқие дар раванди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ қабул гардид, ки заминаи таҳқими қонуниятро дар мамлакат гузошт.
Вақт ва таҷрибаи таърихии 32 соли мактаби давлатдории ин абармарди саҳнаи сиёсат собит намуд, ки роҳи муайянкарда ва пешгирифтаи ӯ алтернативаи дигар надошт. Таърихи давлатдории навини Тоҷикистон исбот кард, ки мардуми кишвар дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд. Танҳо барои миллати баргузида ва куҳанбунёди тоҷик чунин Сарвари дурандешу боматонат ба мисли Эмомалӣ Раҳмон лозим буд, ки дар зери як марому мақсад, ки асоси онро устувории ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ ташкил мекунад муттаҳид шаванд.
Аз нигоҳи имрӯза ва оянда бо ифтихор бояд таъкид намуд, ки суханрониҳо ва фаъолияти амалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия ба қалби мардуми кишвар роҳ ёфта, яке аз асосҳои боварии халқ ба Сарвари давлат ва роҳбарияти нави мамлакат гардиданд. Эмомалӣ Раҳмон ба мактаби бузурги давлатдорие асос гузошт, ки чун муҳри бақои миллату давлати тоҷикон хидмат кард. Ин муҳр миллати тоҷик ва давлати тоҷиконро, ки ба сангари вазнине рӯ ба рӯ гардида буд аз вартаи ҳалокат наҷот доду кафолати ҳастии он гардид. Миллати тоҷик бо сарварии ин чеҳраи мондагор дар тули 32 сол роҳи 300 соли таърихи баъзе халқияту миллатҳоро сипарӣ карда, дар роҳи эъмори давлатдории миллӣ ва мутамаддин ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Зарур аст, ки ба ин мактаби беназири давлатдории ташаккулдодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузошту аҳаммияти онро ба насли навраси меҳан шарҳ дод.
Хушвахтзода Қ.Х. – Президенти АМИТ, профессор, узви вобастаи АМИТ
Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик баҳри пойдории давлатдории навини хеш шакли идоракунии Президентиро ҳамчун намуди беҳтари идоракунии давлатӣ мақбул дониста, бо амали сохтани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳод замина гузошта шуд.
Дар таърихи давлатдории тоҷикон шакли идоракунии Президенти ин ниҳоди ҷадиди сиёсиву ҳуқуқие мебошад, ки дар он Президент ҳам сарвари давлат ва ҳокимяти иҷроия эътироф мешавад. Истилоҳи президент, ки дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад ба шакли классикии ин ниҳоди мувофиқ аст. Таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон бо назардошти маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории муосир ба ҳисоб меравад.
Дар таърихи давлатдории тоҷикон идоракунии Президенти ин зуҳуротҳои ҳуқуқие мебошад, ки аз қабули Эъломияи соҳибихтиёрии ҶШС Тоҷикистон, аз 24 августи соли 1990, ки дар худ арзишҳои сиёсиву ҳуқуқии давлатдории навинро таҷассум менамуд оғоз мегардад.
Таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ва далели шинохти ниҳодҳои давлатию сиёсии кишварҳои демократӣ мебошад.
Пас аз истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик бунёди давлатдории навини худро поя гузошт. Раванди ин давлатсозӣ тавассути санади олии ҳуқуқӣ - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки танзимкунандаи муҳми муносибатҳои ҷамъиятӣ ва муайянкунандаи асосҳои сохтори далатӣ ба ҳисоб меравад амалӣ карда мешавад. Мутобиқ ба қисми дуюми моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад».[2.]
Дар моддаи 64-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. [2.]
Дар давлатдории тоҷикон ниҳоди Президент падидаи нав ба ҳисоб рафта, дар баробари Сарвари давлат, инчунин ҳокимияти иҷроияро роҳбарӣ менамояд.
Чуноне ки маълум аст дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ дар сарзамини Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ хуруҷ намуд, ки он аз ҷониби қувваҳои хориҷӣ бар сари миллати тоҷик таҳмил гардид. Ин фоҷиаи фалоктбор ба тамоми сатҳи ҳоҷагии халқи Ҷумҳури таъсири худро расонида ҳатто мавҷудияти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро зери суол қарор дод.
Ба тақдири миллати тоҷик дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардида, баъдан ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон интихоб шуд. [4.263] Аз ибтидои фаъолияти хеш ин шахсияти таърихӣ баҳри ба ҳам овардани миллати тоҷик кўшиш намуданд. Сайъу талошҳои Сарвари давлат имконият фароҳам овард, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони тозаистиқлол хомўш гардад. Ва тамоми самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва низоми идоракунии кишвар ба маҷрои муназами фаъолият ворид гардиданд.
Ин хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисторо ба инобат гирифта халқи тоҷик Сарвари давлати худро ба унвони Пешвои миллат мушараф гардониданд. Ниҳоди Пешвои миллат дар асоси санади ҳуқуқӣ Қонуни кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат», мустаҳкам карда шудааст. Дар моддаи 2-и қонуни мазкур омадааст: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.[3.]
Мутобиқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ҳамчун Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия дорои як қатор салоҳиятҳое мебошад, ки раванди идоракунии давлатӣ ва самти фаъолияти дохилию хориҷии кишварро роҳбарӣ менамояд. Фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои Конститутсия ба ташкил ва фаъолияти ҳокимияти қонунгузор низ алоқаманд мебошад. Аз ҷумла, Президент интихоботҳои навбатӣ ва ғайринавбатиро дар парлумони ҷумҳуриявӣ таъин менамояд; комиссияи марказии интихоботиро ташкил медиҳад. [1.15.]
Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятҳои васеъро дар соҳаи фаъолияти қонунгузорӣ бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва нашри қонунҳо доро мебошад.
Салоҳиятҳои конститутсионии Президент самти роҳбарии фаъолияти ҳокимияти судиро низ дар бар мегирад. Мутобиқ ба қисмҳои 8 ва 12-и Моддаи 69-и Конститутсия Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон “Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд”. Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо таъин ва озод мекунад. [2]
Тавре аз муқаррароти конститутсионӣ бар меояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳамчунин сиёсати ҳориҷии давлатро низ бар уҳда дорад; давлатро дар муносибатҳои байналхалқӣ намояндагӣ мекунад; бо кишварҳои ҳориҷӣ гуфтушунид мегузаронад; шартномаҳо ва созишномаҳои байналхалқӣ баста, барои ба тасвиб расонидан ба парлумони кишвар пешниҳод мекунад; ифтихорномаҳои тасвибиро имзо менамояд. [4.174.] Президент бо розигии кумитаҳои парлумон оид ба корҳои байналмилалӣ, намояндагони дипломатии Ҷумҳуриро дар кишварҳои хориҷӣ, дар назди созмонҳои хориҷи ва байниҳукумати тайин ва бозхонд менамояд.
Президент ифтихорномаҳои эътимодиро, ки дар назди ў аз тарафи намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ номнавис шудаанд, қабул менамояд.
Дар соҳаи амнияти миллӣ ва мудофиаи давлатӣ бошад, Президент Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Маҳз ҳамин салоҳиятҳои конститутсионии президентӣ аст, ки нақш ва мақоми ин ниҳодро дар идораи давлатӣ муассир гардонида, баҳри эҳтиром гузоштан ба президенти кишвар заминаи ҳуқуқи пайдо мекунад.
Дар ин росто дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз заминаҳои ҳуқуқӣ ба ниҳоди президентӣ эҳтирому манзалат қоил буда, рӯзи 16 ноябрро ҳамчун рўзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст.
Воқеан таҷлили саннаҳои таърихӣ бахшида ба Сарвари давлат дар таърихи давлатдории тоҷикон натанҳо заминаи ҳуқуқӣ дорад, балки ҳамчун нишон эҳтиром ба роҳбари олии давлат, инчунин заминаи таърихию фарҳангиро доро мебошад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон, чунин таҷриба таърихан собит шудааст. Аз ҷумла тибқи баъзе сарчашмаҳои таърихӣ таҷлили ҷашни наврўзро маҳз ба рӯзи ба тахт нишастани шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Мутафаккири барҷастаи тоҷик Абурайҳони Берунӣ оид ба ҷашни Наврўз қайд менамояд, ки «ва боз ид будани наврўзро чунин гуфтаанд, ки чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рўз бар он нишаст шуд ва ҷину шайётин онро бардоштанд ва ба як рўз аз кўҳи Дамованд ба Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рўзро ид гирифтанд». Аз ин мадорики таърихӣ бар меояд, ки таҷлили иди Наврӯз ба рӯзи бар тахт нишастани Шоҳ Ҷамшед бастагӣ дорад. [5.82.]
Аз ин рӯ, бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки таҷлил намудани рўзи президентӣ чун мақоми олии роҳбари давлат меросияти таърихӣ буда, эҳёи анъаноти аҷдодӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, бо таҳлили масъалаи мазкур ба хулосае омадан мумкин аст, ки эълон доштани 16 ноябр ҳамчун рўзи Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи фархунда ва талаботи саривақти буда, баҳри таҳкими давлатдории миллӣ шароити мусод фароҳам хоҳад овард. Дар ҳамин асно пешниҳод мегардад, ки ба хотири арҷ гузоштан ба ниҳоди Президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйрот ворид карда шуда “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба рӯзҳои ғайри корӣ гузаронида шавад ва дар кишари азизамон ин рӯз бо чорабиниҳои тантанавӣ ҷашн гардад.
Абдулхонов Ф.М. н.и.ҳ., Ходими калони илмии ИФСҲ-и АМИТ
Адабиёт:
1. Абдулхонов Ф.М. Ислоҳоти шакли идораи давлатӣ: аз президентӣ ба парламентӣ ва баргашт ба шакли идораи президентӣ. //Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд. Ҷилди II. - Душанбе: “Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, 2019. – 430 с.
2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 бо таѓйиру иловаҳо аз 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016
3. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с., 2016, №11, мод. 872)
4. Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд. Ҷилди IV, -Душанбе: “Матбааи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 2022. – 544 с.
5. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи анъанот ва ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз - Душанбе: 2022. – 250 с.
Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол ва тозабунёд буда, аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо пайваста рушд ва тараққӣ карда истодааст. То ин замон ҳамаи он дастовардҳо ва ташаббусҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардааст, бо шарофати сиёсати созанда, озмудашуда ва муваффақи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро “сиёсати дарҳои кушода” ташкил дода, муносибатҳои худро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ ба роҳ мондааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози асри XXI бо эълони “сиёсати дарҳои кушода” равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуданд, ки пас аз гузашти солҳо ин сиёсат ҳамчун сиёсати озмудашуда ва муваффақ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Интихоби сиёсати “дарҳои кушод” аз як тараф роҳи ягонаи дурусти пешбурди сиёсати хориҷӣ ва аз ҷониби дигар инъикоси арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва суннатии халқи тоҷик яъне дустӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ мебошад, ки самараи бевоситаи Пешвои миллат мебошад. [1]
Дар даврони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, дар соҳаҳои гуногуни тақозои замон равобит намуда истодааст.[2] Ин муносибатҳо соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, саноатӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад. Дар ҷаҳон ҳастанд, кишварҳое ки ҳудуди муайян доранд, вале истиқлолият ва арзишҳои миллии худро надоранд. Барои ин гуна кишварҳо сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан “сиёсати дарҳои кушода” намуна ва дастурамали хос шуда метавонад. Тавассути “сиёсати дарҳои кушода” Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмону ниҳодҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ворид гардида, бо талошу заҳматҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият на танҳо бо кишварҳои ҳамҷавор, инчунин бо кишварҳои тараққикарда низ робитаҳои густардаро ба роҳ мондааст. Кореяи Ҷанубӣ, яке аз кишварҳои тараққикарда ва абарқудрат ба шумор меравад, ки иқтисоди бо суръат рушдкунанда дорад. Ҳамзамон метавон қайд кард, ки Кореяи Ҷанубӣ ба кишварҳои “Бабрҳои Осиёӣ” шомил мебошад. Модели инноватсионии рушди иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ як намунаи хос дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида метавонад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрсамта тавассути “сиёсати дарҳои кушода” ҳадафҳои геополитикӣ ва манфиатҳои миллии худро ба даст орад.
Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор гардидааст. Аз оғози робитаҳои дипломатӣ ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, энергетиқӣ, илмӣ – техникӣ ва маънавӣ – фарҳангӣ ҷараён дорад. Соли 2008 Ҷумҳурии Корея намояндагии худро дар шаҳри Душанбе боз намуд. Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея аз 15-уми апрели соли 2013 расман ба фаъолият оғоз намуд. Мавриди зикр аст, ки сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея соли 2015 дар заминаи сафари Президенти кишвар ифтитоҳ гардид. Асоси тамоми ин ҳамкориҳо дар мулоқоти нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Корея Ким Ён Сам (соли 1995 дар шаҳри Ню-Йорк) баргузор гардида буд.[3]
Бояд қайд кард, ки дар таърихи ҳамкориҳои дуҷониба, аввалин маротиба санаи 15-17-уми июли соли 2019 дар сатҳи боломақом Сарвазири Кореяи Ҷанубӣ Ли Нак Ён бо ҳайати вакилони худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом доданд. Дар рафти вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ саноатӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ гардид. Дар мулоқоти мазкур доир ба самтҳои манфиатбори муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноатӣ, гидроэнергетика, молияву бонкдорӣ ва бахшҳои хусусӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ, илму маориф, фарҳанг, муҳоҷират, сайёҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҷонибҳо табодули назар намуданд. Метавон гуфт, ки вохӯрии мазкур қадамҳои аввал дар рушди ҳамкорибҳои тарафайн ба ҳисоб рафта, барои дар оянда таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрсамта нақши муҳим мебозад. Зеро дар ин мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои судманд баррасӣ гардида, бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ рӯз то рӯз ҳамкориҳо миёни ду кишвар рушд гардида истодааст.[4]
Мавриди зикр аст, ки санаи 1-уми апрели соли 2021 Раиси Парлумони Кореяи Ҷанубӣ Пак Бён Сок ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Дар ин нишасти самимӣ ба масъалаҳои муҳимтарини ҳамкориҳо ба хусус дар таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ Тоҷикистону Корея таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ метавонад, яке аз омили таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни ҷонибҳо гардад. Инчунин қайд гардид, ки истифодаи иқтидори бойи захираҳои табии Тоҷикистон, таъсиси марказҳои логистикию тиҷоратӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз самтҳои ояндадори таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар маънидод гардид. Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIKA) изҳори қаноатмандӣ намуданд.[5]
Бояд қайд намуд, ки дар давраи истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи “сиёсати дарҳои кушода” ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрсамтаи худро миёни Кореяи Ҷанубӣ густариш дода истодааст. Дар доираи ҳамкориҳои сиёсию дипломатӣ санаи 29-уми ноябри соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Чон Ий Ёнро бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштироки Форуми “Осиёи Марказӣ + Ҷумҳурии Корея” дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи феълии ҳамкориҳои ду кишвар ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардиданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд, ки мо Кореяро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимоди худ медонем ва ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо он мутобиқ ба манфиатҳои муштарак аҳамияти хос медиҳем. Инчунин дар ин мулоқот таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангиро муҳокима намуданд. Таъкид карда шуд, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши робитаҳо дар доираи Форуми муштараки соҳибкорӣ метавонад омили таҳкими ҳамкориҳо дар афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ миёни ду кишвар гардад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, энергетика, гидроэнергетика, саноат, саноати коркарди кӯҳӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои минбаъдаи ҳар ду кишвар маънидод гардид.[6]
Таҳкими “сиёсати дарҳои кушод” барои Ҷумҳурии Тоҷикистон як василаи хос ва аввалиндараҷа дар рушди ҳамкориҳои судманд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Нақши “сиёсати дарҳои кушода” дар таҳкими робитаҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, илмӣ-фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ назаррас мебошад. Ҷонибҳо баҳри ба даст овардани манфиатҳои миллӣ ва робитаҳои зич ва судманд пайваста талошҳои худро равона менамоянд. Ҷумҳурии Тоқикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар баробари ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрсамта, инчунин дар доираи фармати нави муносибатҳои байналмилалӣ “5+1” яъне Кореяи Ҷанубӣ-Осиёи Марказӣ низ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Ҳадафҳои асосии Форуми Корея-Осиёи Марказӣ рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои логистика, энергетика, модернизатсия ва диверсификатсияи саноат, тағйирёбии иқлим-экология, тандурустӣ–тиб, маориф-фарҳанг мебошад. Ҷонибҳо баҳри ба даст овардани ҳадафҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ дар доираи консепсияи “5+1” фаъолият намуда, ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрсамтаро дар соҳаҳои мазкур густариш дода истодаанд.
Санаи 6-уми сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (КОЙКА) Ҷанг Вон Самро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқоти мазкур ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Кореяро шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Шарқӣ ва КОЙКА-ро ниҳоди муҳими тақвияти ин шарикӣ номиданд. Бояд қайд намуд, ки дар 7 моҳи соли равон гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар 29% афзоиш ёфтааст. Дар рафти суҳбат ҳамкорӣ дар татбиқи тарҳҳои мухталиф аз ҷумла дар самтҳои энергетика, нақлиёт, саноат, соҳибкории хурду миёна, рақамикунонӣ, идоракунии давлатӣ ва рушди захираҳои инсонӣ баррасӣ гардиданд. Инчунин ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва идораи об, ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва таъмини рушди устувор низ самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ гардид. Ҳамзамон дар масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба аз қабили тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, афзоиши бунёди “энергияи сабз”, рушди “иқтисоди сабз”, таъсиси “технопаркҳо”, ҷорӣ намудани “технологияҳои рақамӣ” ва тавсеаи “тиҷорати электронӣ” ибрози андеша намуданд.[7]
Ҳамин тавр ҷойгиршавии минтақаи Осиёи Марказӣ боис гардидааст, ки кишварҳои абарқудрат ба ин минтақа таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, зеро кишварҳои абарқудрат Чин, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ тавассути рушди ҳамкориҳо дар доираи консепсияи “5+1” метавонанд роҳҳои нави тиҷоратии Авруосиёро кушоянд. Кореяи Ҷанубӣ дорои нисбатан ками захираҳои табиӣ мебошад, ки ба ашёи хоми захираҳои табиӣ бештар таваҷҷуҳ дорад. Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, шароитҳои нави рушди иқтисодиро миёни ду кишвар фароҳам орад. Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро 18 санади ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад, ки дар таҳкими робитаҳои дуҷонибаву бисёрсамта нақши калидӣ мебозад. Инчунин метавон гуфт, ки ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати корӣ дар самти муҳоҷират дар робитаҳои ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, ки натиҷаҳои онро дар ояндаи наздик хоҳем дид.
Пешниҳод
- истифода аз усулу равишҳои иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ ва логистикаи Кореяи Ҷанубӣ дар шароити кунунии кишварҳои Осиёи Марказӣ;
- истифода аз таҷрибаҳои ҳукумати электронӣ, рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, тибби рақамии Кореяи Ҷанубӣ ва ҷорӣ намудани ин сохторҳо дар шароити кунунии кишварҳои Осиёи Марказӣ махсусан барои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҷалби сармоягузорони ширкатҳои бузурги Кореяи Ҷанубӣ бунёди марказҳои логистикии Кореяи Ҷанубӣ, таъсиси ширкатҳои муштарак бо ҷалби сармояи Кореяи Ҷанубӣ дар рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ махсусан бо дар назардошти манфиатҳои милии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба роҳ мондани робитаҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Кореяи Ҷанубӣ махсусан барои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Файзуллаева Н игора, ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёт:
1. Мирзоев Ҳабибҷон “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолият ва эҷоди давлати миллӣ” 15.11.2019. Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо (osiyoavrupo.tj)
2. Дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон | Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон https://www.mfa.tj/tg/main/sijosati-khoriji/dastovardhoi-sijosati-khorijii-tojikiston
3. Аслов, С. М. (зери наз.), 25 Қадам дар паҳнои олам. Душанбе: Ирфон, 2016, 2020 саҳ 100
4. Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён /Президенти Тоҷикистон- President of Tajikistan- Президент Таджикистана /- (prezident.tj) http://www.prezident.tj/node/20682
5. Пак Бён Сок: «Мы высоко оцениваем усилия Президента Таджикистана Эмомали Рахмона по обеспечению мира и стабильности в регионе Центральной Азии» | НИАТ "Ховар" (khovar.tj)
6. Мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея https:// www. mfa.tj /tg/ main/view/9262/muloqoti-peshvoi-millat-prezidenti-jumhurii-tojikiston-bo-vaziri-korhoi-khorijii-jumhurii-koreya
7. Мулоқот бо Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) Ҷанг Вон Сам https:// president. Tj / event/news/47172
Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.
Паёми Сино
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
«Паёми Сино» (Vestnik Avitsenny; Avicenna Bulletin) маҷаллаи тақризшавандаи дастрасии кушодаи платинӣ буда, дар он масъалаҳои афзалиятноки тибби амалӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон инъикос меёбанд...
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)
Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.
Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.
Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.
Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.
Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.
Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.
Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.
Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...