Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва минбаъд ҳар сол дар кишвари мо ин сана ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.

213қБешубҳа Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Воқеан, парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар гузаронидани маъракаҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва гузашта аз ин, дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеа мавқеъ ва нақши муҳим дорад.

Дар Парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хатти дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу сабот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар ва бақову пойдории он, тоҷ ва ҳафт ситора бошад, соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллат талаққӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки Парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва ифтихор аз дирӯзу имрӯзи миллат моро баҳри ҳаёти осудаву сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сӯйи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.

Шоиста аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлату давлатдории миллӣ мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як фарди мамлакат қарор бигирад.

Калимаи «парчам», ки имрӯз вирди забонҳост, аслан дар забони модарии мо вожаи бегона нест. Андешаи баъзе муҳаққиқон дар хусуси асли туркӣ доштани ин вожа бунёди воқеӣ надорад.

Ба андешаи ғолиб парчам аз ду вожа «пар» ба маънии бар, боло ва «чам» ба маънии хам, хамида, яъне «болои хамида», «аз боло хамида» иборат аст ва реша дар забони суғдӣ дорад, ки ин забон ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ дохил буда, дар ибтидо маркази ривоҷу равнақи он шаҳрҳои Самарқанду Бухоро буданд. Дар «Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ» низ асли суғдӣ доштани вожаи парчам таъйид шудааст (Муҳаммади Ҳасандӯст. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон, 1393//2014. ҷ.2. с. 651).

Қобили зикр аст, ки ҳамин забони суғдӣ дар асрҳои аввали мелодӣ тадриҷан ба сифати забони байналмилалии Осиёи Марказӣ расмият пайдо кард ва то Туркистони Чину Муғулистон нуфузу эътибор дошт. Ногуфта намонад, ки забони суғдӣ бар асари турктози айём аз байн рафт ва танҳо лаҳҷае аз ин забон дар дараи Яғноби кишвари маҳбуби мо то имрӯз бар ҷой мондааст.

Эҳтимол меравад, ки калимаи «парчам» ба таври мустақим аз забони суғдӣ ё ғайримустақим, тавассути забонҳои баъдии туркию муғулӣ, ки дар муҳити таъсиру нуфузи забони суғдӣ қарор доштанд, ба забони модарии мо ворид шудааст, зеро дар оғоз агар суғдиён ресмони пӯпакдори абрешимии ба сари найза басташударо «парчам» мегуфтанд, пас қабилаҳои биёбонгарди турку муғул, ки аз коркарди абрешим бебаҳра буданд, ба сари найза мӯй, думи гов ё думи ғажгов (қутос) мебастанд ва ҳамонро «парчам» мегуфтанд. Дар байти зерини Абдураҳмони Ҷомӣ вожаи парчам ба маънии пӯпаки абрешимӣ корбаст шудааст:

Ҷаъди ломаш чу зулфи хубон хам,

Бар ливои зафар бувад парчам.

Чунонки аз мисраи дувуми ин байт ҳам ба мушоҳида мерасад, парчам аслан ба маънии пӯпаки абрешимии найза ё чӯбдасти парчам аст, ки баъдан худи мафҳуми парчам, яъне пӯст ё матои ба найза ё чӯбдаст басташударо ифода мекард.

Метавон гуфт, ки парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод.

Парчамро аз замонҳои қадим парчамдорон дар ҷангу муҳорибаҳо пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтодани он нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт. Ин калима ба ин маънӣ дар адабиёти гузаштаи мо корбурди зиёд дорад. Аз ҷумла, мегӯянд, ки чун овозаи ҳамлаи лашкари муғул ба Хоразм расид, хоразмиён ба пеши орифи маъруф Шайх Наҷмиддини Кубро, ки дар он айём муқими Хоразм буд, омаданд ва гуфтанд, ки Шайх дуо кун ва ин балоро аз сари мо рафъ соз.

Шайх гуфт, ки ин балои азим аст ва рафъи он ба дуо наметавон кард.

Пас гуфтанд, сари худ гиру бо муридон аз Хоразм берун шав, ки лашкариёни муғул чун ба Хоразм пирӯз шаванд, турову муридони туро амон нахоҳанд дод.

Шайх Наҷмиддини Кубро гуфт, ки ман дар рӯзи шодию нишот ҳамроҳи мардуми Хоразм будам, дареғам ояд, ки дар рӯзи сахти мардум аз ин мулк берун равам.

Гуфтаанд, ки чун лашкари муғул ба Хоразм ҳамла кард, Шайх Наҷмиддини Кубро аз нахустин касоне буд, ки домани худро аз санг пур кард ва ба ҷанги муғул баромад. Вақте ки сангҳои доманаш ба охир расид, аз дасти парчамдори муғул парчами муғулро кашида гирифт. Лашкари анбӯҳи муғул ба сари Шайх рехта, ӯро куштанд ва ҳафт сарбози муғул ба душворӣ панҷаи Шайхи шаҳидро боз карда, парчами худро берун оварданд. Аз он ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ мегӯяд: «Дар дасти дигар парчами кофар дорем», ишора ба ҳамин парчами муғули дасти Шайх Наҷмиддини Куброст.

Бояд таъкид намуд, ки вожаи парчам дар забони модарии мо муродифҳои дигари форсиасл (дирафш ё дурафш), арабиасл (рояталамливо) ва туркиасл (байрақ ё байроқ) дорад, вале ниёгони мо ба маънии имрӯзии парчам бештар аз калимаи дирафш ё Дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд.

Дирафши ковиёнӣ парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод, аз рӯзгори подшоҳии Пешдодиён то Сосониён буд.

Бештари муаррихон нахустин парчами миллии мо, яъне Дирафши ковиёниро марбут ба парчами чармии Коваи оҳангар донистаанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост.

Мегӯянд, ки чун фарзанди охирини Коваро барои хӯрди морони дӯши Заҳҳок оварданд, Кова барои додхоҳӣ ба пеши Заҳҳок рафт. Заҳҳок, ки то ин дам ҳабдаҳ писари Коваро қурбони морони худ карда буд, писари ҳаждаҳуми ӯро раҳо кард ва фармуд, ки Кова маҳзари бегуноҳии Заҳҳокро гувоҳ бошад. Коваи ситамдида он маҳзарро пора кард ва аз пеши Заҳҳок берун омада, пешдомани чармии оҳангарии худро ба найзае овехт ва онро парчами муборизаи дод бар бедод қарор дод. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безавол ин ҳодисаро чунин ба қалам додааст:

Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,

Ба ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.

Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,

Ҷаҳонро саросар суйи дод хонд.

Аз он чарм к-оҳангарон пушти пой

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.

Хурӯшон ҳамерафт найза ба даст,

Ки «Эй номдорони яздонпараст,

Касе к-ӯ ҳавои Фаридун кунад,

Сар аз банди Заҳҳок берун кунад.

Якояк ба назди Фаридун шавем,

Бад-он сояи фарри ӯ биғнавем.

Бипӯед, к-ин меҳтар Оҳарман аст,

Ҷаҳонофаринро ба дил душман аст».

Вақте ки Коваи оҳангар дар иҳотаи издиҳом парчам рӯйи каф ба назди Фаридуни Отибин расид, Фаридун парчами ӯро фоли нек ва рамзи пирӯзӣ бар Заҳҳоки морон дониста, амр кард парчами чармии Коваро бо дебои зарду сурху бунафш ва зару дурру гавҳар оростанд ва онро “Дирафши ковиёнӣ” ном ниҳод. Ба қавли Фирдавсии Тӯсӣ:

Биёмад ба даргоҳи солори нав,

Бидидандаш аз дур, бархост ғав.

Чу он пӯст бар найза-бар дид кай,

Ба некӣ яке ахтар афканд пай.

Биёрост онро ба дебои Рум,

Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш «Коваёнӣ дирафш».

Ба гуфтаи Фирдавсӣ шоҳоне, ки пас аз Фаридун бар тахти Эронзамин нишастанд, ҳар кадом ба Дирафши ковиёнӣ дурру гавҳарҳои нав ба нав афзуданд.

Аз он пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ,

Ба шоҳӣ ба сар барниҳодӣ кулоҳ,

Бар он бебаҳо чарми оҳангарон

Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.

Зи дебои пурмояи парниён

Бар он гуна гашт ахтари ковиён.

Ба пиндори бархе муҳаққиқон сифати “ковиёнӣ” ба номи Коваи оҳангар мансуб набуда, балки ба калимаи “ковӣ”, яъне “шоҳ” алоқамандӣ дорад. Дар ин сурат Дирафши ковиёнӣ парчами шоҳӣ маҳсуб аст, ки ба ливои (штандарти) имрӯзаи президентӣ қаробат дорад.

Бояд гуфт дар аҳди шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён, ки аз нахустин тоҷдорони рӯйи замин ва мунодии баробарию бародарии ҳамаи инсонҳо дар ҷаҳон буданд, низ Дирафши ковиёнӣ парафшон буд.

Ба навиштаи муаррихи маъруф Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ дар «Таърих-ул-умам ва-л-мулук» («Таърихи Табарӣ») Дирафши ковиёнии аҳди Сосониён аз пӯсти паланг таҳия шуда, дарозияш 12 араш (оринҷ), яъне тақрибан 6-7 метр буд. Ҳамин Дирафши ковиёнӣ то давраи охирин ҳукмрони Сосониён – Яздгирди III мавҷуд буд ва пас аз ҷанги эрониён бо арабҳо ба қавле дар атрофи шаҳри Наҳованд ва ба қавли дигар дар Қодисия ба дасти лашкариёни араб ғанимат афтод ва сипаҳдори лашкари араб Саъди Ваққос ин ғаниматро ба халифа Умар ибни Хаттоб ҳадя фиристод. Умар ин ҳадяро напазируфт ва ба гуфтаи маъхазҳо бо амри ӯ ин парчамро пора карданд ва зару гавҳари онро миёни сарбозон тақсим намуданд.

Мутаассифона, дар муддати беш аз сад соли хомӯшии баъди ҳамлаи араб то зуҳури Абумуслими Хуросонӣ ниёгони мо парчам надоштанд ё дар бобати парчами онҳо маълумот мавҷуд нест ва танҳо соли 747 Абумуслими Хуросонӣ парчами истиқлолталабӣ боло кард, ки аз матои якранги сиёҳ иборат буд. Баъдан Бобаки Хуррамдин дар соли 815 дар Озарбойҷон, ки ҷузъе аз қаламрави Эронзамин буд, бар зидди хилофати Аббосиён парчами сурх афрошт ва ҷонибдорони ин ду ватанхоҳи диловар дар таърих бо номҳои сиёҳҷомагон ва сурхҷомагон маъруфанд.

Эҳтимолан парчами давлатҳои маҳаллии эрониасли тоҳирию саффорию сомонӣ ҳамин парчами сиёҳи Абумуслими Хуросонӣ буд.

Султон Маҳмуди Ғазнавӣ пас аз суқути Сомониён (соли 999), ки шаҳри Ғазнаро пойтахти худ қарор дода буд ва худро тарбиятёфта ва меросбари Сомониён медонист, фармуд, ба ҳамин парчами сиёҳи аҳди сомонӣ тасвири моҳро зардӯзӣ карданд.

Писари ӯ – Султон Масъуди Ғазнавӣ, ки бо ҳидояти Абурайҳони Берунӣ ва дигар бузургони дарбораш ба гузаштаи Эронзамин арҷ мегузошт, тақрибан дар соли 1030 амр кард, дар парчами давлат сурати шер тасвир гардад.

Баъдан эҳтимолан дар аҳди Хоразмшоҳон, ки то ҳамлаи муғул қисмати бештари Эронзаминро зери итоати худ нигоҳ медоштанд, ба тасвири шер расми офтобро афзуданд, ки аз паси шер тулуъ мекард. Шояд парчами аҳди Темуриён низ ҳамин тасвири шеру офтоб аст, зеро ин тасвир дар пештоқи мадрасаи Шердори Самарқанд, ки дар он аҳд бино ёфта буд, то имрӯз барҷост.

Дар хусуси парчами давлатдориҳои баъдӣ маълумоти дақиқ дастрас нест. Парчами Аморати Бухоро аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти заррин иборат буд ва дар канори чапи он рӯйи хатти сабз «Султон сояи Аллоҳ дар рӯйи замин аст» ҳаккокӣ шуда буд.

Соли 1921 парчами Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро қабул шуд, ки ҳамранги ҳамон парчами амирӣ буд. Танҳо ба ҷойи навиштаҷоти тоҷикии «Султон сояи Аллоҳ дар рӯйи замин аст» чор ҳарфи русии «Б.Н.С.Р.» дар рӯйи он нақш гардид, ки ихтисораи «Бухарская Народная Советская Республика» аст. Пас аз се сол ранги парчам сурх шуд. Дар солҳои 1924-1929 парчами Тоҷикистон саросар сурх буд. Фақат дар канори чапи он акси доси тоҷикию болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хатти арабиасоси тоҷикӣ - «Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!» ҷой гирифт.

Соли 1953 Парчами Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон боз тағйир ёфт. Ин парчам аз боло ва поин ранги сурх ва дар миён ду хатти нисбатан борики сафеду сабз дошт. Дар гӯшаи чап аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро нигоҳ доштанд. Ин парчам то соли 1992 арзи ҳастӣ кард.

Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷуҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла Дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст.

Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поини рангаш сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои сурху сабз аст.

Дар рӯйи рахи сафед дар мобайни пачам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст, ки намояи нахустин хусравони соҳибтоҷ будани тоҷикон аст ва Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома» ин ҳақиқатро сареҳан таъкид кардааст:

Ниёгони мо тоҷдорони даҳр,

Ки аз додашон офарин буд баҳр...

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати ҷавону тозаистиқлоле дар дили Осиё бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда мерасонад:

Дар само чун ёру анбози фаришта,

Ҳамдаму ҳамсозу ҳамрози фаришта,

Боли ӯ чун боли парвози фаришта,

Ҷилваҳояш ҷилваи нози фаришта,

Парфишони Парчами давлат муборак!

Бахти миллат, давлати миллат муборак!

Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи АМИТ

“Парчами миллӣ барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад”. Эмомалӣ РАҲМОН

Тавре, ки аз таърихи давлату давлатдории халқи тоҷик хуб огоҳ ҳастем ва медонем Парчами миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти Ориёиҳо маҳсуб гардида, ниёгони бузурги мо ба ин муқаддасоти миллии хеш ва рамзи гӯёи давлату давлатдориашон ҳамчун рамзи озодиву қудрат эҳтироми басо ҳам хоси худро доштанд ва ҳамзамон онро бо дурру гавҳарҳо меоростанд. Таърихи аввалин парчами ин мардум бо номи «дурафш», «дирафш» ё худ дирафши Ковиёнӣ дар осори таърихии ин қавми соҳибмаърифат бармало таҷассум ёфтааст.

Чунки ҳаким Абулқосими Фирдавсии фаррухсиришт равонаш шоду масрур бод, маҳз дар асари номдораш «Шоҳнома»-и безавол ҳангоми ба қалам додани таърихи Коваи оҳангар, ки рамзи оташ, равшанӣ, раҳоӣ аз торикию зулмот, зафар ба аҳриман, хайру некӣ ва ҷасорату меҳанпарастии ориёитабор буд, чӣ тавр аз чарми пешдомани худ ба нӯги найза дирафш оростану онро ҳамчун рамзи мубориза бар алайҳи Заҳҳоки морон - рамзи аҳриманӣ, бадӣ, хунхорӣ, зулму ситам ва торикист, барафроштанро бо сӯзу гудози зиёде низ ёд мекунад, ки боиси ифтихору сарфарозӣ маҳсуб меёбад.

Маҳз ҳамин Коваи диловар буд, ки бо мардуми ба дод омада, неруи ахриманиро аз тахти зулму истибдод сарнагун сохт, Ватанро озод ва дубора хуррам намуд. Шоҳ Фаридун, ки аз насли озодагон, яъне аз табори Ҳушангу Таҳмурас буд, дар баробари ба тахт нишастану тоҷи заррин ба сар карданаш Дирафши озодагонро муқаддас донист ва ҳамзамон онро рамзи давлатдорӣ, қудрату озодӣ, ҳуввияту ваҳдат ва ягонагӣ эътироф намудаву зимнан онро бо зару зевар ва ҷавоҳирот музайян намуд ва дирафши коваёнӣ номаш ниҳод.

Лозим ба тазаккур аст, ки аввалин тасвири Парчам дар силоҳи ориёиҳо, форсу суғдиён ва бохтариҳо дар деворнигораҳои шаҳри Помпии Рум, яъне дар асрҳои яки то мелод нигошта шудааст. Дар он саҳнаи муҳорибаи сипоҳи давлати Ҳахоманишиҳо таҳти сарварии Доро бо лашкари Искандари юнонӣ дар соли 333 милодӣ акс ёфтааст. Ранги парчамҳои асрҳои ХVI - ХVIII низ асосан гирем сурх буданд, ки онҳо ҳамчун анъанаи дерина аз давраҳои Ҳахоманишиҳо инҷониб роиҷ буданд.

Хулласи калом, ҳамин тариқ метавон иброз дошт, ки ба вуҷуд омадани Парчами давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми кишвар нақши басо ҳам боризи худро дорад. Он дар рафти баргузории тамоми чорабиниҳои расмӣ, давлатӣ ва ҷашнҳои дар сатҳи давлату давлатдорӣ таҷлил мегардида расман барафрохта мешавад ва ҳамчун рамзи ягонагӣ ва Истиқлоли миллӣ ҳифз мегардад. Чун анъанаи дерина ҳар сол дар санаи 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки мардуми кишвар онро бо эҳтиром ва фахр таҷлил мекунанд. Парчам намоди давлату давлатдорӣ ва боиси ифтихори мардуми сарбаланди кишвари соҳибиқболу соҳибистиқлоли Тоҷикистони ободу зебо ва пешрафтаву мутараққии дунё маҳсуб меёбад.

Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишварамон ба китоби “Рекордҳои Гиннес” шомил шудани он ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва худогоҳию хештаншиносии ҳамватанони азизу арҷманди моро боз ҳам бештар мегардонад. Майдоне, ки он ҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир гардидааст, “Боғи Парчами миллӣ” номгузорӣ шудааст, ки боиси ифтихори мардуми сарбаланди тоҷик аст.Ба ифодаи устоди зиндёду гиромӣ Гулназар Келдӣ:

Зи дурии замонаҳо расидаем,

Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем,

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Лозим ба тазаккур аст, ки имрӯз намоди давлату давлатдории мо, яке аз муқаддасоти бузурги мо - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, феълан яке аз рамзҳои муҳиммтарини давлатӣ буда, ҳувияти миллӣ, Истиқлолу Ваҳдати миллиро таҷассум менамояд. Он ба таври расмӣ дар таърихи давлатдории миллӣ ва инчунин даврони соҳибистиқлолии кишварамон, аниқтараш дар санаи 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Парлумони кишварамон расман тасдиқ гардида, то имрӯз барои хурду бузурги кишвари соҳибиқболу соҳибиқболамон ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва ҳамзамон Ваҳдати миллӣ, сулҳу саодат, оромӣ ва соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки боиси ифтихору сарфарозист.

Дар ин рӯзи муборак ва таърихӣ ҳамасола дар саросари кишварамон ба ин муносибат намоишҳо ва чорабиниҳои зиёде баргузор мегарданд, ки бо Парчами миллӣ ва муқаддасоти олӣ ва намоди давлату давлатдори мо алоқаманданд. Ин ҷашн барои таҳкими худшиносӣ, пойдорию устувории давлату давлатдорӣ ва ҳамзамон ғуруру ифтихор аз давлатдории мустақил нақши калидӣ мебозад.

Дар фарҷом метавон зикр кард, ки перомуни ин муқаддасоти бузурги давлату давлатдорӣ ва боиси ифтихору сарфарозиҳо метавон суханҳои зиёд гуфт ва муҳиммаш он аст, ки мо таҳти ин муқаддасоти миллӣ дар атрофи Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша муттаҳид гардидаву ҳамзамон бо кору пайкори шоиста ба нафъи халқу Ватан саҳми боризи худро низ бо дили гарму меҳру муҳаббат дар рушди ин мамлакати ободу зебо гузорем.

Ҳабибулло НУРУЛЛОЗОДА, - мудири шуъбаи корҳои ташкилӣ ва хоҷагидории Раёсати АМИТ

Рӯзи 24-уми ноябр, ки ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, дар раванди таҳкиму тақвият бахшидани худшиносии миллӣ, эҳёи давлатдорӣ, боло бурдани ҳуввияти миллӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои идеявии Истиқлоли давлатии мо аҳамияти фавқулода сиёсӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ дошта, ин сана ҳамчун яке аз рамзҳои муҳими муттаҳидсозандаи ҷомеа ва таҷассуми армонҳои деринаи халқи тоҷик ҷилвагар мегардад. Парчами миллӣ, ки дар се ранги худ таъриху фарҳанг, андешаву ормон ва ҳақиқату ҳувияти давлатдории тоҷиконро таҷассум менамояд, имрӯз ба рамзи устувории сулҳу ваҳдат, пояндагии давлат, бақобати миллат ва нуҳуфти рӯҳи миллии мардуми шарафманди тоҷик табдил ёфтааст.

Дар ҳамин замина, бо камоли эҳтиром бояд таъкид намуд, ки дар ҳамаи ин дастовардҳо, аз ҷумла зинда гардондани арзишҳои миллӣ, эҳёи рамзҳои давлатӣ, муаррифии мақому манзалати Парчами миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва табдил додани он ба рамзи ифтихори шаҳрвандӣ, нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург, сарнавиштсоз ва таърихӣ мебошад. Маҳз бо орифонаандешӣ, хирадмандӣ, дурбинӣ ва иродаи қавии Пешвои муаззами миллат, ки бар пояи манфиатҳои миллӣ ва сиёсати давлати соҳибистиқлол асос ёфтааст, рамзҳои давлатӣ аз ҷумла Парчами миллӣ мақоми воқеии худро дар тарбияи насли наврас, таҳкими ваҳдати миллии ҷомеа, болоравии ҳисси ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ пайдо намуданд.

Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ки ба эҳёи давлатдорӣ, пойдории сулҳу субот, пешрафти иқтисодӣ, таҳкими истиқлоли сиёсӣ ва боло бурдани нуфузи байналмилалии кишвар равона гардидааст, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як рамзи ҳуқуқии давлат ба рамзи фарҳангӣ, маънавӣ, давлатӣ ва ҷаҳонии мардуми тоҷик табдил ёфт. Имрӯз дар ҳар гӯшаи диёри маҳбубамон аз дурдасттарин деҳаҳо то марказҳои бонуфузи сиёсиву иқтисодӣ парафшонии Парчами миллӣ ифодаи эҳтиром ба Истиқлол, нишонаи садоқат ба Пешвои муаззами миллат ва рамзи муттаҳидии ҷомеаи мо мебошад.

Яке аз намунаҳои барҷастаи эҳтироми давлатӣ ба Парчами миллӣ ин бунёди яке аз баландтарин пояҳои парчам дар ҷаҳон дар маркази шаҳри Душанбе мебошад, ки бо ташаббус ва хиради давлатсозонаи Пешвои муаззами миллат амалӣ гардида, ҳамчун рамзи эҳёи давлатдорӣ, ифтихори шаҳрвандӣ, устувории пояҳои сулҳу субот ва рушди босуботи Тоҷикистони азиз маъруф гардид. Ин пояи бошукуҳу муқаддас аз як тараф рамзи тавоноии давлатдории навини тоҷикон буда, аз ҷониби дигар ҷаҳонро бо иродаи устувор, қудрати созанда ва арзишҳои фарҳангиву сиёсие, ки Пешвои миллат шиносониданд, ошно намуданд.

Парчами миллӣ дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ Нишон ва Суруди миллӣ на танҳо баёнгари ормонҳои ҳамешагии миллати тоҷик, балки таҷассумгари пояндагии сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, амнияти давлатӣ ва иродаи мардуми тоҷик мебошад, ки бо роҳбарии хирадмандони Пешвои миллат ба даст омадааст. Маҳз ҳамин сиёсати пешвоёна буд, ки кишвари мо аз вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо ёфта, ба сӯи сулҳу суботи устувор, якпорчагии миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддину соҳибкори навин қадамҳои устувор гузошт.

Дар давоми зиёда аз се даҳсола бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Парчами давлатӣ ба унвони рамзи муаррифии Тоҷикистон дар майдонҳои байналмилалӣ шинохта шудааст. Имрӯз парчами мо дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аз ҷумла СММ, СААД, СҲШ, ЮНЕСКО, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва даҳҳо ниҳоди дигар парафшон буда, имконият медиҳад, ки Тоҷикистон бо сиёсатҳои башардӯстона, ғояҳои сулҳпарварона ва ташаббусҳои ҷаҳони худ боз ҳам бештар муаррифӣ гардад. Ҳамаи ин дастовардҳои назаррас натиҷаи сиёсати фаъоли байналмилалӣ, суботи дохилӣ, созандагии иқтисодӣ ва дӯстии байналмилалӣ мебошад, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо масъулияти бузург амалӣ мегардад. > Jasurbeksultonzoda_001: Имрӯз, Рӯзи Парчами давлатӣ, на танҳо санаи ҷашнӣ, балки ҷумлаи пурмазмунест, ки ҳар як шаҳрванди кишварро ба арҷгузории рамзҳои миллӣ, посдошти Истиқлол, гиромидошти сулҳу субот, ва эҳтироми хидматҳои фарзонаписари миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон водор месозад. Парчам моро ба ваҳдат мехонад, ба созандагӣ даъват мекунад, ба пешрафти Ватан ҳидоят менамояд ва адолату ҷавонмардӣ, вафодориву муҳаббат ба давлату миллатро ба мо талқин мекунад.

Мо итминон дорем, ки бо парафшонии ин рамзи муқаддас ва бо пайравӣ аз сиёсати созанда, давлатсоз ва ваҳдатофарини Пешвои миллат, Тоҷикистон дар роҳи тараққиёти босубот, рушду созандагӣ, болоравии иқтидори иқтисодӣ, тавсеаи дипломатия ва таҳкими ҷойгоҳи байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкамтар қадам мегузорад.

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 2 -юми ихтисоси идоракунии давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Имрӯз, 21 ноябр дар Донишгоҳи давлатии тибии Хатлон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Дастовардҳо ва дурнамои рушди илм ва таҳсилоти тиббӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ибодзода Саидмуқим Тилохуҷа иштрок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки имрӯз, дар шароите ки ҷаҳони муосир бо суръати бесобиқа тағир меёбад, илм – хоса илми тиб – ба як нерӯи ҳалкунандаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «ҳеҷ давлат бе такя ба илм, навоварӣ ва нерӯи зеҳнии инсон наметавонад ба пешрафти воқеӣ ноил гардад». Ин андеша, ки моҳияти сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илмро инъикос мекунад, имрӯз ба як асоси калидии барномарезии стратегияҳои соҳа табдил ёфтааст.

Гуфта шуд, ки рушди илми тиби Тоҷикистон дар солҳои охир хеле назаррас гардида, муассисаҳо бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ муҷаҳҳаз шуда, системаҳои рақамӣ, лабораторияҳои биотехнологӣ ва марказҳои нав таъсис ёфтаанд. Ин раванд имконият дод, ки ташхис, табобат ва идоракунии равандҳои клиникӣ ба сатҳи нави сифат бароварда шаванд.

Зикр гардид, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ, моделсозии компютерии равандҳои физиологӣ, таҳқиқоти биомедикӣ ва усулҳои нави диагностика нишон медиҳанд, ки илми тибби тоҷик бо ҷаҳони муосир ҳамқадам аст. Ҷорӣ шудани базаҳои электронии маълумоти тиббӣ, системаҳои интеллектуалии мониторинг ва алгоритмҳои пешгӯии клиникӣ ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ мусоидат мекунад.

Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдории миллӣ мебошад. Дар таърихи тамаддунҳои қадим низ парчам ҳамчун нишонаи муттаҳидӣ, ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои олӣ хизмат кардааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Айни ҳол бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2007 тартиби афрохат, истифода бурдан ва эҳтиром гузоштан ба он танзим карда мешавад.

Парчами давлатии Тоҷикистон аз се рахи ранги афлатонии ранга иборат аст: рахи боло – ранги сурх (рамзи муборизаи халқ барои озодӣ ва истиқлолият); рахи миёна – ранги сафед (рамзи покию сафо, ояндаи дурахшон ва сулҳу субот); рахи поён – ранги сабз (рамзи сарсабзии табиат, неъмати Ватан ва умед ба фардои обод).

Дар миёни ранги сафед тасвири тоҷи тиллоӣ ва болои он ҳафт ситораи панҷгӯшаи тиллоӣ ҷой гирифтааст. Тоҷ рамзи давлатдории қадимаи тоҷикон, идомаи мероси Сомониён ва ҳокимияти қонунии халқ мебошад. Ҳафт ситора бошад, дар фарҳанги ниёгони мо маънои амиқи фалсафӣ дорад: рақами 7 дар анъанаи ориёӣ нишонаи комилият, бахту саодат ва ҳафт осмони пурситора мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки рангу тасвирҳои парчами мо тасодуфӣ интихоб нашудаанд. Онҳо реша дар таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик доранд. Ранги сурх моро ба парчамҳои даврони Сомониён ва хотираи шуҷоати ниёгони муборизамон дар роҳи ҳифзи Ватан мебарад. Ранги сафед рамзи покии ахлоқии мардуми тоҷик ва орзуи зиндагии осоишта аст. Ранги сабз бошад, пайванди ногусастанӣ бо табиати нотакрори Тоҷикистон – кӯҳҳои осмонбӯс, дарёҳои пуртуғён ва водиҳои сарсабзро таҷассум мекунад.

Парчами давлатӣ на танҳо рамзи сиёсии давлат аст, балки симои маънавии миллат мебошад. Он дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон эҳсоси ватандӯстиро бедор месозад ва масъулияти нигоҳ доштани арзишҳои миллиро ба зиммаи мо мегузорад. Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки хатари аз байн рафтани ҳуввияти миллӣ вуҷуд дорад, парчами давлатӣ ҳамчун сипари маънавӣ хизмат мекунад ва моро водор месозад, ки мероси фарҳангии ниёгонро ҳифз намоем.

Аз ин рӯ, эҳтиром ба парчами давлатӣ – ин эҳтиром ба таърихи наҷот, ба забони модарӣ, ба фарҳанги ғанӣ ва ба ояндаи фарзандони мост. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки парчамро муқаддас шуморад, онро дар ҷойҳои муносиб насб намояд ва дар рӯзҳои идона бо ифтихор онро барад.

Дар интиҳо метавон гуфт, ки парчами давлатии Тоҷикистон – ин на танҳо матои рангин, балки ҷони миллат, рамзи зиндаи ифтихори миллӣ ва нишонаи роҳи дурахшони мо ба сӯи фардои обод аст. Бигузор ин парчам ҳамеша болои Ватани азизамон парафшон бошад ва ҳар як тоҷикистонӣ бо дидани он дили пур аз ифтихор дошта бошад.

Тоҷикистон – ифтихори ман!

Парчам – рамзи сарфарозии ман!

Шарифзода Сурайё - раиси Шӯрои бонувони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сармутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ

Имруз мо дар арафаи тачлили иди пуршукуҳ, яъне рузи Қабули яке аз рамзҳои давлати, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор дорем. Воқеан ҳам давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлати аз ҷумла Парчами давлати тасавур кардан ғайриимкон аст.

Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст. Барои таҳияву пешниҳод намудан ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷуи сарф шудааст.

Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шурои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд. Вобаста ба таҳия намудани рамзҳои нави давлати комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда доштанд. Аз муалифон ва коллективҳои эҷодии тамоми минтақаҳои ҷумҳури зиёда аз дусад адад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлати ворид гардида буд.

Вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Точикистон, ҳамчунин аз тарафи Донишкадаи таърих, Донишкадаи астрофизика ва кумитаи Ҷумҳурияви оид ба терминология лоиҳаҳои рамзҳои давлатии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буданд. Дар охири озумн аз байни санъатшиносон ва рассомон вобаста ба таҳияи рамзҳои давлати гурӯҳ интихоб карда шуд, ки аз он ҷумла рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев-ро роҳбар ва лоиҳакаш, Лариса Додхудоева-рассом ва санъатшинос номзади илмҳои санъатшиноси, Анатолий Заневсий – президенти иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон ва Ирина Игнатушина – санъатшинос ходими хизматнишондодаи санъати Точикистон шомил буданд.

Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи се рахаи рангаи уфуқи, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил мекард ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард. Дар аввал ба сифати ангораҳои асоси муаллифон дар Парчами давлати нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигори намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу-тоҷик сарчашма гирифта ҳамчун рамзи боақли, часури ва адолатро ифода менамояд. Баъд аз ин гуруҳи кори дар

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро ҷой намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахти маънидод карда шуд. Дар аввал ба ақидаи муаллифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу точик маънидод шуда буд.

Ҳоло бошад ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон. Дар давраи кори комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатии, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 – сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангии халқамонро ба назар гирифта ранги сурхро, ки дар Парчами давлати чой дода шудааст, ҳамчун ифодагари- мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз- саъю кушиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хурам мешавад маънидод карда шуд.

Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи кори оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд. Ҳамон лоиҳаи Парчами давлати, ки таҷҷасумгари, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имруз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессия 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии чумҳурии Точикистон овоз дода шуд.

Рузи дигар, яъне 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон- Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шурои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар назди Парчами давлати сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуд. Бояд қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.

Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихи ба ҳисоб меравад. Вазифаи мо насли имрузаи миллат, барои дар руҳияи эҳтиром доштану ру овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.

Бояд қайд намоям, ки вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11-декабри соли 1992 «Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12-майи соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қабул карда шуд. Бо мақсади боз ҳам зиёдтар эҳтиром доштани арзишҳои миллӣ ва ру овардан ба ин арзишҳо 19 – ноябри соли 2009 – ум аз ҷониби Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид» ба имзо расид, ки мувофиқи он ҳар сол 24-ноябр ҳамчун рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ҳамин ҳам ҳамаи мардуми Тоҷикистонро ба ин иди муқаддаси миллӣ, рузи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегуям.

Акрамзода Рустами Ҷурахон. Доктор (PhD) ходими калони илмии озмоишгоҳи “Маводшиносӣ”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ.

1212Парчам ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ дар таърихи давлатдории миллати тоҷик ҷойгоҳи хоса дошта, садсолаҳо боз рамзи озодӣ, истиқлолият, нангу номус, ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳар марҳилаи таърих, сарфи назар аз ҳолатҳои сиёсиву иҷтимоӣ, парчам ҳамчун рамзи ҳастӣ ва пойдории давлатдорӣ эҳтиром ва арҷгузории хоса ёфтааст. Миллати тоҷик, ки дорои таърихи куҳанбунёд ва фарҳанги бисёрсарват аст, дар тули асрҳо ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла ба парчам, ба чашми муқаддас менигарист ва онро ҳамчун ҷавҳари пояҳои маънавии давлатдорӣ ҳифз менамуд. Дар даврони муосир низ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоистаро ишғол намудааст, парчами давлатӣ ҳамчун аломати расмӣ ва рамзи асосии ҳувияти давлату миллат эътироф гардидааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, қабул гардид. Ин рӯйдод дар марҳилаи бисёр ҳассоси ташаккули давлати ҷавони тоҷик сурат гирифт. Қабули парчами миллӣ дар он шароити пуртазод, ки кишвар ба мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ буд, қадами бузург ва таърихсоз ба ҳисоб мерафт. Парчам рамзи оғози давлати нави тоҷикон, нишонаи эҳёи ҳувияти миллӣ ва орзуву ормонҳои мардум гардид. Аз ин рӯ, 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола таҷлил шуда, дар тақвими расмии кишвар мақоми хосса пайдо кардааст. Ин рӯз на танҳо ҷашни як рамз, балки ҷашни эҳёи давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва истеҳкоми ваҳдати миллӣ мебошад.

Тарҳи парчами давлатии Тоҷикистон дорои маъниҳои амиқи рамзӣ мебошад, ки дар он таърихи миллати тоҷик, фарҳанг ва ҷаҳонбинии ориёӣ таҷассум ёфтааст. Ранги сурхи парчам рамзи муборизаву ҷасорат, далерии ниёгон, инчунин нишонаи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар фарҳанги тоҷик ранги сурх ҳамчунин ба рамзи нуру гармӣ, ҳаётбахшӣ ва шуҷоат маънидод мешавад. Ранги сафед рамзи покӣ, садоқат, ҳақиқат, ҳидоят ва рӯшноӣ буда, ҳамзамон роҳи бунёдкориву осоиштагиро ифода мекунад. Ин ранг ба мардуми тоҷик ҳамчун миллате, ки аз фарҳанги бостонии инсондӯстона бархӯрдор аст, хос мебошад. Ранги сабз бошад, маънои ҳаёт, ободкорӣ, табиат ва кишоварзиро дорад, ки он аз рӯйи хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик хеле мувофиқ аст. Тоҷикон ҳамчун халқи созанда, меҳнатдӯст ва табиатдӯст сабзро ҳамчун рамзи зиндагиофарӣ ва мубориза барои зиндагии шоиста қабул намудаанд.

Дар маркази парчам нишони тилоранг бо ҳафт ситора ҷой гирифтааст. Нишони тоҷ рамзи давлатдории тоҷикон, соҳибихтиёрӣ, шараф, ҳокимият ва пойдории миллист. Тоҷ дар фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ҳамеша мавқеи хоса дошта, нишонаи шоҳӣ, ҳикмат, адолат ва хирадмандӣ ба шумор мерафт. Ҳафт ситора бошад, дорои маъниҳои гуногун ва хеле амиқи фарҳангист: ҳафт манзили комилшавӣ, ҳафт сайёра, ҳафт нерӯи рӯҳӣ, ҳафт қуллаи камолоти инсонӣ ва ҳафт ганҷи фарҳанги ориёӣ. Дар фарҳанги тоҷик ва тамаддуни форсӣ адади ҳафт рамзи саодат, комалӣ, рӯҳбаландӣ ва эҳтироми олии маънавист. Бинобар ин, парчами Тоҷикистон бо ин тарҳи худ на танҳо рамзи давлатӣ, балки рамзи ҷаҳонбинии миллӣ ва доираи арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик мебошад.

Парчам дар сатҳи давлатдорӣ мавқеи муҳим ва ҷойгоҳи расмӣ дорад. Он дар тамоми идораҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои илмӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, майдонҳои варзишӣ ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ ҳамчун рамзи ҳувияти миллии кишвар парафшон аст. Дар маросимҳои давлатӣ, иҷлосияҳо, ҳамоишҳои расмӣ ва мулоқотҳои сатҳи олӣ парчам ҳамчун рамзи ҳокимияти давлатӣ ва қудрати миллӣ бардошта мешавад. Ҳузури он дар минбарҳои баланд эҳсоси масъулият, ватандорӣ ва эҳтиром ба давлатдориро таҳким мебахшад. Барои шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, парчам воситаи тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Дар муассисаҳои таълимӣ баргузор гардидани чорабиниҳои махсуси тарбиявӣ оид ба парчам ба рушди худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мусоидат мекунад.

Ҷойгоҳи парчам дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа низ хеле барҷаста аст. Дар ҷашнвораҳо, маросимҳои оммавӣ, рӯзҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ парчами давлатӣ ҳамчун аломати ягонагӣ ва ҳамбастагии мардум ба саҳна меояд. Он ба ҷавонон ва насли оянда паёми дӯст доштани Ватан, ҳифзи сулҳу субот ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиро мерасонад. Парчам ҳамчун рамзи нангу номус ва ҳувияти миллӣ ҷавононро ба худшиносии миллӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва иштироки фаъолона дар пешбурди корҳои ҷамъиятӣ ҳидоят менамояд.

Дар арсаи байналмилалӣ парчами давлатӣ ҳамчун намояндаи расмии кишвар шинохта мешавад. Бардошта шудани он дар идораҳои созмонҳои байналмилалӣ, мисли СММ, СҲШ, ИДМ, ЮНЕСКО ва дигар ниҳодҳои бонуфуз, рамзи мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонист. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо ифтихор парчамро парафшон намуда, бо дастовардҳои худ шарафи онро баланд мебардоранд. Ҳар як муваффақияти байналмилалӣ, ки бо парчами давлатӣ алоқаманд аст, ҳисси ифтихори миллӣ ва ваҳдати ҷомеаро тақвият медиҳад.

Таҷлил гардидани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр яке аз муҳимтарин чорабиниҳои тарғиботӣ ва маърифатии давлатӣ мебошад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар силсилаи барномаҳои меҳанпарастона, ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқотҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ баргузор мегарданд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва таҳким бахшидани сӯф ва суботи ҷомеа мебошад. Ин ҷашн аҳамияти хосаи маънавӣ дошта, мардумро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ даъват менамояд.

Парчам ҳамчун рамзи нангу номус ва ҳувияти миллӣ дорои аҳамияти фаротар аз як аломати давлатӣ мебошад. Он таҷассумгари таърихи пурифтихори миллати тоҷик, рамзи ормонҳои миллӣ ва ифодаи ҳастии давлатдории навини тоҷикон аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки ба парчами давлатӣ эҳтиром гузорад, онро ҳамчун арзиши маънавӣ ва ҳамчун рамзи ягонагии миллӣ ҳифз намояд. Парчам дар худ на танҳо рамзи давлат, балки рӯҳияи миллати куҳанбунёд, таърихи пурифтихор ва орзуҳои оянданигари ҷомеаро таҷассум мекунад. Эҳтиром ба парчам – эҳтиром ба миллат, ба Ватан ва ба пойдории давлати тоҷикон мебошад.

Директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м., Раҳимзода Алишер Орзу

Парчам дар ҳамаи давру замон яке аз муқаддасоти асосии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб рафта, таҷассуми ҳувияти миллӣ, соҳибистиқлолӣ, нангу номус, ваҳдат ва худшиносии шаҳрвандон мебошад. Миллати тоҷик, ки таърихи бою рангин ва фарҳанги куҳанбунёд дорад, дар тамоми марҳилаҳои давлатдории худ ба парчам ҳамчун рамзи асосии ҳастӣ, худшиносии миллӣ ва арзишҳои давлатӣ аҳамияти ниҳоят бузург медиҳад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, дорои мазмун ва пайомади хотирмон буда, ифодагари таърихи пурифтихори ин миллати сарбаланд ва давлати навини тоҷикон мебошад. Ин парчам рамзи эҳёи давлатдории миллӣ, нишонаи мустаҳкам шудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва пайки пойдории миллат дар давлати соҳибихтиёри худ мебошад.

12Дар тӯли таърихи ҷаҳони мутамаддин парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ, нишондиҳандаи нуфуз ва мақоми сиёсии кишвар, рамзи иттиҳоду якдилии халқ ва ифодагари арзишҳои маънавию фарҳангӣ ба шумор меравад. Тоҷикон низ дар тамоми давраҳои давлатдории худ рамзҳои хос доштанд, ки дар онҳо арзишҳои миллӣ, боварҳои фарҳангӣ, ҷаҳонбинии ориёӣ ва таҷрибаи давлатсозӣ таҷассум меёфт. Қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият қадами бузургу таърихӣ буд, зеро дар шароити ҳассоси солҳои аввали давлатсозӣ он барои таҳкими худшиносии миллӣ, болоравии рӯҳияи ватандорӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа нақши калидӣ бозид. Ин рамз дар замонҳое, ки кишвар ба мушкилоти ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ буд, ба мардум рӯҳия, итминон ва умед мебахшид ва давлати ҷавонро ба сӯи суботу ваҳдат раҳнамоӣ мекард.

Мазмуни рамзии парчам аз амиқтарин манбаъҳои таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик сарчашма гирифтааст. Ранги сурхи парчам рамзи шуҷоату далерии миллат, таҷассуми мубориза барои истиқлолият ва ифодаи таъриху анъанаҳои шукӯҳманди давлатдорӣ мебошад. Сурх ҳамзамон рамзи шуълаи ҳаёт, гармӣ, қувват ва рӯҳбаландистон аст, ки дар фарҳанги ориёӣ ҷойгоҳи баланди рамзӣ дорад. Ранги сафед ба маънои покӣ, садоқат, ҳақиқат, нур ва адолат мебошад. Ин ранг ба фарҳанги тоҷикон ҳамчун рамзи ростӣ ва некиву маънавияти баланд ҳамбастагӣ дорад. Сафед рамзи роҳ ба сӯи бунёдкорӣ, сулҳ, субот ва пешрафти ҷомеа мебошад. Сеюм, ранги сабз рамзи ҳаёт, ободонӣ, зироаткорӣ, табиат ва шукуфоии миллат мебошад. Сабз дар мардуми тоҷик ҳамчун рамзи замин, меҳнат ва фаровонӣ таърихан эҳтироми хоса дошт ва дар маънавияти миллӣ яке аз рангҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Дар маркази парчам нишони тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дорад, ки ҳар кадоми онҳо дорои маънии амиқи рамзӣ ва идеологӣ мебошанд. Тоҷ — рамзи давлатдории тоҷикон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ҳокимият ва пойдории миллӣ мебошад. Дар фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ тоҷ ҳамеша мавқеи баланд дошт ва ифодагари хирадмандӣ, адолат, шараф ва ҳимояти давлат буд. Ҳафт ситора бошад, рамзи камоли маънавӣ, ҳафт марҳилаи такомули инсон, ҳафт аркони ҳикмат ва ҳафт ганҷи фарҳанги ориёӣ мебошад. Ин адад дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик аз аҳамияти хоса бархӯрдор буда, рамзи саодат, камол, нур ва такомули рӯҳӣ ва ҷисмонӣ ба шумор меравад. Комбинатсияи тоҷ ва ҳафт ситора дар парчам мояи ифтихор, рамзи худшиносӣ ва нишонаи бақои миллат дар тӯли таърих мебошад.

Парчами давлатӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон аз мавқеи баланди иҷтимоӣ ва маънавӣ бархӯрдор буда, ба таҳкими худшиносии миллӣ ва болоравии ваҳдати ҷомеа мусоидат менамояд. Дар тамоми муассисаҳои давлатӣ, мактабҳо, донишгоҳҳо, корхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ ва майдонҳои варзишӣ парчами миллӣ ҳамчун рамзи расмӣ ва муқаддаси давлатӣ парафшон аст. Дар маросимҳои давлатӣ, аз қабили савгандёдкунии хизматчиёни ҳарбӣ, ҷаласаҳои расмӣ, чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, муҳокимаҳои парлумонӣ ва мулоқотҳои дипломатӣ ҳузури парчам аз эҳтиром ба давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ дарак медиҳад. Ин рамз дар ҳама гуна ҳамоишҳо мардумро муттаҳид месозад, ба онҳо ҳисси ифтихори миллӣ мебахшад ва эҳсоси шаҳрвандиро таҳким мебахшад.

Ҷойгоҳи парчам дар ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз нигоҳи тарбиявӣ хеле муҳим мебошад. Дар муассисаҳои таълимӣ ба кӯдакону наврасон аз хурдӣ эҳтиром ба парчам, шинохти рамзҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ омӯзонида мешавад. Тарбияи ватандӯстӣ, эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва худшиносии миллӣ дар зеҳни ҷавонон нақши ҳалкунанда дорад, зеро онҳо нерӯи асосии пешрафти кишвар ва такягоҳи давлат мебошанд. Парчам ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ ҷавононро ба меҳансозӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, ҳимояи давлатдории миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ҳидоят мекунад.

Дар арсаи байналмилалӣ парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи расмии кишвар шинохта шудааст ва дар ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ, маконҳои дипломатӣ, ҳамоишҳои илмӣ ва чорабиниҳои варзишӣ парафшон аст. Ин рамз Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар, дорои фарҳанги куҳанбунёд ва сиёсати мувозини байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Варзишгарони тоҷик дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ бо ифтихор парчамро бардошта, шарафи миллатро боло мебардоранд ва дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи давлатро мустаҳкам месозанд. Ҳар як пирӯзӣ, ҳар як дастоварди байналмилалӣ, ки бо парчам алоқаманд аст, ба баланд шудани рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат мекунад.

Ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо ҷашни рамзҳои давлатӣ, балки ифодаи арҷгузорӣ ба таърих, ҳувияти миллӣ ва дастовардҳои давлати соҳибистиқлол мебошад. Дар ин рӯз чорабиниҳои фарҳангӣ, мулоқотҳои тарбиявӣ, ҳамоишҳои илмӣ, барномаҳои махсуси маърифатӣ ва аксияҳои омӯзишӣ ташкил карда мешаванд, ки ҳадафашон таҳкими ҳисси миллатдӯстӣ, баланд бардоштани савияи маърифати шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ мебошад. Ин ҷашн ба ҷавонон имконият медиҳад, ки аз таърихи давлатдории тоҷикон, рамзҳои миллӣ ва аҳамияти парчам огоҳии бештар пайдо кунанд ва ба ин рамзи муқаддас эҳтироми хосса дошта бошанд.

Парчам ҳамчун рамзи муқаддасоти давлатӣ ва ифтихори миллӣ дорои арзиши фаротар аз як аломати давлатӣ мебошад. Он таҷассуми ормонҳои миллӣ, ҳувияти фарҳангӣ, такягоҳи маънавӣ ва рамзи бақои миллат мебошад. Эҳтиром ба парчам — эҳтиром ба давлат, ба таърих, ба фарҳанг, ба пояҳои миллӣ ва ба сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Ҳар як шаҳрванд масъул аст, ки ин рамзи муқаддасро пос дорад, онро арҷманд бидонад ва ҳамчун омили муттаҳидкунандаи миллат эҳтиром кунад. Парчами давлатӣ рамзи ҳастии давлат, нишонаи ифтихори миллӣ ва таҷассумгари нангу номуси ҳар як фарди ҷомеа аст.

Дар замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаҳои нави рушд ворид гардидааст, парчам ҳамчун рамзи расмӣ ва маънавӣ ҳамчунон аҳамияти бузург дорад. Он мардумро барои ҳимояи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдории миллӣ, дӯст доштани Ватан, арҷгузорӣ ба сулҳу субот ва пайгирии сиёсати рӯзмарраи давлат ҳидоят менамояд. Парчам на танҳо рамзи давлат, балки масъулияти ҷаҳонии ҳар тоҷик, ифтихори шаҳрвандӣ ва нишонаи пешрафти ҷомеаи муосир мебошад. Бо парафшони доимии парчам роҳи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи обод, ҷомеаи муттаҳид ва давлати пуриқтидор идома меёбад.

д.и.ф.м. профессор Каримов Олимҷон Худойбердиевич муовини директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм