Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

“Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.”

Эмомалӣ Раҳмон

Бешак, парчам яке аз рамзҳои давлатдорӣ дар баробари нишон ва суруди миллӣ буда, инъикоси марому мақсад ва тараннумгари ормонҳои миллат мебошад. Парчам ва ё дирафш ҳанӯз аз замонҳои қадим пайдо шуда, ҳамчун нишонаи қавму қабилаҳо хидмат менамуд. Имрӯз бошад, парчамҳо қисми ҷудонашавандаи рамзҳои давлатӣ буда, дар ҳаёти рӯзмарра ва маросимҳои расмӣ истифода мешаванд. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ инъикоскунандаи мубориза ва ҷоннисориҳои чеҳраҳои мондагори миллат баҳри сулҳу оромӣ ва тоҷ, ки дар маркази он ҷойгир аст, рамзи тоҷдории ин миллати кӯҳанбунёд мебошад.

Бо ифтихору сарбландӣ метавон қайд намуд, ки имрӯзҳо парчами давлатии мо дар арсаи байналмилалӣ дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, дар мусобиқаҳои бузурги варзишӣ партавафшон аст.

Мақоми парчам дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ беназир буда, нишонаи Ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг ва обу хоки ин Ватани азизу маҳбуб мебошад.

Агар ба таърихи парчами Тоҷикистон дар даври навин назар андозем шоҳиди тағйирёбии шакл ва намуди парчамҳои Тоҷикистон дар тақрибан 100-соли охир хоҳем гардид. Парчами аввалине, ки дар Ҷумҳурии Шурвии Сотсиалистии Тоҷикистон 23 феврали соли 1929 пазируфта шуд ва то соли 1931 амал мекард, дар матои росткунҷаи сурх бо тасвири нишон буд.

Парчами дигари ҶШСТ соли 1931 дар баробари қабули Конститутсияи онвақта пазируфта шуд. Он низ аз матои росткунҷаи сурх, вале бо навиштаҷот бо ҳуруфи лотинӣ – ҶШС Тоҷикистон қабул карда шуд ва то соли 1935 истифода мешуд. Минбаъд парчами ҶШС Тоҷикистон 5 маротибаи дигар солҳои 1935-1940, 1940-1946, 1946-1953, 1953-1991 тағйир ёфт, ки дар аксарияти онҳо рамз ва нишони онвақтаи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравӣ Сотсиалистӣ яъне дос ва болға инъикос ёфта буд. Инчунин бояд қайд намуд, ки бо тағйир ёфтани алифбои лотинӣ ба кириллӣ навиштаҷот дар парчам иваз гардид.

Соли 1991 бошад, бо пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравӣ Сотсиалистӣ нишони досу болға аз ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ бардошта шуд. Бо ба дастовардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) парчами нави ҷумҳурии соҳибистиқлол пазируфта шуд, ки вазъи ҳуқуқии онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” кафолат медиҳад.

Дар фарҷом ҳамирӯнро бояд қайд намуд, ки имрӯз бояд ҳар як фарди бонангу ори миллат ба қадри истиқлолият расида, барои пос доштани таъриху фарҳанги куҳанбунёди миллат ба рамзҳои давлатӣ арҷгузор бошад. Бигзор парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои ободу озоди Ватани азизамон партавафшон буда, дар саросари ҷаҳон инъикосгари таъриху фарҳанг ва дастовардҳои беназири миллати тоҷик бошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ, Пешвои миллат қайд менамоянд: “Эҳсоси муҳаббат ба Парчам ҳамон вақт умумимилливу мардумӣ, мегардад, ки агар бидуни расмиёт ё ҷашнҳои умумидавлатӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳтироми онро ба ҷо оварад.”

Раҷабова Умеда, ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш

Парчами миллӣ рамзи ифтихор ва эҳтироми ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Бе ваҳдат ва истиқлолият Парчам пайдо намешуд — он натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Парчам рамзи давлатдории пойдор, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад.

Халқи тоҷик яке аз кӯҳантарин халқиятҳо дар рӯи олам буда, аз ниёгон ҷашну маросимҳо ва анъанаҳои гуногун мерос гирифтааст. Парчамдориву парчамбардорӣ низ барои халқи мо таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ нигарем, ҳар як рамз равшангари таърих, сарнавишту саргузашти халқ, инъикосгари фарҳанг ва орзуву ормонҳои мардум мебошад.

Парчам дар таъриху фарҳанги тоҷикон дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, аз муборизаи Коваи оҳангар ёдовар мешавад. Коваи оҳангар чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд. Имрӯз тасвири «Дирафши ковиён» дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.

16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини кишвар нақши ҳалкунанда дошта, барои истиқрори сулҳ ва тасдиқи Парчами давлатӣ саҳми бесобиқа гузошт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки Парчам ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ аҳамияти беназир дорад.

Парчами милли ифтихори миллӣ, ору номус, сулҳу ваҳдат ва рамзи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Дар мобайни Парчами давлатӣ тоҷи ҳафтситорадор таҷассум ёфтааст, ки рамзи тоҷдорию давлатдории сарбаландонаи тоҷикон ва ҳафт диёри таърихии Тоҷикистон мебошад.

Соли 2011 бо дастгирии Пешвои миллат дар Душанбе баландтарин парчами дунё сохта шуд, ки ба китоби Рекорди Гиннес ворид гардид (баландиаш 165 метр, дарозиаш 60 метр ва бараш 30 метр), ва ба ҳусни пойтахт ҷалби ифтихор ва шукӯҳ бахшид.

Рӯзи Парчами давлатӣ ҳар сол 24 ноябр таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар чорабиниҳо ва намоишҳо доир мегарданд, ки худшиносӣ ва ифтихор аз давлатдории мустақилро тақвият медиҳанд. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст эҳтироми Парчами миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, ҳисси ифтихор аз миллат ва Ватанро ҳифз намояд.

Сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат барои пойдории сулҳ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар нақши калидӣ бозидааст. Таърихи истиқлолият ва пешрафти Тоҷикистон ба хотири сиёсати созанда ва иродаи қавии Пешвои миллат имконпазир гардидааст.

Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи Қабули яке аз рамзҳои давлатӣ — Парчами милли қарор дорем. Ин рамз барои ҳар як шаҳрванди кишвар нишонаи ифтихор ва эҳтироми ба Ватан мебошад. Парчами миллӣ рамзи ягонагӣ ва соҳибихтиёрии давлат аст ва дар ҳар чорабинии расмӣ ва идона бо эҳтиром ва ифтихор намоиш дода мешавад.

Дар арафаи ин иди муқаддас, мо бояд ба таърихи парчам ва маънои рамзии он назар андозем. Ин рӯз ба мо хотиррасон мекунад, ки ваҳдати миллӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтироми рамзҳои давлатӣ пояи мустаҳками Ватан мебошанд. Бигузор парчами Тоҷикистони азизамон ҳамеша баланд барфишорад, рамзи ваҳдат, сулҳ ва истиқлол бошад.

и.в. котиби илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон н.и.т. Раҳимзода Фирӯз Акбар

Имрӯз мо дар остонаи як ҷашни пурифтихор — Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ин сана на танҳо рамзи давлатдории миллӣ, балки таҷассуми худшиносиву ифтихори ҳар як тоҷики соҳибватан аст.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:«Ҷашни Рӯзи Парчам — эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат аст, ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд Яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост».

Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози давраи нави таърихи Тоҷикистон, эҳтиёҷ ба рамзҳои давлатӣ — нишони истиқлол, ваҳдат ва иттиҳоди миллӣ — бештар эҳсос гардид. Дар ҳамин замина, соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд ва ин рӯйдод оғози марҳилаи нав дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва ташаккули рамзҳои давлатдорӣ гардид.

Ҳанӯз аз солҳои 1990, дар раванди таҳияи рамзҳои давлатӣ, зиёда аз 250 нафар рассомону муҳаққиқон ширкат варзиданд. Бо роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ ва иштироки рассомони маъруф — Зуҳур Ҳабибуллоев, Лариса Додхудоева, Анатолий Заневский ва дигарон — лоиҳаи ниҳоии парчам таҳия гардид.

Парчами давлатии мо матои росткунҷаи се рахи уфуқидор аст: сурх, сафед ва сабз.

· Ранги сурх рамзи шуҷоат, ҷасорат ва муборизаҳои таърихии халқи тоҷик мебошад;

· Ранги сафед рамзи покиву адолат ва нияти софу оромист;

· Ранги сабз ифодагари зиндагӣ, табиат ва орзӯи рушду пешрафт аст.

Дар маркази парчам нақши тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дорад. Тоҷ — рамзи давлатдории тоҷикон аст; он аз решаҳои тамаддуни куҳанбунёди мо сарчашма мегирад. Ҳамон гуна ки тоҷикро дар тӯли асрҳо “миллати тоҷдор” номидаанд, ин нишона ифодаи ягонагии давлату миллат мебошад.

Ҳафт ситора, ки дар болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой гирифтаанд, аз нигоҳи маънавӣ рақами муқаддас ва ифодагари бахту саодатанд. Дар фарҳанги миллӣ, рақами ҳафт рамзи комилият аст — ҳафт иқлим, ҳафт осмон, ҳафт арзиши зиндагӣ. Имрӯз бошад, ҳафт ситора маънои ҳафт минтақаи таърихию фарҳангии кишвари моро доранд: Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.

Парчами давлатӣ на танҳо рамзи истиқлол, балки таҷассумгари ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва пайванди наслҳост. Он бо рангҳои дурахшони худ моро ба гузашта мепайвандад, ба имрӯз қувват мебахшад ва ба сӯи фардои дурахшон раҳнамун месозад.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паҳлӯи парчамҳои дигар давлатҳои ҷаҳон бо ифтихор парафшон аст. Ҳар ҷо, ки парчами Тоҷикистон боло меравад — хоҳ дар майдони варзиш, хоҳ дар чорабинии илмӣ ё фарҳангӣ — садои шарафу ифтихори миллӣ баланд мегардад.

Парчам — ин нишон ва рамзи миллат аст, ин дирафши ваҳдат, ин паймони садоқат ба Ватан аст.
Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд эҳтиром ба парчамро ҳамчун нишони эҳтиром ба Ватан, ба таърих, ба давлатдории миллии худ дар қалб парварад.

Дар поён, бо эҳсоси ифтихор мехоҳам бигӯям:

Бигузор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша баланд бардошта шавад — рамзи сулҳу дӯстӣ, рамзи ваҳдат ва рамзи бақои миллати тоҷдору фарҳангсолори тоҷик бошад!

Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сар аст!
Парчами ту аз ҳама болотар аст!

Парчами ту Парчами адл асту дод,
К-ин дирафши Коваи оҳангар аст!

Парчами ту буда аз ҷилди паланг,
Бегазанду маҳкаму тобовар аст!

Аз миёни халқ гардида баланд,
З-ин сабаб дар Парчами ту бовар аст!

Аз Фаридуни ҳазоронсола пеш,
Халқи моро ҷилваи болу пар аст!

Икромов Раҷабалӣ, ходими илмии Шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

123Парчам, дирафш, ливо ё байрақ мафҳуми ягона буда, дар маҷмӯъ маънии шинохти давлату миллатро дорад. Парчам ва парчамдорӣ ҳанӯз пеш аз мелод дар китоби «Авасто» зикр гардида, баъдан дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар достони «Коваи оҳангар» қисса шудааст. Коваи оҳангар аз кушта шудани ҷавонон ва хусусан фарзандони худ ба шӯр омада, бар зидди Заҳҳок бархост, пешбанди худро сари найза барафрохта, парчам намуд ва зери он мардуми башӯромадаро то дар бори он шоҳи золим бурд. Парчами Кова минбаъд «Дирафши Ковиён» ном гирифт ва чун рамзи мубориза барои озодӣ аз банди зулму истибдод шинохта шуд.

33 сол муқаддам, 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон дар қатори дигар рамзҳо Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардид ва минбаъд ин сана ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ моро ба сӯйи созандагию бунёдкорӣ ва саодату хушбахтӣ раҳнамун месозад.

Дар зарфи 35 соли истиқлолият бо саъю талоши ватандӯстонаи кулли мардуми шарафманди тоҷик ва бахусус Аосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори устувори давлатдории миллӣ гузошта шуд. Ва минбаъд низ зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзамин таъмин гардида, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодат фароҳам оварда мешавад. Ҳамасола ба хотири Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва инчунин тамоми муасиссаҳо конфренсияҳо ва семенарҳо доир мегарданд . Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба хотири Рӯзи Парчами давлати роҳпамои гузаронида мешавад.

Хулоса, парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ таърихан дар тамаддуни башарият ифодагари арзишҳои муҳими фарҳангт, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва аз ҳама муҳим, ҳарбии миллатҳои соҳибистиқлол мебошад.

Бобоев К.О – доктор фалсафа (PhD), Мудири шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявӣ, Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ

Аз гузашта то имрӯз ҳар миллат бо мақсади нишон додани таърих, тамаддун, фарҳанг, мавқеи сиёсӣ ва минтқавию байналмилалӣ рамзҳои мухталифро истифода менамояд. Ин рамзҳо аксаран ба хотири ҳимояи миллат равона шудаанд, ки асоси онро озодӣ ва истиқлол ташкил медиҳад. Барои даст ёфтан ба озодӣ мардум дар зери рамзи махсус – парчам, ки ифодагари мақсаду мароми эшон буд, муттаҳид мешуданд. Ин муттаҳиддӣ мардумро ба шуриш, ошӯб ва инқилоб бештар равона месохт. Аксари инқилобҳо ба хотири ташкили давлат, ки ҳимоятгари манфиатҳои мардумӣ аст, равона гардида буд. Ниёкони тоҷикон ҳарчанд яке аз ташкилкунандҳои нахустин давлату шоҳаншоҳиҳо буданд, вале бо ворид гардидани аҷнабиён баъзан зимоми ҳукматдориро аз даст медоданд.

Ба хотири ба даст овардани озодӣ ва истиқлол ниёкони тоҷикон дар зери парчами Коваи оҳангар, Спитамен, Деваштич, Абумуслим, Муқаннаъ, Темурмалик ва ғайра муқобили аҷнабиён муборизаи шадид бурдаанд. Ин мубориза бо сарварии Куруши Кабир, Аршак, Куҷула Кадфиз, Тоҳир ибни Ҳусайн, Яъқуб инбни Лайс ва Исмоили Сомонӣ бо барор анҷом ёфту ба ташкили давлату шоҳаншоҳиҳои муқтадир хотима ёфт. Ин корномаи фарзандони боризи ниёкони тоҷик дар зери парчами озодӣ ва истиқлол бо ҳарфҳои заррин ҳакокоӣ шудааст, ки имрӯз барои насли наврас ва ҷавони меҳан таҷрибаи нодире ҷиҳати арҷ гузоштан ба арзишҳои давлатдорӣ ва ҳифзу гиромидошти истиқлол ба ҳисоб меравад.

Аҷдоди тоҷикон парчамро дар аввал ҳамчун рамзи озодӣ ва муттаҳидӣ истифода намуда, баъди ноил гардидан ба ин ҷавҳари ҳастӣ онро чун рамзи истиқлол ва номуси ватандорӣ ҳифз мекарданд. Ҳифзи парчам барои ҳар як ватандор рисолати бузургу шарафманде буд. Чун парафшон гардонидани ин рамзи хушбахтии миллат кори саҳлу осон набуд. Мубориза ба муқобили юнону мақдуниҳо, румиҳо, арабҳо, турку муғулҳо ва дигар аҷнабиён бо сарварии чеҳраҳои мондагори миллат танҳо ба хотири парчами озодӣ ва истиқлол буд.

Воқеан, парчам пеш аз ҳама рамзи номуси миллат мебошад, ки ин номус танҳо тавассути озодӣ ва истиқлол ҳифз карда мешавад. Тоҷикон таърихи зиёда аз 6 ҳазорсолаи парчамдориро доро мебошанд. Ниёкони тоҷик аллакай дар ҳазораи 3-2 то милод парчами худро доштанд, ки дар осори Ибни Балхӣ, Фирдавсӣ ва Табарӣ ба таври муфассал зикр шудааст. Аз давраи ҳукумати сулолаи Каёниён то Сомониён садҳо фарзандони фарзонаи миллат баҳри ҳифзи ин рамзи озодӣ ва истиқлол ҷони худро нисор намудаанд. Дар тамоми набардҳо парчам муқобили душман чун рамзи сарҷамъӣ ва муттаҳиддӣ истифода мешуд. Барои ҳифзи он ҳар як аскарро лозим буд, ки то охирин нафас мубориза бурда, ин рамзи муқаддасро дифоъ намояд. Парчами Ҳахоманишиҳо дар дунёи қадим дар шарқ то сарҳади Чин дар шимол то Қафқоз дар ҷануб то Халиҷи Форс ва дар ғарб то Осиёи Хурду Миср парафшон буд, ки ин рамзи ҳукумати муқтадири ниёгони тоҷикон дар ин минтақаҳои тамаддунхез ба шумор мерафт. Шоҳони ҳахоманишӣ чун Куруши Кабир ва Дорюши Кабир парчами хешро, ки ранги сурх дошту дар он уқоб инъикос мешуд, дар тамоми набардҳо алайҳи душман ҳифз карда, парафшонии онро дар ду қитъаи олам Осиё ва Африқо таъмин намуданд.

Минбаъд сулолаҳои тоҷиктабори Ашкониёну Кушониён талош намуданд, ки парчами ақвоми ориёитаборро дар сарзаминҳои Вароруд, Хуросон, Эрон, Шарқи Наздик ва Қафқоз парафшон намоянд ва ба ин муяссар ҳам шуданд. Парчами Ашкониён ва Кушониён дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим ҳамчун рамзи қудрати ориёиҳо насб шуда буд. Шоҳони Парфия ва Кушон ба монанди Меҳрдод ва Канишкаи Кабир қудрати юнону мақдуниҳо ва румиҳоро дар минтақаҳои ҳамҷавор шикаста, парчами хешро дар шарқ то Ҳиндустон ва дар ғарб то Кападокия ва Шому Ироқ парафшон намуданд.

Дигар аз марҳалаи парафшонии парчами тоҷикон ба аҳди ҳукумати сулолаи Сосониён рост меояд. Сосониён бо сарварии Ардашери Бобакон, Шопури 1, Хусрави Анушервон ва Хусрави Парвиз анъанаи давлатдории ниёгон, махсусан Ҳахоманишиҳоро идома дода, як шоҳаншоҳии бузургеро ташкил карданд, ки дар он зиёда аз 70 қавму халқиятҳо муттаҳид буданд. Шоҳаншоҳони сосонӣ дар ғарб мақоми Румро ба танг оварда, доираи парафшонии парчами хешро, ки аз се ранг сурх, зард ва бунфш иборат буд, васеъ намуданд. Оини парчамдорӣ дар аҳди Сосониён шаклу услуби хоссаи худро дошта, дар тамом набардҳо парчамдор дар сафи пеш қарор дошт. Ҳайтолиён, ки бо ҷасурӣ ва далерӣ маъруф гардида буданд, дар парчами хеш расми шерро инъикос менамуданд, ки ин рамзи нотарсӣ ва мубориза бо душманон буд. Дар зери ҳамин рамз ба Ҳайтолиён муяссар гардид, ки зиёда аз 150 сол зимоми давлатдориро дар сарзаминҳои имрӯзаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Покистон ба даст бигиранд. Муборизаи онҳо ба муқобили ақвоми турктабори кучманчии қисми шимоли Осиёи Марказӣ дар зери парчами шердор, ки дар осори муаррихони асримиёнагӣ зикр шудааст, аз хусусияти рамзи ягонагӣ ва истиқлолхоҳии ин парчам хабар медиҳад. Дар зери ин парчам, ки ифодагари нангу номуси ин қавми ориёитабор буд, муяссар гардид, ки як қисми бузурги Роҳи абрешим муддати зиёд дар зери назорати онҳо қарор дошта бошад.

Дар замони Сомониён парчами давлатӣ дар асоси суннатҳои давлатдории ниёкон ва омезиш ба суннатҳои исломӣ қабул шуда буд. Парчам дар болои арки амир овезон буд, ки он шакли идории давлатиро инъикос менамуд. Сомониён талош мекарданд, ки суннатҳои неки давлатдории ниёгонро эҳё бахшанд. Исмоили Сомонӣ дар зери парчами хеш ба Туркистони Шарқӣ ҳуҷум намуда, туркони бояднишинро, ки ҳамеша ба шаҳрҳои минтақа хатар эҷод мекарданд, шикаст дода, дар он минтақаҳои ҳукумати хешро барқарор сохт. Бо барҳам хӯрдани давлати Сомониён новобаста аз он ки дар минтақа сулолаҳои ғайритоҷик ба қудрати сиёсӣ расиданд ба анъанаҳои давлатдории эҷодкардаи Сомониён идома бахшиданд. Мувофиқи маълумоти Низоммулмулк, ки дар «Сиёсатнома» хабар додааст, низоми идорӣ ва аркони давлатдории Сомониён барои сулолаҳои вопасин чун намуна мавриди истифода қарор гирифт.

Дигар аз марҳалаҳои соҳибпарчамии тоҷикон ба даврони шуравӣ марбут аст. Соли 1924 пас аз тақсимоти миллӣ-марзӣ ва ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон дар баробари дигар аз аркони давлатдорӣ парчами давлатӣ низ дар такя ба парчами Иттиҳоди Шуравӣ тасдиқ гардид, ки ранги сурх дошту ифодагари ҳукумати синфи коргару деҳқон буд.

Истиқлоли давлатӣ, ки нодиртарин арзиш барои миллат аст, ба тоҷикон имкон дод, ки аркони муҳимми давладории хешро бо такя ба суннатҳои неки ниёкон интихоб ва тасдиқ намоянд. Дар Иҷлосияи тақдирсоз дар баробари қабули рукнҳои дигари давлатӣ 24-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ қабул ва тасдиқ гардид. Парчами давлатии Тоҷикистон, ки аз се ранг иборат аст, матои хушку холӣ набуда, он таърих, тамаддун, фарҳанг, имрӯз ва ояндаи дурахшони миллату давлати тоҷиконро дар худ инъикос менамояд. Ин рамзест, ки номуси миллиро баланд бардошта, заминаи устувории ваҳдату ягонагии миллиро таъмин месозад.

Парчам ҷомеаро ба ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу созиш ва меҳнати софдилона баҳри рушди босуботи кишвар даъват менамояд. Парчам ваҳдати миллиро таҳким бахшида, мондагории истиқлоли давлатиро таъмин месозад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар атрофи Парчами давлатӣ муттаҳид шуда, баҳри рушду инкишофи Ватан талош варзем. Имрӯз пачами миллӣ ҳамчун рамзи ваҳдатофар миллату давлати моро дар миқёси ҷаҳон муррифӣ менамояд.

Хушвахтзода Қобилҷон,

президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик

Сафедӣ бахту иқболи туву ман,

Бувад сурхӣ ҷилои хуни Меҳан.

Ба ранги сабз рӯяд нахли ҳастӣ,

Самар ёбад ҳам аз мазмуни Меҳан.

Мусаллам аст, ки маҳбубтарин рангҳо барои парчам сурх, сафед, сабз ва обӣ буда, се ранги аввал дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст ва аз ҷиҳати гурӯҳбандӣ дар асоси интихоби ранг ва тарҳ бошад, парчами миллии мо аз парчамҳои мардуми ориётабор маҳсуб меёбад. Дар мавриди таъриху фарҳанги парчамдории миллати тоҷик аз маъхазҳои зиёди таърихӣ иттилооти пурғановат метавон ёфт, яъне пайдо ва асос ёфтани парчам аз давраи муборизаи Кова алайҳи Заҳҳок пешгири чармии ӯ мебошад ва он дирафши ковиёнӣ сирф афсонавӣ нест. Ва ба истиноди таърих то пеш аз ҳамлаи аъроб (тозиён) ба Эрон, бавижа дар замони Сосониён ва Ҳахоманишиён Парчами миллӣ ва низомии мардуми форс буд, ки Муҳаммад Ҷарири Табарӣ дар китоби «Таърих-ур-русул ва-л-мулук» зикр намудааст: «Дирафши Ковиёнӣ аз пӯсти паланг дуруст шуда, ба дарозии дувоздаҳ арш, ки агар ҳар аршро фосилаи байни ангуштони даст то бандгоҳи оринҷ аст, 60 сантиметр ба ҳисоб оварем, тақрибан панҷ метр арз ва ҳафт метр тӯл мешавад».

Дар замони Сосониён ин дирафш бо он тағйир меёфт, ки ҳар шоҳаншоҳ чун ба қудрат даст меёфт, теъдоди ҷавоҳирро зиёд менамуд ва аз пӯсти шер ё паланг дуруст мекард. Таърих гувоҳ аст, ки ҳангоми ҳамлаи аъроб ба Эрон, ҷанге дар атрофи шаҳри Наҳованд даргирифт, дирафши ковиён ба дасти тозиён афтод ва чун онро назди Умар ибни Хатоб бурданд, халифа аз бисёрии гуҳарҳо, дурҳо ва ҷавоҳироте, ки бар дирафш овехта шуда буд, дар шигифт афтод ва тибқи навиштаи Фазлуллоҳ Ҳусайни Қазвинӣ «сипас бифармуд то он гуҳарҳоро бардоштанд ва он пӯстро сӯзонданд».

Дар таърихи фарҳанги парчамдорӣ дирафш ё парчами Куруши бузург низ ҷойи махсус дорад. Қабл аз ба подшоҳӣ расидани Куруш рӯи парчами эронинажод гови болдор инъикос гардида буд ва бо зуҳури ҳукумати Куруш ин нақш ба тасвири парандаи шикорӣ бо номи шаҳбоз тағйир ёфт, ки тибқи ривояте, ин паранда ноҷии ориёиҳо мешавад ва онҳоро ба самти Эрон ҳидоят мекунад.

Баъд аз ҳамлаи аъроб ба Хуросону Мовароуннаҳр тайи 200 сол ҳеч нишонае аз дирафш ё парчами хос бо нақшҳои заррин боқӣ намонд то он замоне, ки сулолаи Ғазнавиён сари қудрат омаданд, ба истиснои чанд шахсияти таърихие, ба монанди Абӯмуслими Хуросонӣ ва Бобаки Хуррамдин, ки яке парчами сиёҳ ва дигаре парчами сурх доштанд ва пайравони онҳоро ҷомасиёҳону ҷомасурхон мегуфтанд, ки алайҳи халифаи Аббосӣ ҷангидаанд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки сулолаи Сомониён ҳам дорои парчами хос набуд.

Ба истиноди таърих миллати тоҷик парчами Аморати Бухоро то соли 1920, Ҷумҳурии Шуравии Халқии Бухоро аз соли 1921 то соли 1924, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз соли 1924 то соли 1929, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро аз соли 1929 то 9 сентябри соли 1991 бар сари хеш афрохтааст, ки ҳар яке намоде вобаста аз таърих, сохти давлатдорӣ ва идеологияи онро дошт.

Боиси ифтихор аст, ки даврони бузург ва муҳимми парчамдории миллати тоҷик аз Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олӣ ва то имрӯз идома дорад, маҳз шурӯъ аз ин санаи муборак миллати тӯли таърихи дароз ранҷкашидаи тоҷик соҳиби муқаддасоти хеш гашт, ормонҳои миллӣ маҳз аз ин санаи ҳумоюнфол бо фикри равшанбини Сарвари эъморгари миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалӣ шудан оғоз намуданд. Парчами Тоҷикистон рамзи давлат буда, намоду рангҳои он аз фарҳанги қадимиву ғанӣ, орзуву ниятҳои миллати мо ҳикоят мекунад. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар бораи парчами миллӣ фармудаанд: «Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад».

Аз ин рӯ, агар назар ба таърих намоем ҳодисаҳое пеши назарамон меояд, ки ба пояи давлатдории мо низ таъсири амиқ расонидаанд. Чун дар замони даргириҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари мо зарари ҷидии иқтисодӣ дида бошад, ҳам аммо бо таъйин шудани роҳбари ватандӯсту сулҳофар тавонист кишвар аз хатару оқибатҳои ҷанг ва аз буҳрони шадидӣ сиёсӣ наҷот ëбад. Ягона умеди наҷотбахши миллат ва халқ Иҷлосияи 16-уми Шурои олӣ гардид, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард.

Ва ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин рамзи комилҳуқуқӣ ва соҳибистиқлолии тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараëни он сарнавишти давлатдории навини тоҷикон таҳрезӣ гардида буд қабул гардид. Маҳзи бо қабул гардидани муқаддасоти миллии кишвар, ки дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои нахустини худро гузошт. Дар замони соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчамӣ давлатӣ дар кишвар биноҳои хуштавру замонавӣ бунëд гардида барои мустаҳкам намудани пояи давлатдорӣ ва таъмини сулҳу суботи кишвар замина мегузоранд.

Ҳамчунин зери сиëсати бунëдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо баланди 165 мтр Парчами давлати парафшон гардид, ки ин ҳама самараи истиқлол ва комилҳуқуқиву сулҳу суботи осоишта аст. Имрӯз метавон гуфт, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва соҳибихтиерӣ дар пешрафти сиëсати хориҷии кишвари Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Созмони миллали Муттаҳид низ нақши бағоят муҳимро касб мекунад. Ҳамчунин боиси ифтихор аст, ки дар назди бинои Созмони Миллали Муттаҳид Парчами давлатии мо парафшон буда, ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва комилҳуқуқии миллати тоҷикро инъикос менамояд.

Миршариф МАҶИДӢ, н.и.т., ходими калони илмии Озмоишгоҳи «Маводшиносӣ»,

Институти химияи ба номи В.И. Никитин.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ буда, асоси муқаддасоти миллӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллиро таҷассум намуда, ҳамчун ифодагари рамзи соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ, сулҳу ороми, дӯстию рафоқат, садокату муҳаббат ва муаррифгари давлату миллат мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандони кишварро ба зиндагии ором, осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафаи миллатдорӣ ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Барои ҳар як давлати мустақил, Парчам, Нишон ва Суруди миллию асъори миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат ба ҳисоб меравад. Дар асл, Парчами давлатӣ дар фаъолияти давлатдорӣ гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, инчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ба ору номуси миллат мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.

Парафшонии парчам ифтихори миллии ҳар як фарди бо нангу номус ва соҳибватан мебошад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистони азиз аст.

Парчам аз муқаддасоти миллӣ буда, рамзи асосии соҳибдавлатӣ ва ифтихори ҳар як халқу миллат мебошад. Таърихи тамддуни давлатдории оламиён шаҳодат медиҳад, ки инсоният ҳамчун нишони давлатдорӣ ва ҳастии халқу миллат рамзҳо ва нишонҳоро эҷод ва қабул намудааст. Ҳамаи рамзҳои қабул намуда ифодагару равшантари саргузашти халқу миллатҳо ва эҳтиром ба муқаддастарин ашёи оламу табиати атроф аст.

Парчам аз се ранг, ки ифодакунандаи сулху вахдат садокату мухаббат ба ватани азизамонро дорад:

Ранги сурх рамзи мубориза барои озодӣ, истиқлолият ва қаҳрамонии мардуми тоҷик аст. Он ба таърихи пурмоҷарои миллат ишора мекунад, ки бо талошҳо ва фидокориҳо барои истиқлолият ва ҳифзи ваҳдат алоқаманд аст. Сурх инчунин рамзи нерӯи ҷисмонӣ, иродаи қавӣ ва қаҳрамонии миллатро таҷассум менамояд. Ҳамин тавр, ранги сурх нишондиҳандаи он аст, ки халқи тоҷик дар муборизаҳои худ барои зиндагии беҳтар қадамҳои устувор гузоштааст.

Ранги сафед рамзи сулҳ, покӣ, адолат ва равшанӣ мебошад. Дар фарҳанги тоҷикон, сафед ҳамчун рамзи тозагии рӯҳу покизагӣ маънидод мешавад. Ин ранг ҳамчунин ба соҳаи кишоварзӣ, бахусус пахтакорӣ, ишора мекунад, ки як бахши муҳими иқтисодиёти кишвар аст. Пахта ҳамчун рамзи сарват ва некуаҳволии иқтисодӣ баёнгари саҳми бузурги мардуми тоҷик дар соҳаи истеҳсолот мебошад. Сафед дар фарҳанги миллӣ инчунин рамзи ростқавлӣ ва сулҳомезии миллатро ифода мекунад.

Ранги сабз рамзи ҳаёт, табиат ва рушду инкишофи кишвар аст. Сабз ин рамзи кишоварзӣ, ки соҳаи калидии иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад, ба шумор меравад. Сабз ҳамчунин рамзи рушд ва ҳаёт аст ва маънии навсозии иқтисодӣ ва барқарорсозии муваффақияти Тоҷикистонро дорад. Дар фарҳанги тоҷикон сабз инчунин рамзи ҷавонӣ, шукуфоӣ ва шодобии зиндагӣ мебошад. Бахусус, сабз баёнгари муҳити зебои табиати кишвар ва алоқамандии мардуми тоҷик бо табиат аст.

Дар маркази рахи сафед тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоӣ ҷойгир шудаанд. Тоҷ рамзи соҳибихтиёрӣ, ҳокимият ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Он рамзи худшиносӣ ва мақоми баланди миллати тоҷикро ифода мекунад. Ҳафт ситора, ки дар болои тоҷ ҷойгир шудаанд, рамзи хушбахтӣ, саодат ва камолоти миллат мебошанд. Дар фарҳанги тоҷикон рақами ҳафт дорои маънои хос аст, ки ба нишони камолоти рӯҳӣ, муваффақият ва фаровонӣ ишора мекунад. Ин рақам дар мазҳаб ва фолклори мардуми тоҷик мақоми махсус дорад ва рамзи саодат, комёбӣ ва пешрафт мебошад.

Ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амиров Зайниддин Гадомадович

Мудири Шуъбаи ихтиология ва гидробиологияи Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Мирзоев Нуриддин Маҳмадович

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рӯзи 24-уми ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябр бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар саросари кишвар вобаста ба ин ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор мегарданд.

Ба муносибати ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми шодбошиашон ба мардуми Тоҷикистон ёдрас менамоянд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан, наврасону ҷавонони кишвар ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз он дар зеҳну шуури ҳар фард ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад.

Ҷавонони имрӯз, ки насли асили даврони истиқлоланд, парчамро ҳамчун рамзи пешрафту созандагӣ мебинанд. Дар замоне, ки давлат барои ҷавонон имкониятҳои фаровони таҳсил, кор, технология, варзиш ва худшиносиро фароҳам овардааст, парчам ба онҳо нерӯ мебахшад, то дар ин роҳҳо қадамҳои устувор гузоранд.

Се ранги Парчам низ барои ҷавонон маъноҳои бузург доранд:

Сурх – рамзи ҷасорат, озодихоҳӣ ва сулҳу оромии ба дастомада, ки ҷавонон бояд онро эҳтиром намоянд ва пос доранд.

Сафед – рамзи покӣ, ниятҳои нек, дониш ва маърифат. Ин ранги сафед ҷавононро ба омӯзиши илм ва технология ҳидоят мекунад.

Сабз – рамзи табиат, зебоӣ ва рушд. Ин ранги сабз ҷавононро ба меҳнат, созандагӣ ва муҳаббат ба Ватан раҳнамун мекунад.

Тоҷ ва ҳафт ситораи дар марказ ҷойгирбуда низ барои ҷавонон нишонаи ҳувияти миллӣ ва саодати наслҳои оянда мебошанд.

Дар зери Парчами миллӣ ҷавонон худро якҷоя, муттаҳид ва масъули сарнавишти Ватани дӯстдошта эҳсос мекунанд. Имрӯз ҷавонон дар илм, варзиш, фаҳанг ва ихтироот Парчами кишварро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардоранд – ин худ нишон медиҳад, ки Парчам барои онҳо рамзи масъулият, ифтихор ва ҳавасмандӣ мебошад.

Дар рӯзи Парчами давлатӣ ҳар як ҷавони тоҷик бо ифтихор ба ин рамзи муқаддас назар мекунад ва дар дил қасам мехӯрад, ки дар роҳи рушди давлат, амният, ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон нақши созанда гузорад.

Бигзор Парчами кишварамон доимо парафшон бошад!

Иди Парчами миллӣ ба тамоми пиру ҷавони мамлакат муборак бошад!

Ҳакимзод Сулаймон - ходими хурди илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм