САФАРИ ТАЪРИХИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ҚАЗОҚИСТОН: УФУҚҲОИ НАВИ ШАРИКӢ ВА ҲАМПАЙМОНӢ
Дар сиёсати бисёрҷанбаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон мавқеи махсусро ишғол менамояд. Ҳамзамон Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз давлатҳои боэътимод дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муносибатҳои ду кишвар дар зарфи беш аз се даҳсола аз ҳамкории дипломатӣ то ба сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баромад, ки ин нишонаи олии сиёсати одилонаи сарони кишварҳо мебошад. Кишварҳои моро риштаҳои қавии таърихӣ, дӯстӣ ва бародарӣ ба ҳам мепайвандад, ки заминаи муносибатҳои устуворро ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин ҳарду миллат решаҳои муштараки тамаддуни Осиёи Марказиро доранд ва мубодилаи фарҳангиву илмӣ миёни онҳо таърихи чандинсадсола дорад. Аз нигоҳи сиёсӣ, муносибатҳои ду кишвар бар асоси эҳтироми соҳибихтиёрӣ, дахлнопазирӣ, ҳалли масъалаҳо бо роҳи гуфтушунид ва манфиатҳои мутақобилан судманд бунёд ёфтаанд. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он аз солҳои аввали истиқлолият дар пояи эътимод бунёд гардидааст. Ҳамчунин сафарҳои расмии Сарони давлатҳо ва дигар вазорату идораҳо боиси рушду густариши муносибатҳои дуҷониба гардида, пайваста уфуқҳои нави ҳамкорӣ ва саҳифаҳои нави таърихиро дар муносибатҳои дуҷониба боз кардааст.
Боиси ифтихор аст, ки 26 –уми августи соли равон Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев меҳмони фахриро раиси Сенати парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтанд. Дар ҳошияи сафари расмӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт – Токаев мулоқоти таърихӣ ва самимӣ анҷом доданд. Дар ҳошияи ин сафари расмӣ, маҷмуи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид, ки ҷонибҳо аз ҳамкории судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд. Пас аз анҷоми мулоқот дар қасри Акорда маросими сарфарозгардонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷумла, густариши муносибатҳои байнипарламентӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо Ордени Дустӣ дараҷаи II аз ҷониби Қосим Жомарт – Токаев сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин дар доираи сафар бо Сенати парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Ба иттилои дафтари матбуоти Рустам Эмомалӣ зимни мулоқоти хосаи роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои парламентии ду кишвар ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон дар ин мулоқот корҳои муштарак дар чаҳорчӯби татбиқи “Харитаи роҳ оид ба ҳамкориҳои дуҷониба”, ки дар ҷаласаи Комиссияи доимӣ дар Душанбе ба имзо расида буд, ки доираи васеи масоил, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои байниминтақавиро дар бар мегирад, баррасӣ шуданд.
Сафарҳои тарафайн барои вусъати босуръати ҳамкорӣ имкониятҳои муҳим ба вуҷуд меоваранд. Сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба Қазоқистон низ ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, шарикии стратегӣ, ҳампаймонӣ ва манфиатҳои миллию иқтисодии дуҷониба хоҳад буд. Ин сафари таърихии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон низ – уфуқҳои нави ҳамкории дуҷонибаро шакл дода, дар ин замина пояҳои эътимоди сиёсӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймониро устувор хоҳад кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати “дарҳои боз”, мутавозин ва бисёрсамтӣ, ҷиҳати ҳамкории судманд бо кишварҳои минтақа содиқ буда, дар ин росто, Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз шарикони муҳими стратегии он дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад.
Искандар Шарифов - ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Наворҳои видеоӣ
News
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо донишҷӯён ва муҳақиқони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохурӣ доир намуданд.
Зимни суханронӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид доштанд, ки дар сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳақиқони ҷавон таваҷҷуҳи хоса равона гардидааст.
Ҳамин аст, ки бо ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон дар донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар тамоми имкониятҳои мавҷуда фароҳам оварда шудааст. Дар заминаи ин ҷавонон бояд аз ин имкониятҳо самаранок истифода намуда, дониш андухта, барои муаррифии кишвари Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд.
Дар идома қайд гардид, ки ҳоло дар Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин 21 нафар донишҷӯён ва муҳақиқони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Пас аз хатми таҳсил донишҷӯён ва муҳақиқони ҷавон ба ватани худ баргашта дар соҳаи илм ва дигар соҳаҳои фаъолияти кишвар кору фаъолият менамоянд.
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ ТЕХНОЛОГИЯИ ПУРҚУВВАТ ВА ПЕШРАФТА
Дар таърихи 01 то 05 ноябри соли 2024 бо мақсади иштирок дар Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Технологияи пурқувват ва пешрафта” президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.
Конфронси мазкур дар заминаи Донишгоҳи Ҷаотонги Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар кори он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок ва суханронӣ намуданд. Албатта дар сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ҷойгоҳи махсусро касб мекунад. Ҳамин аст, ки бо талошу дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои бисёрҷабҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм бо Ҷумҳурии Мардумии Чин густариши беандоза ёфта истодаанд.
Дар доираи ин сиёсати илмпарварона президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои густариш додани ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои илмӣ таҳқиқотии Ҷумҳурии Мардумии Чин корҳои арзандаро ба анҷом расонида истодаанд.
Ҳадаф аз баргузор намудани конфронси мазкур ин пеш аз ҳама густариш додани ҳамкорҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои технология ва дар истеҳсолот тадбиқ намудани натиҷаи илмии олимони тарафайн мебошад. Ёдовар мешавем, Донишгоҳи Ҷиаотонг Сиан дар пойтахти Чин воқеъ буда, (XJTU) яке аз қадимтарин муассисаҳои таълимии Чин мебошад, ки соли 1896 таъсис ёфтааст.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи Кувайти Раванди Душанбе» 04.11.2
Муҳтарам Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ, Валиаҳди Давлати Кувайт,
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Дар оғоз мехостам ба Давлати Кувайт ва Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин, дигар шарикони байналмилалӣ барои баргузории ин Конфронси муҳимми байналмилалӣ миннатдории худро изҳор намоям.
Аз номи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокдорони ҳамоиши имрӯзаро хайрамақдам мегӯям.
Мо ба ҳайси мизбони “Раванди Душанбе оид ба мубориза ба терроризм ва маблағгузории он” аз иқдоми бори аввал берун аз Тоҷикистон баргузор гардидани конфронси навбатӣ дар доираи ин раванд истиқбол менамоем.
Марҳалаи кувайтии онро омили муассири тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ медонем.
Шарикии мо дар ин замина намунаи масъулияти муштаракест, ки дар шароити имрӯзаи геосиёсӣ барои муқовимат ба терроризм бисёр зарур ва бамаврид аст.
Конфронси имрӯза ба миқёс ва таъсири Раванди Душанбе дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он тавсеаи бештар хоҳад бахшид.
Ин ҳамоиш, бешубҳа, ба ҳамоҳангӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, алалхусус миёни кишварҳо ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Гурӯҳи кишварҳои арабӣ, Африқо ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) мусоидат менамояд.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш,
Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори «Раванди Душанбе» бори дигар уҳдадориҳои худро дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ тасдиқ мекунад.
Терроризм, ифротгароӣ ва зуҳуроти тундгароӣ имрӯз ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвиш овардааст.
Паҳн кардани ғояҳои тундгароёна, барангехтани кинаву адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ҷалби ҷавонон барои содир намудани ҷиноятҳои террористӣ аслиҳаи воқеии созмонҳои террористиву ифротгаро гардидааст.
Онҳо зимни тақвияти фаъолияти худ бо истифода аз ин василаҳо мехоҳанд сохти ҷамъиятиву сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.
Ин созмону гурӯҳҳо имрӯз зимни роҳандозии ҳадафҳои нопоки худ аз имконоти технологияҳои иттилоотии пешрафта низ фаровон истифода мебаранд.
Зарур аст, ки масъулону коршиносон ин мавзӯъро мавриди таваҷҷуҳ ва андешидани тадбирҳои муассир қарор диҳанд.
Барои пешгирӣ аз ифротгароӣ, хусусан дар байни ҷавонон зарурати роҳандозии иқдомҳои махсус ба миён омадааст.
Дар ин росто, барномаҳои таълимӣ ва лоиҳаҳои иҷтимоие, ки аз дастгирии имкониятҳои иқтисодӣ бархурдоранд ва метавонанд ба коҳиш додани хатари ифротгароӣ кумак кунанд, аз абзорҳои муҳим дар ин раванд ба шумор мераванд.
Дар баробари ин, бозомўзӣ дар самти фанновариҳои нав барои таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти иктишофӣ тавассути омӯзиш ва дастгирии техникӣ нақши басо муассир хоҳад дошт.
Ҳозирини гиромӣ,
Мушкилоти амниятии имрӯза аз мо на танҳо азму иродаи қавӣ, балки қобилияти ҳамкорӣ дар сатҳи ҷаҳониро низ тақозо мекунад.
Танҳо тавассути ҳамкории васеъ ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ мо метавонем дар мубориза бо терроризм ва таҳдидҳои он муваффақ бошем.
Вусъат пайдо кардани терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, чун пештара, ба амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад.
Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки дар баробари мубориза бо ин таҳдидҳо, инчунин, ҳамоҳангии тадбирҳоямонро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният тақвият бахшем.
Дар ин росто, табодули иттилоот ва таҷрибаи пешрафта нақши муҳим хоҳад дошт.
Тақвияти ҳамоҳангии амалиёт дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, эҷоди механизмҳои боэътимоди вокуниши фаврӣ ба хавфу таҳдидҳои амниятӣ ба муборизаи муштарак бо онҳо мусоидат хоҳанд кард.
Ба ин манзур Тоҷикистон ҷонибдори қабули Конвенсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ мебошад. Зарур медонем, ки раванди музокирот дар ин хусус ҳарчӣ зудтар ба итмом расад.
Дӯстони гиромӣ,
Гурӯҳҳои террористӣ ҷиҳати убури сарҳадот ва фарогир сохтани фаъолияти тахрибкоронаи худ мунтазам талош меварзанд.
Барои Тоҷикистон таъмин намудани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва дарёфти имкониятҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи он бениҳоят муҳим мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти механизмҳои амнияти сарҳадӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодааст.
Кишвари мо дар ҳамкорӣ бо шарикони худ барои эҷоди механизмҳое, ки ба пешгирӣ кардани қочоқи аслиҳа, маводи мухаддир ва маблағгузории терроризм мусоидат мекунанд, саҳм мегузорад.
Имрӯз беш аз пеш возеҳ аст, ки ҳеҷ кишвар ба танҳоӣ дар самти мубориза ба ин таҳдиду хатарҳо муваффақ нахоҳад буд.
Тоҷикистон дар хатти пеши муқовимат бо хатару таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ қарор дорад.
Аз ин лиҳоз, мо зарурати ҳамгироии талошҳоро дар арсаи байналмилалӣ хуб дарк мекунем.
Кишвари мо иштирокдори фаъоли муколамаи ҷаҳонӣ оид ба амният дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Қобили тазаккур аст, ки мо дар асоси таҷрибаи андӯхтаи худ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ Стратегияи мубориза бо терроризм ва ифротгароиро барои солҳои 2021-2025 таҳия намуда, татбиқ карда истодаем.
Дар доираи амалисозии ин стратегия, Ҳукумати кишвари мо дар миёни дигар дастовардҳои назаррас, инчунин, дар самти беҳбуди механизми пешгирӣ аз ифротгароиву тундгароӣ ва баланд бардоштани нақши соҳаи маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин раванд ба пешравӣ ноил гардидааст.
Муҳтарам иштирокдорони Конфронс,
“Раванди Душанбе” ҷиҳати мубориза бо терроризм, муколамаи ҳамаҷониба ва табодули таҷрибаҳои беҳтарин дар ин ҷода барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор як заминаи муҳимми ҳамкориҳои глобалиро фароҳам овардааст.
Тоҷикистон дар оянда ҳам талошҳои худро дар ин самт идома дода, барои таъмини амният ва суботи фарогир ҳамкориҳои зичро бо шариконаш тақвият хоҳад бахшид.
Мусоидат ба таъмини сулҳу суботи пойдор ва ҳаёти осоишта дар паҳнои олам яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон мебошад.
Пешниҳоди ман дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати қабули қатъномаи махсус оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамин ҳадафро пайгирӣ мекунад.
Мо ба дастгирии шарикони худ аз ин ташаббус умед мебандем.
Итминон дорем, ки марҳалаи кувайтии Конфронси “Раванди Душанбе” ба ҳарчи бештар фаъол гардидани талошҳои дастҷамъонаи мо дар соҳаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар хотимаи сухани худ мехоҳам идомаи бобарори барномаи кории конфронси имрӯзаро орзу намоям.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
04 ноябри соли равон дар ҳошияи баргузории конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори КИИ ҲХДТ "Хирадмандон"-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гашт, кормандони илмии Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, аз ҷумла Ибрагимова М.,Содиқов С.,Махмедов М. ва Зуҳуров А. ба сафи ҲХДТ қабул шуданд ва минбаъд дар доираи ТИ ҲХДТ “Дипломат”-и Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ таҳти роҳбарии директори Институт, роҳбари ТИ ҲХДТ “Дипломат”, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра дар тарғибу ҳифзи арзишҳои Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор хоҳанд буд.
Билетҳои ҳизбиро ба аъзои нави ҲХДТ дар шароити мутантан раиси ҲХДТ дар н-ҳияи Шоҳмансур муҳтарама Каримзода Нилуфар супориданд.
04 ноябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30 – юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон намудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” таҳти унвони “Санади сарнавиштсоз ва рушди давлатдории миллӣ” Конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор када шуд.
Дар баргузории Конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқ Ализода Зариф, мудири Шуъбаи масоили назарявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бобоҷонзода Исрофил, Каримзода Нилуфар - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Рафиқа Мусоева – собиқадори давлатӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмудзода Маҳкам, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов ва дигар олимону кормандони АМИТ ва ниҳодҳои дар тобеияти академиябуда иштирок намуданд.
Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, муҳтавои асосии конференсияро ба ҳозирин фаҳмонида, ҷамъомадагонро бахшида ба ин ҷашни бузурги дар пешистода 30 солагии Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта суханро тибқи талаботи барнома ба маърӯзачиён вогузор намуд.
Баромадкунандагон, ки мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ва иштирокчиёни бевоситаи давраи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, аз таърих ва баргузории чорабиниҳои рӯзҳои нахустини қабули конститутсия ёдовар шуда, баҳри дар амал татбиқ намудани конститутсияи мазкур ва Амру пешниҳодҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба таври интихоботи умумихалқӣ қабули конститутсия ёдовар шуда, дарҷ намуданд, ки сабаби тенҷию ободӣ, осоиштагию суботи сиёсӣ, пешравию муваффақиятҳои давлатамон ҳама дар оқилию орифии Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон ва қабули конститутсияи амалкунандаамон аст.
Дар охири чорабинӣ як қатор ҷавонон, тибқи талаботи Оиннома ва Низомномаи ҲХДТ ба сафи ҲХДТ қабул карда ба онҳо Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРИИ ЛОИҲАҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ
Аз 28 октябр соли 2024 таҳлилу натиҷагирии лоиҳаҳои илмию таҳқиқотии Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ (КИТ) дар соҳаи илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2024 маблағгузорӣ карда шудаанд дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оғоз гардид. Аз 28 октябр то 1 ноябри соли 2024 ҳисоботилоиҳаҳои илмию таҳқиқотии Бахши илмҳои физикаву математика, химия, геологияю минералогия ва техникии Шурои ҳамоҳангсозии КИТ шунида шуд.
28-30 октябр соли 2024 ҳисоботи лоиҳаҳои муассисҳои АМИТ: Институти математикаи ба номи академик А.Ҷураев, Институти астрофизика, Институти физикаву техникаи ба номи С.У. Умаров, Институти химияи ба номи В.И. Никитин, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, Институти маъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, ядроӣ ва радиатсионӣ, МИ «Хадамоти геофизикӣ», Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ, МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳо» арзёбӣ карда шуданд.
31 октябр соли 2024 ҳисоботи лоиҳаҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда шуданд.
01 ноябри соли 2024 лоиҳаҳои Институти илмӣ-тадқиқотиии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва МД «Маркази илмию таҳқиқотии ҳифзи захираҳои об» арзёбӣ карда шуданд.
СИЁСӢ. НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ДАСТЁБӢ БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН
01 ноябри соли равон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таҳти сарпарастии директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра дар шаҳри Роғун хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дастёбӣ ба Истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон” бахшида ба 16- ноябр “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар оғоз роҳбари дастгоҳи НБО- Роғун суханронӣ намуда, ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои роҳандозӣ намудани чунин иқдому ташаббусҳои саривақтӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Дар идома директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки рушди соҳаи энергетика ба тарақиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан, дар самти тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар нақши арзишманд мебозад. Ҳамин аст, ки бо азму талоши созандаи худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони азими НБО- Роғун камари ҳиммат баста, барои дастёбӣ ба Истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон чораҳои муассир меандешанд.
Таъкид гардид, ки пас аз пурра ба истифода ин неругоҳи бузурги аср имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад. Дар ин замина Ҳукумати кишвар хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.
Сипас, раиси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Субҳиддин Зиёев дар суханронии хеш таъкид дошт, ки воқеан ҳам расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегие мебошад, ки маҳз бо азму иродаи бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Бояд гуфт, ки ҳамаи ин тадбирҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик равона гардидаанд.
Дар идома як қатор аз олимону мутахассисон доир ба корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сохтмони НБО- Роғун ва дастёбӣ ба Истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Таҳти ин унвон имрӯз дар назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Роғун аксияи ҳизбии "Пешвои ман - ифтихори ман" ки аз ҷониби КИИ ҲХДТ "Хирадмандон"-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,ТИ ҲХДТ “Дипломат”-и Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ бо иштироки директори Институт, роҳбари ТИ ҲХДТ “Дипломат”, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра гузаронида шуд.