Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе доранд. Дар таърихи навин волотарин дастовард - соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хурдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омадааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳо 24 – август Эъломия дар бораи истиқлолиятро қабул намуд ва баъдан 9 – сентябри соли 1991 истиқлолияти сиёсии худро расман эълон намуд. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари қабул намудани истиқлоли хеш ба монеаҳои ҷиддӣ рӯбарӯ гардид. Яке аз чунин монеаҳо ин ҷанги ҳамватанӣ буд, ки дар шакли даѓалу яроқнок бо дахолати мухолифин ва бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо ба вуҷуд омад.

Тавре ки доктори илмҳои фалсафа Ҳайдаров Р.Ҷ. менависад: «Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҳамин амали зишти тундгароёни динӣ ва ҳаммаслакони онҳо дар байни аҳли зиё оѓоз гардид. Аз ин рӯ, мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ба паси мизи музокирот нишастани Пешвои миллат маҳз ба хотири барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон сурат гирифта буд. Аз ҷониби Пешвои миллат консепсияи ваҳдати миллӣ пешниҳод шуд, ки барои амалӣ сохтани он Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созанда ва тамаддунгарои ҷомеаи тоҷик такя намуд. Пешвои миллат тамоми истеъдоди сиёсии худро баҳри офардани сулҳ ба Ватан равона намуд. Қобили зикр аст, ки маҳз дар давраи гузаронидани музокироти байни тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули фарҳанги ваҳдатгароӣ замина гузошт, ки он имрӯз унсури ҷудонашавандаи тафаккури сиёсии ҷомеаи тоҷик мебошад» [2, 88].

Бо туфайли соҳибистиқлол эълон гардидан Тоҷикистон имконияти сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намуданро пайдо кард. Акнун Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки бо давлатҳои хориҷи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ пайдо карда, бо онҳо алоқаҳои дипломатӣ ва консулиро ба роҳ монад. Махсусан, аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид гардидани Тоҷикистон, бо ҳайати Созмони амният ва ҳамкории дар Аврупо, ташкилоти конфронси исломӣ, ташкилоти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ташкилотҳои дигари байналхалқӣ аъзо гардидани он ба шарафи соҳибистиқлолии давлаташ муяссар гардид.

Чуноне, ки Пешвои миллат қайд менамоянд, “давлату давлатдорӣ як мафҳуми назариявӣ набуда, он маҳз бо мавҷудияти рукнҳои амалии давлат маъно пайдо мекунад. Шоҳидон дар ёд доранд, ки дар он рӯзҳои вазнину мудҳиш тамоми ниҳодҳои марказӣ ва маҳаллии давлатдории мо пурра фалаҷ гашта, низоми идоракунии давлатӣ барҳам хӯрда буд. Бинобар ин, барқарор кардани аркони амалии давлат талошу заҳмати зиёдро талаб мекард. Мо тавонистем дар кӯтоҳтарин замон ниҳодҳои асосии давлатдориро эҳё ва барқарор намоем. Мо, ки худ шоҳиди бевоситаи раванди барқарории рукнҳои асосии давлатдорӣ ва ташкили ниҳодҳои бунёдии сиёсӣ ва қудратии кишвар будем, фаромӯш намекунем, ки ҳар як ниҳоди давлатӣ, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чӣ мушкилот ва ҳисси масъулият ташкил ёфта буданд» [3, 10].

Раванди сиёсӣ исбот менамояд, ки воқеияти ҷаҳони муосир бори дигар арзиши истиқлоли сиёсиро дучанд мегардонад. Зеро омилҳои глобализатсионӣ дар баробари имконоти хуби худ як қатор таҳдидҳоро ба истиқлоли сиёсии давлатҳо ба вуҷуд оварда истодааст. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ давлат ҳамчун ниҳоди сиёсӣ ва субъекти мустақил қисме ҳуқуқҳои худро аз даст медиҳад ва наметавонад тамоми имконоти худро озодона иҷро намояд. Аз ҷумла, дар раванди ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллии давлатҳои рӯ ба инкишоф зери таъсири фарҳанги бузургдавлатҳо монда, рӯ ба нестшавӣ меорад. Агар аз як тараф, ин раванд ба таври объективӣ сурат гирад, аз тарафи дигар, тавассути омилҳои субъективӣ низ раванди аз байн бурдани тамаддуни ҷомеаи муайян сурат мегирад. Инчунин, дар раванди ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллату халқиятҳои хурд ва заиф дар зери таъсири тамаддуни абарқудратҳо монда, фарҳанги хешро аз даст медиҳанд ва бо онҳо омехта гашта, дар чархи таърих нопадид мегарданд.

Равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир, хатару таҳдидҳои ҷаҳонии экстремизму терроризм, офатҳои экологӣ, экспансияи фазои иттилоотӣ, бархурди тамаддунҳо, ҷанги сард, ки ҳама маҳсули глобализатсия мебошанд, доираи фаъолияти давлатро ҳамчун субъекти дорои суверенитети сиёсӣ маҳдуд намуда истодаанд. Ба ҷойи давлатҳо дар бештари ҳолат дар муносибатҳои байналмилалӣ созмонҳои фаромиллӣ қарор қабул менамоянд. Аз ҷиҳати иқтисодӣ ё сиёсӣ вобастагии давлат ба ин ё он ташкилот, ин омили манфӣ дар раванди назми худкифоии давлат мебошад. Ба вуҷуд омадани созмонҳои ҳарбиву сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои фаромиллӣ тасдиқи андешаҳои болоянд. Гурӯҳҳои гуногуни муташаккили умумиятҳои иҷтимоӣ мекӯшанд бо роҳу воситаҳои дастрас ба рафтори мақомоти давлатӣ бо мақсади рӯоварии сиёсат ба фоидаи худ таъсир расонанд.

Мусаллам аст, ки инкишофи ҳар як давлат дар олами муосир ба вазъияти ҷаҳон сахт алоқамандӣ дорад. Аз ин хотир ҷаҳонишавӣ воситаи амалинамоии ҳадафҳои мушаххаси давлатҳои абарқудрат гардидааст. Давлатҳои бузург кӯшиш менамоянд, ки ба ҳар восита зери шиорҳои ҷаҳонишавӣ, манфиатҳои худро дар сарҳади давлатҳои дигар амалӣ намоянд. Дар ин ҳолат истиқлоли сиёсии бештари давлатҳои рӯ ба инкишоф халалдор гардида тобеъи давлатҳои абарқудрат мегарданд. Вазъияти кунунии Шарқи Наздик, Афғонистон ва кишварҳои арабӣ мисоли гуфтаҳои болоянд.

Ниҳоят, падидаи ҷаҳонишавӣ ҳанӯз мураккаб ва пурихтилоф боқӣ мемонад. Дар ин раванд бақои ҳар як давлати миллӣ аз ҳифзи истиқлоли сиёсӣ ва фарҳанги миллӣ ногузир вобастааст. Давлати миллӣ ҳамчун ниҳоди мустақил ва кафили амнияти ҷомеаи муайян дар раванди ҷаҳонишавӣ аз ҳар вақта дида бештар вазифадор мегардад, ки барои мавҷудияти худ чораҳои судманд андешад.

Профессор Муҳаммад А.Н., менависад, ки “Раванди ҷаҳонишавӣ боз хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро ба миён оварда, мутахассисону коршиносонро водор менамояд, ки дар таҳлилу таҳқиқотҳои худ таъсири ҷаҳонишавӣ ва вазъи имрӯзаи ҷомеаро дар самти амалишавии ҳадафҳои миллӣ ва стратегияҳои давлатӣ дида бароянд. Ҳамзамон таъсири манфии таҳдидҳоеро, ки ба манбаъ ва воситаҳои асосӣ таъсир расонида, онҳоро корношоям ва аз мадди назар дур месозанд. Бояд тазаккур дод, ки таҳдидҳо ба раванди қабули қарорҳои сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ таъсири манфӣ расонида, хавфи пурра дар амал татбиқ нагардидани ҳадафҳои миллиро ба миён меоранд”[1, 95].

Бояд гуфт, ки онҳое, ки имрӯз аз хориҷ тавассути сайтҳои мухталифи интернетӣ ба ҳастии истиқлоли мо санг мепартоянд, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба рамзҳои давлатдории мо захм ворид созанд, хизмати хоҷагони берунаро иҷро менамоянд ва ба номи поки миллати тоҷик хиёнат менамоянд. Бингаред ба Ироқ, Афѓонистон, Сурия, Украина, Белоруссия, Венесуэла ва ѓ., ки имрӯз чӣ тавр бо ҳидояти бегонагон ваҳдатро ба парокандагӣ иваз кардаанд, бузургтарин хотираҳои моддии таърихиро ба боди нестӣ дода, кишварҳои худро ба муҳлати даҳсолаҳо қафо партофтаанд. Ин магар барои мо дарси ибрат нест? Бузургон дуруст гуфтаанд, ки «оқилон аз хатои дигарон меомӯзанду омиён дар хатои худ».

Саҳифаҳои таърихи миллати мо ҳодисаҳои нанговару ноҳамворро зиёд дидааст, вале аз он ибрат нагирифта, такрор ба такрор бо чунин иллатҳо азият кашидааст. Ҳар инсони ватандӯст ва худшиносе, ки вориди саҳнаи таърихи халқи тоҷик мегардад, дар баробари дастовардҳои мухталиф бо ҳодиса ва саҳнаҳои ҳузнангез аз хиёнат то хиҷолат, аз таассуб то ифрот рӯ ба рӯ шуда, мебинад, ки чӣ тавр муҳаббат дар қиболи бепарвоӣ, қаҳрамонӣ дар паҳлуи хиёнат, озодандешӣ дар муқобили таассуб ва монанди инҳо бо вазни ночизе дар таърихсозии миллати мо мавқеи худро аз даст медиҳанд.

Мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати истиқлол ва ваҳдат ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид. Вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар давлат дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи Истиқлоли давлатист. Аз ин рӯ, мо вазифадор ҳастем ки дар равандҳои глобализатсионӣ Истиқлол, озодии иродаи миллӣ, шаъну шараф ва қудратмандии миллати худро чун як рукни асосии ҳастии давлати мустақил арзёбӣ намоем.

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

1) Муҳаммад А.Н. Истиқлол ва манфиатҳои миллӣ. - Душанбе, 2021.-180 с.

2) Ҳайдаров Р.Ҷ.Тоҷикистон дар масири таҳкими истиқлоли давлатӣ: ҷанбаи иҷтимоӣ – сиёсӣ.-Душанбе. 2020.-108 с.

3) Раҳмон Э.Уфуқҳои истиқлол.-Душанбе:Ганҷнашриёт.- 2018.- 436 с.

Зулайхо Қодирова – ходими илмии шуъбаи масоили фалсафии дини

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷавони Осиёи Марказӣ аст, ки 9 сентябри соли 1991 пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлоли худро ба даст овард. Ин лаҳзаи таърихӣ муҳимтарин марҳилаи ташаккули ҳуввияти миллии халқи тоҷик гардида, тараққиёти минбаъдаи мамлакатро муайян кард. Ба даст овардани истиқлолият ба Тоҷикистон имкон дод, ки сиёсати дохилию хориҷии худро мустақилона муайян кунад, фарҳангу забони миллиашро инкишоф диҳад.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими давлатдории худ, рушди иқтисод ва беҳбуди шароити зиндагии шаҳрвандонаш ғамхориҳои пайваста менамояд.

Истиқлолият ба мо имкон дод, ки ҳамкориҳоро бо кишварҳои ру ба тараққи афзоиш дода дар самтҳои гуногун аз ҷумла маориф, сармоягузорӣ, техникӣ, таъмини амният, ва дигар соҳаҳои гуногунро равнақ диҳем. Истиќлолияти Тољикистон муњимтарин воќеаи таърихи халќ гардид, ки роњи рушди мустаќилонаро кушод .

Истиқлолият калиди тамоми хушбахтиҳост ҳамчунин Истиқлолият ин ҷону дилро дар роҳи ватан додан Истиқлолият ин парчамро то фалак афрохтан. Фаромуш набояд кард, ки бо шарофати Истиқлолият миллати мо гашт машҳури ҷаҳон. Истиқлолият барои кулли мардуми тоҷик-ин саодат, каромат, ва шарофат аст.

Аз ин рӯ, бояд шукргузор бошем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст ва он шабеҳи биҳишт аст. Мо ҷавонони кишварро зарур аст, ки пайрави Сарвари худ бошем, сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳар як ҳаракати номатлуби пешомадаро пешгирӣ карда, барои ободию пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.

Махмедов Муҳаммадҷон - ходими хурди илмии Шуъбаи аврупои

Институти Омузиши масъалаҳои Давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

(дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, 4 августи 2025)

Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон сиёсати хориҷии мустақилро таҳия ва татбиқ намуданд, ки бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобила, истиқлолият ва манфиатҳои миллӣ қарор дошт. Муносибатҳои ду кишвар дар ин замина шакл гирифта, дар тӯли се даҳсола марҳила ба марҳила рушд ёфтаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ миёни давлатҳо дар асоси муштаракоти умумӣ, тақдири ҳамсони таърихӣ, монандиҳои фарҳангӣ ва муштаракоти дигари иқтисодию сиёсӣ бештару дурустар ба роҳ монда мешавад. Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон дорои чунин муштаракотҳо мебошанд. Мавҷудияти чунин манбаҳо боиси рушди муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо буда метавонанд.

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон 21 январи 1993 дар натиҷаи имзои Протокол “Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон” аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуданд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод моҳи феврали соли 1995 ва Сафорати Туркманистон дар Душанбе 26.06 1999 ба кори худ шуруъ намуданд.

Заминаи шартномавӣ – ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 133 санад ташкил медиҳад, аз ҷумла Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, ки соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳоро ба танзим медароранд.

Президетҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон борҳо ба давлатҳои ҳамдигар сафарҳои корӣ, расмӣ ва давлатӣ анҷом додаанд. Президерти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 -20 08.2015, 24.08. 2018, 01.10.2019, 6.08.2021 ва 04.08.2025 бо сафарҳои корӣ, расмӣ, давлатӣ ба Туркманистон ташриф оварданд.

Президенти Туркманистон бошад 2 - 3 ноябри соли 2017, 20 06.2018, 17.09.2021, 10 -11.05.2023, 14.09.2023 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафарҳои сатҳи гуногун ташриф оварданд.

Дараҷаи баланди муносиботи сиёсӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дар сатҳи роҳбарони давлатҳо махсусан барҷаста аст. Сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ба Туркманистон (солҳои 2007, 2014, 2018) ва сафари Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон (масалан, Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ва Сердар Бердимуҳаммедов) имконият фароҳам оварданд, ки ҳамкориҳои дуҷониба таҳким ёбанд. Изҳороти муштараки сарони ду давлат далели умумият дар мавқеъгирии сиёсии онҳо дар масъалаҳои байналмилалӣ мебошад. Сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон таҳти таъсири омилҳои ҷуғрофӣ, нақлиётӣ ва иқлимӣ қарор дорад. Аммо талошҳои пайваста барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ аз ҳар ду ҷониб ба амал омадааст. Масалан:

Дар соли 2022 гардиши мол байни ду кишвар беш аз 60 миллион доллари ИМА буд;

Ширкатҳои туркманӣ дар бозори Тоҷикистон, махсусан дар бахши нафту газ, нақлиёт ва маҳсулоти кимиёвӣ фаъоланд;

Ҳамкорӣ дар бахши энергетика, боркашонӣ, гузаргоҳҳои транзитӣ ва саноат дар ҳоли рушд қарор дорад.

Ташкили Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба танзими муносибатҳои иқтисодии дуҷониба мусоидат мекунад. Тоҷикистону Туркманистон таъриху фарҳанги муштарак ва робитаҳои этникӣ доранд. Бо вуҷуди он ки шумораи туркманҳо дар Тоҷикистон ва тоҷикҳо дар Туркманистон зиёд нест, давлатҳо дар самти табодули фарҳангӣ, фароҳам овардани шароити омӯзиши забон, табодули донишҷӯён ва баргузории рӯзҳои фарҳангии ҳамдигар ҳамкорӣ мекунанд. Яке аз масъалаҳое, муҳиме, ки айни ҳол дар сатҳи глобалӣ миёни давлатҳо матраҳ аст ин таъмини рушди устувор мебошад. Рушди устувори муносибатҳои давлатҳо дар қатори дигар масъалаҳо асосан вақти сафарҳои Сарони давлатҳо ба давлатҳои ҳамдигар муҳокима ва ба шакли ҳуҷҷатҳои расмӣ қабул мегарданд. Рушди устувор дар навбати худ бе робитаҳои густурдаи фарҳангӣ имкон надорад.

Бояд тазакур дод, ки дар Туркманистон ба адабиёти форсу тоҷик ҳамеша эҳтиром қоил буданд. Дар даврони Шӯравӣ шаҳрвандони Туркманистон ба асарҳои назмию насрии Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Бозор Собир, Мумин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, ки ба забони туркмани баргардон шуда буданд, ошноӣ пайдо намуданд. Муносибатҳои фарҳангии кишварҳо дар сатҳи баланд қарор дошта рӯзҳои фарҳангии давлатҳо баргузор мегарданд. Соли 2010 Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуданд. Моҳи июни соли 2013 дар Ашқобод ҳангоми расман оғоз ёфтани сохтмони роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон барпо гардид. Тоҷикистону Туркманистон дар доираи ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО), Созмони ҳамкории Исломӣ (СҲИ) ва Ҳаракати кишварҳои бетараф, ҳамкории фаъол доранд. Туркманистон бо сиёсати бетарафии доимии худ нақши муҳим дар суботи минтақа бозида, пешниҳоди ташаббусҳои дипломатии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро ҷонибдорӣ мекунад (ба монанди Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”). Тоҷикистон низ ташаббусҳои Туркманистонро дар масоили энергетика ва транзит пуштибонӣ мекунад.

Бо назардошти манфиатҳои муштарак ва иқтидори истифоданашуда, дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон мусбат арзёбӣ мегардад. Бахшҳои зерин метавонанд самтҳои афзалиятноки ҳамкории оянда шаванд:

Ø Инкишофи роҳҳои нақлиётӣ ва логистикӣ: ташкили роҳҳои транзитии мустақим тавассути қаламрави Афғонистон;

Ø Ҳамкории афзоишёбанда дар бахши гидроэнергетика;

Ø Сармоягузории муштарак дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати сабук;

Ø Таълими касбӣ ва табодули таҷриба дар самти технологияҳои нав;

Ø Ҳамоҳангсозии фаъолият дар масоили амниятӣ ва муқовимат бо хатарҳои муосир.

Муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар се даҳсолаи охир, бо вуҷуди мушкилоти ҷуғрофӣ ва иқтисодӣ, рӯ ба рушд буда, дорои заминаи устувори ҳуқуқӣ ва сиёсӣ мебошанд. Ҷонибҳо бо ҳусни тафоҳум, эҳтиром ба манфиатҳои якдигар ва таваҷҷуҳ ба ҳамгироии минтақавӣ, метавонанд сатҳи ҳамкориҳоро ба марҳилаи сифатан нав бардоранд. Дар ин замина, тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва стратегӣ метавонад барои субот ва рушди устувори тамоми минтақа саҳмгузор бошад.

Зимни сафари Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов 2 -3 ноябри соли 2017 Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид. Имзои Аҳдномаи шарикии стратегӣ муносибатҳои ҳарду давлатро ба дараҷаи сифатан нав баврдошт.

10-11 майи 2023 Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедов бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар натиҷаи ин сафар миёни ҷонибҳо 24 санади нави ҳамкориро ба имзо расониданд. Дар қатори санадҳои ба имзо расида Эъломия оид ба тамъиқи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон низ қабул гардид, ки дар рушди муносибати дуҷонибаи байнидавлатӣ қадами калоне ба пеш буд.

4 августи 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошии Туркманистон шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок менамоянд. Сафари кории Президенти кишвар дар асл асоси устувори муносибатҳои сиёсии байнидавлатӣ аст. Он барои:

1. Таҳкими эътимоди сиёсӣ байни роҳбарони ду кишвар;

2. Баррасии рӯ ба рӯи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ;

3. Ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар созмонҳои байналмилалӣ, монанди СММ, ЭКО, СҲИ ва ғайра;

4. Дастгирии ташаббусҳои байналмилалии якдигар (ба монанди бетарафии Туркманистон ва ташаббусҳои обии Тоҷикистон); хизмат мекунад.

Сафари кории Президент метавонад заминаи рушди муносибатҳои иқтисодӣ бошад, аз ҷумла:

Ø Имзои созишномаҳои нави тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ;

Ø Баррасии барномаҳои муштараки саноатӣ, масалан дар бахшҳои энержӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноати сабук;

Ø Пешбурди ҳамкорӣ дар бахши нақлиёти транзитӣ, бо назардошти аҳамияти стратегии Туркманистон барои Тоҷикистон ҳамчун роҳи алтернативӣ ба баҳр (порти Туркманбошӣ);

Роҳандозии форумҳои тиҷоратӣ, ки бо иштироки доираҳои соҳибкорӣ метавонад робитаҳои тиҷоратиро густариш диҳад.

Дар доираи сафар метавон баргузории рӯзҳои фарҳанг, намоишгоҳҳои ҳунарӣ ва форуми ҷавонон, имзои созишномаҳо оид ба маориф, табодули донишҷӯён, омӯзиши забонҳои давлатӣ, пешбурди равобити байникориву илмӣ миёни донишгоҳҳо ва марказҳои илмии ду кишварро интизор буд, ки барои наздик кардани мардумони тоҷику туркман мусоидат мекунад. Дар шароити ҷаҳони муосир, масъалаҳои амнияти минтақа, мубориза бо хатарҳои фаромарзӣ (терроризм, қочоқи маводи мухаддир), ҳамкориҳои соҳаи энергетика, интиқоли об, вазъи Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи хос қарор доранд. Дар доираи сафари Президенти кишвар имкони ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ дар масоили минтақавӣ фароҳам меояд, сиёсатҳои ҳамгироёна ба манфиати субот ва пешрафти тамоми минтақа таҳия мешаванд, роҳи боз кардани масирҳои транзитии нав аз Тоҷикистон ба Туркманистон тавассути Афғонистон баррасӣ мешавад.

Сафари кории сатҳи олии Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо ҳуҷҷатҳо ва созишномаҳои мушаххас анҷом ёбад, ки татбиқи онҳо натиҷаҳои зеринро ба бор меоранд - болоравии гардиши мол, рафъи монеаҳои маъмурӣ дар ҳамлу нақл, соддагардонии раванди ҳамкории соҳибкорон, афзоиши робитаҳои фарҳангӣ ва илмӣ, поягузории лоиҳаҳои муштараки стратегии дуҷониба.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон як фурсати сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии хеле муҳим ба шумор меравад, ки метавонад муносибатҳои ду кишварро ба сатҳи нав бардорад. Ин гуна сафарҳо на танҳо рамзи эҳтиром ва эътимод, балки абзори стратегӣ барои татбиқи манфиатҳои миллии ду давлат ва рушди ҳамгироии минтақа мебошанд.

ДАВЛАТОВ Зубайдулло, ходими калони илмии шуъбаи ИДМ -и

Институти омузиши масъадаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

(Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, 4-5 августи 2025)

Тоҷикистону Туркманистон дорои сарвату захираҳои фаровони табии буда, ҳар ду кишвар ба мисли кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ миёни ҳам робитаҳои ҳасанаи дипломатӣ дошта, дар тавсеаи пайвандҳои муштарак бо манотиқи Осиёи Ҷанубӣ бо чунин иқтидору ташаббусҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ дар ҳалли масоили гуногун нақш мебозанд. Ҳар ду кишвари дӯст бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон равобити хубу ҳасана дошта, дар эҷод ва рушди иқтисодӣ ва тиҷорату саноату сайёҳат ҳамкорӣ доранд.

Робитаҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун ду давлати мустақил 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» замина пайдо карда, моҳи феврали соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод ва 26 июни соли 1999 Сафорати Туркманистон дар Душанбе ба фаъолият оғоз карданд.

Бо тавсеа ва тақвиятёбии тамосҳои сиёсӣ ҳусни эътимод миёни ҳар ду кишвар таҳким ёфта, роҳбарони кишварҳо борҳо сафарҳоро ба давлатҳои ҳамдигар анҷом додаанд. Санаи 19-20 августи 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафари расмӣ анҷом дод ва 2-3 ноябри 2017 зимни сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид. Дар заминаи он 20 июни 2018 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба мақсади ширкат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24 августи 2018 дар минтақаи миллии сайёҳии "Аваза"-и шаҳри Туркманбошӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал иштирок кард.

Тоҷикистону Туркманистон дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, ЮНЕСКО, СҲИ, TRACECA, С5+1, ИА+Осиёи Марказӣ, Ҷопон+Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Корея-Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ, Осиёи Марказӣ-Чин, инчунин дар масъалаҳои вобаста бо Афғонистон бо мавқеи ягона дар ҳалли бештари масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Ибтикори Туркманистон дар мавриди эълони соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ “Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод” баёнгари рӯшани эътирофи сиёсати хориҷии Туркманистон буда, пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон вобаста ба эълон доштани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» баҳри ҳифзи мардумони сайёра бисёр муҳиму саривақтӣ маҳсуб меёбад, ки аз мактаби сулҳу созандагии Тоҷикистон маншаъ мегирад.

Нахустин нишасти муколамаи Тирмиз оид ба робитаҳои мутақобилаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар шаҳри Тирмиз таҳти унвони «Ташаккули фазои муштараки сулҳу осоиш, дӯстӣ ва шукуфоӣ» санаи 19-21 май соли 2025 дар шаҳри Тирмизи Узбекистон дар мавзуи «Эъмори фазои умумии сулҳ, дӯстӣ ва шукуфоӣ» доир гардид, ки дар он намояндагон аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Уқёнуси Ором, Амрико ва Ховари Миёна иштирок намуданд. Бояд эътироф кард, ки ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони кишварҳо Осиёи Марказӣ ба фазои эътимоду ҳамкориҳои судманд табдил ёфта, минтақа бо сулҳу суботу созандагӣ пеш рафта, чолишҳо ва таҳдидҳои ба вуҷудомадаро мустақилона бартараф намуда, ба масири рушди прогрессивӣ ворид шуда, ба маркази фаъолияти иқтисодию сармоягузорӣ табдил ёфт. Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи чунин ҳамгироиҳои минтақавӣ роҳҳоро барои рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ боз карда, ҳамкорӣ хоҳад кард.

Бояд ишора кард, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бо доштани беш аз 1,7 миллиард аҳолӣ рушду нумуъ карда, кишварҳои калидии он аз ҷумла Ҳиндустону Покистон чун узви фаъоли СММ ва дигар форуму ташкилотҳо нақши калидӣ мебозанд. Миёни кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ Покистон бо Тоҷикистону Афғонистону Эрон дар масофаи хело наздик қарор дошта, аз шарикони тиҷоративу иқтисодии минтақавӣ маҳсуб меёбад. Кишвари Ҳиндустон бо роҳандозии рушди саноти дорусозиву табобату сайёҳат низ нақши муҳим мебозад.

Ба андешаи таҳлилгарон ин кишварҳо метавонанд бо эҷод ва таҳкими ҳамкориву ҳамгироии минтақавӣ миёни ҳам захоири фаровони худро, аз ҷумла обу энергияро пурра коркард намуда, фараҳмандиро барои мардумони худ фароҳам оваранд. Бешак дар даврони истиқлолият кишварҳо тавонистанд тавассути лоиҳаҳои содироти газ ва иқтидори энергетикӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Покистон ва Ҳиндустон лоиҳаҳоро роҳандозӣ намоянд.

Бо дигар шудани авзоъ дар минтақа, кишварҳо ташаббусҳову мактаби сулҳу суботи Тоҷикистонро ҳимоят карда, бо имзои созишномаҳои лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ аз қабили CASA 1000 ва TAPI интиқоли барқу газ аз Туркманистон ба Покистон ва Ҳиндустон руй кор омад.

Бо содироти захираҳои энергетикӣ аз Осиёи Марказӣ тавассути Афғонистон бо истифода аз лоиҳаҳои CASA-1000 аз Тоҷикистону Қирғистону Афғонистону Покистон баҳри рушди саноати барқ ва таъсиси шабакаи минтақавии энергетикӣ ва TAPI тариқи Туркманистону Афғонистону Покистону Ҳиндустон роҳандозтии лӯлаи газ, инкишофи роҳҳои коммуникатсионӣ ё нақлиёт, осон кардани расмиёти гумрукӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар гузаргоҳҳои асосии сарҳадӣ, тавсеаи имкониятҳо барои мубодила, афзоиши имкониятҳо заминаҳои хуб хоҳад гузошт.

Коршиносони минтақа самти дигари расидан ба минтақаро тавассути роҳи нақлиёти шоҳроҳи Қарақорум, ки қаламравҳои Чин ва Покистонро бо ҳам мепайвандад, медонанд. Ҳамин тавр, роҳҳои Транс-Эрону Транс-Чин кишварҳои Осиёи Марказиро бо Ҳиндустон ва бо Покистон пайваст намуда, таъмини амну сулҳу суботи Афғонистон ба хотири ҳамкориҳои байниминтақавӣ, хело муҳим шуморида мешавад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваста ҳамгироиву ҳамсоягиву дӯстиро нигоҳ дошта,саъй доранд тарҳҳои нақлиётиро бо Ҷануби Осиё роҳандозӣ намоянд. Барои дастёбӣ ба бозорҳои ҳамдигар тавсия дода мешавад, ки муноқишаҳо ба хусус Покистону Ҳиндустон саривақт чун узви фаъоли СММ ва СҲШ бартараф намуда, аз мактаби сулҳу созандагии Тоҷикистон ва дипломатияи ҳамсоягиву ҳамҷаворӣ баҳри осудагии мардумони худ истифода кард.

Фақат танҳо бо оғози раванди сулҳи воқеӣ ва тағйири таносуби нерӯҳо метавон ба таҳияи тарҳҳои калидӣ муваффақият ба даст овард. Дар ниҳоят бояд таъкид кард, ки ҳамгироии кишварҳои минтақаи ОМ, аз ҷумла Тоҷикистону Туркманистон заминаро дар амалисозии лоиҳаҳои бузурги CASA-1000 ва TAPI баҳри фароғу фараҳу фурузонии давлатҳои минтақаи ОҶ фароҳам оварда, дар рушд ва суботи минтақавӣ кӯмак хоҳанд расонд.

Ба назари нигорандаи сатрҳо сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Авазаи Туркманистон ва суханронӣ дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ заминаи хуб дар таҳкими равобити ҳасанаи ҳар ду кишвар буда, роҳро баҳри ҳамкориву ҳамгироии минтақавӣ тақвият хоҳад бахшид. Ба андешаи Роҳбари давлати Тоҷикистон ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки самтҳои афзалиятноки сафарбар намудани саъю талошҳои минбаъда муайян карда шаванд. Ҳамин тариқ, татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ рушд карда, таҳкими сулҳу субот миёни кишварҳо тақвият хоҳад ёфт. Зеро ин кишварҳо дорои стратегияи ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ буда, ҳамкорию ҳамгироиву ҳамсоягии онҳо баҳри рушди иқтисод, тиҷорат, фарҳанг, субот ва амният муҳим арзёбӣ мешавад.

Мирсаид Раҳмонов, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

(дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, 4 августи 2025)

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон ҳамчун давлатҳои мустақили пасошӯравӣ, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991, дар раванди бунёди сиёсати хориҷии худ ба густариши муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя аҳамияти аввалиндараҷа доданд. Дар натиҷаи пеш гирифтани чунин сиёсати хориҷӣ, барои онҳо мушарраф гардид, ки аввало робитаҳои дипломатиро миёни ҳам барқарор намоянд.

Муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистону Туркманистон 27 январи соли 1993 расман барқарор гардид, ки аз он замон то имрӯз ин муносибатҳо ба таври пайваста ва босубот рушд мекунанд. Заминаи шартномавӣ – ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 133 санад ташкил медиҳад, аз ҷумла Созишнома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳоро ба танзим медароранд.

Бо гузашти беш аз се даҳсола аз истиқлолият, равобити Тоҷикистону Туркманистон аз сатҳи дипломатӣ ба марҳилаи шарикии стратегӣ расидааст. Таҳкими равобит ва ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадани онҳо зина ба зина, асосан дар замони пас аз соли 2000 сурат гирифтааст. Созишномаи расмии шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон дар таърихи 2-уми ноябри соли 2017 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон, Эъломияи оид ба тақвияти шарикии стратегӣ байни ду кишвар ба таври расмӣ дар таърихи 10–11 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе қабул гардид, ки дар доираи он боз 23 қарордоду ёддошти тафоҳумро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, нақлиёт, амният, фарҳанг ва таълим дарбар мегирифт, ба имзо расиданд.

Тоҷикистону Туркманистонро муносибатҳои деринаи таърихиву фарҳангӣ мепайванданд. Ҳамчунин ҳарду миллат решаҳои муштараки тамаддуни Осиёи Марказиро доранд ва мубодилаи фарҳангиву илмӣ миёни онҳо таърихи чандинсадсола дорад. Аз нигоҳи сиёсӣ, муносибатҳои ду кишвар бар асоси эҳтироми соҳибихтиёрӣ, дахлнопазирии марзҳо, ҳалли масъалаҳо бо роҳи гуфтушунид ва манфиатҳои мутақобилан судманд бунёд ёфтаанд.

Ҳар ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲИ ва дигар ташкилотҳо ҳамкории зич доранд. Тоҷикистон ҳамеша мавқеи Туркманистонро ҳамчун кишвари бетараф (нейтралӣ) эҳтиром мекунад ва аз ташаббусҳои он ҷонибдорӣ намудааст.

Яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ байни ду кишвар — нақлиёт ва логистика мебошад. Туркманистон ҳамчун кишвари дорои дастрасӣ ба баҳри Каспий ва тавассути он ба бозорҳои ҷаҳонӣ, барои Тоҷикистон як роҳу василаи муҳими тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон, ҳамчун як кишвари дар муҳосираи хушкӣ қароргирифта (бе дастрасӣ ба баҳр), барои рушди иқтисод ва густариши савдо ба роҳҳои транзитии кишварҳои ҳамсоя ниёз дорад. Дар ин замина, Туркманистон бо ҷойгиршавии стратегии муҳими географӣ, метавонад нақши калидӣ дар васл намудани Тоҷикистон бо бозорҳои ҷаҳонӣ бозӣ кунад. Истифодаи роҳҳои транзитии Туркманистон барои Тоҷикистон имкониятҳои нави логистикӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ фароҳам меорад.

Дар шароити тағйирёбии сиёсиву иқтисодии минтақа, ин ду кишвар ба таҳкими ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд. Ин лоиҳаҳо на танҳо барои рушди инфрасохтори дохилӣ муҳиманд, балки метавонанд омили таҳкими ҳамгироии иқтисодии тамоми Осиёи Марказӣ шаванд.

1. Роҳи оҳани Қазоқистон – Туркманистон – Эрон

Яке аз лоиҳаҳои калидии минтақавӣ, ки Тоҷикистону Туркманистон дар он манфиатҳои умумӣ доранд. Ин масир:

1. Қазоқистонро аз тариқи Туркманистон ба бандарҳои баҳри Уқёнуси Ҳинд (Бандар Аббос, Эрон) мепайвандад;

2. Барои Тоҷикистон як алтернативаи муҳими транзитӣ барои содироту воридоти мол ба бозорҳои Ховари Миёна ва берун аз он мебошад.

2. Лоиҳаи долони нақлиётии “Шимол – Ҷануб”

Ин долон, ки чандин кишварро дар бар мегирад, аз Русия ба Эрон тавассути Қазоқистон, Туркманистон ва Эрон мегузарад. Тоҷикистон метавонад бо Туркманистон ва Эрон ҳамкорӣ намуда, ба ин долони муҳими байналмилалӣ пайванд шавад.

3. Долони нақлиёти Транскаспий (Долони Миёна).

Ин лоиҳаи минтақавӣ барои ҳарду кишвар хеле муҳим буда, натанҳо кишварҳои иштирокдор аз он манфиатдоранд, балки тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро ба меҳвари нави логистикӣ табдил медиҳад.

4.TUTAP. Ин лоиҳа идомаи мантиқии CASA 1000 буда, дар оянда системаҳои энергетикии Туркманистону Ӯзбекистон ба CASA 1000 пайваст мешавад, ки ин имкон медиҳад то чаҳор фасли сол кишварҳои Осиёи Ҷанубиро бо қувваи барқ таъмин хоҳанд кард.

Дар арсаи сиёсӣ, мулоқоту вохӯриҳои сатҳи олӣ байни президентон ва ҳайатҳои давлатӣ пайваста баргузор мегарданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба Ашқобод сафарҳои расмиву давлатӣ анҷом додааст ва ҳамчунин Президенти Туркманистон низ ба Душанбе ташрифоти расмиву давлатӣ ворид шудааст, ки боиси таҳкими эътимоди сиёсӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба гардидаанд. Сафари кории навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон дар таърихи чоруми августи соли равон боз як саҳифаи наверо дар муносибатҳои дӯстонаву шарикии ду кишвар боз хоҳад кард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳҳамедов гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ин сафар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 3-юмин Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок менамоянд.

Бо дарназардошти муносиботи дӯстона ва манфиатҳои муштарак, дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон мусбат арзёбӣ мешавад. Гузариш ба сатҳҳои нави ҳамкорӣ, бахусус дар самтҳои иқтисод, технологияҳои нав, мубодилаи рақамӣ ва экология, метавонад ба манфиати ҳар ду кишвар бошад. Муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар даврони муосир дар рӯҳияи дӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва ҳусни ҳамкорӣ рушд меёбанд. Шарикии стратегии ин ду кишвар на танҳо ба манфиати миллии ҳарду давлат, балки барои суботи минтақаи Осиёи Марказӣ низ муҳим мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати “дарҳои боз” ва ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа содиқ аст ва дар ин росто, Туркманистон яке аз шарикони муҳими стратегии он дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад.

ШАРИФОВ Искандар, ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Пиряхҳо ва дигар компонентҳои қабати криосфера унсурҳои муҳими системаи экологии ноҳияҳои баландкуҳи Тоҷикистон ба шумор мераванд ва ҳифзи онҳо аз таназзулёбӣ дар раванди тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои мубрами рӯз аст. Обшавии босуръати пиряхҳо дар давоми даҳсолаи охир тамоми мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Аз ҷумла мардуми кишвари моро, зеро таи солҳои охир беш аз ҳазор пирях дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон об шуда, аз байн рафтаанд.

Бо назардошти муҳимияти масъалаи ҳифзи пиряхҳо аз таназзулёбӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи 77-уми худ, санаи 14 декабри соли 2022 қатънома оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро қабул намуд.

Дар заминаи қатъномаи зикргардида ва бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши дигар унсурҳои қабати криосфераи Замин, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи дигарро таҳти рақами 78/321 бо номи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025–2034” 13 августи соли 2024 қабул намуд, ки ин иқдоми беназир барои олимон боз як масъулияти пурарзишро ҷиҳати пешбурди корҳо дар солҳои минбаъда ба бор меорад.

Қабатҳои яхбастаи ҷинсҳои куҳӣ дар қатори пиряхҳо ва яхҳои зеризаминӣ яке аз компонентҳои асосии криосфера ба ҳисоб мераванд.

Омӯзиш ва гузаронидани тадқиқотҳо дар ин самт аҳамияти калон дорад, зеро майдони паҳншавӣ ва инкишофи ин қабатҳо бештар аз 40% масоҳати кишвари моро дар бар гирифтааст. Ҳолати воқеии ин қабатҳо аз гармшавии глобалии иқлим, ки ба таназзулёбии пиряхҳои аксари мавзеъҳои баландкуҳи кишварамон таъсири худро расонидааст, алоқамандии зич дорад. Яъне дар баробари обшавии пиряхҳо ба сақфи қабатҳои яхбаста ҳам, ки дорои ҳассосияти баланд ба тағйирёбии ҳарорати ҳаво мебошанд, таомюли обшавӣ таҳдид карда истодааст. Қабатҳои номбурда асосан дар табақаи криолитӣ ҷойгир мебошанд.

Табақаи криолитӣ (криолитозона), як қисми криосфера, қабати аз ҳама болоии қишри замин буда, барои пойдории он ҳарорати манфии ҷинсҳои куҳӣ ва хокҳо дар давоми сол хело хос мебошад. Минтақаҳои паҳншавии ҷинсҳои яхбастаи бисёрсола ба ҳаргуна таасуроти ҳарорат ва таъсиррасониҳои хусусияти дигар дошта, ҳассосияти баланд зоҳир менамоянд. Дар табақаи криолитӣ падидаҳои зиёдеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ба тағйирёбии шакли релйеф оварда мерасонанд. Аз ҷумла пайдошавии термокарстҳо танҳо ба чунин минтақаҳо хос мебошад. Дар натиҷаи андак баландшавии ҳарорати ҳаво умқи обшавии мавсимии ҷинсҳои яхбастаи бисёрсола зиёд шуда, ях ба об табдил мегардад. Об дар навбати худ аз таркиби ҷинсҳои куҳӣ хориҷ шуда ҷинсҳо зич мешаванд ва ба пастшавӣ ё фуруравӣ шуруъ мекунанд. Падидаи мазкур термокарст ном гирифтааст.

Ин табақа дорои шароитҳои мураккаби геологӣ, муҳандисӣ-геологӣ, гидрогеологӣ, геокриологӣ ва геоэкологии аз дигар минтақаҳо фарқкунанда буда, тадқиқотҳо дар он хело кам гузаронида шудаанд, ба истиснои баъзе корҳои дар давраи шуравӣ ба анҷом расонида шуда.

Омӯзиши минтақаҳои номбаршуда барои давлатҳои дар ин мавзеъҳо ба сохтмони нуқтаҳои аҳолинишин, объектҳои инфрасохтори иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва хизматрасонӣ машғул буда, хело муҳим мебошад.

Дар кишвари мо бошад азхудкунии фаъоли чунин минтақаҳо бинобар дар баландкуҳҳо ҷойгир будани онҳо ҳанӯз кам ба назар мерасад.

Вале омӯзиш ва тадқиқот дар ин минтақаҳо аз лиҳози гирифтани маълумотҳо барои арзёбии хатар, андешидани чораҳои саривақтӣ ва пешгирии сар задани офатҳои табиӣ аз қабили селҳои рахнашикани пиряхӣ ва дигар равандҳои хатарноки экзогении геологӣ, ки сарчашмаи сар задани онҳо чунин минтақаҳо мебошанд, таъмини амнияти экологӣ дар ин минтақа ва атрофи онҳо, огаҳӣ пайдо намудан оид ба ҳолати воқеъии пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии чунин мавзеъҳо аҳамияти муҳим дорад.

Айни замон набудани маълумотҳои кофӣ оид ба омӯзиши чунин минтақаҳо, мавҷуд набудани мубодилаи иттилоот байни вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои дар ин ҷода корҳоро пешбаранда ва дастрасӣ надоштани коршиносону олимони соҳа ба маълумотҳои ночизи маҳфузбуда бархе аз мушкилоти ин самт ба шумор мераванд. Проблемаи муҳими дигар ин набудани кадрҳои таҷрибадор дар ин бахш буда, омодасозии кадрҳои ҷавон барои кор дар минтақаҳои мазкур низ тибқи талаботи тахассусӣ ба роҳ монда нашудааст.

Ба ҳамаи ин мушкиливу норасоиҳо нигоҳ накарда, олимони соҳаро лозим аст, ки барои боз ҳам тақвият додани пажуҳиши амиқи криосфера ва компонентҳои асосии он: пиряхҳо, қабатҳои яхбастаи абадӣ ва яхҳои зеризаминӣ табодули таҷрибаро бо идораву ташкилотҳои истеҳсолӣ хубтар ба роҳ монда, тавассути пешбурди фаъолияти самараноки илмӣ нақши бориз доштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо собит намоянд.

Абдусалом Маҳмадалиев, номзади илмҳои геология ва минералогия,

сарходими илмии озмоишгоҳи МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ

Китоби "Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон" (Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – 464 саҳ.) маҷмӯаи суханони пурҳикмат ва пандҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин китоб, ки аз суханрониҳо, паёмҳо ва мулоқотҳои Сарвари давлат дар бораи истиқлол, ваҳдат, фарҳанг, забон, занон, ҷавонон ва дигар масъалаҳои ҳаётӣ иборат аст, чун ганҷинаи маънавӣ барои ҳар тоҷики ватандӯст хизмат мекунад ва хоҳад кард.

4344

Мураттиб ва муаллифи пешгуфтори ин китоби нодиру арзишманд мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фиристодаи Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Зафар Шералӣ Сайидзода мебошад. Дар ин маҷмӯа суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шудаанд. Омӯхтан ва дастури амал қарор додани ин нуктаҳои ҳакимона ва афкори баланд ба падарону модарон, устодони мактабу донишгоҳҳо ва мураббиёни муассисаҳои тарбиявӣ дар кори парвариши насли наврас, ки масъули ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон мебошад, мусоидат хоҳад намуд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими фаъолияти сиёсию давлатии Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбия мебошад. Таълиму тарбия дар фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи ҳидоятҳои ҳакимона, раҳнамунҳои хирадмандона ва тавсияҳои судманд сурат мепазирад. Ин нуктаҳои ҳакимона ва андешаҳои баланд дар сатрҳои китобҳо ва мақолаҳои таърихӣ ва сиёсӣ, матни суханрониҳо ва паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун гавҳари тобнок медурахшанд ва ба ҷону замири хонанда ва шунаванда сафою равшанӣ мебахшанд. Бадеҳист, ки дар қолаби як маҷмуа, ҳатто бисёрсаҳфа, наметавон тамоми дурдонаҳои баҳри беканори андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷой дод. Вале он чи дар ин китоб гирдоварӣ шудааст, калиде аз ганҷинаи тамомнашудании андешаи Сарвари давлат аст, ки имкони баҳрабардориро барои ҳар фарди миллат, бавижа наврасону ҷавонони баҳушу боистеъдоди мо, медиҳад.

Китоб фарогири 13 бахш мебошад.

1. Бахши "Дар бораи истиқлолияти давлатӣ" яке аз самтҳои муҳими китоб аст. Истиқлолияти давлатӣ, забон, модар, Ватан, фарҳанг ва тамаддуни куҳанбунёди мардумон ҳалқаҳои васлкунандае мебошанд, ки моро ба сӯйи ваҳдату ягонагӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат раҳнамоӣ месозанд. Аз ин рӯ ҳар кадоми онҳо барои мо аз муқаддасоти инсонӣ ва имонӣ ба шумор мераванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолро ҳамчун неъмати бузург ва рамзи озодӣ таъкид мекунад: "Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд" (саҳ. 31).

2. Дар бахши "Дар бораи сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ", Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки: “Мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати истиқлолият ва ваҳдат ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид. Ҳар қадар, ки аз ин санаи тақдирсоз фосилаи таърих бештар тай мешавад, аҳамияти бузургу сарнавиштсози ин ду мафҳуми муқаддас барои давлату халқи Тоҷикистон ҳамон қадар равшантар мегардад (саҳ. 49). Дар китоб зиёд суханоне ҳастанд, ки аз мушкилоти солҳои аввали истиқлол ёд мекунанд ва нақл аз он менамоянд, ки чӣ гуна бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор шуд. Ин суханон нишон медиҳанд, ки ваҳдат ва сулҳ на танҳо барои имрӯз, балки барои ояндаи наздику дури миллат низ муҳиманд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: " Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қимати бузург доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии тамоми халқи мамлакат мебошанд" (саҳ. 67).

3. Бахши "Дар бораи худшиносӣ" ба аҳамияти худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз таърих ва фарҳанг таъкид мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: "Истиқлолият дари худшиносиро ба рӯйи мо кушод, эҳтироми ҳамаи суннату оинҳои муқаддаси аҷдодӣ, пос доштани қадру қимати давлати миллӣ ва ваҳдати миллиро ба ҳар фарди бедордил омӯзонд" (саҳ. 81). Ин суханон ҳушдор медиҳанд, ки бидуни худшиносӣ миллат наметавонад пойдор бошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки ҷавонон бояд аз таърих ва фарҳанги худ огоҳ бошанд, то дар роҳи пешрафти иҷтимоӣ устувору комёб бимонанд.

4. Дар бахши "Дар бораи таърих" Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки омӯзиши таърих ва таҷрибаи дар тӯли асрҳо андӯхтаи миллатамон ба мо барои бунёд кардани давлати пешрафта, тараққихоҳ ва сулҳдӯст, инчунин таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва дар қалби мардум баланд бардоштани эҳсоси гарми ватандориву ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ, мисли обу ҳаво, зарур аст (саҳ. 94). Ин суханон нишон медиҳанд, ки таърих на танҳо дорои сабақи гузашта, балки як навъ роҳнамои оянда мебошад.

5. Бахши "Дар бораи забони модарӣ" ба аҳамияти забони тоҷикӣ ҳамчун омили ваҳдат ва пойдории миллат таъкид мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: " Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омилест, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ дар масири пуршебу фарози таърих бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст" (саҳ. 114). Мо, ворисони тамаддуни куқанбунёд ва фарҳанги солори тоҷикон, имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ омили ҳастӣ ва бақои забони тоҷикӣ буда, саҳми он дар баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносӣ, ватандориву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ ва густариши фарҳангу тамаддуни мо бениҳоят барҷаста аст (саҳ. 148).

6. Дар бахши "Дар бораи одобу ахлоқ" Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи муосири башарӣ собит месозанд, ки имрӯз сатҳи пешрафту инкишофи ҳаёти маънавии инсониятро на шумораи зиёди аҳолӣ ва сарватҳои моддӣ, балки ахлоқи ҳамида, тарбияи нек, рушду нумӯи илму маориф ва техникаву технологияњои муосир муайян мекунанд (саҳ. 224). Ин суханон ба аҳамияти тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ дар ҷомеаи муосир ишора менамоянд.

7. Бахши "Дар бораи таълиму тарбия" ба нақши муҳими таълим дар рушди ҷомеа равона гардида, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: " На танҳо падару модар, балки роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омӯзгорон, ҷомеа ва давлат вазифадор мебошанд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд диққати махсус диҳанд. Зеро тарғибу ташвиқи одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ба воя расонидани хонандагону донишҷӯён нақши муҳим мебозанд" (саҳ. 242).

8. Дар бахши "Дар бораи занон ва бонувон" Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад: "Зан-модар, ба мисли баҳор, пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз, тавъам омадани Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шуруъ мешавад" (саҳ. 265).

9. Бахши "Дар бораи ҷавонон" ба нақши ҷавонон ҳамчун ворисони ояндаи миллат таъкид мекунад: " Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо ва мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад" (саҳ. 296). Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро даъват мекунад, ки " ... тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош намояд" (саҳ. 302).

10. Дар бахши "Дар бораи миллати тоҷик" Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки миллати тоҷик, ки яке аз миллатҳои қадимаи минтақа ва ҷаҳон мебошад, бо дили поку нияти нек бузургдошти тамаддуни ниёгони ориёии худро қайд мекунад (саҳ. 322). Тоҷикон ҳамчун халқи куҳанбунёд дар тӯли таърих бо бузургону фарзонагони илму фарҳанги оламгир, фарзандони ҷасуру фидоӣ ва содиқу сазовори номи неки миллат соҳиби шуҳрати ҷаҳонӣ гардидаанд (саҳ. 325).

11. Бахши "Дар бораи зиёиён" ба нақши зиёиён дар ҷомеа ишора мекунад: " Дар лаҳзаҳои сарнавиштсози Ватан зиёиён бояд мавқеи сиёсии устуворро ишғол намоянд, аз калавандагию бетарафӣ ҳазар кунанд ва ифодагари ормонҳои миллати хеш бошанд" (саҳ. 337). Зиёиён қувваи тавоно ва пешбарандаи ҷомеа буда, нақши онҳо дар тарбияи насли наврас хеле муҳим мебошад. Итминон дорем, ки зиёиёни тоҷик, ҳамеша чун неруи ақлу хирад, дастгири халқи худ хоҳанд шуд (саҳ. 339).

12. Дар бахши "Дар бораи Наврӯз" Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҳамчун мероси муқаддас ва рамзи ваҳдат таъкид мекунад: " Аҷдоди соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз панҷҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл мерос гузошта, бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш гиромӣ доштааст ва барои пойдории он талош варзидааст" (саҳ. 373). Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад (саҳ. 384).

13. Бахши "Дар бораи Конститутсия" ба аҳамияти Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун санади муқаддас ишора мекунад: "Рӯзи 6–уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, яъне бевосита аз ҷониби худи халқ, бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи кишвар қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу тақдирсоз ва ифодагари азму иродаи мардум роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян намуд" (саҳ. 427). Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки: “Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд” (саҳ. 428).

Китоби "Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон" барои тоҷикон чун ганҷинаи маънавӣ аст. Суханони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳикматҳои зиндагӣ, балки роҳнамои сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Дар замони муосир, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафтҳои нав ноил шудааст, ин суханон ҳамчун нури ҳидоят хизмат мекунанд. Мо бояд онҳоро дар кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ ба инобат гирем, омӯзем, риоя кунем ва ба наслҳои оянда таблиғ намоем. Ин китоб нишон медиҳад, ки миллати тоҷик дар партави андешаҳои бо ҳикматомӯзи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи дурахшон ноил мегардад.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Истиқлолият калимаи зебоест, ки тавассути зикри он тасвири кишвари озоду мустақил пайдо мешавад. Моҳи декабри соли 1991 баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ қадами аввали мустақилият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон оғоз гашт, ки ҳеҷ кишвари Осиёи Марказӣ қаблан чунин мухториятро соҳиб нашуда буданд. Замоне буд, ки кишвар аз як тараф ба шинохти ҳуввият майлон дошт ва аз тарафе дигар ба кашмакашҳои таҳмилӣ таҳрик мешуд. Ба андешаи баъзеҳо кишвар аз пасомондатарин минтақаи Осиёи Миёна буд.

Охирҳои соли 1980 ва аввалҳои соли 1992 буд, ки шиорҳои ошкорбаёнӣ ва озодӣ аз ҷониби роҳбарони собиқ Шӯравӣ оғоз шуд ва Тоҷикистонро ба сӯи шинохти миллатсозӣ бо тарзу муносибатҳои ноустувор равона мекард. Ин маҷроҳои ноҳамвору бесубот зери сарпарастии бегонаситезон кишварро рӯз то рӯз ба самти норушан ва ноором кашондан мегирифтанд ва кор ба ҷое расид, ки ҷони зиёда аз ҳазор шахс талаф ёфт ва миллионҳо хасорати иқтисодӣ бар ҷой гузошт. Талошҳои гурӯҳҳои сохта барои озодӣ ва ҳуввиятсозӣ вазъияти кишварро боз ҳам ваҳимтару ваҳшатноктар мекард ва мардумро ба тарафи парокандагӣ ва ҷудоихоҳӣ мебурд. Вазъият ба ҷое расида буд, ки дар ҷомеа ноадолатиҳои иҷтимоӣ афзудан мегирифт ва ноилоҷ бисёре аз мардум ба сӯи кишварҳои ҳамсоя муҳоҷират карда, хонаву фарзандони худро тарк карданд. Ҳамин солҳо буд, ки бо раҳму меҳрубонии Худованд болои мардуми ҷафокашидаву ранҷур боли тараҳҳум ва меҳрубониашро кушода, донаи файзу баракат ва нуру саодатро болои осмони кишвар чош диҳад. Бо лутфу карами худовандӣ ин донаи муборак ба кишвар афтод ва файзи он низ ба машоми яке аз фарзандони фарзонаи миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расид ва ӯ сабаб шуд то миллатро аз ҳалокат наҷот диҳад. Бо ҳувайдо шудани ин фарзанди фарзонаи миллат, Тоҷикистон чандин марҳиларо тай намуд, то такомул ва рушд намояд.

Вуруди ин фард аз марҳалаи нахустин қадам дар созандагии миллат буд, ки зоҳир шуд ва ин фарзанди баруманд кишварро аз самти ҷаҳолат ва разолат ба сӯи илму шарофат кашол дода, талошу мубориза кард, то ҳамаи халқ ҷафокашидаро аз дори ғурбату дарбадарӣ, ба дори улфату меҳрубонӣ биёварад. Замоне буд, ки дар аксари кишварҳои собиқ Шӯравӣ кашмакашҳои сиёсиву иҷтимоӣ рух медод ва гоҳу ногоҳ асароти мусбату манфии онба мардуми кишвар таъсир мерасонд.

Таҳлилгарон Кирил Нурҷанов ва Крисшан Блеур воқеаҳои он даврро чунин баррасӣ карданд: "Охирҳои соли 1980 ва аввалҳои соли 1990 вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии дар Тоҷикистон ноустувор буд. Корбурдони гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбарони сиёсӣ барои тағйири вазъ талош мекарданд. ...Аммо баъди чанд муддате вазъ нооромтар шуд ва тақсимбандии гуруҳӣ ва минтақавии кишвар оғоз шуд". (“Tajikistan: Political and Social History” by Kirill Nourzhanov and Christian Bleuer, Australia National University, 2013”)

Ин вазъи нооромро қаҳрамони миллат андешида, боз як бори дигар бо шаҳомату ҷасури дар ҷаласаи таърихсози қавм аз ҷой бархост ва ба халқи худ чунин хитоб кард: "То замоне, ки дар бадан ҷон дорам барои озодӣ ва ободии халқу ватан ҷонамро фидо мекунам ва ҳаргиз иҷозат намедиҳам,ки душманон ба он хадша зананд". Ин иқдоми дуввум буд, ки ин фарзанди абармарди кишвар барои созандагии миллат талошҳо варзид то ватанро аз парокандагӣ ва ҷудоӣ муҳофизат намояд.

Бо ҳамин нияти нек барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватан иқдомҳои наҷибу чорасоз, қадамҳои қавитар гузошт ва миллатро ба самти созандагӣ ва ободонӣ роҳнамоӣ кард. Аммо ҷои таассуф буд, ки дар ҳамон шабу рӯз вазъияти минтақа дар муҳити инқилобӣ ва фарозу нишебиҳо қарор дошт ва афроди ситезаҷуй ва тангназар аз марҳалаҳои санҷишӣ барои рушд ва нумуи миллатсозӣ истифода карда, кишварро боз ба сӯи торикӣ ва ҷаҳолат таҳрик карданд ва талошу муборизаҳои ташаббусозӣ ин фарзанди барумандро нодида гирифтанд. Вале ин абармарди таърих боз як маротиби дигар дурандешона фикр кард ва вазъро таҳлилу баррасӣ карда, боз дубора роҳи наверо барои наҷоти миллат интихоб кард. Ин роҳ хело душвортару сангинтар буд,зеро аз як сӯ ташаббусҳои миллатсозӣ идома дошт ва аз суи дигар инқилобҳои носозгори дохиливу қавмӣ идома доштанд. Дарку фаҳми дурусти вазъият хело душвортар буд ва ҳар кас онро ба таври худ шарҳу баррасӣ медод. Вале ин абармарди таърих қадами худро устуворона гузошта, боз маротибаи дигар ба шири модарон қасам ёд кард ва барои наҷоти ватану миллат марҳалаи наверо барои созандагии миллат оғоз кард. Ин абармард барои таҳкими субот ва ободии кишвар сари мизи гуфтугуҳо нишаста, аз ҳамаи афроди ҷомеа дархост кард, ки барои амният ва ваҳдати ватану миллат саҳмгузоранд ва роҳ надиҳанд,ки душманони дохиливу хориҷӣ ба роҳи интихобкаради мо, ки рушд ва нумуи миллат ва созандагии он аст, халал расонанд.

27-ум июни 1997 дар саҳтифаи таърихи миллат санаи наверо сабт кард, ки то имрӯз намунаи ибратсоз барои тамоми ҷаҳониён гаштааст. Ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки барои ободӣ ва созандагии миллат роҳнамоӣ ва роҳбарии фарди боинсофу нексиришт зарурат аст, то тавонад халқашро ба қуллаи мурод бирасонад. Намунаи онро метавон дар суботу оромии кишвар дид, ки имрӯз аксари сайёраи олам аз ин неъмат бенасиб монда, дар ранҷу азоб қарор доранд.

Таҳлилу баррасиҳои гуногун нишон медиҳад, ки бисёре аз кишварҳои ноамн ва ноором аз надоштани роҳбари одилу нексиришт азият мекашанд ва лиҳозо масоили ватаниву қавмии худро наметавонанд тавассути гуфтугуҳо ҳаллу фасл намоянд.

Барои аз парокандагӣ ва ҷудоии миллату қавм фарде ё нафаре зарур аст, ки шабҳо бедорхобӣ кашида, халқашро аз таҳлука наҷот диҳад. Зеро дар ҳар ҷомеа ва кишвар афроде ҳастанд,ки намехоҳанд қавми дорои тамаддуну фарҳанг, маърифату матонат ва шоистагиву ҷасорат дар ҷаҳон шуҳрату шаҳомат пайдо карда, чун кишвари озоду соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намоянд.

Миллати мо ифтихор аз он мекунад, ки дар худ чунин фарзанди фарзонаеро тарбият кардааст, ки ояндабин ва дурандеш буда, дар ҳама ҳолот талош кард, ки халқу ватани худро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад ва дасисаву макри душманони ватанро ошкор созад, то мардуми кишвар роҳи дурусту устуворро пеша карда, аз паси макру ҳиллаи нохалафони дохиливу хориҷӣ нараванд. Ин марҳали дигаре буд, ки ин фарзанди фарзонаи миллат дар созандагии миллат иқдому барномасозӣ кард ва Тоҷикистонро чун яке аз амнтарин минтақаи ҷаҳон гардонд.

Бо ҳамаи ин фарозу нишебҳо Тоҷикистон бо талошу сарварии роҳбари бо инсофу ватанпарвар тавонист кишварро аз сахтгароӣ ба нармгароӣ,аз ҷангҷуӣ ба сулҳу оромӣ ва аз зулму ҷаҳолат ба илмуомузиву адолат бирасонад. Ин талошу муборизаҳо барои ҳифзу нигаҳдории ватани азиз буд,ки имрӯз дар арсаи ҷаҳон чун кишвари соҳибфарҳангу мутамаддин шинохта шудааст.

Хулоса, Тоҷикистону озоду соҳибихтиёр аввалин маротиба моҳи сентябри соли 1991 мактаби миёнаро тамом карду ба донишгоҳ дохил гашт. Аз соли 1997 то соли 2017 ин ҳама марҳалаҳоро паси сар кард ва ҳоло омодагии ба имтиҳонҳо қарор дорад, то онҳоро бо мувафаққият биспорад. Ин донишҷӯи бозаковат бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замонҳо дар марҳалаи курсҳои такмили омодагӣ мебинад, то тавассути ин омӯзишҳо тавонад боз якбори дигар масоили умдаи ватану миллатро баррасӣ карда, ташаббуси созандагии ҳуввиятшиносиро ба мардум тафҳим намуда, онҳоро аз дасисаҳо ва макру фиреби душманони дохиливу беруна огоҳӣ дода, ба онҳо дарси ибрат ва хештаншиносӣ биёмузонад.

Боварии комил дорем, ки ин донишҷӯ мароҳилаҳои ҳассосу хатарнок ва чорасозро низ паси сар хоҳад кард ва сарбаландона боз ба қуллаҳои болотар хоҳад расид, зеро тамоми донишҷуён аз мактаби дарси донишу сулҳи устоду хиради фарзанди фарзонаи миллат сабақ омӯхта, хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллиро таълим гирифтанд ва ҳеҷ гоҳ мардуми бонангу номуси ин миллати ҷафокашида иҷозат намедиҳанд, ки кишвар боз ба вартаи ноамнию носуботии ҷаҳон табдил ёбад.

Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм