Skip to main content

АСОСӢ

Particles Fade-In
  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки дар солҳои охир макони гузаронидани конфронс ва нишастҳои бузурги байналмилалӣ гардидааст. Аз ҷумла моҳи октябри соли равон дар пойтахти азизи мо шаҳри Душанбе самити кишварҳои ИДМ, ки дар он аксарияти кишварҳои ин созмони бонуфуз ширкат варзиданд, баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баргузор намудани чунин нишастҳои байналмилалӣ хелле баланду болост. Дар заминаи ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия В. В Путин изҳори андеша намуда, аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ сӯҳбат доштанд. В. В Путин аз корҳои ба анҷомрасида ва ҳамкориҳои Россия ва Тоҷикистон сӯҳбат намуда, оид ба дастовардҳои ин ду кишвар масъалаҳои муҳиммеро баррасӣ намуд.

Аз ҷумла масъалаи НБО- и Сангтӯда, ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини нафту газ ва кушодани 5 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи русӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва дар як соли охир фиристодани 100 нафар муаллимони рӯс аз Федератсияи Россия ба Точикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия квотаҳои махсус ҷудо карда шуд. Дар баробари ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дигар меҳмонҳои воломақом, Президентҳои давлатҳои аъзои ИДМ вохӯрӣ гузаронида, самтҳои стратегии ҳамкориҳои дуҷонибаро ба ҳар яке аз онҳо мавриди баррасӣ қарор дод.

Мавриди қайд аст, ки Президенти муҳтарами мо ҳамчун Лидери сиёсӣ дар рушду инкишофи натанҳо Тоҷикистони азиз балки кишварҳои ИДМ нақши бориз дорад. Аз ин рӯ мо коршиносон ва сиёсатшиносони кишвар эътирофу ифтихори самимӣ ба Пешвои муаззами миллат дошта, ба он кас дар роҳи дигаргуниҳои нави ҳамкориҳо муваффақиятҳои беназир таманно менамоем.

Давлатбек Қурбонов - номзади илмҳои сиёсӣ, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ

ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ ба номи Носири Хусрав

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст даровардани истиқлолияти сиёсӣ дар таърихи 9- сентябри соли 1991 ба марҳилаи нави муносибатҳои сиёсӣ қадам гузошт ва ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар марҳилаи аввали шаклгирии сиёсати хориҷӣ,кишвари мо дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои олам кушод ва бо эъломи “сиёсати дарҳои боз” равобити байналмилалиро бо мамлакатҳои дурру наздик барқарор намуд. Яке аз аввалин кишварҳое, ки робитаи худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол барқарор намуд ва истиқлолияти онро эътироф кард, Федератсияи Русия ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатии ду давлат дар давраи соҳибистиқлолии ҳарду кишвар ба худ ранги дигар касб карда, давра ба давра тақвият ёфтаанд. Равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз рӯзҳои аввали истиқлолият бар асоси пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд. Тавре маълум аст, муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз 8 - уми апрели соли 1992 оғоз гардида, ҳамкориҳо ҳам дар муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар ҳоли густариш қарор доранд. Дар таҳкиму тақвияти робитаҳои шарикӣ, густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, нақши Роҳбари ду давлат беандоза буда, ба шарофати вохӯриҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ, ҳамкориҳои дуҷониба мақоми хосси шарикии стратегиро касб кардаанд. Иродаи сиёсӣ ва мавқеи ягонаи Роҳбариятии Олии ҳарду кишвар дар пешгирии хатарҳои воқеиву эҳтимолӣ,бартарафсозии таҳдидҳо ба истиқлолу амнияти кишварҳо, робитаҳои ду давлатро боз ҳам мустаҳкам намудааст.

Гуфтугӯҳои бисёрмаротибаи В.В. Путин бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ ва Шӯрои байнидавлати давлатҳои аъзои Ҳамкории иқтисодии Авруосиё, Шӯрои бехатарии давлатҳои аъзои СААД, саммитҳои Созмони ҳамкории Шанхай басо аҳамияти муҳими сиёсӣ дошта, дар заминаи онҳо ҳамкориҳои муштарак шакл гирифтаанд. Дар рафти ин вохуриҳо масъалаҳои воқеӣ ба монанди баланд бардоштани сифатнокии ҳамкори бисёрнақшавии тарафайн, масъалаҳои бехатарии минтақавию ҷаҳонӣ ва мустаҳкам гардондани раванди ҳамгироӣ дар ҳар гуна андозаҳо диққат дода мешаванд.

Дар давоми соли 2025 низ муносибатҳои дуҷониба густариш пайдо карданд. Давоми имсол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо В.В. Путин чор маротиба дидору гуфтушунид анҷом дода, чор маротиба суҳбати телефонӣ доштанд.

Шоми 8 октябри соли 2025 Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия, бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ин сафар дар рӯзҳое сурат гирифт, ки Тоҷикистон мизбони чанд мулоқот ва саммитҳои минтақавӣ, аз ҷумла ҷаласаи Шӯрои сарони аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Саммити “Русия - Осиёи Марказӣ” буд, ки мавзӯъҳои амният, ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳамгироӣ ва рушдро дар сатҳи минтақавӣ фаро мегирифт.

Дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, ки 9 октябри соли равон сурат гирифта буд, маросими имзои санадҳои дуҷониба баргузор шуд, ки зимни он 16 санади нави ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Русия ба имзо расид ва ба таври зайл аст:

Нақшаи чорабиниҳо оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2025-2030;

Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсуми гурӯҳи ширкатҳои БТК оид ба амалисозии лоиҳаи ташкили кластери саноати сабуки гурӯҳи ширкатҳои БТК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Русия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ;

Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия аз 17 апрели соли 2019;

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия;

Созишнома миёни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Харитаи роҳ оид ба ҳамкориҳо дар самти нақлиёт барои солҳои 2025-2030 миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия;

Ёддошти тафоҳум дар самти мубориза бар зидди вабо миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии назорат оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некуаҳволии инсони Федератсияи Русия;

Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таълими касбии дахлдори иловагӣ ва таълими касбӣ;

Харитаи роҳ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии энергияи атомии Росатом оид ба татбиқи санҷиши пешазлоиҳавии радиатсионӣ ва тадқиқоти партовгоҳи Деҳмой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи асосҳои молиявии иқтисодии безараргардонии он;

Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустии Федератсияи Русия;

Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи оммавии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои истифодаи спектри радиобасомад, муқовимат ба паҳншавии иттилоот ва (ё) захираҳои иттилоотии ғайриқонунӣ дар шабакаи интернет, муқовимат ба зангҳои қаллобӣ ҳангоми расонидани хизматрасониҳои алоқа;

Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД Коргоҳи мошинасозии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси ҳуқуқии ваколатдори Федератсияи Русия оид ба таъсиси Парки саноатии Тоҷикистон ва Русия.

Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи русиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия.

Дар ҷараёни музокироти давлатии сатҳи олӣ инчунин ба як қатор масъалаҳои дигар аз қабили рушди ҳамкории гуногунҷанба барои афзунсозии минбаъдаи ҳаҷми тиҷорату сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ифтитоҳи парки саноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, ҳамёрӣ дар бахшҳои рақамисозӣ ва истифода аз зеҳни сунъӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, сиёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, омодасозии кадрҳои ҷавон диққати махсус зоҳир намуданд.

Санадҳои имзошуда ва дигар тавофуқоти дар доираи сафар ҳосилшуда ба рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар такони нав мебахшанд.

Дар баробари равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳамкориҳои онҳо дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(ИДМ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ(СААД), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) идома доранд. Пеш аз ҳама, ҳамкориҳо дар доираи ИДМ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии ҳарду кишвар шурӯъ шудааст. Тибқи санадҳои таъсисии ИДМ Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам муассисон ва ҳам узви комилҳуқуқи ин созмон мебошанд. Ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ба манзури густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин иттиҳодия ва рафъи ихтилофу мушкилоти мавҷуда мавқеи муштарак доранд. Дар сиёсати хориҷии хеш, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои узви ИДМ аҳамияти вижа медиҳад. Миёни аъзоёни асосии кишвар дар миқёси ИДМ ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, ин давлат чун шарики асосии стратегии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Дар хотима бояд гуфт, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушода дорад, яъне доимо тарафдори муносибатҳои дӯстонаи дутарафа ва чандтарафа бо давлатҳои дунё ва ташкилотҳои байналхалқӣ мебошад. Боварӣ дорем, ки муносибатҳои дӯстӣ ва шарики стратегии байни Тоҷикистону Русия мемонад ва дар оянда бо зинаи нави рушде, ки ҷавобгӯӣ манфиатҳо ва иқтидорҳои давлатҳо ва халқҳоянд, мустаҳкам мегардад.

Достиева Дилафруз, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар шароити муосири геополитикӣ муносибатҳои байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ҳамчун омили калидии суботи минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ барҷаста мешаванд. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ин муносибатҳо аз марҳилаҳои гуногуни таҳаввулот гузашта, имрӯз хусусияти шарикии стратегӣ пайдо кардаанд.

Силсислаи форумҳои коршиносии «Осиёи Марказӣ - Русия: рӯзномаи рушди муштарак» намунаи равшани ин таҳаввулот мебошад. Аввалин форум 18 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона и Қазоқистон бо ташаббуси Институти миллии таҳқиқоти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ номи Е.М. Примаков Академияи илмҳои Русия (ИМЭМО АИР) ва Институти Қазоқистонии таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд. Ин чорабинӣ ба мушкилот ва дурнамоҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар соҳаҳои иқтисод, амнияти минтақавӣ, рушди сармояи инсонӣ ва ҳамкории иттилоотӣ тамаркуз кард.

Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ - Русия» ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) соли 2025, Форуми дуюми коршиносии мазкур 11 октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил шуд. Ин вохӯрӣ ҳамчун идомаи форуми аввалин ва ҳамоҳанг бо чорабиниҳои сиёсии сатҳи баланд, майдони муҳим барои мубодилаи афкор ва таҳияи рӯзномаи муштараки рушд гардид. Форумҳо ба ҳамкориҳои бисёрҷониба, аз ҷумла масъалаҳои захираҳои обӣ, иқлим, энергетика ва фарҳанг тамаркуз кардаанд.

Муносибатҳои Русия ва Осиёи Марказӣ таърихи тӯлонӣ доранд, ки аз асрҳои миёна оғоз шуда, дар асри XIX бо фатҳи Русияи императорӣ ба авҷи худ расид. Дар он давра, Русия ҳудудҳои васеъи минтақаро, аз ҷумла хонигарҳои Бухоро, Хива ва Қӯқандро ба ҳайати империя дохил кард. Ин раванд, ки бо номи "Фатҳи Русия дар Осиёи Марказӣ" маълум аст, ба иқтисоди минтақа таъсир расонд ва ҳамзамон муқовиматҳои миллиро ба вуҷуд овард. Дар давраи шӯравӣ (1920-1991) кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ рушд карданд, аммо ҳукмронии марказӣ аз Маскав буд. Ин давра бо саноатикунонӣ, таълим ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамроҳ буд, аммо ҳамчунин бо сиёсатҳои репрессивӣ ва аз байн бурдани фарҳангҳои маҳаллӣ равона шуда буд.

Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқлолияти худро эълон намуданд, аммо муносибатҳо бо Русия ҳамчун шарики стратегӣ боқӣ монданд. Русия ҳамчун ҳамсояи ҳамҷавор ва манбаи асосии муҳоҷирати корӣ ва тиҷорат нақши муҳим мебозад. Дар солҳои 1990-ум ва 2000-ум, созмонҳо мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) муносибатҳоро устувор карданд. Дар солҳои охир, бо афзудани нуфузи Чин ва Ғарб, Русия талош мекунад, ки ҳузури худро дар минтақа нигоҳ дорад, хусусан дар соҳаҳои амният ва энергетика. Масалан, дар соли 2022, ҳангоми ҳодисаҳо дар Қазоқистон, нерӯҳои СПАД барои кӯмак даъват шуданд, ки ин ҳамкориҳои амниятиро нишон медиҳад.

Дар шароити муосир муносибатҳо бо чолишҳои геополитикӣ рӯбарӯ ҳастанд, аз ҷумла низоъҳо дар Украина ва тағйироти иқлимӣ. Аммо, тибқи маълумотҳои иқтисодӣ ҳаҷми тиҷорат байни Русия ва Осиёи Марказӣ дар солҳои 2022-2025 афзудааст. Масалан, тиҷорати умумӣ дар соли 2024 зиёда аз 45 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки 18,6% аз ҳаҷми умумии тиҷорати минтақа аст. Қазоқистон бо Русия тиҷорати 27,8 миллиард доллар дошт, ки афзоиши 3%-ро нишон медиҳад. Ин рақамҳо аз аҳамияти Русия ҳамчун шарики тиҷоратӣ шаҳодат медиҳанд.

Аввалин Форуми коршиносӣ дар шаҳри Остона бо иштироки роҳбарон ва мутахассисони калидии институтҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ИМЭМО АИР (Русия), ИҚТС (Қазоқистон), Институти стратегии ва байниминтақавии таҳқиқотӣ назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ИСБТ), Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ (ИБОМ, Ӯзбекистон), Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТС), Институти миллии таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон (ИМТС ҚР) ва ғайра баргузор гардид. Дар панели «Роҳҳои рушди ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Русия» бо маърӯзаҳо иштирок карданд: муовини директори ИМЭМО АИР Сергей Афонтсев (мавзӯъ: «Ҳамкории иқтисодии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар контексти геополитикии нав») ва муовини директори ИМЭМО АИР Станислав Жуков (мавзӯъ: «Самтҳои нав барои рушди ҳамкории иқтисодии Русия ва Осиёи Марказӣ»). Дар панели «Таҳдидҳо ва хатарҳои амнияти минтақавӣ: имкониятҳои бартарафсозии онҳо» бо маърӯза иштирок кард сардори Маркази таҳқиқоти пасошӯравӣ Эдуард Соловев (мавзӯъ: «Мушкилоти амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ – таҳдидҳои нав ва мушкилоти кӯҳна»). Панели сеюм ба рушди сармояи инсонӣ ва ҳамкориҳои таълимӣ бахшида шуд. Дар ҳошияи форум байни ИМЭМО АИР ва ИҚТС Меморандум дар бораи ҳамкорӣ имзо шуд. Тибқи пешниҳоди директори ИҚТС Е. Тукумов, формати вохӯриҳои экспертӣ «Русия – Осиёи Марказӣ» солона ва ба саммитҳои сарони давлатҳо пайваст карда мешавад.

Иштирокчиён эҳтиёҷоти диалоги байни ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, хусусан дар «треки дуюм»-ро тасдиқ карданд. Ин форум замина барои чорабиниҳои минбаъда гузошт ва ба афзудани ҳаҷми тиҷорат дар солҳои 2022-2023 мусоидат кард.

Форуми дуюм 11 октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, коршиносон, муҳаққиқон, доираҳои дипломатӣ ва намояндагони вазорату идораҳо баргузор гардид. Ин вохӯрӣ ҳамчун идомаи форуми аввалин ва ҳамоҳанг бо чорабиниҳои сиёсии сатҳи баланд, аз қабили саммитҳои минтақавӣ, ташкил шуд. Форум ба ҳамкориҳои бисёрҷониба, аз ҷумла муносибатҳои стратегӣ, иқтисодӣ, устувории минтақавӣ, захираҳои обӣ, иқлим, энергетика, фарҳанг, забон ва илм тамаркуз кард. Он дар доираи Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ - Русия» (9 октябр) ва нишасти Шӯрои ИДМ (9-10 октябр) сурат гирифт, ки дар онҳо роҳбарони кишварҳо иштирок карданд. Форум бо ташаббуси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия ташкил шуд. Дар қисмати ифтитоҳии форум Хайриддин Усмонзода (директори МТС), Қобилҷон Хушвахтзода (президенти АМИТ), Кирилл Бабаев (директори Институти Чин ва Осиёи муосири АИР), Мирзошариф Ҷалолов (сардори Раёсати таҳқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Эдуард Соловев (сардори Маркази таҳқиқоти пасошӯравӣ ИМЭМО АИР) суханронӣ намуданд. Дар ҳусни оғози форум, директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки муносибатҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хусусияти шарикии стратегӣ доранд. Вай қайд кард: «Сарфи назар аз равандҳои мураккаби солҳои охир, ба ҳеҷ кас муяссар нашуд, ки мамлакатҳои моро парешон кунад. Боварии дуҷонибаи сиёсӣ бар хилофи баъзе интизориҳо, ба рушди босуръати тиҷорат ва густариши муносибатҳои бисёрҷониба мусоидат мекунад». Ин суханҳо баёнгари устувории муносибатҳо ҳатто дар шароити тағйиротҳои геополитикӣ мебошанд. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода дар сухани ифтитоҳии хеш ба таърихи муносибатҳои Русия бо Осиёи Марказӣ ишора карда, гуфт: «Таърихи муносибатҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пур аз намунаҳои ҳамкориҳои самаранок дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг мебошад.

Ин робитаҳо заминаи устуворе шуданд, ки бар пояи он саҳифаи нави рушди муштараки мо ташаккул меёбад». Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар замони муосир илм ва навоварӣ ба забони умумие табдил ёфтаанд, ки чолишҳои ҷаҳониро ҳал мекунанд. Дар муҳокимаҳо масъалаҳои калидӣ, аз қабили таъмини амнияти энергетикӣ ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуданд. Директори Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия Кирилл Бабаев дар суханронии худ ба афзудани муносибатҳои иқтисодӣ ишора кард: ҳаҷми тиҷорати Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2024 зиёда аз 45 миллиард долларро ташкил дод, сармояҳои ҷамъшуда беш аз 20 миллиард доллар баробар буда, зиёда аз 210 000 донишҷӯёни осиёимарказӣ дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.

Дар саммити 9 октябр Коммюникеи ниҳоӣ қабул шуд ва Нақшаи иқдомҳои муштарак барои солҳои 2025-2027 тасдиқ гардид. Ин ҳуҷҷатҳо ба рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва сармояи инсонӣ тамаркуз кардаанд. Форум ҳамчун платформа барои коршиносон имкон дод, ки ин нақшаҳоро муҳокима кунанд ва пешниҳодҳои нав диҳанд. Яке аз натиҷаҳои асосӣ - тасмим дар бораи таъсиси формати доимии «Диалоги коршиносӣ Осиёи Марказӣ - Русия» барои форумҳои оянда ва чорабиниҳои тематикӣ гашт. Дар форуми дуюм дар бахши пленари мавзӯи “Мушкилоти умумӣ барои субот: тағирёбии иқлим, бахши об-энергетикӣ ва нооромиҳои глобалӣ", дар сесияи аввал мавзӯи "Робитаи стратегӣ ва ояндаи умумӣ: иқтисод, энергетика ва логистика", дар сесияи дуюм мавзӯи "Ваҳдат дар гуногунрангӣ: Нақши илм, забонҳо, фарҳангҳо ва маориф дар ташаккули фазои сулҳу шукуфоӣ" ва дар қисмати пушида дар асоси принсипи «Chatham House” миззи мудаввар дар мавзӯи “Амнияти минтақавӣ: омилҳои беруна ва дохилӣ” баррасӣ гардиданд, ки маърӯзаи коршиносон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Русия шунида шуд. Дар бахши пленарии ин форум директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра дар мавзӯи “Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия” ва дар сесияи дуюм мудири Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих Сайидзода Зафар Шералӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия” суханронӣ намуданд.

Силсилаи форумҳо ба чанд мавзӯи калидӣ тамаркуз кардааст, ки ҳар кадоме аз онҳо аҳамияти стратегӣ барои рушди муштарак доранд. Пайвастагӣ байни ду форум дар таъкид ба устувории муносибатҳо ва ниёз ба диалоги экспертӣ зоҳир мегардад. Дар ҳар ду форум таъкид шуд, ки сарфи назар аз тағйиротҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба таҷрибаи се даҳсола эътимоди сиёсии баландро тавсеа бахшидаанд. Дар форуми аввалин, сафири Русия А. Бородавкин ва директори ИҚТС Е. Тукумов ба таҳдидҳои муштарак нисбат ба ҷавонон ва низоми амнияти умумиосиёӣ ишора карданд. Дар форуми дуюм Х. Усмонзода устувории ин муносибатҳоро таъкид кард. Ин ҳамкориҳо дар таъмини суботи минтақавӣ нақши муҳим мебозанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин диалогҳо ба афзоиши ҳаҷми тиҷорат ва бартарафсозии таҳдидҳои терроризм ва экстремизм мусоидат кардаанд. Дар шароити таҳдидҳои нав, мисли низоъҳои байналмилалӣ ҳамкориҳо дар доираи СПАД ва ИДМ муҳиманд.

Яке аз нуқтаҳои марказии ҳар ду форум ҳамкориҳои илмӣ буд. Дар Остона директори ИМЭМО АИР Ф. Войтоловский ба зарурати тамоси экспертӣ дар шароити тағйироти ҷаҳонӣ ишора кард ва дар Душанбе академик Қ. Хушвахтзода такид намуд, ки: «Ҳамкориҳои илмӣ ба як шакли хосси дипломатия табдил ёфтаанд — дипломатияи эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва кӯшиши муштарак барои созандагӣ». Мавзӯъҳои калидӣ ин рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, амнияти энергетикӣ ва озуқа, омодасозии насли нави муҳаққиқон.

Таҳлили илмӣ нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои илмӣ байни Русия ва Осиёи Марказӣ дар солҳои 2022–2025 афзудааст, ки ба рушди минтақа мусоидат мекунад. Масалан, барномаҳои муштарак дар соҳаҳои таълим ва таҳқиқотҳои экологӣ.

Форумҳои аввалин ва дуюм ҳамчун майдон барои мубодилаи афкор ва дарёфти ҳалҳои муштарак тавсиф шуданд. Дар Остона имзои Меморандум байни ИМЭМО АИР ва ИҚТС ва пешниҳоди солона кардани форматҳо (Е. Тукумов) замина гузоштанд. Дар Душанбе, таъкид шуд, ки чунин вохӯриҳо қадами нав дар таҳкими эътимод мебошанд. Дар Форуми Душанбе Меморандум дар бораи ҳамкорӣ ва тафоҳуми мутақобила байни Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Чин ва Осиёи муосири Акакемияи илмҳои Русия ба имзо расонида шуд.

Ин силсилаи форумҳо имкон дод, ки коршиносон рӯзномаи муштаракро таҳия кунанд, ки ба рушди иқтисодӣ, амният ва илм тамаркуз кардааст. Аз ҷумла, дар солҳои 2022-2025 тиҷорати Русия бо Осиёи Марказӣ ба 45 миллиард доллар расид ва Нақшаи 2025-2027 ба сармоягузорӣ ва тиҷорат тамаркуз дорад. Дар соли 2023 тиҷорати Русия бо минтақа тақрибан 44 миллиард долларро ташкил карда, дар соли 2024 ба зиёда аз 45 миллиард доллар афзуда, дар соли 2025 бошад афзоиши 4%-ро нишон додааст. Ҳиссаи Осиёи Марказӣ дар содироти Русия аз соли 2021 то 2023 афзудааст. Дар соли 2022 содироти Қирғизистон ба Русия 250% афзудааст, содироти Қазоқистон 39%, Қирғизистон 90% ва Ӯзбекистон 77% афзудааст. Дар семоҳаи аввали соли 2025 тиҷорати дуҷониба зиёда аз 17% афзудааст. Дар минтақаи Авросиёӣ сармоягузориҳои Русия 23,5 миллиард доллар (26%), Туркманистон 17,5 миллиард доллар (12,5%) ва Қазоқистон 15,5 миллиард доллар (11,1%)-ро ташкил медиҳанд. Дар соли 2024 содироти Русия 0,5% афзуда, ба 278 миллиард доллар расидааст, ки тамаркуз ба Осиё дорад. Ҳаҷми умумии мубодилаи молӣ Тоҷикистон ва Руссия дар соли 2023 ба $1,7 млрд расид, ки афзоиши 12,5% нисбат ба соли 2022-ро нишон дод. Россия дар умум 20,6% аз тиҷорати умумии хориҷии Тоҷикистонро ташкил кард. Соли 2024 ҳаҷми умумии мубодилаи молӣ ба $1,9 млрд расид, ки афзоиши 15% нисбат ба соли 2023 мебошад. Дар 6 моҳаи аввали соли 2015 ҳаҷм ба зиёда аз $1 млрд расид, ки афзоиши 10% нисбат ба ҳамон давраи соли 2024-ро нишон медиҳад. Дар соли 2023 тиҷорати Русия бо минтақа тақрибан 44 миллиард долларро ташкил карда, ки се як қисми тиҷорати Осиёи Марказӣ мебошад. Ин афзоишҳо ба саммитҳо ва форумҳои силсилаи мазкур, ки ба таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ мусоидат кардаанд, нисбат дода мешаванд, зеро онҳо платформа барои мубодилаи афкор ва имзои созишномаҳо фароҳам овардаанд.

Таҳлили эмпирии воқеӣ нишон медиҳад, ки силсилаи форумҳо ва саммитҳои марбут ба онҳо дар солҳои 2022-2025 ба афзудани ҳаҷми тиҷорат ва сармоягузорӣ байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат кардаанд. Дар соли 2022, пас аз баргузории форуми аввалин дар Остона тиҷорати умумӣ аз 30 миллиард доллар афзуда, ба 35 миллиард доллар расидааст, ки ин афзоиши 17%-ро нишон медиҳад. Дар соли 2023 тиҷорат ба 44 миллиард доллар афзудааст, ки се як қисми тиҷорати минтақаро ташкил медиҳад. Дар соли 2024 тиҷорат ба зиёда аз 45 миллиард доллар расида, содироти Русия 0,5% афзудааст, ки тамаркуз ба Осиё дорад ва сармоягузориҳои Русия дар минтақаи евроосиёӣ 23,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин афзоишҳо ба нақшаҳои иқдомҳои муштарак барои солҳои 2025-2027, ки дар саммит қабул шудаанд ва меморандумҳои имзошуда дар форумҳо нисбат дода мешаванд, зеро онҳо ба рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва пайвандҳои гуманитарӣ тамаркуз кардаанд. Масалан, дар Тоҷикистон ҳиссаи Русия дар гардиши тиҷоратӣ 58%-ро ташкил медиҳад, зиёда аз 300 корхонаҳои муштарак бо сармояҳои русӣ амал мекунанд ва гардиши мол байни ду кишвар тақрибан 2 миллиард доллар аст.

Силсилаи форумҳои коршиносии «Осиёи Марказӣ - Русия: рӯзномаи рушди муштарак» намунаи ҳамкориҳои самаранок дар сатҳи экспертӣ мебошад. Аз форуми аввалин дар Остона (2022) то дуюм дар Душанбе (2025) таҳлили маърӯзаҳо нишон доданд, ки муносибатҳои стратегӣ устувор буда, ба чолишҳои ҷаҳонӣ посух медиҳанд. Дипломатияи илмӣ ва ҳамкориҳои муштарак дар соҳаҳои калидӣ метавонанд заминаи рушди устуворро таъмин кунанд.

Дар асоси таҳлили маърӯзаву мақолаҳо ва баррасии натиҷаҳои форумҳои коршиносии «Осиёи Марказӣ - Русия: рӯзномаи рушди муштарак» мо чунин пешниҳодҳоро барои такмили фаъолияти форумҳо пешкаш менамоем:

1. Ба форумҳо намояндагони бахшҳои хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои дигар, ба мисли Чин ва Ҳиндустон даъват карда шаванд, то ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ васеътар гарданд ва дурнамоҳои минтақавӣ амиқтар таҳлил шаванд.

2. Бо назардошти афзоиши тиҷорат ва сармоягузорӣ (масалан, 45 миллиард доллар дар соли 2024) лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, ба монанди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохторӣ дар доираи нақшаҳои иқдоми 2025-2027 таҳия ва амалӣ карда шаванд, ки натиҷаҳои форумҳоро ба амалӣ табдил диҳанд.

3. Эҷоди як платформаи онлайнӣ барои мубодилаи доимӣ ва ҳамоҳангсозии коршиносон байни форумҳо, ки имкон медиҳад, ки пешниҳодҳо ва натиҷаҳо пас аз чорабиниҳо низ идома ёбанд ва ба рушди доимии ҳамкориҳо мусоидат кунанд.

4. Бо назардошти таҳдидҳои зикршуда нисбат ба ҷавонон, дар барномаҳо курсҳои махсус ва барномаҳои таълимии муштарак барои донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон доир карда шаванд, ки шумораи 210 000 донишҷӯёни Осиёи Ммарказӣ дар Русияро боз ҳам зиёд кунанд.

5. Баъди ҳар форум гузоришҳои муфассал бо маълумотҳои эмпирӣ ва таҳлилҳои иқтисодӣ (масалан, афзоиши 17%-и тиҷорат дар соли 2022) нашр шаванд, то ки таъсири иқтисодӣ ва сиёсии чорабиниҳо ба таври шаффоф арзёбӣ шуда, барои форумҳои оянда роҳнамо бошанд.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Содружество Независимых Государств (СНГ), созданное в 1991 году как механизм координации постсоветских государств, эволюционировало от преимущественно экономической платформы к многоуровневой структуре, где гуманитарное измерение играет ключевую роль в укреплении взаимного доверия. В 2025 году во время председательства Таджикистана в СНГ, состоявшегося в Душанбе, произошло значимое событие: награждение Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона медалью Межгосударственного фонда гуманитарного сотрудничества (МФГС) за вклад в развитие гуманитарных связей. Это не только персональное признание, но и символический акт подчеркивающий стратегическую ориентацию Таджикистана на «мягкую силу» в региональной политике. Персональное признание актуалена в свете глобальных вызовов, таких как миграционные потоки, культурные разломы и необходимость сохранения общего культурного наследия.

МФГС учрежденный в 2008 году в соответствии с Договором о межгосударственном фонде гуманитарного сотрудничества государств-участников СНГ, выступает ключевым инструментом для реализации Концепции дальнейшего развития гуманитарного сотрудничества в СНГ на период до 2020 года (с продлением до 2030 года). Фонд фокусируется на четырех приоритетных направлениях: образование, наука, культура и молодежная политика. Его деятельность включает финансирование совместных проектов, таких как международные форумы научной интеллигенции, издательские инициативы и образовательные обмены, что способствует формированию «общего гуманитарного пространства».

В 2024–2025 годах МФГС реализовал более 50 проектов, включая поддержку экологических программ и цифровизацию культурного наследия, что особенно актуально для Центральной Азии. Сопредседатель Правления МФГС Михаил Швыдкой, специальный представитель Президента РФ по международному культурному сотрудничеству, подчеркивает, что фонд не только распределяет гранты, но и выступает платформой для диалога интегрируя гуманитарные инициативы в более широкую повестку СНГ. В этом контексте медаль «За заслуги в развитии гуманитарного сотрудничества» — высшая награда фонда, вручаемая за системный вклад в межгосударственные связи.

Председательство Таджикистана в СНГ (апрель 2024 — декабрь 2025) ознаменовалось акцентом на гуманитарные и экологические приоритеты, что отражено в Концепции председательства, утвержденной Советом глав государств. Под руководством уважаемого Эмомали Рахмона Таджикистан инициировал проекты по укреплению молодежного сотрудничества, включая программы обмена студентами и культурные фестивали, что усилило роль страны в региональной интеграции.

Вклад Таджикистана в гуманитарное сотрудничество СНГ проявляется в нескольких аспектах. Во-первых, активное участие в реализации Договора о зоне безъядерного оружия в Центральной Азии, где гуманитарные инициативы пересекаются с вопросами безопасности. Во-вторых, продвижение таджикского языка и литературы как части общего культурного наследия, через совместные издательские проекты с Россией и Казахстаном. Наконец, в период председательства было подписано 19 документов, включая соглашения по гуманитарным программам, что подтверждает эффективность таджикской дипломатии. Эти усилия получили высокую оценку от Генерального секретаря СНГ Сергея Лебедева, отметившего «неизменно эффективное» лидерство Таджикистана.

Церемония награждения состоялась 10 октября 2025 года по итогам саммита СНГ в Душанбе, где Михаил Швыдкой от имени Правления МФГС объявил о решении о вручении медали уважаемого Эмомали Рахмону. В своей речи уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул, что награда — это признание коллективных усилий народа Таджикистана в развитии культурно-гуманитарных связей, что подчеркивает принцип «народной дипломатии».

Символическое значение события выходит за рамки персонального признания. Оно усиливает позиции Таджикистана как лидера в гуманитарной сфере СНГ, способствуя институционализации формата «СНГ+» для расширения диалога с другими регионами. В сравнении с предыдущими наградами МФГС (например, форумам интеллигенции в 2025 году), эта медаль акцентирует роль лидера государства в интеграционных процессах. Анализ показывает, что такие акты способствуют росту инвестиций в гуманитарные проекты на 15–20% в последующие годы, как это было после аналогичных событий в 2019–2020 годах.

Предлагаемая модель «гуманитарной дипломатии» Таджикистана включает три компонента: институциональную поддержку (через МФГС), культурный обмен (фестивали и образование) и экологическую интеграцию (программы по устойчивому развитию). Это не только укрепляет СНГ, но и позиционирует Таджикистан как мост между Центральной Азией и Евразией.

Награждение уважаемого Эмомали Рахмона медалью МФГС символизирует триумф гуманитарной парадигмы в СНГ, где Таджикистан выступает катализатором изменений. В условиях геополитических вызовов такие инициативы подчеркивают потенциал «мягкой силы» для устойчивой интеграции.

САНГИНЗОДА Дониёр Шомахмад, - заместитель директора Института изучения проблем стран

Азии и Европы НАНТ по науке и учебе, доктор юридических наук, профессор.

Тоҷикистони навин бо дарёфти истиқлолият равобиташро бо ҳамаи кишварҳо оғоз кард. Ҳамин тариқ, бо эҷоди мактаби сулҳофарин ва ташаббусҳои созандааш онро тақвият бахшид. Кишвар таҳти сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи рушди ҳамкориҳои худро бо кишварҳои олам густариш додааст. Зеро барои рушд ва тавсияи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат Истиқлолият ва сулҳу созандагӣ дар таҳкими робитаҳои байни давлатҳо шарти асосӣ ба шумор мераванд. Барои тақвият ва таҳким бахшидан ҳамаи кишварҳо талош менамоянд, то ба мақсади асосии худ ноил гарданд. Дар ин масир ҳар яке аз кишварҳо барномаҳои афзалиятнокро ба таври ду ҷониба, чандҷониба ё муштарак анҷом дода, амалӣ месозанд. Дар мақола нақш ва диду назарҳои кутоҳе ба созишу ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон, Русия, Покистон ва Афғонистон дода мешавад.

Дар ин зимн, Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба хусус Русия, Чин, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон ва ғайра ба таври хубу ҳасана оғоз кард. Ҳамин тариқ, робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 8 апрели соли 1992, 6 моҳи июни соли 1992 Ҷумҳурии Исломии Покистон ва 15 июли 1992 бо Афғонистон барқарор шуданд.

Тоҷикистон соли 2025 раёсатро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба уҳда дошта, дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои наздик дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, ки бозгӯи таҳкими ҳамкории гуногунсоҳа байни кишварҳои Иттиҳод мебошад. Интизор меравад, ки дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳимтарин масъалаҳо марбут ба тақвияти ҳамкории кишварҳои аъзо дар доираи Иттиҳод баррасӣ гарданд.

Тоҷикистон бо ташаббусҳои ҷаҳонии худ робитаҳояшро бо кишварҳои бонуфузи минтақа ва ҷаҳон ба хусус Русия, Покистон ва Афғонистон дар доираи созмону форумҳои минтақавӣ роҳандозӣ намуда, ҳамкорӣ менамояд. Дар ин зимн, бо даъвати Президенти Русия Владимир Путин санаи 23 ва 24-уми феврали соли ҷорӣ Сарвазири Покистон ба ин кишвар ташриф овард. Ҷонибҳо оиди ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҷумла идомаи бунёди хати лулаи гази Шимол-Ҷанубӣ Покистон мубодилаи афкор карданд, ки лоиҳаи мазкур дар ҳудуди 1,100 км. фосила дар масири шаҳри Карочӣ то Қусур бо сармояи 2.5 миллард доллари амрикоӣ бунёд гашта, ба манфиати минтақа хоҳад буд.

Тибқи маълумоти расмӣ моҳи декабри соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия кушода шуда, консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск ифтитоҳ ёфта, ба фаъолият оғоз карданд. Аз моҳи майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе Сафорати Федератсияи Русия фаъолият карда, соли 1994 дар шаҳри Хуҷанд Консулгарии генералии Федератсияи Русия кушода шуд.

Байни Тоҷикистон ва Русия беш аз 320 созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расида, ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ-техникӣ, фарҳангӣ-инсонӣ ва дигар самтҳо амалӣ мегардад.

Ҳар ду кишвар робитаҳои сиёсиро дар сатҳи олӣ ва баланд пайваста нигоҳ дошта, мулоқотҳо ва гуфтугӯҳо миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия баргузор гардиданд.

Ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории фаромиллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Русия яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, корҳо оид ба густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ идома доранд. Дар соли 2024 музокирот дар сатҳи вазирон ва муовинони вазирони корҳои хориҷӣ баргузор шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Тоҷикистон ва Русия дар майдони байналмилалӣ пеш аз ҳама дар чаҳорчӯбаи СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТБО фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.

Ҳамин тариқ, кишварҳо дар доираи ин созмонҳо миёни ҳам созишномаҳо доранд. Дар ин зимн, кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Покистон ва Афғонистон миёни ҳам созишномаи чоргона ба имзо расониданд, ки ҳадафаи он рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар минтақа мебошад. Зимнан, дар шаҳри Маскав нишасти намояндагони ҳукумат ва соҳибкорони Русия, Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон баргузор шуда, қарор дар бораи таъсиси Гурӯҳи муштараки коршиносон (JEG) оид ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ қабул гардида, дар Вазорати рушди иқтисоди Русия дар як ёддошт ба расмият дароварданд[1].

Тибқи маълумоти торнамои “infoshos.ru”, ки ба пойгоҳи иттилооти кишварҳои аъзои СҲШ мебошад, яке аз вазифаҳои муҳим ва афзалиятноки он барқарорсозии якчанд иншооти зерсохторӣ дар минтақа ба хусус Афғонистон, инчунин як қатор лоиҳаҳои нав дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт ба нақша гирифта шудааст.

Ба қавли Владимир Норов минтақа ҷалби ҳадафмандонаи Афғонистон дар тавсеаи инфрасохтори минтақавӣ мусоидат карда, барои барқарорсозии иқтисодиёти кишвар ва афзоиши ҳамгироӣ, ки аз ҷониби роҳбарони давлатҳо пешниҳод гардиданд[2].

Дар чаҳорчӯби Гурӯҳи тамос фаъолтар кор кардан дар тарҳи тадбирҳои амалӣ барои мусоидат ба эҳёи иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон бамаврид мебошад.

Зимнан, санаи 3 сентябри соли 2025 дар Пекин машваратҳои масъулини мақомоти иҷроияи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд, ки дар он ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои сеҷониба ҳамаҷониба баррасӣ шуданд. Ҳар се созмон ҳадафҳои муштарак доранд, ки таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақаҳои фаъолияти худ, рушди ҳамкориҳои амалии мутақобилан судманд мебошанд[3].

Дар ин раванд арзёбии равобити миёни кишварҳои аъзои ИДМ дар доираи СҲШ дар минтақаи Осиёи Марказӣ қобили таваҷҷуҳ буда, ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар арсаи таҳкими сулҳ ва таъмини амнияти миллӣ дар минтақа дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла машқҳои муштараки низомӣ, табодули иттилоот, ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо ба хотири мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир пайваста сурат мегирад.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) як созмони минтақавии байналмилалиест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Русия, Чин, Беларус, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон шомил буда, ба масъалаҳои амният, аз ҷумла дар бахшҳои мубориза бо терроризм, сепаратизм ва ифротгароӣ, инчунин мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Ҳамкории иқтисодӣ: Дар доираи СҲШ ба рушди тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва энергетика аҳамияти калон дода мешавад.

СҲШ дар таъмини амнияти кишварҳо, бахусус дар заминаи мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, нақши муҳим дошта, ҳамкориҳоро дар доираи салоҳияти худ ҳам дар кишварҳои алоҳида ва ҳам бо кишварҳои нозир фаъолона инкишоф медиҳад.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари иштирокчии фаъоли СҲШ дар рушду таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанбаи минтақавӣ бо кишварҳои бонуфуз ва калидии минтақа ба хусус Русия дар доираи ИДМ ва СҲШ ҳамкорӣ дошта, барои баланд бардоштани мақоми ин созмон саҳм мегирад.

Ҳамин тавр, Тоҷикистону Русия чун узви фаъол дар ИДМ ва СҲШ метавонад дар эҷоди сулҳу созандагӣ кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Покистон ва Афғонистон нақши калидӣ дошта, бо роҳандозии лоиҳаи бузург ба хусус CASA -1000 ҳамкорӣ бештар дошта, ба масъалаҳои амният ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд.

Ҳамин тариқ, талошҳои муштараки кишварҳо дар доираи ИДМ ва СҲШ метавонанд ба коҳиш додани фақру бекорӣ ва пешгирии чолишҳо ва таҳдидҳои умумӣ, ҷумла терроризм ва экстремизм бештар бояд сурат гирад. Ҳамаи кишварҳои аъзо ва шарик бояд ҳамкориҳои муштаракро дар самтҳои мубодилаи иттилоот, гузаронидани машқҳо ва амалиёти муштарак ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои бузург хуб ба роҳ монда, бештар фаъол бошанд.Зеро талошу кӯмакҳои муштаракона ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва энергетика ба рушди устувори минтақа мусоидат мекунанд.

Ба андешаи Давлиёрова Сафаргул ИДМ дар арсаи байналмилалӣ ҳамроҳи СҲШ ҳамкориҳои муваффақ доранд ва мавқеъҳои худро мунтазам ҳамоҳанг менамоянд[4].

Мутобиқи санадҳои дарёфтшуда, Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) созмони байналмилалӣ буда, дар таъсис ёфтани он пеш аз ҳама фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», ки дар асоси Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русия дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи коҳиши мутақобили қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил шуда буд, замина гузоштааст. 15 июни соли 2001 дар нишасти навбатӣ дар шаҳри Шанхай Изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба “Панҷгонаи Шанхай” ва Эъломия дар бораи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расида, дар нишасти сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар ш.Остона июни соли 2017 Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Созмон ба сифати давлатҳои узви комилҳуқуқ пайвастанд.

Созмон аз 10 давлати аъзо - Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 2 давлати нозир - Афғонистон ва Муғулистон ва 14 шарикони муколамаи СҲШ – Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Баҳрайн, Ҷумҳурии Арабии Миср, Шоҳигарии Камбоҷа, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Малдив, Ҷумҳурии Иттиҳоди Мянма, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Амороти Муттаҳидаи Араб, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка иборат мебошад.

Ҳадафҳои асосии СҲШ ин рушди ҳамкорӣ дар самти таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки давлатҳои узв, мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар соҳаи маориф, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмин ва ҳифзи сулҳу субот ва амният дар минтақа маҳсуб меёбанд.

Тоҷикистон чун кишварҳи сулҳофар бо ташаббусҳои созандаи худ ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин Созмон авлавият дода, талошҳоро барои таҳкими ҳамсоягии нек, дӯстӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии СҲШ бар асоси усулҳои ҳамкорӣ, баробарӣ ва эҳтироми ҳамдигар ба манфиатҳои ҳамаи давлатҳои аъзо, инчунин санадҳои бунёдии Созмон равона месозад.

Тоҷикистон зери шиори “20 соли фаъолияти СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ” ҳудуди сад чорабинии муштарак баргузор гардида, ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар доираи Созмон, аз ҷумла таҳкими СҲШ ва баланд бардоштани нуфузи он, тадбирҳои муассир ва самарабахш ироа гардид.

Зимнан санаи 22 январи соли 2025 дар ш.Минск ҷаласаи нахустини Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раисии намояндаи ваколатдори доимии Тоҷикистон дар ИДМ, сафири Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода баргузор гардид, ки дабири кулли ИДМ, роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроия, сафирони кишварҳои иштирокдори Иттиҳод ва намояндагони аршади вазоратҳои корҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.

Сардори раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон А.Саидмуродзода авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025-ро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин дар самти муқовимат ба чолишу таҳдидҳо муаррифӣ намуд. Дар рафти ҷаласа ҳамчунин атрофи масъалаҳои мундариҷавии чорабиниҳои дарпешистодаи Иттиҳод дар Тоҷикистон бо тамаркуз ба омодагӣ ба ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ 10 октябри соли 2025 дар Душанбе табодули афкор сурат гирифт[5].

Тавсеъа ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистон, Русия, Афғонистон ва Покистон дар созишномаи чоргона муҳим арзёбӣ шуда, ҷонибҳо зарурати дастгирии талошҳои миллӣ ва байналмилалиро, ки барои мусоидат ба эҳёи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва рушди минтақа муҳим шумориданд. Нақши Тоҷикистон ва Русия дар созишномаи чаҳоргона дар ҳалли мушкилоти энеггетикӣ ва нақлиётии минтақа ва эҳёи иқтисоди Афғонистон муҳим арзёбӣ мебошад.

Кишвари Тоҷикистон бо дарназардоштӣ геостратегӣ, ки таъмини амнияту субот дар минтақа, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ ва мусоидат ба эътидоли вазъи Афғонистони ҳамсоя тавассути ҷалб дар лоиҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии минтақа, бештар таваҷҷӯҳ медиҳад, ки ҳар чаҳор кишвар дар ин соҳа манфиатҳои муштарак доштанд.

Ёдовар бояд шуд, ки санаи 31 Июл, 2009 дар Душанбе мулоқоти чаҳорҷонибаи роҳбарони Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия баргузор шуда, дар ин дидор сарони давлатҳо самтҳои асосӣ ва дурнамои ҳамкориҳои чаҳорҷонибаро баррасӣ гардиданд. Робитаҳо миёни Тоҷикистон, Русия, Афғонистон ва Покистон рамзи эътимоди кишварҳо буда, рушди босуръат ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои чорҷониба, ки дар оянда мулоқотҳои сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» шакли бештари ташкилӣ пайдо намуда, пули боэътимоди муносибатҳо ба нафъи тамоми кишварҳо ва халқҳои минтақа мебошад. Ҳар чаҳор кишвар ба тавсеъа ва таҳкими равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва дастгирии фаъолиятҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, ки ба мусоидат ба эҳёи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва рушди минтақа нигаронида шудаанд, зарурати ҳамкориҳои чаҳорҷонибаи иқтисодӣ, аз ҷумла дар робита ба рушди роҳу воситаҳои мусоидат ба тиҷорати минтақавӣ, афзоиши сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, кашидани хатҳои барқ ​​ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ, инчунин фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишварҳои худ ва ташвиқи робитаҳои мустақими доираҳои тиҷоратии тарафҳо муҳим мешуморанд.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистону Русия дар доираи ИДМ ва СҲШ созишномаи чоргонаро таҳким бахшида, бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ чун узви фаъоли форуму созмонҳои байналмилалӣ ба хусус СММ ва СҲШ дар бартарафсозии хатарҳо дар минтақаву ҷаҳон ва таҳкими сулҳу субот ҳамкориҳоро миёни ҳам тавсеа ва тақвият хоҳанд бахшид.

РАҲМОНОВ Мирсаид, - ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Сарчашмаҳои иттилоотӣ

1.Русия, Афганистан, Пакистан и Таджикистан укрепляют региональное сотрудничество. 26.08.2011 http://infoshos.ru/ru/?idn=8720

2. SCO Secretary-General addresses meeting of SCO and Afghan foreign ministers in the SCO-Afghanistan Contact Group format. 14 july 2021. https://eng.sectsco.org/20210714/768423.html

3. Meeting of Highest Administrative Officials of SCO, CSTO and CIS. https://eng.sectsco.org/20250903/1968731.html

4. Давлиёрова С. Т. Ҳамкориҳои ИДМ ва СҲШ дар таҳкими сулҳ ва таъмини амнияти миллии минтақаи Осиёи Марказӣ. 2025-07-16 https://www.osiyoavrupo.tj/tg/post/amkori-oi-idm-va-s-sh-dar-ta-kimi-sul-va-tamini-amniyati-millii-minta-ai-osiei-markaz

5. https://www.mid.tj/.../ogozi-rajosati-tojikiston-dar-idm 22.01.2025

(дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,10.10.2025.Душанбе )

Ҷумҳурии Тоҷикстон пас аз ба даст овардани Истиқлоли сиёсӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳои дуҷониба ба кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд ИДМ) аз усулҳои эътирофшудаи байналмилалӣ кор гирифта, таваҷҷуҳи асосиро ба ташаккул ва рушди муносибатҳои дӯстона дар ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ равона кардааст.

Бояд қайд намуд, ки ИДМ моҳи декабри соли 1991 бо мақсади мусоидат намудан ба раванди ҳалли масъалаҳои муҳим дар марҳалаи таъсиси давлатҳои соҳибистиқлол ва ҳифзи робитаҳои таърихии ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ таъсис дода шудааст. Яке аз барномаҳои муҳим Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030 мебошад. Инчунин, дар соли 2025 Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди саноати вазнини мошинсозӣ, Консепсияи рушди саноати сабук, Консепсияи ҳамоҳангсозии низоми миллии идоракунии ҳаракати ҳавоии ИДМ, Консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ, Стратегияи рушди илмию техникии ИДМ барои солҳои 2026-2030, Стратегияи ҳамкорӣ дар рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ барои давраи то соли 2035 ва Стратегияи рақамисозии долонҳои асосии нақлиётии кишварҳои ИДМ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Дар марҳалаи кунунӣ ИДМ ҳамчун яке аз корпоя (платформа) асосии таҳкими ҳамкориҳои аъзои он дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ фаъолият менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо дар доираи ИДМ таваҷҷуҳи хоса медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати зерини мақомоти оинномавии ИДМ шомил мебошад. Аз ҷумла:

-Шурои сарони давлатҳо;

-Шурои сарони ҳукуматҳо;

-Шурои вазирони корҳои хориҷӣ;

- Шурои иқтисодӣ, Шурои ҳамоҳангсозии фармондеҳони Қушунҳои сарҳадӣ, -Ассамблеяи байнипарлумонӣ ва суди Иқтисодӣ.

Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти зиёда аз 80 сохтори саноатии ИДМ фаъолона иштирок менамояд.

Мавриди қайд аст, ки иштироки ҳамаҷониба дар фаъолияти ИДМ ва таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ИДМ- ро дар ҳифз ва рушди ҳамкориҳои кишварҳои аъзо тибқи барномаи такмилёфта дар заминаи консепсияи ҳамгироии босуръат ва бисёрҷониба баланд арзёбӣ менамояд. Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси сохтори гуногунро дар заминаи ҳамгироии иқтисодӣ ва амниятӣ дар доираи ИДМ, бо назардошти манфиатҳои миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори рушди минбаъдаи нуфуз ва аҳаммияти ИДМ дар ҳифз ва густариши робитаҳои анъанавии кишварҳои аъзо буда, омодааст, ки барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои судманд, рушди робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ мусоидат намояд. Дар ин росто муколамаи созанда ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба аҳаммияти муҳим дошта, ба мо имкон медиҳад, ки тавоноии худро дар ҳалли мушкилоти умумӣ ба таври назаррас такмил диҳем ва ба рушди ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, муқовимати муассир ба чолишҳо ва таҳдидҳои навро таъмин созад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар мақомоти ИДМ роҳбарӣ намуда, ба ҳамгироӣ, амният ва рушди устувори кишварҳои аъзо мусоидат менамояд; ду ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо, ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои иқтисодӣ, Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, инчунин зиёда аз 40 ҷаласаи комиссияҳои ҳамкориҳои соҳавӣ бомуваффақият гузаронида шуданд.

Ҳамин тариқ, ташаккули бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи ИДМ мавриди таҳқиқ қарор дода, ба чунин хулоса расидем:

-Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи худро бо кишварҳои ИДМ пайваста густариш дода, бо фаъолияти воқеии худ мубраммият ва устувории худро нигоҳ медорад;

-Амалӣ сохтани консепсияҳо ва нақшаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, барои давраи то солҳои 2035, имкониятҳои навро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои ИДМ фароҳам меоварад;

- Бо назардошти манфиатҳои миллии тарафҳо ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат, энергетика ва инфрасохтор миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои ИДМ пайваста рушд хоҳанд ёфт.

- Муносибатҳои судманди иқтисодӣ, ҷалби сармоягузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои ИДМ бо мақсади рушди босуръати иқтисоди ҷонибҳо ба роҳ монда шудааст.

Файзуллаева Нигора Негматовна, - ходими хурди илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

«Роғун» манбаи нури ҳар хонадон, гармии қалби ҳар фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!».

Эмомалӣ Раҳмон

НБО-и Роғун маҳз бо талошу заҳматҳо, шуҷоат ва истодагарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматкаши тоҷик бунёд шуда истодааст. Дар бунёди ин иншооти бузурги стратегӣ бисёр монеаҳо мавҷуд буданд, ки ҳалли он аз қатъият, далерӣ, шуҷоат ва истодагарии Пешвои миллат вобастагӣ дошт. Баъди ошно гардидан аз нақшаҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барқарор намудани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар дарёи Вахш, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ боздошт карда шуда буд, баҳсу мунозираҳо дар атрофи ин масъала тезу тунд гардиданд.

Агар назаре ба таърих афканем сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳоло дар солҳои 70-уми асри гузашта оғоз ёфта буд. Бинобар 93 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро кӯҳҳои баландтарин ташкил медод, роҳбарияти ҳамонвақтаи ИҶШС бинобар шароити кӯҳсори Тоҷикистон барои истеҳсоли қувваи барқ хеле мусоид буда, аз нигоҳи илмӣ дар ин ҷой сохтани неругоҳҳои барқи обӣ нисбат ба дигар давлатҳо камхароҷот буданаш, Тоҷикистонро ҳамчун тавлидкунандаи нерӯи барқ муайян намуда буд. Сарбанди неругоҳ бо баландии 335 метр баландтарин сарбанд аз санг дар ҷаҳон буда, обанбори «Роғун»-ро бо ҳаҷми умумии 13,3 км3ва ҳаҷми муфиди 10,3 км³ ташкил медиҳад. Неругоҳи «Роғун» ҳамчун маҷмааи гидроэнергетикии гуногунҳадаф, аз ҷумла барои тавлиди неруи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва хушксолӣ ба нақша гирифта шудааст. 6 ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва корпуси дипломатӣ аввалин агрегати НБО-и Роғун ба истифода дода шуд.

Боиси ифтихормандии бузург аст, ки дар рӯзи ҷашни 28-умин солгарди истиқлоли давлатии кишварамон ва санаи 9-уми сентябри соли 2019 дар рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дороварда шуда ба системаи ягонаи энергетикии кишвар пайваст карда шуд. Дар маросими тантанавии ба кор даровардани ин чорабинии муҳим беш аз 140 нафар рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттлоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Олмон, Россия, Япония, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо иштирок намуда, рафти маросимро инъикос намуданд.

Алҳол дар неругоҳи «Роғун» корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 60 ташкилоту муассиса, пудратчиёни ватаниву хориҷӣ ва зиёда аз 14,5 ҳазор коргарону муҳандисон ва техникҳо бо суръат идома, мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, зиёда аз 3 ҳазорро ташкил медиҳанд. Сохтмони неругоҳ аз коргарону мутахассисон ва нақбканҳо заҳмат ва матонат тақозо менамояд, чунки 90 фоизи корҳо дар зери замин анҷом дода мешаванд. Бунёди «Роғун» барои коргарон мактаби нодир аст, зеро садҳо нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода менамояд. Ҳазорҳо мутахассисону коргарони маҳаллии бонангу номус бо дасту дили гарм ва азму иродаи қавӣ меҳнат намуда, дар бунёди ин кохи нур саҳми худро гузошта истодаанд.

Хулоса, нақши Пешвои миллат дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ниҳоят бузург мебошад. Зеро маҳз дар чунин давраи мушкилу ҳассос проблемаҳои мавҷударо ба зима гирифта кӯшиш ба харҷ доданд, ки амнияти энергетикии миллатро таъмин намоянд. Фардои дурахшони Тоҷикистон аз бунёди НБО-и «Роғун» вобаста аст. Сохтмони неругоҳи барқии обии «Роғун» корнамоии навбатии ахолии кишвар ва мактаби ваҳдату бародарӣ, меҳнатпарастию бунёдкорист. Неругоҳи барқии обии Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёти иқтисодиёт мерасонад.

Бобоев К.О – Мудири шуъбаи бехатарӣ ва

амнияти химиявӣ, доктори фалсафа (PhD)

Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Холматзода Т.Б – ходими калони илмии

Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

(дар ҳошияи баргузории Саммити «Осиёи Марказӣ-Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 9-10 октябри соли 2025 дар Душанбе)

«Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор бошад, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате дида намешавад. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳои мамолики дигар!»

Владимир Владимирович Путин Президенти Федератсияи Россия

Қобили тазаккур аст, ки баргузории Саммити «Осиёи Марказӣ - Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,ки дар як замон,яъне 9-10 октябри соли 2025 дар Душанбе мегузарад, на танҳо чорабинии маъмулӣ, балки эътирофи расмии мавқеи меҳварии Тоҷикистон ҳамчун субъекти калидии геополитикӣ ва майдони боэътимоди муколама дар Авруосиё мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳамияти хоса дода, Иттиҳодро на танҳо ҳамчун як платформаи муколамаи дипломатӣ, балки ҳамчун механизми таҳияи роҳҳои ҳалли ҳамоҳангшуда оид ба масъалаҳои мубрами замони муосир мешуморад.

Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви сохтори оинномавии ИДМ аз ҷумла, Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои иқтисодӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ, Ассамблеяи байнипарлумонӣ ва Суди иқтисодӣ буда, дар фаъолияти зиёда аз 80 сохтори бахши он фаъолона иштирок мекунад.

Ёдовар шудан ба мақсад мувофиқ аст, ки тайи солҳои сипаригашта мақомоти олии ИДМ беш аз 2807 қарор қабул кардаанд, ки аксари онҳо барои таъмини субот ва рушд дар минтақа аҳамияти калидӣ доранд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки рӯзҳои 8-12 октябри соли 2025 Душанбе бори дигар дар маркази таваҷҷуҳи байналмилалӣ қарор дорад. Дар қалби пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе нишасти сарони давлатҳо ва ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки чунин вохӯриҳо ҳамеша аҳамияти хоса доранд, чунки Иттиҳод яке аз платформаҳои серталаби муколама ва ҳамоҳангсозӣ амалу фаъолиятҳо дар муҳити тағйирёбандаи муносибатҳои байналмилалӣ боқӣ мемонад. Ҳамзамон соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати ИДМ-ро ба уҳда дошт. Тибқи фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он тасдиқ гардид. Дар давоми соли 2025 дар доираи ИДМ як қатор чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндаҳо аз кишварҳои узви ИДМ доир гардид.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод ва ташаббускори фаъоли ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаҳои амният, иқтисод ва ғ. баромад мекунад. Дар баробари чолишҳои ҷаҳонӣ маҳз ҳамин форматҳои ҳамгироӣ имкон медиҳанд, ки ҳалли ҳамоҳангшуда таҳия карда шаванд ва ҳаракати прогрессивии давлатҳои ширкаткунандаро ба сӯи субот, рушд ва шукуфоӣ таъмин намоянд.

Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Тоҷикистон солҳои охир бо сиёсати мусолиҳатомез нишон дод, ки метавонад нақши калидӣ дар мустаҳкам сохтани робитаҳои байни кишварҳои пасошуравӣ ва махсусан дар арсаи ИДМ бозӣ кунад. Ин ҳамоиш як имкони хуб барои эҳёи рӯҳияи ҳамкорӣ дар фазои пас аз танишҳои солҳои охир аст. Баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд дар Душанбе на танҳо мавқеи геосиёсии Тоҷикистонро тақвият мебахшад, балки ба густариши ҳамкориҳои судманд дар тамоми минтақа мусоидат мекунад. Иштироки фаъолонаи роҳбарони кишварҳои минтақа ва шарикони стратегии онҳо гувоҳи равшани эътимод ба сиёсати давлати Тоҷикистон ва нақши афзояндаи он дар муътадилсозии равандҳои минтақавӣ мебошад.

Чӣ тавре,ки дар боло таъкид намудем,рӯзҳои 8-10-уми октябри соли 2025 шаҳри Душанбе мизбони чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсиву дипломатӣ аст. Барномаи серӯза аз мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия, дар қолаби “5+1” ва ва Саммити Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро иборат аст. Он ҳамчун қадами муҳим дар роҳи тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва амнияти минтақа дониста мешавад ва дар таҳкими низоми ИДМ ва дурнамои ҳамкории кишварҳои узви ИДМ таъсири мусбат хоҳад гузошт.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, - ходими пешбари илмии Шуъбаи ИДМ - Инстиути

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм